Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2016 № 191 "Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии "Маркази конструктории лоиҳакашии технологияҳои нави саноатӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии "Маркази конструктории лоиҳакашии технологияҳои нави саноатӣ"

Мутобиқи моддаи 52 ва 132 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Муассисаи давлатии "Маркази конструктории лоиҳакашии технологияҳои нави саноатӣ" таъсис дода шавад.

2. Ба Номгӯи корхона ва муассисаҳои системаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, № 147 "Дар бораи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, сархати чилум бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Муассисаи давлатии "Маркази конструктории лоиҳакашии технологияҳои нави саноатӣ".

3. Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар биноҳои истифодашавандаи Вазорати саноат ва технологияҳои нав ба Маркази мазкур утоқҳои корӣ ҷудо намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                           Эмомалӣ Раҳмон

аз 30 апрели соли 2016 № 191

ш.Душанбе