Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ба ихтиёри Бонки миллии Тоҷикистон гузаронидани Муассисаи давлатии "Минтақаи истироҳатии "Пугус"
Мутобиқи моддаи 232 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Муассисаи давлатии "Минтақаи истироҳатии "Пугус" аз ихтиёри Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ихтиёри Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шавад.
2. Аз Номгӯи корхонаҳои (ташкилотҳои) системаи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2012, № 456 тасдиқ шудааст, калимаҳои "Муассисаи давлатии "Минтақаи истироҳатии "Пугус" хориҷ карда шаванд.
3. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти баҳисобгирӣ тағйироти дахлдор ворид намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 30 апрели соли 2016 № 180
ш.Душанбе