Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 9 феврали соли 2016, № 53
тасдиқ шудааст
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ ФАРҲАНГИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2016-2020
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 (минбаъд - Барнома) бо мақсади татбиқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст, ки амалигардонии онҳо барои ҳалли вазифаҳои муҳими ислоҳоти соҳаи фарҳанги Тоҷикистон дар ҷаҳони муосир мусоидат менамояд.
2. Барнома ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, ҳадафҳо, афзалият ва тадбирҳоро оид ба ислоҳот ва рушди муассисаҳои фарҳанг муайян менамояд.
2. ТАҲЛИЛИ ВАЗЪИ ИМРӯЗАИ МУАССИСАҲОИ ФАРҲАНГӢ
3. Фарҳанг ҳамчун соҳаи сарнавиштсоз ва такягоҳи боэътимоди маънавии ҷомеа дар низоми сиёсати иҷтимоии кишвар яке аз самтҳои муҳиму афзалиятнок эълон гардида, баҳри таъмини рушди устувори он аз рӯзҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ пайваста таваҷҷӯҳ ва ғамхории хоса зоҳир мегардад.
4. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки амиқи моҳияти сиёсию иҷтимоии фарҳанг дар фосилаи кӯтоҳи таърихӣ як силсила санадҳои муҳимро қабул намуд, ки бо шарофати онҳо дар мамлакат барои эҳё, ҳифз ва рушди фарҳанги миллӣ фазои мусоиди меъёрии ҳуқуқӣ фароҳам омада, ҷиҳати бунёди инфрасохтори замонавии он маблағгузории мақсадноки давлатӣ тадриҷан афзоиш ёфт.
5. Пас аз қабули Консепсияи рушди фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2005 № 501 тасдиқ гардидааст, тӯли солҳои 2006-2012 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 барномаҳои давлатии рушди соҳаи фарҳангро ба маблағи умумии 133 млн. 108 ҳазор сомонӣ қабул намуд. Аз ҷумла, мӯҳлати татбиқи Нақшаи чорабиниҳои 9 барномаи давлатӣ аллакай ба итмом расида, ҷараёни татбиқи Нақшаи чорабиниҳои барномаҳои дигари давлатӣ то солҳои 2017-2020 идома хоҳад ёфт.
6. Дар натиҷаи чораандешиҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои охир маблағгузории соҳа ба таври назаррас афзоиш ёфт. Агар соли 2000 аз буҷети давлатӣ барои соҳаи фарҳанг ва варзиш ҳамагӣ 13 млн. сомонӣ ҷудо шуда бошад, пас дар соли 2014 бо назардошти тамоми манбаъҳои маблағгузорӣ ва буҷети тасдиқшуда ҳаҷми он 586, 2 млн. сомониро ташкил кард. Яъне буҷети соҳаи фарҳанг ва варзиш дар ҳамин давра 504 маротиба афзуда, дар маҷмӯъ 2 млрд. 451,1 ҳазор сомониро ташкил додааст.
7. Дар ҳамин давра музди меҳнати кормандони соҳаи фарҳанг 16 маротиба афзоиш ёфтааст.
8. Дар давоми 5 соли охир дар ҷумҳурӣ 15 бинои нави хона ва қасрҳои фарҳанг, 6 осорхона, 14 китобхона бунёд гардида, аз ҳисоби сарчашмаҳои гуногун бинои 305 китобхона, 101 хона ва қасрҳои фарҳанг таъмир гардидаанд.
9. Бо шарофати тадбирҳои мушаххасу ҳадафманд ва пайгиронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фарҳанг ба воситаи тавонои сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдату ягонагӣ, сарҷамъии миллат табдил ёфта, зимни тақвияти раванди ташаккули худшиносии миллӣ ва арзишҳои нави маънавӣ эътимоди мардумро ба ояндаи неки Тоҷикистон мустаҳкам намуд.
10. Бо назардошти он ки фарҳанг, бахусус тамоили ҷаҳонишавии он аз ҷумлаи проблемаҳои глобалии асри XXI буда, дар низомҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ яке аз самтҳои афзалиятнок маҳсуб меёбад, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ аз падидаҳо ва зуҳуроти мусбату манфии он дар канор буда наметавонад. Дар ин радиф талабот нисбат ба сатҳу сифати фаъолияти иҷтимоӣ-фарҳангӣ, сатҳи маънавиёти инсон, тарбия ва ташаккули насли наврасе, ки вазифаҳои азими бунёди ҷомеаи навро ба ӯҳда хоҳад гирифт, ба маротиб меафзояд.
11. Вобаста ба ин, дар ҳар як марҳилаи такомули давлатдории миллӣ мақсаду вазифаҳои фарҳанги миллӣ мушаххас гардида, тибқи он бояд стратегияи наву ҳадафманд ва самтҳои афзалиятноки рушди соҳа тарҳрезӣ ва ба ин васила барои беҳдошти симои маънавӣ, ташаккули майлу рағбати зебописандӣ ва ҳунари эҷодгарии афроди ҷомеа фазои мусоид фароҳам ояд. Дар татбиқи ин ҳадафҳо муассисаҳои фарҳанги мамлакат нақши ҳалкунанда доранд.
12. Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 дар асоси талаботи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фарҳанг", "Дар бораи фаъолияти китобдорӣ","Дар бораи осорхонаҳо ва фонди осорхонаҳо", "Консепсияи рушди фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа бо мақсади татбиқи нишондоди банди 35-уми Нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар маросими савганд ёд кардан дар маҷлиси якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 ноябри соли 2013 баён гардидаанд, таҳия гардидааст.
13. Айни замон дар ҷумҳурӣ 2330 адад муассисаи фарҳангӣ, аз ҷумла 1354 китобхонаи давлатию оммавӣ (ба истиснои Китобхонаи миллӣ) бо фонди умумии 8 млн. 536724 нусха маҳсулоти чопӣ ва дигар маводи иттилоотӣ, 325 қаср ва хонаҳои фарҳанг, 434 клуб, 57 клуби сайёр, 14 марказҳои фарҳангу фароғатӣ, 6 филармонияҳои халқӣ, 44 боғҳои фарҳангию фароғатӣ, 25 театри ҳалқӣ, 49 осорхона, 16 хона-осорхона, 23 ансамбли тарона ва рақс, 14 ансамбли шашмақомсароӣ, 6 ансамбли фалаксароӣ, 6. ансамбли эстрадӣ, 9 ансамбли фолклорӣ-этнографӣ, 6 ансамбли рақсӣ фаъолият доранд.
14. Дар муассисаҳои фарҳанги мамлакат 12996 нафар кормандон, аз ҷумла, бо маълумоти олии тахассусӣ 736 нафар, бо маълумоти олии умумӣ 4262 нафар, бо маълумоти миёнаи махсус 3341 нафар ва бо маълумоти миёнаи умумӣ 4657 нафар фаъолият менамоянд.
15. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки новобаста аз тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ривоҷу равнақи фаъолияти муассисаҳои фарҳанг ҳанӯз ҳам камбудиҳо дар самти таҷдиди инфрасохтори соҳа, таҳкими базаи моддӣ-техникии муассисаҳои фарҳанг, бахусус таъмини онҳо бо технологияи муосири иттилоотӣ, дастгоҳҳои тақвияти овоз, созҳои мусиқӣ, либосҳои саҳнавӣ, нақлиёти хизматрасон, реквизитҳо, лавозимоти муосири равшанидиҳанда, мизу курсиҳо, адабиёти тозанашр ва таъмини онҳо бо мутахассисони баландихтисос ба назар мерасанд.
16. Тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 1 октябри соли 2015 дар ҷумҳурӣ бинои 644 муассисаи фарҳангӣ таъмирталаб, 119 бино дар ҳолати садамавӣ қарор доранд. Аз ҷумла, дар вилояти Хатлон бинои 167 муассиса таъмирталаб, бинои 41 муассисаҳои фарҳанг дар ҳолати садамавӣ, дар вилояти Суғд бинои 197 муассиса таъмирталаб, бинои 14 муассиса дар ҳолати садамавӣ, дар ВМКБ бинои 83 муассисаи фарҳангӣ таъмирталаб, бинои 32 муассиса дар ҳолати садамавӣ, дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бинои 197 муассисаи фарҳангӣ таъмирталаб ва бинои 32 муассисаи фарҳангӣ дар ҳолати садамавӣ қарор доранд. Баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангӣ дар биноҳои садамавӣ имконнопазир аст.
17. Бинобар саривақт ва ба таври мукаммал маблағгузорӣ нагардидан, кашол ёфтани сохтмони иншооти фарҳангӣ солҳои тӯлонӣ ба яке аз проблемаҳои ҷиддии соҳа табдил ёфтааст. Аз ҷумла, сохтмони қасрҳои фарҳанг дар шаҳру ноҳияҳои Темурмалик, Восеъ, Мӯъминобод, Данғара, Ҷаббор Расулов, Кӯҳистони Мастчоҳ бинобар саривақт ва ба таври мукаммал маблағгузорӣ нагардидан солҳои зиёд боз идома доранд ва нишондоди 14 қарорҳои Ҳукумаги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти сохтмон ва азнавсозии иншооти фарҳангӣ ноиҷро мондаанд.
Вобаста ба ин, бо мақсади татбиқи нишондоди қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми сохтмонҳои нотамоми иншооти фарҳангӣ ба нақшаи чорабиниҳои Барномаи мазқур ворид карда шудаанд.
18. Ҳангоми барҳамдиҳии собоқ колхозу совхозҳо моликияти онҳо, аз ҷумла бино ва амволи муассисаҳои фарҳангӣ дар тавозуни онҳо қарордоштаро хоҷагиҳои фермерию деҳқонии навтаъсис аз худ намуда, хусусӣ гардониданд. Яке аз сабабҳои асосии чунин вазъият ин аз ҷониби шӯъбаҳои фарҳанг саривақт барои истифодабарӣ сертификат накардани қитъаҳои замин ва амволи муассисаҳои фарҳанг мебошад. Аз ин рӯ, дар Барномаи мазкур таҳия ва пешниҳоди тағйиру иловаҳо ба қонунгузории амалкунанда баҳри пешгирии хусусигардонии қитъаҳои замин, бино ва амволи муассиса ва иншооти фарҳангӣ, инчунин густариши раванди сертификатсиякунонии онҳо пешбинӣ гардидааст.
19. Дар ҷараёни татбиқи барномаҳои рушди фаъолияти китобдорӣ ва компютеркунонии китобхонаҳои давлатию оммавӣ корҳои муайян анҷом дода шуда бошанд ҳам, имрӯз вазъи фаъолияти китобдорӣ ба талаботи ҷомеаи муосири иттилоотӣ ва ниёзҳои доимоафзояндаи аҳолӣ нисбат ба китоб ва дастёбӣ ба сарчашмаҳои гуногуни иттилоотӣ ҷавобгӯ несг. Зеро имрӯз дар мамлакат бинои 432 китобхона ё ба андозаи 31,9 фоизи онҳо таъмирталаб буда, бинои 89 китобхона дар ҳолати садамавӣ қарор дорад. Ҳамзамон 307 китобхона бинои мустақил надошта, дар бинои дигар ташкилоту муассисаҳо, ҷамоатҳо ва хонаҳои шахсӣ фаъолият доранд.
20. Таҳлилҳо собит менамоянд, ки дар таркиби фонди китобхонаҳои ҷумҳурӣ теъдоди китобҳо ба забонҳои хориҷӣ афзалият дошта, танҳо 38 фоизи фонди онҳоро адабиёт ба забони давлатӣ ташкил медиҳад. Саҳми мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар мукаммалгардонии фонди китобхонаҳо бо адабиёти тозанашр ба забони давлатӣ назаррас нест. Танҳо маблағгузории устувор аз буҷети ҷумҳурӣ вазъиятро ба таври мусбат тағйир дода метавонад.
21. Тибқи Нақшаи чорабиниҳои "Барномаи давлатии компютеркунонии китобхонаҳои давлатию оммавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013" барои компютеркунонии китобхонаҳои ҷумҳурӣ 2 млн. 280,2 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида буд, аммо дар ҷараёни татбиқи Барнома (солҳои 2011-2013) ба Вазорати фарҳанг ҳамагӣ 1 млн. 35 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ низ тибқи нишондоди Барномаи мазкур ӯҳдадориҳои худро дар самти таъмини китобхонаҳои вилоятӣ бо компютерҳо, пайвастшавии китобхонаҳо ба шабакаи интернет, харидории барномаҳои махсуси китобхонавии мутамаркази иттилотӣ, таҳияи феҳристҳои электронӣ, таъсиси вебсайти китобхонаҳо ва китобхонаҳои электронӣ иҷро накарданд.
22. Вобаста ба ин, зарурати дар сатҳи давлатӣ мусоидат намудан ба идомаи ҷараёни компютеркунонии тамоми муассисаҳои фарҳанги ҷумҳурӣ ба миён омада, он дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Барномаи мазкур амалӣ хоҳад гашт.
23. Дар татбиқи сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон боғҳои фарҳангию фароғатӣ мавқеи хоса доранд. Дар аксарияти боғҳои фарҳангию фароғатӣ барои истироҳату фароғати аҳолӣ шароитҳои мусоид фароҳам оварда нашуда, онҳо бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз нестанд. Бо назардошти худмаблағгузор будани аксарияти боғҳои фарҳангию фароғатӣ мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои ободонии онҳо дар самти ҷудо намудани маблағҳои мақсадноки давлатӣ ва ҷалби маблағҳои сармоягузорони хориҷӣ ва ватанӣ таваҷҷӯҳи кофӣ зоҳир намекунанд.
24. Фонди осорхонаҳои ҷумҳурӣ (якҷоя бо фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон, осорхонаҳои Академияи илмҳои ҷумҳурӣ ва хонамузейҳо) 316 326 адад нигораҳои дорои арзиши баланди таърихию фарҳангиро ташкил медиҳад. Мутаассифона, қисми зиёди ин нигораҳо, бахусус дар деҳоти мамлакат, дар шароитҳои ба талаботи осорхонавӣ номувофиқ нигоҳдорӣ шуда, бинобар мавҷуд набудани лабораторияи махсуси таъмиру тармим хавфи нобудшавии онҳо рӯз то рӯз зиёд мегардад. Бо назардошти мавҷуд набудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ ашё ва коллексияҳои осорхонавӣ дар миқёси ҷумҳурӣ ҳанӯз ба қайд гирифта нашудаанд. Чунин вазъият раванди таҳияи "Феҳристи давлатии фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи осорхонаҳо ва фонди осорхонаҳо" пешбинӣ гардидаст, боз медорад. Вобаста ба ин, дар Барнома баҳри ҳифз, бақайдгирии ашё ва коллексияҳои осорхонавӣ ва таъмини рушди фаъолияти осорхонаҳо як силсила чорабиниҳо ба нақша гирифта шудаанд.
25. Татбиқи мукаммали функсияҳои иҷтимоии муассисаҳои фарҳанг, самаранокии фаъолияти онҳо, таъмини ҷараёни рушди устувори соҳа, ҳамзамон иҷрои бомуваффақияти чорабиниҳои Барномаи мазкур аз сатҳи донишҳои назариявӣ ва малакаҳои касбии кадрҳо вобаста аст.
26. Дар радифи васеъ гардидани доираи фаъолияти муассисаҳои фарҳанг, рушди босуръати имкониятҳои технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ дар самти тавлиду таҳлил, коркард ва пахши иттилоот, такмили пайвастаи анво ва васоити гуногуни дастёбӣ ба сарчашмаҳои иттилоотӣ масъалаи тарбия, такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо дар сатҳи меъёрҳо ва стандартҳои байналмилалии таҳсилоти касбӣ таваҷҷӯҳи хосаро тақозо менамояд.
27. Айни замон дар муассисаҳои таълимии соҳа, аз ҷумла муассисаҳои таҳсилоти олӣ касбӣ оид ба бисёр самтҳои муҳими фаъолияти иҷтимоию фарҳангӣ, ба монанди тармимгари дастхату китобҳо, барномарези низомҳои автоматикунонидашудаи китобдорӣ-иттилоотӣ, китобдор-мутахассиси соҳаҳои тифлотехника, медиатехника, дефектология, аз ҷумла сурдопедагогика, тифлопедагогика, продюсер, мутахассиси соҳаи реклама, рассом-декоратор, рассом-бутафор, рассом-пардозгар, режиссураи театрҳои драмавӣ, роҳбари кинофотостудияҳо, эҷодиёти амалӣ-ороишӣ, режиссураи театрҳои драмавӣ-мусиқӣ, мутахассиси ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддӣ, корманди бадеии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва дар шӯъбаҳои ғоибона тахассуси сарояндагони мардумиро тайёр намекунанд. Аз ин рӯ, баҳри мутобиқ гардонидани сохтор ва васеъ гардонидани доираи фаъолияти Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дар самти ҷоринамоии тахассусҳои нав тибқи эҳтиёҷоти воқеии соҳаи фарҳанг бояд чораҳои амалӣ андешида шаванд.
28. Дар Барнома самти тарбияи кадрҳо бо назардошти вазифаҳои афзалиятноку фаврӣ ва дурнамои рушди фаъолияти иҷтимоӣ-фарҳангӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тарҳрезӣ гардидааст. Зеро имрӯз сатҳи маълумоти кормандони муассисаҳои фарҳанги ҷумҳурӣ қаноатбахш нест.
29. Маҳз савияи донишҳои назариявӣ, малакаҳои касбӣ ва ниҳоят салоҳиятнокии кадрҳо ба мундариҷа ва сатҳу сифати чорабиниҳои фарҳангӣ таъсири амиқ мерасонад. Сатҳи пасти маълумотнокии кадрҳо дар муассисаҳои фарҳанг боиси он гардидааст, ки чорабиниҳо хусусияти мавсимӣ дошта, якнавохт баргузор мегарданд, шумораи маҳфилҳои гуногун дар муассисаҳои клубӣ ва китобхонаҳо коҳиш ёфтааст, ташаббусҳои нави эҷодӣ кам ба назар мерасанд.
30. Корманди дорои маълумоти миёнаи умумӣ, аз ӯҳдаи таҳлили вазъи иҷтимоӣ-фарҳангии маҳалли хизматрасонӣ, тамоюлоти ҷаҳонишавии фарҳанг, кор бо технологияи муосири иттилоотӣ, ҷалби аҳолӣ ба маҳфилҳои
гуногуни шавқовар, ташкили чорабиниҳои фарҳангӣ дар сатҳи зарурӣ, ворид намудани навгониҳо ба фаъолияти иҷтимоию фарҳангӣ баромада наметавонанд. Чунин вазъият ба завқи зебописандии аҳолӣ, мавқеи иҷтимоии муассисаҳои фарҳанги кишвар таъсири манфӣ расонида, раванди татбиқи самарабахши сиёсати фарҳангии Ҳукумати ҷумҳуриро халалдор месозад.
31. Вазъи такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳои соҳаи фарҳанг низ ташвишовар аст. Дар ҷумҳурӣ ҳанӯз низоми устувори такмили ихтисос ва бозомузии кадрҳои соҳаи фарҳанг ташаккул наёфтааст. Факултаи такмили ихтисос ва бозомузии кормандони соҳаи фарҳанг, санъат ва табъу нашри Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бинобар маҳдудиятҳои молиявӣ, кадрӣ, мавҷуд набудани барномаҳои нави таълимӣ вобаста ба тамоюлоти муосири рушди фарҳанг, тараққиёти босуръати технологияҳои муосири иттилоотӣ ва телекоммуникатсионӣ имконияти ба таври мукаммал ва дар сатҳи зарурӣ фаро гирифтани тамоми ниёзмандонро ба такмили ихтисос ва бозомӯзӣ надорад. Вазъият танҳо дар заминаи таъсиси Донишкадаи ҷумҳуриявии хакмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи фарҳанг, ки дар Барнома пешниҳод гардидааст, имконпазир мегардад.
32. Аз чи гуна ҳал гардидани мушкилиҳои соҳаи фарҳанг, дар ниҳояти кор, тавассути кадом инфрасохтор, дар кадом заминаи моддӣ-техникӣ, иттилоотӣ, кадрӣ ташаккул ёфтани маърифати сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, ҷаҳонбинии илмӣ ва сатҳи маънавиёти қишрҳои гуногуни ҷомеаи Тоҷикистон, бахусус насли наврас вобаста аст
33. Бо дарназардошти он, ки дар доираи (мӯҳлати) татбиқи Барномаи мазкур ва имкониятҳои воқеии Буҷети ҷумҳуриявӣ ҳалли мукаммали мушкилоти имрӯзаи муассисаҳои фарҳанги ҷумҳурӣ имконнопазир аст, дар Барнома тибқи нишондоди "Консепсияи рушди фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон" таҳия ва пешниҳоди 4 барномаи минтақавӣ ва вилоятии рушди соҳаи фарҳанг барои солҳои 2016-2025 пешбинӣ гардидааст. Ин имкон медиҳад, ки иқтидорҳои иқтисодӣ ва нерӯҳои зеҳнии соҳа зина ба зина, мақсаднок ва сарфакоронаву самарабахш мавриди истифода қарор гиранд. Зеро фарҳанг соҳаест, ки маъмулан ба дастгирии молиявии давлат бештар ниёз дошта, дар қиёс бо дигар соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ҳанӯз дар сатҳи зарурӣ ба шароити иқтисоди бозорӣ ва муносибатҳои нави иқтисодӣ омода нашудааст. Аз ин рӯ, механизмҳои иқтисодие заруранд, ки тавассути онҳо фарҳанг ба иштирокчии фаъоли равандҳои нави иҷтимоиву иқтисодии ҷомеа табдил ёфта, самараи дастгирии молиявии давлат на танҳо дар қонеъгардонии ниёзҳои маънавии аъзои ҷомеа, балки дар тавлиди ҳарчи бештари арзишҳои нави маънавӣ аён гардад.
34. Дар таъмини рушди бемайлони соҳаи фарҳанг ҳиссаи сармояи соҳибкорони ватанӣ, ҳавасмандии эҳсонкорӣ, татбиқи лоиҳаҳо баҳри ҷалби сарчашмаҳои маблағгузории гайрибуҷетӣ, аз ҷумла сармояи хориҷӣ чандон назаррас нест.
35. Аз ин рӯ, дар шароити имрӯза, роҳи ҳалли мушкилоти соҳаи фарҳангро танҳо дар доираи имкониятҳои иқтисодии давлат маҳдуд накарда, балки баҳри пешрафти соҳа ҷалби ҳарчи бештари сармояи хориҷӣ ва соҳибкорони ватанӣ, ҷоринамоии хизматрасониҳои музднок, рушди бозори сарватҳои фарҳангӣ, ривоҷу равнақи соҳибкорӣ ва ҳавасмандгардонии эҳсонкориро ба роҳ мондан зарур аст.
3. МАҚСАД ВА БАЗИФАҲОИ БАРНОМА
36. Мақсади асосии Барномаи мазкур таъмини рушди устувори муассисаҳои фарҳанг дар марҳилаи нави пешрафти ҳаёти иҷтимоӣиқтисодӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тамоюлоти ҷаҳонишавии фарҳанг тавассути таҷдиди инфрасохтор, таҳкими заминаи рақобатпазири моддӣ-техникӣ, тарбияи кадрҳои соҳа ва ба ин васила мусоидат намудан ба раванди эҷодиёти халқ, татбиқи самарабахши нерӯи фарҳангӣ ва маънавии афроди ҷомеа мебошад.
37. Баҳри ноил шудан ба ин мақсад иҷрои вазифаҳои зерин заруранд:
- андешидани силсилаи тадбирҳо баҳри такмили заминаи меъёрии ҳуқуқӣ ва низоми идоракунии фаъолияти иҷтимоӣ-фарҳангӣ;
- мутобиқгардонии мундариҷа ва самти фаъолияти муассисаҳои фарҳанг ба ҳадафҳои Стратегияи миллии рушд;
- баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносии тамоми субъектҳои низоми идоракунии фарҳанг нисбати таъмини рушди устувори соҳа;
- таҷдид ва ба талаботи замони муосир мутобиқ гардонидани инфрасохтори соҳаи фарҳанг;
- бунёди заминаи моддӣ-техникии замонавии муассисаҳои фарҳанг, аз ҷумла таҷҳизонидани онҳо бо технологияи муосири иттилоотӣ, таъминот бо дастгоҳҳои тақвияти овоз, созҳои мусиқӣ, либосҳои саҳнавӣ, нақлиёти хизматӣ, мебелҳо ва адабиёти тозанашр;
- фароҳам овардани шароити мусоид барои ворид шудани муассисаҳои таълимии соҳаи фарҳангу ҳунар ба низоми ягонаи таҳсилот тибқи стандартҳои байналмилалӣ ва бозори ҷаҳонии-меҳнат;
- ташаккули низоми устувори такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи фарҳанг;
- таъмини шароитҳои мусоид ҷиҳати дастёбии баробари тамоми қишрҳои аҳолӣ ба арзишҳои фарҳангӣ;
- баргузор намудани чорабиниҳо баҳри эҳё, ҳифз, рушд ва тарғиби мероси ғановатманди фарҳанги миллӣ дар дохил ва хориҷи кишвар;
- баланд бардоштани сатҳу сифат самаранокии фаъолияти муассисаҳои фарҳанги ҷумҳурӣ ва чорабиниҳои фарҳангӣ;
- таъминоти методии фаъолияти иҷтимоӣ-фарҳангӣ;
- пешгирии ҳолатҳои хусусигардонии муассисаҳо ва иншооти фарҳангӣ;
- таъмин намудани рушди устувор ва баробари фарҳангии тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ;
- бунёди боғҳои нави фарҳангию фароғатӣ;
- ҷоринамоии хизматрасонии пулакӣ дар муассисаҳои фарҳанг;
- пайвастнамоии муассисаҳои фарҳанг ба шабакаи интернет, таъсиси сомонаҳо ва суроғаҳои электронии раёсатҳо, шӯъба ва бахшҳои фарҳанг;
- ҷалби маблағҳои ғайрибуҷегӣ барои рушди соҳаи фарҳанг;
- таъмини шароит баҳри ривоҷу равнақи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар соҳаи фарҳанг ва санъат;
- ширкати кормандони соҳаи фарҳанг дар ҳамоишҳои илмии байналмилалӣ, курсҳои такмили ихтисос ва ҷараёни омӯзиши таҷрибаи пешқадами фаъолияти иҷтимоӣ-фарҳангӣ;
- ташкили сафарҳои ҳунарии коллективҳо, дастаҳои худфаъолиятӣ ва гурӯҳҳои эҷодии ҷумҳурӣ ба хориҷи кишвар.
4. САМТҲОИ АСОСИИ ТАТБИҚИ БАРНОМА
38. Баҳри таъмини рушди устувори муассисаҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020 дар Барнома самтҳои афзалиятноки зерин муайян карда шудаанд:
- такмили заминаи меъёрии ҳуқуқӣ ва низоми идоракунии фаъолияти иҷтимоӣ-фарҳангӣ;
- рушди таҳқиқоти илмӣ ва таъминоти методии-фаъолияти иҷтимоӣфарҳангӣ;
- такмили самтҳо, мундариҷа ва баланд бардоштани сатҳу сифати фаъолияти иҷтимоӣ-фарҳангӣ;
- тарбияи кадрҳо;
- сохтмон ва таъмиру азнавсозии иншооти фарҳангӣ;
- бунёди заадинаи моддӣ-техникии муассисаҳои фарҳанг.
5. МАНБАЪҲОИ МАБЛАҒГУЗОРИИ БАРНОМА
39. Сарчашмаҳои асосии маблағгузории татбиқи Нақшаи чорабиниҳои Барнома маблағҳои ҳамасола аз Буҷети давлатӣ барои рушди соҳаи фарҳанг ва илм пешбинишаванда; сармояи соҳибкорони ватанӣ ва грантҳои фондҳои байналмилалӣ мебошанд.
40. Хароҷот барои татбиқи Барнома аз ҳисоби тамоми манбаъҳои маблағгузорӣ (тибқи нархҳои солҳои дахлдор) 26 млн. 84 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
6. МӯҲЛАТИ ТАТБИҚИ БАРНОМА
41. Чорабиниҳои Барномаи мазкур дар давоми солҳои 2016-2020 татбиқ мегарДанд. Барномаи мазкур марҳилаи навбатии татбиқи чорабиниҳо оид ба таъмини рушди муассисаҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистонро фаро гирифта, пас аз татбиқи мукаммали мақсад ва иҷрои вазифаҳои он дар оянда барномаҳои нав таҳия хоҳанд шуд.
7. НАТИҶАҲОИ ТАТБИҚИ БАРНОМА
42. Тавассути татбиқи Нақшаи чорабиниҳои Барнома натиҷаҳои зерин ба даст хоҳанд омад:
- заминаи меъёрии ҳуқуқӣ ва низоми идоракунии фаъолияти иҷтимоӣфарҳангӣ такмил меёбад;
- рушди устувор ва баробари тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ дар соҳаи фарҳанг таъмин мегардад;
- ҷараёни номатлуби хусусигардонии бино, амвол ва иншооти фарҳангӣ пешгирӣ мегардад;
- ҳисси масъулиятшиносии тамоми субъектҳои идоракунии фаъолияти иҷтимоӣ-фарҳангӣ дар таъмини рушди устувори соҳаи фарҳанг баланд мегардад;
- маблағгузорӣ баҳри рушди соҳаи фарҳанг аз ҳисоби сарчашмаҳои ғайрибуҷетӣ афзоиш меёбад;
- барои ташаккули батадриҷи инфрасохтори замонавии соҳаи фарҳанг шароити нисбатан мусоид фароҳам меояд;
- барои татбиқи босифат ва самарабахши функсияҳои иҷтимоии муассисаҳои фарҳанги ҷумҳурӣ шароити мусоид фароҳам меояд;
- баҳри эҳё, ҳифз ва рушди суннатҳо, тарғиби дастовардҳои фарҳанги муосир ва тарғиби мероси пурғановати фарҳанги ниёгон ба ҷаҳониён имкониятҳои бештар фароҳам меояд;
- дар ҷумҳурӣ низоми устувори такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи фарҳанг ташаккул меёбад;
- сатҳи донишҳои назариявӣ ва малакаҳои касбии мутахассисони соҳаи фарҳанг баланд мегардад;
- шумораи зиёди бинои муассисаҳои фарҳанг таъмиру тармим ва барқарор гардада, як қисми онҳо бо иморатҳои мустақил таъмин мегарданд;
- шумораи биноҳои навбунёди муассисаҳои фарҳангӣ афзоиш меёбад.
43. Нақшаи чорабиниҳои Барнома ва сарчашмаҳои маблағтузории он замима мегарданд (замимаҳои 1 ва 2).
Замимаҳои 1-2