Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 феврали соли 2016 № 79 "Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии таълимии "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии таълимии "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

Мутобиқи моддаҳои 52 ва 132 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва бо мақсади беҳтар намудани таъмини муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳои кишвар бо мутахассисони дорои таҳсилоти олии касбии тиббӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Муассисаи давлатии таълимии "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон" таъсис дода шавад.

2. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии Муассисаи давлатии таълимии "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"-ро ҳал намояд.

3. Бино ва иншооти Муассисаи давлатии таълимии "Донишгоҳи давлатии Данғара", воқеъ дар ноҳияи Данғара, кӯчаи Исмат Шарифов-3, ба тавозуни Муассисаи давлатии таълимии "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон" гузаронида шаванд.

4. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати маблағгузории фаъолияти Муассисаи давлатии таълимии "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон" дар соли 2016 ва солҳои минбаъда чораҳои зарурӣ андешад.

5. Ба Номгӯи муассисаҳо ва ташкилотҳои системаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, № 148 тасдиқ шудааст, сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Муассисаи давлатии таълимии "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон".

6. Ба Номгӯи муассисаҳои таълимии давлатӣ ва ғайридавлатие, ки фаъолияташонро дар соҳаи маориф дар асоси созишномаҳои дуҷониба бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, № 145 тасдиқ шудааст, сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:

7. Лимити автомобилҳои хизматӣ барои Муассисаи давлатии таълимии "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон" ба миқдори 1 адад муқаррар карда шавад.

8. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маълумоти баҳисобгирӣ тағйироти дахлдор ворид намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                          Эмомалӣ Раҳмон

аз 25 феврали соли 2016 № 79

ш.Душанбе