Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2016 № 105 "Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба қарорп Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2009, № 203"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2009, № 203

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба замимаи 1 Қоидаҳои додани шиносномаҳои хориҷии дорои маълумоти электронӣ ва шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2009, № 203 тасдиқ шудааст, иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

- дар банди "б" қисми якум пас аз калимаҳои "мушовирони калон ва мушовирони бахшҳои ёрдамчиённ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" калимаҳои "сардори Маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ (бо ҳуқуқи Раёсат), сардори Идораи хоҷагии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" илова карда шаванд;

- дар банди "д" қисми якум пас аз калимаҳои "Раиси Бонки миллии Тоҷикистон" калимаҳои "ва муовинони ӯ, раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Корхонаи воҳиди давлатии "Роҳи оҳани Тоҷикистон", директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе", директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Тоҷик Эйр" илова карда шаванд;

- дар қисми чорум пас аз калимаҳои "намояндагиҳои тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон" калимаҳои ",ба директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Сементи Тоҷик" илова карда шаванд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон              Эмомалӣ Раҳмон

аз 1 марти соли 2016 № 105

ш.Душанбе