Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025
Мутобиқи моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади муайян кардан ва мусоидат ба татбиқи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи истифодаи самараноки захираҳои об, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдор тибқи тартиби муқарраргардида дар доираи маблағҳои пешбининамудаи Буҷети давлатӣ ва ҷалби сармояҳои хориҷӣ ҷиҳати амалӣ гардонидани Барномаи мазкур тадбирҳои зарурӣ андешанд.
3. Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳангсози татбиқи Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025 муайян карда шуда, ба он супориш дода шавад, ки рафти иҷрои Барномаи мазкурро тахти назорат қарор диҳад ва ҳар нимсола аз ҷараёни иҷрои он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 30 декабри соли 2015 № 791
ш. Душанбе