ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2010, №1, мод. 11)
(Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1254, аз 19.07.2010 № 1910, аз 21.10.2026 № 2341)
Қонуни мазкур асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодии сарфаҷӯии энергия, кам кардани таъсири номатлуби энергия ба ҳифзи муҳити зист ва иқлим, истифодаи самараноки манбаъҳои барқароршавандаи энергия, ваколатҳои мақомоти давлатӣ, ҳуқуқу уҳдадориҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро дар соҳаи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия муайян менамояд ().
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- манбаъҳои барқароршавандаи энергия - манбаъҳои ҳамеша мавҷудбуда ё давра ба давра дар муҳити зист бо таъсири шуъои офтоб, бод, об (обанборҳои табиӣ ва сунъӣ), обҳои гарми зеризаминӣ, чӯб ва биомасса ҳосилшаванда, ки ба намудҳои сӯзишвории истихроҷӣ дохил намешаванд ();
- истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия - маҷмӯъи амалиёте, ки мақсад аз он дигаргунсозӣ, андӯхт, тақсим ва истифодаи энергияи барқароршаванда, ҳамчунин таъмини моддию техникии ин амалиёт аст;
- энергияи анъанавӣ - энергияи аз манбаъҳои барқароршаванда ҳосилшуда, аз ҷумла нерӯгоҳҳои барқи обӣ ва маводи карбогидрид (ангишт, нафт, газ) бо иқтидори 30 мегаватт ва бештар аз он (№ 2341);
- энергетикаи хурд - нерӯгоҳҳои хурдтарин (микро), нисбатан хурд (мини) ва хурди энергетикии иқтидорашон мутаносибан то 100 кВт, аз 101 то 1000 кВт ва аз 1001 то 30000 кВт;
- истеҳсолкунандагони энергия аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия - шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки энергияро тавассути дастгоҳҳои истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия барои таъмини энергетикии фаъолияти худ ва инчунин бо мақсади фурӯши минбаъдаи он ба воситаи шабакаҳои энергетикӣ истеҳсол менамоянд ();
- истифодабарандагони энергия аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия - шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки энергияро аз истеҳсолкунандагонаш тавассути дастгоҳҳои истифодабарӣ аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия барои таъмини фаъолияти худ бо барқ, инчунин бо мақсади фурӯши он ба воситаи шабакаҳои энергетикӣ мегиранд;
...