Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 2008 № 370 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳаракати роҳ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳаракати роҳ"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 ноябри соли 1995 "Дар бораи ҳаракати роҳ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1995, №22, мод. 336; соли 1997, №23-24, мод. 333; соли 2000, №11, мод. 527) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Номи "Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳаракати роҳ" ба "Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳаракат дар роҳ" иваз карда шуда, минбаъд дар тамоми матни Қонун калимаҳои "ҳаракати роҳ" ба калимаҳои "ҳаракат дар роҳ" иваз карда шаванд.

2. Муқаддимаи Қонун дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"Мақсади Қонуни мазкур муайян намудани асосҳои ҳуқуқии ҳаракат дар роҳ ҷиҳати ҳифзи ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон, системаи таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ, тартиби банақшагирӣ ва маблағгузории чорабиниҳо оид ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ мебошад.".

3. Дар матни Қонун калимаи "фасли" ба калимаи "боби" иваз карда шуда, рақамгузории бобҳо бо рақамҳои арабӣ ишора карда шавад.

4. Дар моддаи 1:

- номи модда дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"Моддаи 1. Вазифаҳои Қонуни мазкур";

- дар матни модда ва дар тамоми матни Қонун калимаҳои "Қонун" ва "ин Қонун" мувофиқан ба калимаҳои "Қонуни мазкур" иваз карда шаванд.

5. Моддаи 2 дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳаракат дар роҳ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳаракат дар роҳ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат аст.".

6. Дар моддаи 3:

- номи модда дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"Моддаи 3. Мафҳумҳои асосӣ";

- қисми якум дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода шудаанд:";

- сархати якум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ - шахсоне, ки аз роҳҳои автомобилгард ва ҷойҳои дигар, ки барои аз як ҷой ба ҷои дигар расонидани мусофирон ва кашондани борҳо тавассути воситаҳои нақлиёт пешбинӣ шудаанд, истифода бурда, дар раванди ҳаракат ҳамчун ронанда, пиёдагард, мусофир, велосипедрон, чорворон, аробакаш ва ғайра бевосита иштирок менамоянд.";

- дар сархати дуюм калимаи "инженерӣ" ба калимаи "муҳандисӣ" иваз карда шавад;

- дар сархатҳои чорум ва панҷум калимаи "протсесси" ба калимаи "раванди" иваз карда шавад.

7. Матни моддаи 5 дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"Идоракунии давлатӣ дар соҳаи ҳаракат дар роҳ ва бехатарии он аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар мақомоти ваколатдор сурат мегирад.".

8. Дар моддаи 7 калимаҳои "корҳои профилактикӣ анҷом медиҳанд" ба калимаҳои "тадбирҳои пешгириву фаҳмондадиҳиро ба амал мебароранд" иваз карда шаванд.

9. Дар қисми якуми моддаи 9:

- дар сархати чорум калимаҳои "мақомоти ҳокимияти иҷроия ва идора" ба калимаҳои "мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба ҳаракат дар роҳ" иваз карда шаванд;

- дар сархати панҷум калимаҳои "давлатии идора" ба калимаҳои "давлатии ваколатдор" иваз карда шаванд;

- дар сархати нӯҳум калимаҳои "мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо" ба калимаҳои "мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" иваз карда шаванд;

- дар сархати даҳум калимаҳои "назорат ва контроли" ба калимаи "назорати" иваз карда шавад;

- дар сархати дувоздаҳум ва дар тамоми матни қонун калимаи "навсозӣ" ба калимаи "тармим" иваз карда шавад;

- дар сархати сенздаҳум калимаи "планҳои" ба калимаи "нақшаҳои" ва калимаи "баплангирии" ба калимаи "банақшагирии" иваз карда шавад;

- дар сархати шонздаҳум калимаи "пассажирҳо" ба калимаи "мусофирон" иваз карда шавад;

- дар сархати нуздаҳум калимаи "ахборию" ба калимаи "иттилоотию" иваз карда шавад;

- дар сархати бистум калимаи "байналхалқӣ" ба калимаи "байналмилалӣ" иваз карда шавад.

10. Моддаи 10 дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"Моддаи 10. Салоҳияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ"

Ба салоҳияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ дохил мешавад:

- таҳия ва татбиқи барномаҳои минтақавии таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ, танзим ва назорати иҷрои онҳо;

- таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ дар ҳудуди минтақаи дахлдор;

- ташкили иҷрои корҳо оид ба сохтмон, тармим, таъмир ва таъмини воситаҳои техникӣ дар роҳҳои автомобилгарди истифодаи умуми таъиноти маҳаллӣ, кӯчаҳо ва маҳалҳои аҳолинишин;

- дигар ваколатҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд.

11. Дар сархатҳои даҳум ва шонздаҳуми моддаи 11 ва тамоми матни Қонун калимаҳои "Қонунҳои мавҷуда" ва "қонунгузории мавҷуда" ба калимаҳои "санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.

12. Дар сархати шашуми моддаи 12 калимаҳои "нақлиёти роҳ" ба калимаҳои "ҳодисаҳои садамавӣ дар роҳ" иваз карда шаванд.

13. Дар моддаи 14:

-қисми сеюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Номгӯи ноқисиҳои ҷисмонӣ ва ё бемориҳое, ки дар сурати мавҷуд будани онҳо ба шахс бобати гирифтани шаҳодатнома барои идораи воситаҳои нақлиёт иҷозат дода мешавад, аз тарафи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.";

- дар қисми панҷум калимаи "байналхалқие" ба калимаи "байналмилалие" иваз карда шавад.

14. Дар моддаи 16:

- номи модда дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"Моддаи 16. Омӯзиши қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ба аҳолӣ"

- аз қисми якум калимаҳои "ва хоҷагидорӣ" хориҷ карда шаванд;

- дар қисми шашум калимаҳои "идорӣ ё хусусӣ" ба калимаҳои "ва ғайридавлатӣ" ва калимаи "намешаванд" ба калимаи "мешаванд" иваз карда шаванд;

- дар қисми ҳафтум калимаҳои "ахбори умум" ба калимаҳои "ахбори омма" иваз карда шаванд.

15. Дар номи моддаҳои 18 ва 19 калимаи "талабҳои" ба калимаи "талаботи" иваз карда шавад;.

16. Дар моддаи 20 калимаҳои "Мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ" ба калимаҳои "Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" ва калимаи "планҳои" ба калимаи "нақшаҳои" иваз карда шаванд.

17. Ба моддаи 24 қисми дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Барои иштирок дар ҳаракат дар роҳ ба воситаҳои нақлиёти маҷмӯи идоракуниашон аз тарафи рост иҷозат дода намешавад.".

18. Дар моддаи 30:

- аз қисми 2 калимаи "(литсензия)" бо қавсайнаш хориҷ карда шавад;

- дар қисми 3 калимаҳои "Мақомоти ҳокимияти иҷроия ва идора" ба калимаҳои "Мақомоти ҳокимияти давлатӣ" иваз карда шаванд.

19. Номи фасли VII дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Банақшагирӣ ва маблағгузории тадбирҳои таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ"

20. Дар моддаи 34:

- дар ном ва матни модда калимаи "Баплангирии" ба калимаи "Банақшагирии" иваз карда шавад;

- дар матни модда калимаҳои "Мақомоти ҳокимияти иҷроия ва идора" ба калимаҳои "Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ" иваз карда шаванд.

21. Дар ном ва матни моддаи 35 калимаи "маблағдиҳӣ" ба калимаи "маблағгузорӣ" иваз карда шавад.

22. Аз номи фасли IX калимаҳои "ва контрол" хориҷ карда шаванд.

23. Дар қисми якуми моддаи 39 калимаҳои "мақомоти ҳокимияти интихобӣ ва иҷроия дар маҳалҳо" ба калимаҳои "мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" иваз карда шаванд.

24. Номи фасли X дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур"

25. Моддаи 41 дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"Моддаи 41. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.".

26. Дар номи фасли XI, ном ва матни моддаи 43 калимаҳои "мувофиқатномаҳои байналхалқӣ", "мувофиқатномаҳои байналхалқии" мутаносибан ба калимаҳои "шартномаҳои байналмилалӣ" ва "шартномаҳои байналмилалии" иваз карда шаванд.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

20 марти соли 2008 № 370

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳаракати роҳ"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳаракати роҳ" баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳаракати роҳ" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Убайдуллоев

ш. Душанбе

6 марти соли 2008 № 451

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷнкистон "Дар бораи ҳаракати роҳ"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳаракати роҳ" қабул карда шавад.

Раиси

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Хайруллоев

ш. Душанбе 

 13 феврали соли 2008 № 889

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

"О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О дорожном движении"

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 4 ноября 1995 года "О дорожном движении" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 1995г., №22, ст. 336; 1997 г., №23-24, ст. 333; 2000 г., №11, ст. 527) следующие изменения и дополнения:

1. Преамбулу настоящего Закона изложить в следующей редакции: "Целью настоящего Закона является определение правовых основ дорожного движения для защиты жизни и здоровья граждан, системы обеспечения безопасности дорожного движения, порядка планирования и финансирования мероприятий по обеспечению безопасности дорожного движения.".

2. В тексте Закона слово "раздел" заменить словом "глава", номерацию глав обозначить арабскими цифрами.

3. В статье 1:

- название статьи изложить в следующей редакции:

"Статья 1. Задачи настоящего Закона".

4. Статью 2 настоящего Закона изложить в следующей редакции:

"Статья 2. Законодательство Республики Таджикистан о дорожном движении

Законодательство Республики Таджикистан о дорожном движении основывается на Конституции Республики Таджикистан и состоит из настоящего Закона, других нормативных правовых актов Республики Таджикистан и международных правовых актов, признанных Таджикистаном.".

5. В статье 3:

- название статьи изложить в следующей редакции:

"Статья 3. Основные понятия";

- часть первую изложить в следующей редакции:

"В настоящем Законе использованы следующие основные понятия:";

- абзац первый изложить в следующей редакции:

"Участники дорожного движения - лица, использующие автомобильные дороги или иные места, предназначенные для перемещения людей и перевозки грузов с помощью транспортных средств, и принимающие непосредственное участие в процессе движения как водитель, пешеход, пассажир, велосипедисты, погонщики животных, возчики и другие".

6. Текст статьи 5 изложить в следующей редакции:

"Государственное управление в сфере дорожного движения и его безопасности осуществляется Правительством Республики Таджикистан, местными исполнительными органами государственной власти и другими компетентными органами.".

7. Статью 7 после слова "профилактическую" дополнить словами "и разъяснительную".

8. В части первой статьи 9:

- абзац четвертый изложить в следующей редакции:

"определение полномочий местных исполнительных органов государственной власти и уполномоченных государственных органов в сфере дорожного движения";

- в абзаце восьмом слова "органов исполнительной власти на местах" заменить словами "местных исполнительных органов государственной власти".

9. Статью 10 изложить в следующей редакции:

"Статья 10. Компетенция местных исполнительных органов государственной власти в сфере обеспечения безопасности дорожного движения

К компетенции местных исполнительных органов государственной власти в сфере дорожного движения относится следующее:

- подготовка и реализация региональных программ обеспечения безопасности дорожного движения, регулирование и контроль над их исполнением;

- обеспечение безопасности дорожного движения в пределах соответствующего региона;

- организация выполнения работ по строительству, реконструкции, ремонту и обеспечению технических средств на автомобильных дорогах общего пользования местного назначения, улицах и населенных местностях;

- другие полномочия, установленные нормативными правовыми актами Республики Таджикистан.".

10. В абзацах десятом и двадцать втором части первой статьи 11 слова "действующим законодательством" и "действующему законодательству" заменить соответственно словами "нормативными правовыми актами Республики Таджикистан" и "нормативным правовым актам Республики Таджикистан";

11. В абзаце шестом статьи 12 слова "дорожно-транспортного травматизма" заменить словами "дорожно-транспортных происшествий".

12. В статье 14 часть третью изложить в следующей редакции:

"Перечень физических недостатков или заболеваний, при которых лицо получает разрешение на получение свидетельства о праве вождения транспортных средств, устанавливается Министерством здравоохранения Республики Таджикистан";

13. В статье 16:

- название статьи изложить в следующей редакции:

"Статья 16. Обучение населения Правилам дорожного движения",

- в части первой слова "и хозяйствования" исключить, после слов "по обучению" дополнить словами "населения и";

- в части шестой слова "ведомственных или частных" заменить словами " и негосударственных".

14. В статье 20 слова "Органы местной власти" заменить словами "Местные органы государственной власти".

15. Статью 24 дополнить частью второй следующего содержания:

"Участие в дорожном движении транспортных средств с правосторонним рулевым управлением не разрешается.".

16. В статье 30:

- в части третьей слова "Органы исполнительной власти и управления" заменить словами "Органы государственной власти".

17. В тексте статьи 34 слова "Органами исполнительной власти и управления" заменить словами "Исполнительными органами государственной власти".

18. В части первой статьи 39 слова "органами представительной и исполнительной власти на местах" заменить словами "местными исполнительными органами государственной власти".

19. Название раздела X изложить в следующей редакции:

"Ответственность за нарушение настоящего Закона".

20. Статью 41 изложить в следующей редакции:

"Статья 41. Ответственность за нарушение настоящего Закона Физические и юридические лица привлекаются к ответственности за нарушение настоящего Закона в соответствии с законодательством Республики Таджикистан.".

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

г.Душанбе,

20 марта 2008 года № 370

ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ МИЛЛИ МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О Законе Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О дорожном движении"

Рассмотрев Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О дорожном движении", Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

Одобрить Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О дорожном движении".

Председатель

Маджлиси милли Маджлиси Оли

Республики Таджикистан М.Убайдуллоев

г. Душанбе,6 марта 2008 года №451

ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О принятии Закона Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О дорожном движении"

Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

Принять Закон Республики Таджикистан " О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О дорожном движении".

Председатель

Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли

Республики Таджикистан С. ХАЙРУЛЛОЕВ

г. Душанбе,13 февраля 2008 года № 889