Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тагйирот ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Замимаи 2 ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, № 150 "Дар бораи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Сохтори дастгоҳи марказии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Роҳбарият
Раёсати шаҳрсозӣ
Раёсати илм ва танзими меъёрҳо дар сохтмон
Раёсати сохтмон ва раванди ҳамгироӣ
Раёсати саноат, нақлиёт ва барномаҳои энергетикӣ
Раёсати корҳо
Шӯъбаи банақшагирӣ ва муҳосибот
Шӯъбаи ҳуқуқ
Бахши кадрҳо".
2. Дар замимаи 2 "Оид ба Сохтори дастгоҳи марказии Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ" ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 сентябри соли 2014, № 585 "Дар бораи Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ" калимаҳои "Шӯъбаи ташкилӣ, методӣ ва мутобиқати фаъолияти экспертиза" ба калимаҳои "Бахши ташкилӣ ва мутобиқат" иваз карда шаванд.
3. Замимаи 2 ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 сентябри соли 2014, № 587 "Дар бораи Хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти шаҳрсозӣ" дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Сохтори дастгоҳи марказии Хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти шаҳрсозӣ
Роҳбарият
Шӯъбаи қабул ва баҳисобгирӣ
Шӯъбаи омӯзиш
Шӯъбаи назорат
Бахши кадрҳо ва ҳуқуқ
Бахши банақшагирӣ ва муҳосибот".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 4 апрели соли 2016 № 155
ш.Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О внесении изменений в некоторые постановления Правительства Республики Таджикистан
В соответствии со статьей 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Приложение 2 к постановлению Правительства Республики Таджикистан от 3 марта 2014 года, №150 "О Комитета по архитектуре и строительству при Правительстве Республики Таджикистан" изложить в следующей редакции:
"Структура центрального аппарата Комитета по архитектуре и строительству при Правительстве Республики Таджикистан
Руководство
Управление градостроительства
Управление науки и нормативного регулирования в строительстве
Управление строительства и интеграционного процесса
Управление промышленности, транспорта и энергетических программ
Управление делами
Отдел планирования и бухгалтерии
Юридический отдел
Сектор кадров".
2. В приложении 2 "О структуре Центрального аппарата Управления вневедомственной государственной экспертизы градостроительной проектной документации" к постановлению Правительства Республики Таджикистан от 4 сентября 2014 года, №585 "Об Управлении вневедомственной государственной экспертизы градостроительной проектной документации" слова "Отдел организации, методологии и координации экспертных работ" заменить словами "Сектор организации и координации".
3. Приложение 2 к постановлению Правительства Республики Таджикистан от 4 сентября 2014 года, №587 "О Службе по лицензированию градостроительной деятельности" изложить в следующей редакции:
"Структура центрального аппарата Службы по лицензированию градостроительной деятельности
Руководство
Отдел приёма и учёта
Отдел изучения
Отдел контроля
Сектор кадров и права
Сектор планирования и бухгалтерии".
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 4 апреля 2016 года, №155