Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи политехникии Донишгоҳи давлатии Данғара"
Мутобиқи моддаҳои 58, 59 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 32 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" ва моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии саноати кишоварзии ба номи Ютако Акинои назди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур" ба ихтиёри Донишгоҳи давлатии Данғара гузаронида шуда, Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи политехникии Донишгоҳи давлатии Данғара" номгузорӣ шавад.
2. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида супоридан ва қабули молу мулки муассисаи гузаронидашударо амалӣ намоянд.
3. Маблағгузории Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи политехникии Донишгоҳи давлатии Данғара" аз 1 сентябри соли 2016 дар доираи маблағҳои барои фаъолият ва нигоҳдории Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии саноати кишоварзии ба номи Ютако Акинои назди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур" пешбинишуда ва солҳои минбаъда аз ҳисоби маблағҳои соҳаи маориф амалӣ карда шавад.
4. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли таҳсили 2016-2017 ва солҳои минбаъда нақшаи қабули хонандагону донишҷӯёни Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи политехникии Донишгоҳи давлатии Даиғара"-ро муқаррар намоянд.
5. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати се моҳ масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии муассисаи таълимии мазкурро тибқи тартиби муқарраргардида ҳал намояд.
6. Ба Номгӯи ташкилоту муассисаҳои системаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, № 145 "Дар бораи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"- Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи политехникии Донишгоҳи давлатии Данғара".
7. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти баҳисобгирӣ тағйироти дахлдор ворид намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 30 апрели соли 2016 № 192
ш.Душанбе