×

Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025 аз 30 декабри соли 2015 № 791

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 декабри соли 2015,№ 791

тасдиқ шудааст

БАРНОМАИ ИСЛОҲОТИ СОҲАИ ОБИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2016-2025

МУҚАДДИМА

Ислоҳоти соҳаи оби Тоҷикистон бо қабули Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 марти соли 2006, № 1713 "Стратегияи ислоҳоти системаи идоракунии давлатӣ" оғоз гардида, якчанд марҳиларо дар бар мегирад. 1 августи соли 2012 Барномаи ислоҳоти соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои солҳои 2012-2020, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст, нуктаҳои асосии ислоҳоти соҳаи обро, аз он ҷумла гузариш ба Идоракунии ҳамгироиёнаи захираҳои об (минбаъд - ИҲЗО)-ро дар ҳавзаҳои дарёҳо дар бар мегирад. Ислоҳоти соҳаи об ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ислоҳоти кишоварзӣ ба назар гирифта шудааст.

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2013, № 12 "Дар бораи такмили сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" барои оғози ислоҳоти соҳаи об заминаи ҳуқуқӣ фароҳам овард. Тибқи Фармони мазкур Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барҳам дода шуда, вазифаҳои сиёсӣ дар соҳаи об ба зиммаи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазифаҳои марбут ба обёрӣ ва беҳдошти замин ба зиммаи Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шуданд.

Мақсад аз ислоҳоти соҳаи об гузоштани замина барои ғайримутамарказонидани системаи идоракунӣ ва базиммагузории як қисми корҳои хизматрасонӣ дар ҷараёни тақсимоти масъулият байни вазорату идораҳои давлатӣ ва қисман ташкилотҳои ғайридавлатӣ мебошад. Ислоҳоти пешниҳодшаванда ба принсипҳои умумии танзимкунандаи ИҲЗО асос ёфта, дар он ба масъалаҳои ба эътибор гирифтани манфиатҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва муҳити зист тавассути идоракунии босубот ва рушди захираҳои об эътибори хоса дода мешавад.

Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025 (минбаъд- Барнома) масъалаҳои ислоҳоти соҳаи обро дар тамоми зерсохторҳои баистифодаи об алоқаманд инъикос мекунад. Дар фаслҳои оянда соҳаи об ҳамчун "соҳа" ва намудҳои гуногуни махсуси истифодаи об, ба монанди обёрӣ ё гидроэнергетика ҳамчун "бахш" зикр мегарданд. Дар Барнома аввал мушкилоти асосии соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон овардашуда, сипас роҳҳои ҳалли онҳо тавассути ислоҳот пешниҳод карда мешавад.

I. ЗАХИРАҲОИ ОБ

1. Тоҷикистон кишвари кӯҳсор буда, 93 фоизи ҳудуди онро кӯҳистон ташкил медиҳад. Боришоти солона дар мамлакат тақрибан 760 мм буда, аз 100 мм дар баъзе минтақаҳои ҷудогонаи қисми ҷануби кишвар то 2400 мм дар қуллаи Федченко тағйир меёбад.

2. Пиряхҳо. Масоҳати умумии пиряхҳо 11,146 ҳазор км2 ё 8% ҳудуди кишварро ташкил медиҳад. Тақрибан 845 км3 захираҳои об дар пиряхҳо маҳфуз мебошанд.

3. Дарёҳо. Дар Тоҷикистон 947 дарё ва сойҳоидоимӣ ва мавсимӣ вуҷуд доранд, ки ҷараёни оби бозтавлидшавандаи онҳо ба 64 км3/сол баробар аст, аз он ҷумла 1,1 км3/соли он дар ҳавзаи дарёи Сир ва 62,9 км3/соли он дар ҳавзаи дарёи Аму, тақрибан 55% захираҳоиоби солонаи ҳавзаи баҳри Арал дар Тоҷикистон ташаккул меёбад.

4. Аз нуқтаи назари гидрографӣ дар Тоҷикистон ҳавзаҳои дарёҳои Аму, Сир, Панҷ, Вахш, Зарафшон, Кофарниҳон ва зерҳавзаҳои Қаротоғ-Ширкент, Қизилсу-Яхсу, Исфара, Хоҷабақирғон, Оқсу ва сойҳои Ашту-Сомғор мавҷуданд.

5. Кӯлҳо ва обанборҳо. Дар мамлакат 1300 кӯлҳо бо масоҳати 705 км2 мавҷуданд. Ҳаҷми умумии захираҳои оби онҳо 46,3 км3-ро ташкил медиҳад, ки аз ин миқдор 20 км3 обҳои ширин мебошанд. Шумораи обанборҳо дар Тоҷикистон 11 адад буда, ҳаҷми умумии муфиди онҳо тақрибан 7,5 км3-ро ташкил менамояд.

6. Обҳои зеризаминӣ. Захираҳои обҳои зеризаминии барқароршаванда дар Тоҷикистон 18,7 км3/сол-ро ташкил медиҳанд, ки аз он, 2,8км3/сол захираҳои истифодашаванда маҳсуб меёбанд.

7. Обҳои партови бозгарданда. Табиати Тоҷикистон асосан аз кӯҳҳо ва доманакӯҳҳою теппаҳои сарнишеб ташаккул ёфтааст, ки ин ба ҷамъу пас гаштани ҳаҷми калони обҳо ба дарёҳо мусоидат менамояд. Ҳаҷми обҳои бозгарданда тақрибанба 3.5 - 4.0 км3/сол мерасад, ки 3,0 км3 он обҳои заҳбур ва бозгарданда аз заминҳои обёришаванда буда, 0,50 км3-и он обҳои партови маишӣ ва бахши саноат мебошад.

II. ВАЗЪИЯТИ СОҲАИ ОБ

1. ИСТИФОДАИ ЗАХИРАҲОИ ОБ ДАР БАХШҲОИ ГУНОГУН

8. Истифодабарандагони асосии захираҳои об дар Тоҷикистон бахшҳои таъминоти оби нӯшокӣ ва санитария, гидроэнергетика, обёрии кишоварзӣ, саноат, моҳипарварӣ, солимгардонӣ ва муҳити зист мебошанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асл танҳо 17-20 фоизи захираҳои оби дар ҳудудаш ташаккулёбандаро истифода мебарад. Ба ҳисоби миёна дар давраи мушоҳидаҳои гузаронидашуда (1985-2014) ҳаҷми солонаи обе, ки аз ҷониби соҳаҳои мухталифи иқтисод дар кишвар истифода бурда мешавад, аз 8,0 то 14,5 км3/сол- ро ташкил медиҳад.

9. Таъминоти оби нӯшокӣ ва санитария. Таъминоти оби нӯшокӣ ва санитария яке аз бахшҳои муҳимтарини соҳаи об шумор рафта, рушди он барои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон афзалияти аввалиндараҷа дорад. Ҳаҷми оби дар ин бахш истифодашаванда дар як сол ҳудуди 400 млн.м3-ро ташкил медиҳад. Аз ин миқдор 103-105 млн.м3 бевосита аз ҷониби аҳолӣ истифода бурда мешавад. Эҳтиёҷоти таъминоти оби нӯшокӣ ва санитария камтар аз 5,0% ҳаҷми умумии оби барои тамоми ниёзҳои кишвар истифодашавандаро ташкил медиҳад.

10. Гидроэнергетика. Гидроэнергетика яке аз бахшҳои муҳими соҳаи оби Тоҷикистон ба шумор рафта, асоси иқтидорҳои энергетикии кишварро ташкил менамояд. Аз 5414МВт иқтидори энергетикии мавҷудаи кишвар 4996 МВт ё 93% ба гидроэнергетика рост меояд. Дар истеҳсоли солонаи нерӯи барқ, саҳми гидроэнергетика 98-99%-ро ташкил менамояд. Хусусияти муҳими гидроэнергетика дар он аст, ки он энергияи потенсиалии обро истифода намуда, худи онро ҳамчун захираи масрафшаванда истеъмол намекунад. Ин амал ба ҳаҷм ва сифати табиии об таъсир намерасонад. Ҳамасола, ҳудуди 30-35 км3 об тавассути нерӯгоҳҳои барқии обии кишвар гузашта, дар маҷмӯъ 16-17 млрд. кВт. соат нерӯи барқ истеҳсол карда мешавад.

11. Обёрии кишоварзӣ. Бахши обёрии кишоварзӣ барои таъмини амнияти озуқаворӣ дар кишвар аҳамияти муҳим дорад. Ҳудуди 80% маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ аз заминҳои обёришаванда ба даст оварда мешавад. Ҳаҷми умумии оби аз тамоми сарчашмаҳо барои обёрӣ гирифташаванда ба ҳисоби миёна 8,0-10,0 км3/сол-ро ташкил менамояд. Зиёда аз 90% ҳаҷми умумии обҳои аз махзанҳои табиӣ гирифтамешуда барои эҳтиёҷоти обёрии кишоварзӣ истифода бурда мешавад.

12. Саноат. Истеҳсолоти саноатӣ дар солҳои аввали истиқлолияти кишвар ба таври назаррас паст рафта, таи солҳои охир ба тадриҷ барқароршуда истодааст. Соли 1990 дар соҳаи саноат 607 млн.м3 об истифода шуда, айни ҳол, ҳаҷми умумии истифода наздик ба 240-300 млн. м3-ро ташкил менамояд, ки ин ба 2-3% ҳаҷми умумии оби дар кишвар истифодашаванда рост меояд. Қисми назарраси об барои саноат аз ҳисоби обҳои зеризаминӣ гирифта мешавад.

13. Моҳипарварӣ низ яке аз бахшҳои муҳими истифодаи об ба ҳисоб меравад. Ҳавзҳои моҳипарварӣ дар соҳилҳои фарохи дарёҳо ё дар ҷойҳои ба маҷрои дарё бисёр наздик сохта шудаанд, ки ин талафоти бебозгашти обро хеле кам мекунад. Ҳаҷми миёнаи оби барои ҳавзҳои моҳипарварӣ истифодашаванда дар як сол 90-100 млн.м3 ё 0,8-1,5% ҳаҷми умумии оби истифодашудаи кишварро ташкил медиҳад.

14. Солимгардонӣ дар манобеи об. Ҳудуди Тоҷикистон дорои иқтидори бузурги рекреатсионӣ мебошад. Дар ҷумҳурӣ 162 ёдгории манзаравии табиии обӣ, бештар аз 200 чашмаи маъданӣ, 18 кӯли лойқаи шифобахш ва намакин ба қайд гирифта шудаанд. Ҳаҷми истифодаи об дар минтақаҳои рекреатсионии ҷумҳурӣ ба ҳисоб гирифта нашудааст, вале муайян аст, ки оби истифодашаванда дар ин ҳолатҳо баъди тоза намудан қисман ба махзанҳои обӣ баргардонида мешаванд.

15. Муҳити зист. Истифодаи об барои беҳдошти муҳити зист нақши бисёр калон дорад. Гарчанд айни ҳол дар ҷумҳурӣ ҳисоби мушаххас оид ба ҳаҷми оби барои муҳити зист истифодашаванда вуҷуд надорад, муайян аст, ки барои субот ва рушд муҳит ҳаҷми муайяни обро истифода мебаранд. Истифодабарандагони об бо мақсади ҳифзи муҳит дар Тоҷикистон ҷангалзор, кӯл ва ботлоқзорҳо мебошанд.

2. АСОСҲОИ ҲУҚУҚӢ ВА ИНСТИТУТСИОНАЛИИ ИДОРАИ ЗАХИРАҲОИ ОБ

16. Асоси қонунгузории соҳаи оби Тоҷикистонро Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, созишномаҳо, конвенсияҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, минтақавӣ ва байнидавлатӣ оид ба об, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, ташкил медиҳанд.

17. Дар раванди идоракунии захираҳои оби Тоҷикистон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои ҳамоҳангсози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои обу энергетика, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ шомил мебошанд.

18. Вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, агентиҳо ва муассисаҳои ба идора, истифода ва ҳифзи захираҳои об алоқаманд, ҷиҳати амалӣ намудани сиёсати соҳаи об ба манфиати иқтисодиёти миллӣ ва истифодабарандагони об салоҳияти иҷроия доранд.

19. Бо вуҷуди тағйироти зиёд дар сохтори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъсис гаштани мақоми нав, тақсими вазифаҳо ва салоҳиятҳо дар соҳаи идоракунии об байни сохторҳои гуногун то ҳанӯз тибқи Низомнома дар бораи муайян намудани ваколатҳои мақомоти ваколатдори махсуси давлатӣ доир ба танзими истифода ва ҳифзи об, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 феврали соли 2002, № 39 тасдиқ шудааст, амалӣ карда мешавад.

20. Мақомоти давлатӣ оид ба идоракунии захираҳои об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳо мебошанд:

- Вазорати энергетика ва захираҳои об; 

- Вазорати кишоварзӣ; 

- Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ; 

- Кумитаи ҳифзи муҳити зист; 

- Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ; 

- Саридораи геология; 

- Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ; 

- Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ; 

- Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ"; 

- Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик".

21. Дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои давлатӣ иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ низ дар соҳаи идоракунии захираҳои об фаъолият доранд. Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об (минбаъд - АИО) ва Федератсияҳои АИО-ҳо дар Тоҷикистон иттиҳодияҳои ҷамъиятии махсусгардонидашуда мебошанд, ки ба нигоҳдорӣ ва идоракунии шабакаҳои обёрӣ ва заҳкашу заҳбурҳои дохилихоҷагӣ ҳуқуқ доранд.

III. МУШКИЛОТИ СОҲАИ ОБ

1. МАЪЛУМОТИ УМУМӢ

22. Солҳои охир бинобар таъсири омилҳои гуногун, аз ҷумла гузариш ба муносибатҳои бозорӣ, афзудани талабот ба захираҳои об бо сабаби афзоиши аҳолӣ, коҳиши захираҳои об бо таъсири тағйироти иқлим, афзоиши ҳолатҳои фавқуллодаи гидрометеорологӣ, бӯҳрони молиявӣ, урбанизатсия, биёбоншавӣ ва ғайра мушкилот дар соҳаи об рӯ ба афзоиш дорад.

1.1. ДАВРАИ ГУЗАРИШ ДАР ИҚТИСОДИЁТ

23. Тоҷикистон марҳалаи гузариш ба бозори иқтисодиро аз сар гузаронида истодааст ва тамоми тағйироти сиёсиву иқтисодӣ дар маҷмӯъ ба фаъолияти соҳаи об ва истифодабарии он, аз ҷумла мутобиқсозии идоракунии об ба шароити нави иқтисодӣ низ таъсир расонида истодааст.

24. Мутобиқсозии мазкур масоили зеринро дар бар мегирад: (1) беҳтар намудани вазъияти марбут ба пӯшонидани хароҷоти истифодаву нигоҳдорӣ; (2) баланд бардоштани самаранокии сохторҳои давлатии масъули идоракунии об; (3) таъмини тақсимоти меъёрии об байни истифодабарандагон мувофиқи шатрномаҳои басташуда.

25. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 1996, №281 хизматрасонии пулакии об дар бахши обёрии заминҳои кишоварзӣ ҷорӣ карда шуд. То ин давра хизматрасониҳо барои обёрии заминҳо пурра аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ карда мешуд. Пардохти ҳаққи хизмати обрасонӣ, гарчанде то андозае ба ҳолати имрӯза мутобиқ гардида бошад ҳам, то ҳанӯз на ҳама хоҷагиҳои деҳқонӣ муқаррароти мазкурро пурра амалӣ менамоянд.

1.2. АФЗОИШИ АҲОЛӢ

26. Афзоиши аҳолӣ яке аз омилҳои ҷиддии ба обтаъминкунӣ таъсиркунанда мебошад. Афзоиши солонаи аҳолӣ дар Тоҷикистон тақрибан 2,5 фоизро ташкил медиҳад, ки ин ба афзоиши талабот ба об, нерӯи барқ, маҳсулоти озуқаворӣ ва манзил оварда мерасонад.

27. Агар соли 1991 ба ҳар як нафари аҳолии Тоҷикистон 11963 м3 захираҳои табиии об ва 0,13 га заминҳои обӣ рост меомад, пас соли 2015 ин нишондиҳандаҳо мувофиқан то 7711 м3 ва 0,09 га расидаанд.

28. Зиёдшавии аҳолӣ ва талабот ба захираҳои об андешидани тадбирҳои фавриро ҷиҳати танзими дуруст ва тақсимоти одилонаи захираҳои об, идораи талабот ба об, идораи ҳамгироёнаи захираҳои об, ҳамоҳангсозии фаъолияти истифодабарандагони гуногун, истифодаи самараноки об, ба истеҳсолот ворид кардани технологияи каммасрафи об ва дигар чораҷӯиҳоро талаб менамояд.

1.3. ТАҒЙИРОТ ВА ТАҒЙИРПАЗИРИИ ИҚЛИМ

29. Тағйирот ва тағйирпазирии иқлим ба захираҳои оби ҶумҳурииТоҷикистон таъсири зиёд дорад. Тибқи маълумоти мавҷуда дар даҳсолаҳои охир ҳарорати миёнаи ҳаво дар Тоҷикистон 0,7-1,9оС боло рафта, тақрибан ҳазор адад пиряхҳои хурд аллакай об шудаанд. Бо сабаби он, ки сарчашмаи асосии дарёҳои Тоҷикистон пиряхҳо мебошанд, ин дар давраҳои миёна ва дарозмуддат ба кам шудани оби онҳо оварда мерасонад.

30. Илова ба ин, дар зери таъсири тағйироти иқлим тағйирпазирии гидрологӣ мушоҳида гардида истодааст, ки ин низ ба идора ва истифодаи захираҳои об, хусусан дар бахши обёрии кишоварзӣ таъсири манфӣ хоҳад расонид.

31. Тағйирот ва тағйирпазирии иқлим андешидани тадбирҳои фавриро ҷиҳати таъмини устуворӣ ва мусоидшавӣ ба ин тағйирот, аз ҷумла беҳтар намудани пешгӯӣ, эътино ба паст кардани зарари обхезиҳо, ярч, сел ва такмили идоракунии болооби ҳавзаҳоро тақозо менамояд.

1.4. ОФАТҲОИ ТАБИӢ ВА ТЕХНОГЕНИИ МАРБУТ БА ОБ

32. Ҳудуди кӯҳсори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сатҳи боришоти нисбатан фаровон дар кишвар, инчунин истифодаи нодурусти об сабаби офатҳои табииву техногении гуногуни марбут ба об мешаванд. Намудҳои асосии офатҳои табиии дар натиҷаи таъсири об рухдиҳанда ин обхезӣ, эрозияи соҳил ва заминҳои назди дарёҳо, баландшавии сатҳи оби дарё, ярч ва сел буда, ба офатҳои техногенӣ, шӯршавии заминҳо, эрозияи заминҳои обёрӣ, ботлоқшавӣ ва биёбоншавӣ дохил мешаванд.

33. Тибқи маълумоти мавҷуда дар Тоҷикистон вобаста ба шиддати боришот солона аз 40 то 230 селу обхезиҳои хурду калон ба қайд гирифта мешаванд, ки ба ҳисоби миёна ба иқтисодиёти мамлакат аз садҳоҳазор то даҳҳо миллион доллари ШМА зарар мерасонанд. Муттаассифона, дар баъзе ҳолатҳо ин боиси фавти одамон низ мегардад.

34. Коҳиш додани хатари офатҳои марбут ба об амалисозии механизмҳои самараноки пешгирӣ ва омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулодда, аз ҷумла муайянсозии вазифаҳо дар соҳаи муҳофизат аз обхезӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ, таъсиси системаи боэътимоди пешгӯӣ ва омодагӣ дар сатҳи ҷумҳуриявӣ, ҳавзавӣ ва маҳаллӣ, рушди потенсиали техникиву ташкилиро ҷиҳати идоракунии ҳолатҳои фавқулодда дар якҷоягӣ бо механизмҳои боэътимоди молиявӣ бо мақсади эътинои самаранок ба ҳолатҳои фавқулодда дар бар мегирад.

1.5. МУҲИТИ ЗИСТ

35. Афзоиши шумораи аҳолӣ ва фаъолияти иқтисодӣ дар сатҳи баланди истеҳсолот ба замину захираҳои об таъсир мерасонад. Ин дар навбати худ ба камшавии ҳудудҳои табиӣ, олудашавӣ, эрозияи хок ва шусташавии ҳаҷмҳои калони он, зиёд шудани истеъмоли об, паст рафтани сатҳи оби зеризаминии нӯшокӣ, шӯршавӣ ва ботлоқзоршавӣ дар натиҷаи баланд шудани сатҳи оби зеризаминӣ дар заминҳои обёрӣ оварда мерасонад.

36. Ҳалли ин мушкилот тавассути пешгирии самараноки олудашавии захираҳои об, барқарорсозӣ ва модернизатсияи шабакаҳои канализатсия ва заҳкашу заҳбурҳо, назорати самараноки сифати об ва ба таври самаранок ва саривақтӣ ҷамъ намудан, таҳлил ва мубодилаи маълумот оид ба об имконпазир мебошад. Инчунин муайян намудани лимити гирифтани обҳои рӯизаминӣ ва зеризаминӣ бе расонидани зарар ба муҳити зист аз вазифаҳои пешгӯии гидрологӣ ва гидрогеологӣ ба ҳисоб рафта, натиҷаҳои он бояд ба нақшаи ҳавзавии дарёҳо ворид карда шаванд.

2. МУШКИЛОТ ДАР БАХШҲОИ ИСТИФОДАБАРИИ ОБ

37. Дар соҳаи оби ҷумҳурӣ як қатор мушкилотҳо ҳастанд, ки хоси ҳамаи бахшҳои истифодабарии об мебошанд, аз ҷумла:

- имкониятҳои маҳдуди маблағгузорӣ чӣ аз буҷети ҷумҳуриявӣ ва чӣ аз ҳисоби кӯмакҳои шарикони рушд;

- кӯҳнаву фарсуда шудани инфрасохтори мавҷуда;

- набудани заминаи меъёриву ҳуқуқии мукаммал;

- баланд будани сатҳи талафоти об;

- мувофиқат накардани тарифҳои хизматрасонӣ ба арзиши аслӣ ва паст будани сатҳи ҷамъоварии маблағҳои пардохти хизматрасонӣ.

2.1. ТАЪМИНИ ОБИ НӯШОКӢ ВА САНИТАРИЯ

38. Бахши таъмини оби нӯшокӣ ва санитария дар натиҷаи барҳамхӯрии иқтисоди нақшавӣ ва гузариш ба иқтисоди бозорӣ бо мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ шуд, ки асоситарини онҳо инҳоанд:

- танҳо 51,4% аҳолии Тоҷикистон, аз ҷумла 86,9% аҳолии шаҳрҳо, 61,5% аҳолии шаҳракҳо ва 43,4% аҳолии деҳот, бо оби ошомиданӣ ва мувофиқан 79,8%, 18,2% ва 0,2% аҳолӣ бо шабакаи фозил об ва шароити хуби санитарӣ таъмин мебошанд;

- дар шаҳрҳо ва шаҳракҳо танҳо 68% инфрасохти мавҷуда дар ҳолати корӣ қарор дошта, 7% он қисман кор мекунад ва 25% умуман дар ҳолати корӣ нестанд. Дар деҳот бошад, танҳо 40% инфрасохтори мавҷуда дар ҳолати корӣ қарор дошта, 44% қисман кор мекунад ва 16% умуман дар ҳолати корӣ нестанд;

- талафоти об дар системаҳои таъминоти шаҳрҳои калон зиёда аз 60%, шаҳрҳои миёна ва шаҳракҳо зиёда аз 20%-ро ташкил менамояд;

- ташкилоту муассисаҳои аз буҷет маблағгузоришаванда ҳаққи хизматрасониҳоро мувофиқи талаботи аслӣ ё меъёри муқарраршуда маблағгузорӣ наменамоянд;

- тарифҳои амалкунандаи хизматрасониҳои корхонаҳои тобеи КВД "Хоҷагии манзилию коммуналӣ" хароҷоти онҳоро пӯшонида наметавонанд;

- ҷамъоварии маблағи ҳаққи хизмати обрасонӣ дар сатҳи нокифоя қарор дорад.

39. Вобаста ба ин таҷдид ва модернизатсия ииншоотҳои мавҷудаи системаҳои таъмини оби нӯшокӣ ва санитария, мукаммал намудани сиёсати нархгузории хизматрасонӣ бо мақсади баланд бардоштани потенсиали ташкилотҳои обрасон ва инчунин таъмин намуданисифати меъёрии оби ба аҳолӣ додашаванда, беҳтар намудани пардохти ҳаққи хизмати таъминоти об аз ҷониби истифодабарандагон як қисми механизми самараноки иқтисодӣ ва дар маҷмуъ вазифаҳои аввалиндараҷа маҳсуб меёбанд.

2.2. ОБЁРӢ ВА ЗАҲКАШӢ

40. Бахши обёрии кишоварзӣ барои таъмини аҳолӣ бо маводи озуқа ва таъсиси ҷойҳои корӣ дар деҳот нақши муҳим мебозад. Ин бахш айни замон бо як қатор мушкилот, аз ҷумла фарсуда гаштани инфрасохтори мавҷудаи обёрӣ ва беҳдошти замин, зиёд гардидани майдони заминҳои ҳолати мелиоративиашон ғайриқаноатбахш, аз гардиши кишоварзӣ берун мондани заминҳои корами обӣ, эрозияи заминҳои обӣ, аз кор мондани пойгоҳҳои обкашӣ, нарасидани мошину механизмҳо, мавҷуднабудани ҳисоби дурусти об ва ғайра дучор омадааст.

41. Ба ҳолати 1 январи соли 2015 дар ҷумҳурӣ тақрибан 33,5 ҳазор га замин, аз ҷумла 16,8 ҳазор га заминҳоикорами обӣ аз гардиши кишоварзӣ берун монда, 31 ҳазор га замини партов мавҷуд аст ва ҳолати мелиоративии 49 ҳазор га замини обӣ ғайриқаноатбахш ҳисобида мешавад. Самарнокии системаҳои обёрии ҷумҳурӣ дар баъзе ҳолатҳо танҳо 40-50%-ро ташкил менамояд.

42. Ин мушкилот дастрасии деҳқононро ба ҳаҷми зарурии об маҳдуд карда, ба ҳосилнокии маҳсулоти кишоварзӣ таъсири манфӣ расонида истодааст.

43. Яке аз роҳҳои ҳалли ин мушкилот таҷдиди инфрасохтор ва гузаронидани ислоҳоти иқтисодиву институтсионалии бахши обёрӣ ва беҳдошти замин мебошад.

2.3. ГИДРОЭНЕРГЕТИКА ВА ТАЪМИНОТИ БАРҚ

44. Гидроэнергетика ҷиҳати фаъолияти пурсамари тамоми соҳаҳои иқтисодиёт, аз ҷумла соҳаи об, нақши ҳаётан муҳим мебозад. Бахши мазкур низ бо мушкилоти зиёд, аз ҷумла нарасидани нерӯи барқ дар фасли зимистон (бинобар кам гаштани сарфи оби дарёҳо дар ин давра ва кам будани ҳаҷми обанборҳои мавҷуда), ба мувозинат овардани ниёзи истеҳсоли нерӯи барқ ва обёрӣ, маблағгузории нигоҳдории обанборҳо ва иҷрои корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар онҳо, паст будани пардохти ҳаққи нерӯи барқ, баланд будани сатҳи талафот ва ғайра дучор гардидааст. Ҳаллу фасли ин масъалаҳо дар доираи ислоҳоти бахши энергетикаи ҷумҳурӣ пешбинӣ гардидааст.

2.4. ТАЪМИНИ ОБ БАРОИ ЭҲТИЁҶОТИ САНОАТ

45. Таъмини эҳтиёҷоти оби бахши саноат солҳои охир бо назардошти рушди он раванди тоза гирифтааст. Вале дар ин бахш низ мушкилиҳои зиёд мавҷуданд.

46. Инфрасохтори дастраскунии об ба корхонаҳои саноатӣ муддати 30-50 сол инҷониб истифодашуда, фарсуда гардидааст. Танҳо иншоотҳои нави саноатӣ (корхонаҳои коркарди пахта, консервабарорӣ ва ғ.) бо системаи нисбатан замонавӣ таҷҳизонида шудаанд.

47. Мушкилоти асосии таъминоти корхонаҳои саноатӣ бо об ин зарурати самаранок безарар гардонидани обҳои партови саноатӣ, кам кардани талафоти об, ҷорӣ намудани системаи истифодаи гардони (такрории) об, мониторинги самараноки сифат ва ҳаҷми обҳои партов мувофиқи меъёру стандартҳо мебошад.

3. ҶАНБАҲОИ ИҚТИСОДИВУ МОЛИЯВӢ

48. Асоси фаъолияти бо суботи ҳама гуна система, аз ҷумла соҳаи обро модели иқтисодии он ташкил медиҳад. Мукаммалгардонии модели иқтисодиву молиявӣ дар чунин давраи гузариш вазифаи осон нест, аммо таҷрибаи кишварҳои тараққӣ карда ва рӯ ба тараққӣ нишон медиҳад, ки ин вазифа иҷрошаванда мебошад.

49. Аз ин лиҳоз мукаммалгардонии ҷанбаҳои иқтисодиву молиявӣ дар соҳаи об андешидан ва амалӣ намудани тадбирҳои зеринро талаб менамояд: , ҷорӣ намудани принсипҳои "истифодабаранда пардохт мекунад" ва "ифлоскунанда пардохт мекунад"; , таъмири муттасили системавӣ, навсозии даврӣ ва пурра, такмил ва таҷдиди инфрасохтори соҳаи об; , таъмини танзими самараноки муносибатҳои иқтисодии байни ташкилотҳои хизматрасон ва истифодабарандагони об инчунин шаффофияти хизматрасонӣ тавассути системаи дахлдори нархгузорие, ки метавонад хароҷоти соҳаро пӯшонида, рушди онро таъмин намояд.

4. ТАКМИЛИ ЗАМИНАИ ҲУҚУҚӢ

50. Аз соли 2000 то имрӯз механизмҳои истеҳсолот, соҳибмулкӣ ба замин ва муносибатҳои иқтисодии байни истеҳсолкунандагон, таҳвилгарон ва истеъмолкунандагони ниҳоӣ ба куллӣ тағйир ёфт. Пас аз ислоҳоти замин истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷониби ширкатҳои хусусӣ ба роҳ мондашуда, маҳсулоти онҳо дар асоси принсипҳои бозори озод ба фурӯш бароварда мешавад. Бо вуҷуди ин, хизматрасониҳои обёрӣ ва заҳкашӣ то ҳол аз принсипҳои бозорӣ дур буда, барои ташкили чунин система такмили қонунгузории ҷорӣ зарур мебошад.

51. Қонунгузории ҷорӣ дар соҳаи об, аз ҷумла Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, вобаста ба гузариш ба иқтисоди бозорӣ ва амалӣ намудани ислоҳоти соҳаи об, аз ҷумла гузариш ба принсипи идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об такмили ҷиддиро талаб менамояд.

52. Қонунҳои дигари дахлдор, хусусан қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об" ва "Дар бораи оби нӯшокӣ ва таъмини он" низ дар робита бо мутобиқат ба принсипҳои ИҲЗО ва шароити бозорӣ ворид намудани тағйиру иловаҳоро ба онҳо тақозо менамоянд.

53. Гузариш ба идоракунии ҳавзавӣ ва таъсиси институтҳои нав дар сатҳи ҳавза таҳияи низомнома ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии танзими муносибатҳои онҳоро бо мақомоти мавҷуда талаб менамояд.

5. ТАКМИЛИ МЕХАНИЗМҲОИ ИНСТИТУТСИОНАЛӢ

54. Бинобар ислоҳоти гузаронидашаванда, хусусан таъсиси мақомоти нав ва тақсимоти вазифаҳо байни онҳо тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2013, №12, бо дарназардошти сохтори институтсионалии печидаи соҳаи об ҷиҳати мушаххасгардонии муносибати байни сиёсат, танзим, идоракунӣ ва истифодабариву нигоҳдорӣ дар тамоми бахшҳои соҳаи об чораҳои иловагӣ таҳия ва амалӣ намудан зарур аст.

55. Гарчанд баъзе унсурҳои ИҲЗО аллакай дар системаи идоракунии захираҳои об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шуда бошанд ҳам, сохтору механизмҳои мавҷудаи пӯшонидани хароҷот барои амалисозии самараноки ИҲЗО мусоид нестанд.

56. Дар системаи мавҷудаи идоракунӣ, истифода ва ҳифзи захираҳои об такроршавии функсияҳои баъзе мақомот мушоҳида мегардад. Барои ташкили системаи мукаммал ва ҷиҳати ба роҳ мондани идора ва истифодаи устувори захираҳои об ин номувофиқатиҳо дар доираи ислоҳоти соҳаи об бояд ба танзим дароварда шаванд.

57. Рушди институтсионалӣ дар идоракунии захираҳои об андешидан ва амалӣ намудани тадбирҳои зеринро тақозо мекунад:

- гузариш аз сохтори идоракунии маъмуриву ҳудудӣ ба идоракунӣ дар ҳудудҳои гидрологӣ ё гидрографӣ, ба монанди ҳавзаи дарёҳо, зерҳавзаҳо, болооби ҳавзаҳо ва системаҳои обёрӣ;

- ҳамоҳангсозии самаранок ва пайдарҳами зерсохторҳои гуногун дар доираи фаъолияти сохтори пешбаранда;

- таъсиси сохтори ташкилии самараноки ташкилотҳое, ки метавонанд ИҲЗО-ро ҷорӣ намоянд, аз ҷумла АИО-ҳо дар сатҳи поён (маҳал) дар асоси сарҳадҳои гидрологӣ ва гидрографӣ;

- беҳтар намудани муносибат байни ташкилотҳои хизматрасон ва истифодабарандагон ва кам кардани дахолати мақомоти маҳаллӣ дар масоили идоракунии захираҳои об ва пешниҳоди хизматрасониҳо.

IV. ИСЛОҲОТИ СОҲАИ ОБ

1. МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲО

58. Таҳлили дар боло овардашудаи соҳаи об зарурати гузаронидани ислоҳоти ҳамаҷонибаро бо мақсади баланд бардоштани самаранокии идоракунии захираҳои об, беҳтар намудани идоракунӣ баҳри баланд бардоштани сифати хизматрасониҳо ва пӯшонидани хароҷоти соҳа ба таври возеҳ нишон медиҳад. Аз сабаби он, ки бахши кишоварзии обёришаванда истифодабарандаи асосии об дар кишвар мебошад, ислоҳоти соҳаи об ҳамчун як қисми ислоҳоти аграрии ҳамаҷонибаи соли 2009 оғоз гардида мебошад.

59. Мақсади ислоҳоти мазкур "банақшагирӣ, рушд ва идоракунии самараноки соҳаи об дар асоси сиёсати оқилона, таҳлил ва идоракунии муштараки ҳаҷм ва сифати обҳои зеризамини ву рӯизаминӣ, мувозинати истифодаи об аз ҷониби бахшҳои гуногун тавассути истифодаи ҳавза ва системаҳои гидрографӣ ҳамчун минтақаи идоракунӣ ба манфиати рушди баланди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври одилона, баробар ва бе расонидани зарар ба суботи экологӣ" мебошад.

60. Ноил гардидан ба мақсади дар боло зикргардида иҷрои чораҳои зеринро тақозо мекунад:

- гузариш аз идоракунии ҳудудиву маъмурии захираҳои об ба идоракунӣ дар ҳудудҳои минтақаҳои гидрологӣ ва гидрографӣ;

- таъсиси сохтори ҷумҳуриявие, ки мутобиқи ИҲЗО фаъолият намуда, бо сиёсат ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таъмин мекунад ва сохторҳову гурӯҳҳои манфиатдорро дар сатҳҳои гуногун аз маҳаллӣ то байналмилалӣ ба таври самаранок ҳамоҳанг месозад;

- таъсиси сохторҳои идоравии шаффоф ва ҳисоботдиҳанда бо тақсимости вазифаҳои вобаста ба сиёсату роҳнамоии стратегӣ аз як ҷониб ва иҷроия аз ҷониби дигар, бо риояи принсипҳои замонавии идоракунӣ ва иҷрои самаранок амалкунанда.

61. Муҳим аст, ки дар тамоми сатҳу марҳилаҳои ислоҳоти институтсионалӣ тамоми ҷонибҳои манфиатдор дар ҷараёни банақшагирӣ, қабули қарор ва амалисозии он иштирок кунанд, то масъулияти соҳибияти ҷараёнро ҳис кунанд ва ба афзалияту нигарониҳои ҷамъият эътино кунанд.

2. ПРИНСИПҲОИ РОҲНАМО

62. Ислоҳоти соҳаи об дар Тоҷикистон дар асоси якчанд присипҳои роҳнамо амалӣ карда хоҳад шуд, ки миёни онҳо гузаштан ба ИҲЗО, аз ҷумла идоракунии ҳавзавӣ ва тақсимоти вазифаҳои сиёсиву идоракунӣ (танзимкунӣ) аз вазифаҳои истеҳсолию хоҷагидорӣ, аз ҷумла дар истифодабарӣ ва нигоҳдории инфрасохтори хизматрасонии об нақши муҳим мебозанд.

2.1. ИДОРАИ ҲАМГИРОЁНАИ ЗАХИРАҲОИ ОБ

63. Ҷорӣ намудани ИҲЗО дар таҷриба яке аз шартҳои асосии муваффаққона амалӣ намудани ислоҳоти соҳаи об мебошад. Тавсифҳои гуногуни ИҲЗО вуҷуд дорад ва дар таҷриба тамоми онҳо ҳамон як принсипро истифода мебаранд. Дар ҳуҷҷати мазкур тавсифе истифода шудааст, ки дар Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи апрели соли 2012 оварда шуда, ба шароити маҳаллии кишвар мутобиқ карда шудааст. Мутобиқион мафҳуми ИҲЗО - системаи идоракунӣ мебошад, ки баҳисобгирӣ ва таъсири мутақобилаи захираҳои об (обҳои рӯизаминӣ, зеризаминӣ ва бозпасгашта) ва захираҳои замин, инчунин захираҳои дигари табиии ба онҳо вобастаро дар ҳудуди муайяни гидрографӣ ба асос гирифта, манфиати соҳаҳо ва сатҳҳои гуногуни истифодабарии об ва захираҳои табииро алоқаманд месозад ва онҳоро ба раванди қабули қарор, банақшагирӣ, маблағгузорӣ, ҳифз ва рушди захираҳои об ба манфиати рушди устувори ҷомеа ва ҳифзи муҳити зист ҷалб менамояд.

Расми 1

64. ИҲЗО ҳамкории ба ҳам пайваста ва фаъолияти амалии идоракунии захираҳои об мебошад. Дар Барномаи мазкур эътироф карда мешавад, ки соҳаи об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти бузург дошта, асосан дар сатҳи марказӣ тавассути мутобиқ намудани вазифаҳои мушаххаси муайян ба ниёзи маҳал дар ҳолатҳои зарурӣ танзим карда мешавад.

65. ИҲЗО бар принсипҳои зерин асос ёфтааст: 

- барқарор намудани муносибатҳои динамикӣ, ҳамоҳангшуда, пайдарҳам ва бисёрсоҳавӣ ҷиҳати истифодаи захираҳои об, аз ҷумла муайянсозиву муҳофизати сарчашмаҳои эҳтимолии таъмини оби тоза;

- банақшагирии истифодаи босубот ва оқилона, истифодаи сарфакоронаи захираҳои об, ба назар гирифтани талабот ва афзалиятҳои ҷомеа ва амалисозии барномаҳои сиёсӣ ва иқтисодии рушди кишвар;

- таҳия, амалисозӣ ва арзёбии лоиҳаву барномаҳое, ки камхарҷ ва аз нуқтаи назари иҷтимоӣ қобили қабул буда, дар асоси стратегияҳои ҳамаҷониба тарҳрезӣ шудаанд, ки иштироки васеи ҷомеа, аз ҷумла иштироки занҳо, ҷавонон, мардуми таҳҷоиро дар ташаккули сиёсат ва ҳалли мушкилоту низоъ дар бар мегирад;

- такмил ва ё рушди механизмҳои зарурии ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва молиявӣ ҷиҳати таъмини амалисозии беғаразонаи ИҲЗО бо мақсади тезонидани пешравии иҷтимоии босубот ва рушди иқтисодӣ.

66. Дар шароити имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намудани танҳо бахшҳои асосии ИҲЗО, ки аз нуқтаи назари техникӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, муҳити зист ва сиёсӣ заруранд, имконпазир аст.

67. Хусусиятҳои хоси идоракунии ҳамгироёнаи об дар ҶумҳурииТоҷикистон инҳоянд:

- аҳамияти муҳими гидроэнергетика;

- аҳамияти пардохти ҳаққи хизматрасонии об;

- пешгирии коҳиши оби зеризаминӣ;

- аҳамияти дастрасӣ ба оби обёрӣ;

- гузариш ба принсипҳои идоракунии ҳавзавӣ;

- зарурат ба иштироки ҷомеа;

- зоҳир намудани диққати махсус ба осебпазирии минтақаҳои кӯҳӣ ва таҳким намудани муҳофизат аз обхезӣ.

68. Аз ин лиҳоз тавсияҳои зерини ИҲЗО барои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мешавад: "ИҲЗО ин ҳамкории мутақобилаи зерсохторҳои гуногун бо мақсади дастрасии пурраи аҳолӣ ба хизматрасонии баланд сифати об ва санитария, таъмиини дастрасӣ ба об барои обёрӣ, гидроэнергетика, муҳити зист ва дигар истифода барандагони об дар ҳудуди ҳавзаи дарё ва риояи сарҳадҳои гидрографии муайяншуда мебошад. ИҲЗО ба муҳофизати захираҳои об аз истифодаи аз меъёр зиёду олудасозӣ мусоидат намуда, ҳифзи муҳити осебпазири кӯҳистон, соҳили дарёҳо ва манотиқи назди соҳилии онро аз обхезӣ ва фарсудашавӣ таъмин менамояд, иштироки ҷомеаро дар ҷараёни қабули қарор, банақшагирӣ, маблағгузорӣ ва рушди захираҳои об ба манфиати рушди устувори иқтисодӣ ва иҷтимоӣ таъмин намуда, ба нигоҳдории муҳити зист кӯмак мерасонад.

2.2. ИДОРАКУНИИ ҲАВЗАВӢ

69. Банақшагирии тақсимоти ҳамаҷонибаи об ва рушди захираҳои обро метавон танҳо дар доираи ҳавзаи табиии захираҳои об таъмин намуд, зеро тамоми корҳои дар боло об амалишаванда ба дастрасиву сифати об дар поёноб таъсири бевосита мерасонанд. Аз ин лиҳоз чунин воҳиди табиӣ ё ҳавзаи дарё ченаки беҳтарини идоракунии захираҳои об мебошад. Ҳавзаро метавон ба таври зерин тавсиф намуд: ҳудуде, ки ба он аз як резишгоҳ об ҷорӣ шуда, бо дигар сарчашмаҳои об дар болооб ва минтақаи резиши поёноб (баҳр ё кӯл) ҳамсарҳад мебошад. Дар ҳолати идеалӣ сарҳадҳои гидрологии ҳудуди ҷамъшавии об бо сарҳадҳои ҳавзаҳо мувофиқ меояд, лекин ин на дар ҳамаи ҳолатҳо чунин шуда метавонад.

70. Бинобар ин ҷорӣ кардани идоракунии ҳавзавии захираҳои об, ки қисми таркибии ИҲЗО ба ҳисоб меравад, яке аз принсипҳои асосии ислоҳоти соҳаи об эътироф мегардад.

2.3. ТАҚСИМОТИ ВАЗИФАҲОИ СИЁСАТ ВА ИДОРАКУНӢ АЗ ВАЗИФАҲОИ ИСТЕҲСОЛИЮ ХОҶАГИДОРӢ

71. Бо мақсади амалисозии самараноки тамоми вазифаҳои вобаста ба ИҲЗО, тақсимости ҷудо кардани вазифаҳои сиёсӣ ва қонунгузорӣ (ташаккули сиёсат, қонунгузорӣ), ташкилӣ (банақшагирӣ, идоракунӣ ва танзим) аз вазифаҳои вобаста ба истифода (таъминоти об, хизматрасониҳо оид ба нигоҳдориву таъмири система) зарур мебошад, ки ин низ яке аз принсипҳои роҳнамои ислоҳоти соҳаи об ба ҳисоб меравад.

2.4. ПРИНСИПҲОИ ИЛОВАГИИ РОҲНАМОИ ҲАВЗАВӢ

72. Бо дарназардошти афзалиятҳо, принсипҳои зерин бояд риоя карда шаванд: , муҳити зист бояд ҳамчун истифодабарандаи об эътироф карда шуда, талаботи он ба об бояд ҳатман ба инобат гирифта шавад, зеро дар ҳолати вайроншавӣ ё зарар дидан онро наметавон ба осонӣ бар қарор кард ва ё метавон пурра аз даст дод; , ҳангоми муайян намудани афзалиятҳои истифодаи об ба мувозинат овардани талаботи тамоми бахшҳо зарураст, то ин ки истифодаи об дар як бахш ба истифодаи он аз ҷониби бахши дигар таъсир нарасонад; , дар ҳолатҳои фавқулодда таъмини оби ошомиданӣ бояд афзалиятнок бошад, чунки он ҳаётан муҳим аст.

73. Азбаски оғози ислоҳоти институтсионалӣ аз ҳама ҷониб ӯҳдадории пурраро талаб мекунад, ниҳоят эҳтиёткорона амал кардан зарур аст. Ислоҳоти қисман амалишуда дар аксари ҳолатҳо ба системаи қисман амалкунанда оварда мерасонад, ки он метавонад ба сохторҳои мушаххас ба ҷои беҳтар намудан баръакс зарар расонад. Аз ин лиҳоз, то қадри имкон риояи принсипҳои асосӣ ниҳоят муҳим дониста мешавад.

V. ИҲЗО ВА ГУЗАРИШ БА ИДОРАКУНИИ ҲАВЗАВӢ

74. Дар доираи ислоҳоти соҳаи оби Тоҷикистон гузариш ба ИҲЗО ва идоракунии ҳавзавӣ амалӣ карда ҳоҳад шуд.

75. Сарҳади ҳавзаи дарёҳо минтақаи ҷуғрофии танзими институтсионалӣ, меъёрӣ ва идоракунии истифодаи обро ташкил карда, илова ба оби маҷрои дарё обҳои зеризаминӣ, чашма, кӯл, пирях ва дигар намудҳои захираҳои обро дар бар мегирад. Ҳангоми муайян намудани сарҳадҳои гидрологии ҳавзаҳо ё зерҳавзаҳо ҳамчун воҳиди идоракунии об шартҳои зерини табииву иқтисодӣ ба эътибор гирифта мешаванд:

- сарҳадҳоиҷуғрофии ҳавзаҳои дарёҳо;

- дастрасӣ ба тамоми қисмҳои ҳавза; 

- вобастагии кори якҷояю пурраи иншоотҳои системаҳои об аз муносибатҳои иқтисодӣ; 

- сатҳи рушди иқтисодӣ ва тавоноии ташкилотҳои маҳаллӣ ҷиҳати қабули қарорҳои мустақилона оид ба мақсадҳои асосии идоракунии бо суботи захираҳои об.

1. ҲАВЗАҲОИ ДАРЁҲО

76. Бо дарназардошти сарҳадҳои гидрологӣ ва шартҳои дар боло зикргардида системаи дарёҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чор ҳавзаи дарё ҳамчун воҳидҳои идорашаванда тақсим карда шудааст (расми 2.)

77. Қисми тоҷикистонии ҳавзаи Сирдарё аз ҳавзаи дарёи Сир ва шохобҳои он дар ҳудуди Тоҷикистон иборат аст. Чун воҳиди идоракунӣ, ҳавзаи Сирдарё, ҳавзаи дарёи Зарафшонро ҳамчун зерҳавза дар ҳудуди Тоҷикистон дар бар мегирад. Дарёҳои мазкур аҳамияти байнидавлатӣ дошта, идоракунии захираҳои оби дарёи Сир инчунин дар робита бо қарорҳои Комиссияи байни давлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии оби кишварҳои Осиёи Марказӣ (минбаъд - КБҲМО) танзим карда мешавад.

78. Ҳавзаи дарёи Кофарниҳон аз системаи дарёи Кофарниҳон ва шохобҳои он - Элок, Сарво ва Варзоб иборат аст; қисми поёноби сарҳадҳои ҳавзаи дарё аз ҳисоби шохобҳои Кофарниҳон ташаккул ёфтааст. Ба қисми болооби ҳавзаи дарёи Кофарниҳон зерҳавзаи дарёи Қаратоғ, ки аз сарҳади байни ҷумҳуриҳои Тоҷикистону ӯзбекистон мегузарад, дохил карда шуда, қисми болооби ҳавзаи дарёи Сурхандарёро ташкил медиҳад.

79. Ҳавзаи дарёи Вахш тамоми дарёи Вахш ва шохобҳои онро ба истиснои қисми аз ҳама болооби он, ки дар Қирғизистон ҷойгир шудааст, дар бар мегирад.

80. Қисми тоҷикистонии ҳавзаи дарёи Панҷ минтақаи дарёи Панҷ ва шохобҳои дар Тоҷикистон ҷойгиршудаи онро дар бар мегирад. Ҳавза дар шимол ва ғарб бо сарҳадҳои ҳавзаи дарёи Вахш ва дар ҷануб бо маҷрои дарёи Панҷ (сарҳади байни Тоҷикистону Афғонистон) ҳамсарҳад мебошад.

81. Дар доираи ислоҳоти соҳаи об дар ҳар як ҳавза ва дар ҳолати зарурӣ дар зерҳавзаҳо ташкилотҳои дахлдори ҳавзавӣ, аз қабили Ташкилоти ҳавзавии дарё ва Шӯрои ҳавзавии дарё таъсис дода хоҳанд шуд.

Расми 2

2. ВАЗИФАҲОИ АСОСИИ ТАШКИЛОТҲОИ ҲАВЗАВӢ

82. Ташкилоти ҳавзавии дарё (минбаъд - ТҲД). Вазифаи асосии ташкилотҳои ҳавзавии дарё инҳоянд:

- таҳияи нақшаи солонаи истифодаи оби ҳавза ва ҳифзи он;

- нақшаҳои миёнамӯҳлат ва дарозмуддати рушд ва ҳифзи захираҳои об;

- мониторинги тақсимоти об ва сифати он ва пешниҳоди дидани чораҳои ҳатмӣ дар ҳолатҳои берун баромадан аз нақша;

- таҳия намудани нақшаҳои паст кардани оқибатҳои хушксолӣ ва обхезӣ ва мониторинги амалисозии онҳо;

- санҷиши вазъияти ҳифзи соҳили дарёҳо ва дигар корҳои вобаста ба ҳифз аз обхезӣ ва муайян намудани корҳои таъмирии зарурӣ дар сатҳи ҳавза ва зерҳавзаҳои муайян.

83. Шӯрои ҳавзавии дарё (минбаъд - ШҲД). Вазифаи асосии Шӯрои ҳавзавии дарё аз инҳо иборатанд:

- баррасӣ ва тавсияи нақшаҳои мавсимии тақсимоти об миёни истифодабарандагони гуногун ва нақшаҳои миёна ва дарозмӯҳлати рушди захираҳои оби ҳавза;

- машварат бо ТҲД ва дигар ҷонибҳои манфиатдор оид ба иҷрои воқеии ин нақшаҳо;

- баёни фикру ақида оид ба масоили гуногуни марбут ба идора, тақсимот, истифода, ҳифз ва сифати об;

- расонидани кӯмак ва ҳалли баҳсҳои байни ҷонибҳои манфиатдор ва истифодабарандагони об, ассотсиатсия ва федератсияҳои онҳо.

VI. РУШДИ ИНСТИТУТСИОНАЛИИ ИСЛОҲОТИ СОҲАИ ОБ

84. Ислоҳоти институтсионалӣ, аз ҷумла тақсимоти вазифаҳои сиёсӣ, танзимкунӣваидоракунӣ аз вазифаҳои истеҳсолию хоҷагидорӣ қисми таркибии ислоҳоти соҳаи об ба ҳисоб меравад. Бе гузаронидани чунин тағйирот дар сохтори институтсионалии мавҷуда самаранокии ислоҳоти соҳаи об ғайриимкон хоҳад буд.

1. ИСЛОҲОТИ АМАЛИШУДАИ ИНСТИТУТСИОНАЛӢ ДАР СОҲАИ ОБ

85. Ислоҳоти институтсионалӣ дар соҳаи об (бо таваҷҷӯҳи хос ба обёрӣ)асосан бо қабули Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2013, №12 оғоз ёфт, ки тибқи он вазифаҳои сиёсиву идорӣ аз вазифаҳои истеҳсолию хоҷагидорӣ дар соҳаи об аз ҳам ҷудо карда шуданд.

86. Мутобиқи ин Фармон Вазорати энергетика ва саноат ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуда, ба зиммаи он пешбурди вазифаҳои сиёсиву идорӣ (танзимӣ) дар соҳаи об вогузор карда шуда, ҳамзамон Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ваколатҳои иҷрои вазифаҳо оид ба беҳдошти замин ва обёрӣ таъсис дода шуд.

87. Ҳамзамон дар робита ба иҷрои Фармони мазкур бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, № 149, Ширкати саҳомии холдингии кушодаи (минбаъд -ШСХК "Барқи Тоҷик"), ки масъули истифодабарӣ ва нигоҳдории иншооти гидроэнергетика мебошад, аз ҳайати Вазорати энергетика ва захираҳои об бароварда шуд.

88. Ҳамин тариқ, вазифаҳои марбут ба истеҳсолию хоҷагидорӣ, аз ҷумла истифодабарӣ ва нигоҳдории иншоотҳои хизматрасонӣ дар соҳаи об комилан аз вазифаҳои Вазорати энергетика ва захираҳои об бароварда шуда, Вазорат танҳо масъули вазифаҳои сиёсиву идорӣ гашт, ки ин ҷавобгӯи яке аз принсипҳои роҳнамои ислоҳоти соҳаи об мебошад.

89. Пеш аз қабули Фармони дар боло зикршудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ як қадами ҷиддӣ оид ба тағйироти институтсионалӣ гузошта шуда буд. Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 майи соли 2012, № 247 Муассисаи давлатии "Сарраёсати "Тоҷикобдеҳот", ки дар назди собиқ Вазорати мелиоратсия ва захираҳои об фаъолият мекард, ба ҳайати КВД "Хоҷагии манзилию коммуналӣ" гузаронида шуд. Ҳамин тариқ, дар ҷумҳурӣ масъалаи таъмини оби нӯшокӣ ва санитария ҳам барои шаҳр ва ҳам барои деҳот зери назорати ташкилоти хизматрасони ягона оварда шуд, ки ин низ ба принсипҳои ислоҳоти соҳаи об мувофиқ аст.

2. ИСЛОҲОТИ ИНСТИТУТСИОНАЛИИ СОҲАИ ОБ

90. Ислоҳоти институтсионалии соҳаи об ворид кардани тағйиру иловаҳоро ба ташкилотҳои мавҷудаи соҳаи об ва таъсиси ташкилотҳои навро дар сатҳи миллӣ, ҳавзавӣ ва зерҳавзавӣ пешбинӣ менамояд.

2.1. CОХТОРҲОИ ИҲЗО ДАР САТҲИ ҶУМҲУРИЯВӢ
2.1.1 СОХТОРҲОИ СИЁСӢ, ТАНЗИМКУНАНДА ВА ҚОНУНБАРОРӢ
2.1.1.1. Шӯрои миллии об

91. Ислоҳоти соҳаи об таъсиси Шӯрои миллии обро пешбинӣменамояд, ки мақоми машваратию маслиҳатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фаъолияти вазорату идораҳо ва мақомоти дигари давлатӣ, инчунин ташкилотҳои ғайридавлатиро дар бобати банақшагирӣ, идоракунӣ, истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои об ҳамоҳанг месозад. Таъсиси Шӯрои миллии об тибқи тағйироти ба Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи апрели соли 2012 ворид кардашуда пешбинӣ шудааст.

92. Тибқи ҳадаф ва принсипҳои асосии ислоҳоти соҳаи об мақсад ва вазифаҳои Шӯрои миллии об бояд инҳо бошанд:

- қабул ва рушди сиёсати давлатӣ ва қонунгузорӣ дар соҳаи ИҲЗО ва истифодаи самараноку ҳифзи захираҳои об;

- таҳия ё дархости таҳияи сиёсат оид ба идоракунии захираҳои об ва ҳифзи муҳити зист;

- ташаккули сиёсат оид ба назорати истифодаи оқилонаи захираҳои об;

- дар ҳолатҳои зарурӣ тавсия намудани маҳдудиятҳои истифодаи об барои истифодабарандагони он;

- вусъати сиёсати сармоягузорӣ оид ба рушд, истифода ва ҳифзи захираҳои об;

- таҳия ва идоракунии созишномаҳои байналмилалӣ дар самти истифода ва ҳифзи захираҳои об; 

- ташаккули сиёсат ҷиҳати дидани чораҳо оид ба истифода ва ҳифзи захираҳои об дар натиҷаи таъсири тағйирёбии иқлим.

93. Айни замон дар кишвар Шӯрои ҳамоҳангсозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои обу энергетика амал мекунад, ки қисман ин вазифаҳоро иҷро мекунад. Ба Шӯро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ карда, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ аъзои он мебошанд. Ба ҳайати он ворид намудани роҳбарони баъзе ташкилотҳои хизматрасон, аз ҷумла КВД "Хоҷагии манзилию коммуналӣ", ШСХК "Барқи Тоҷик", Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ва Хадамоти санитарию эпидемиологӣ ба мақсад мувофиқ аст.

94. Бо дарназардошти ин дар доираи ислоҳоти соҳаи об зарур аст, ки ё Шӯрои ҳамоҳангсози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои обу энергетика ба Шӯрои миллии об бо ваколатҳои болозикр табдил дода шавад ва ё ин ки ба ваколатҳои он ваколатҳои мувофиқи Шӯрои миллии оби пешбинишаванда ворид карда шуда, фаъолияти он ҷоннок карда шавад. Дар ин замина ба ҳайати он ворид кардани роҳбарони ҳамаи ташкилотҳои сатҳи ҷумҳуриявии фаъолияташон марбут ба об низ лозим аст.

Расми 3

2.1.1.2. Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

95. Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - ВЭЗО ҶТ) мақоми пешбаранда ва амаликунандаи асосии ислоҳоти соҳаи об ва ҷорӣ намудани ИҲЗО хоҳад буд. Дар ин робита нақш ва вазифаҳои асосии ВЭЗО ҶТ чунин хоҳанд буд: , ҳамоҳангсозии сиёсати умумӣ дар соҳаи оби ҷумҳурӣ ва амалисозии стратегияи ИҲЗО дар асоси идоракунӣ дар сатҳи ҳавзаи дарё;

- муайян намудани мақсад ва вазифаҳои миллии рушди захираҳои об, ҳифз ва нигоҳдории ин захираҳо барои наслҳои оянда;

- таҳия ва ҷорӣ намудани амалисозии заминаи мукаммали қонунгузорӣ ва механизмҳои танзим (қоида, меъёр ва стандартҳо) оид ба идоракунии босуботи захираҳои об, аз ҷумла обҳои байнисарҳадӣ;

- муайян намудани ҳаҷми обгирӣ барои истифодабарандагон тибқи меъёрҳои муқараргардида;

- ташкили идоракунии ҳавзавии дарёҳо тавассути таъсис додани ташкилотҳои махсус дар ҳудуди ҳавза ва зерҳавзаҳо.

2.1.1.3. Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - КҲМЗ ҲҶТ)

96. КҲМЗ Ҳ ҶТ масъули додани иҷозати истифодаи махсуси об ва партовҳои обӣ буда, ҳамзамон назорати давлатиро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, аз ҷумла захираҳои об амалӣ менамояд. Дар ин робита нақшу вазифаҳои асосии КҲМЗ ҲҶТчунин хоҳанд буд: , таҳияи сиёсату стратегия оид ба муҳити зист бо ишораи махсус ба ҳифзи захираҳои об аз нуқтаи назари муҳити зист;

- таҳияи меъёру стандартҳои хоси муҳити зист оид ба банақшагирӣ, тарҳрезӣ, сохтмон ва амалисозии тамоми инфрасохтори об;

- омӯхтани ҳолати пиряхҳо ва дигар захираҳои об, равандҳои тағйирёбии иқлим, гузаронидани мониторинги ифлосшавии обҳои рӯизаминӣ, пешгӯии падидаҳои табиии гидрометеорологӣ ва таҳияи чораҳои миллӣ оид ба мутобиқшавӣ ва истодагарӣ ба тағйироти иқлим, аз ҷумла дар соҳаи об;

- таъмини амалисозии қонунҳои мавҷуда ва иштирок дар таҳияи қонунгузории нав оид ба назорати олудасозии захираҳои об ва инчунин назорати сифати об аз нуқтаи назари муҳити зист;

- таҳияи қоида, меъёр ва стандартҳои олудасозии муҳити зист вобаста ба об ба монанди таъсири партовоб;

- бамеъёрдарорӣ ва додани иҷозати истифодаи махсуси об ба субъектҳои хоҷагидорӣ; 

- додани иҷозати меъёри партовҳои обӣ ба объектҳо.

2.1.1.4. Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - СИГ ҲҶТ)

97. Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷодаи истифодаи захираҳои обҳои зеризаминӣ ва нигоҳдории онҳо дар ҳамкории наздик бо КҲМЗҲ ҶТ фаъолият мекунад. Дар ин робита нақшу вазифаҳои асосии СИГ ҲҶТ чунин хоҳанд буд:

- таҳияи стратегияву механизмҳои ҳифзи сифат ва ҳаҷми обҳои зеризаминӣ;

- иштирок дар таҳияи дастуруламалҳои муайян намудани хароҷот ва нархномаи тавассути пойгоҳҳо кашида баровардани обҳои зеризаминӣ ва ченакҳои сифат ва ҷорӣ намудани чунин ченакҳо;

- иштирок дар таҳия ва амалисозии Кодекси об ва қонунҳои дахлдор бо эътибори махсус ба обҳои зеризаминӣ;

- амалисозии қоидаву стандартҳои миллӣ оид ба истифода ва рушди захираҳои оби зеризаминӣ.

2.1.1.5. Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

98. Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - ХНДБКСК ҲҶТ) минбаъд низ фаъолияти худро дар самтҳои зерин давом хоҳад дод:

- мувофиқа намудани лоиҳаи иҷозат барои истифодаи обҳои маъданӣ, табобатӣ ва гарми табиӣ;

- назорат оид ба партофтани обҳои партов ва техникӣ ба ковокиҳои қишри замин;

- риояи қоидаҳои бехатарӣ дар соҳаи коркарди саноатӣ;

- мониторинги обҳои партови саноатӣ ва дигар вазифаҳо тибқи ваколатҳои муқарраргардида.

2.1.2. СОХТОРҲОИ ИҶРОИЯ - ТАШКИЛОТҲОИ ХИЗМАТРАСОН ДАР СОҲАИ ОБ

99. Вазифаҳои вобаста ба истифодаи об аз ҷониби ташкилотҳои гуногуни хизматрасон вобаста аз намуди истифодаи об амалӣ карда хоҳанд шуд. Тибқи вазифаҳои аллакай муайянгардида Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъули хизматрасонӣ дар бахши обёрӣ ва беҳдошти замин, КВД "Хоҷагии манзилию коммуналӣ" масъули хизматрасонӣ дар бахши таъмини оби нӯшокӣ ва санитария (канализатсия), ШСХК "Барқи Тоҷик" масъули хизматрасонӣ дар бахши гидроэнергетика мебошанд.

2.1.2.1. Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - АБЗО ҲҶТ)

100. АБЗО ҲҶТ тибқи принсипҳои асосии ислоҳоти соҳаи об барои хизматрасониҳои обёрӣ ва беҳдошти замин масъул буда, татбиқи сиёсат ва стратегияҳоро оид ба истифодаи самараноки оби обёрӣ дар сатҳи бахш, пешгирии истифодаи аз меъёр зиёди об ва беобшавиро тавассути ҷорӣ намудани технологияҳои сарфакори об ва кам кардани талафоти об, истифода ва нигоҳдории инфрасохтори обёрӣ ва заҳкашӣ амалӣ хоҳад кард.

101. Хизматрасониҳои обёрӣ ва заҳкашӣ аз ҷониби АБЗО ҲҶТ дар сатҳи маъмурию ҳудудӣ ва дар ҳолати зарурӣ дар сатҳи ҳавза, зерҳавза ва системаҳои обёрӣ дар ҳамкорӣ бо АИО-ҳо ва Федератсияҳои АИО пешниҳодкарда мешаванд.

102. АБЗО ҲҶТ метавонад дар робита бо ислоҳоти соҳаи об ва гузариш ба идоракунии ҳамгироишудаи захираҳои об, аз ҷумла идоракунии ҳавзавӣ, ислоҳоти бахши обёрӣ ва беҳдошти заминро гузаронад. Ислоҳоти мазкур метавонад идоракунии системаҳои обёриро дар сатҳи ҳавза, зерҳавза ва системаҳои обёрӣ ҷорӣ намояд, ки ин ба принсипҳои асосии ислоҳоти соҳаи об мувофиқ хоҳад буд.

103. Бо дарназардошти амалӣ намудани ислоҳоти соҳаи об дар бахши беҳдошти замин ва обёрӣ, АБЗОҲҶТ метавонад нақшу вазифаҳои зеринро амалӣ намояд:

- таҳияи мақсаду вазифаҳо ва стратегияи истифодаи самараноки оби обёрӣ, пешгирии истифодаи аз меъёр зиёд ва беобшавӣ;

- таҳияи механизмҳои ҳифзи сифат ва ҳаҷми оби обёрӣ;

- таҳияи барномаҳои мушаххас бо дарназардошти арзиши иҷтимоиву иқтисодии об барои обёрӣ, аз ҷумла ҷорӣ намудани системаи пӯшонидани хароҷоти хизматрасониҳои обёрӣ ва заҳбарӣ;

- таъмини суботи муҳити зист дар ҷараёни меъёрбандӣ, банақшагирӣ, тарҳрезӣ, сохтмон ва истифодаи лоиҳаҳои рушди инфрасохтори обёрӣ;

- амалӣ намудани талаботи Нақшаи идораи ҳамгироёнаи захираҳои оби ҳавзаи дарё дар ҳудуди шабакаҳои обёрӣ дар ҳамоҳангсозӣ бо сохторҳои шарик;

- амалӣ намудани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, лоиҳакашӣ ва таҷрибавию навоварӣ дар бахши беҳдошти замин ва обёрӣ;

- иштирок ва гузоштани ҳисса ҷиҳати таҳия ва амалисозии Кодекси об ва қонунҳои дахлдор, хусусан вобаста ба бахши обёрӣ.

2.1.2.2. КВД "Хоҷагии манзилию коммуналӣ" (минбаъд-КВД "ХМК")

104. КВД "Хоҷагии манзилию коммуналӣ" тибқи принсипҳои асосии ислоҳоти соҳаи об ташкилоти хизматрасон дар бахши таъмини оби нӯшокӣ ва санитария ба ҳисоб рафта, тавассути ширкатҳои фаръии худ ин хизматрасониҳоро дар сатҳи шаҳрҳо ва деҳот амалӣ менамояд. Дар шаҳрҳои нисбатан калон бошад, хизматрасонии обтаъминкунӣ ва санитария аз ҷониби идораҳои обу корези назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ (масалан, КВД "Обу корези ш. Душанбе", КВД "Обу корези ш. Хуҷанд") амалӣ карда мешаванд.

105. Дар доираи ислоҳотиин корхона дар назар аст, ки дар сохтори КВД "Хоҷагии манзилию коммуналӣ" ширкатҳои минтақавии об, ки тамоми марказҳои шаҳрҳои хурд, шаҳрак ва деҳоти кишварро фаро мегирад, таъсис дода мешаванд. Оид ба таъминоти об дар шаҳрҳои калону хурд бошад, ширкатҳое таъсисдода хоҳанд шуд, ки корҳои амалиро иҷро намуда, ҷиҳати амалисозии корҳои калонҳаҷм ва вазифаҳои нисбатан мушкил аз ҷониби ширкатҳои минтақавии об дастгирӣ шуда, ба ҳамин васила аз сарфа намудани захираҳо аз ҷиҳати ҳаҷми кор баҳра хоҳанд бурд. Вазифаҳои мушаххаси ширкатҳои минтақавӣ дар ҷараёни ислоҳот муайян карда хоҳад шуд. Дар амалисозиву рушди механизми пӯшонидани пурраи хароҷот мустақилият ва худмаблағгузории ин ширкатҳои минтақавӣ дар назар дошта шудааст.

2.1.2.3. ШСХК "Барқи Тоҷик"

106. ШСХК "Барқи Тоҷик" тибқи принсипҳои асосии ислоҳоти соҳаи об минбаъд низ фаъолияти худро ҳамчун ташкилоти хизматрасон дар бахши гидроэнергетика дар самти идораи оперативӣ, истифода ва нигоҳдории иншоотҳои гидроэнергетикӣ идома ҳоҳад дод.

107. Бахши гидроэнергетикаи Тоҷикистон аз ҷиҳати фоиданокӣ дар оянда на танҳо дар сатҳи кишвар, балки дар сатҳи минтақавӣ низ дорои иқтидори бузург хоҳад монд. Барои ҳамаҷониба пайванд намудани соҳаи гидроэнергетика ба ҷараёни ИҲЗО амалисозии чораҳои зерин тавсия дода мешавад: , амалӣ намудани чораҳои дар барномаҳои гуногун (миллӣ ва минтақавӣ), ба монанди Барномаи рушди об ва энергетика дар Осиёи Марказӣ пешбинишуда;

- беҳтар намудани ҳамоҳангсозии гидроэнергетика ва истифодаи захираҳои об дар дигар бахшҳо дар доираи Шӯрои миллии об;

- ҷорӣ намудани пешбинии реҷаикори нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар нақшаи солонаи ҳавзаҳо;

- амалисозии лоиҳаҳои сохтмони обанборҳои миёна ва калонҳаҷми аз нуқтаи назари техникӣ ва иқтисодӣ имконпазир дар ҳавзаҳои ҳама дарёҳо;

- арзёбии чораҳо оид ба беҳтар намудани таъминоти барқ дар моҳҳои зимистон дар минтақаҳое, ки НБО-ҳои хурд бо қувваи барқ таъмин мекунад, масалан истифодаи технологияи сарфаи нерӯи барқ ва таъминоти иловагӣ аз ҷониби НБО-ҳои бузург тавассути шабакаи умумии таъминоти барқ.

2.1.2.4. Дигар ташкилотҳои хизматрасон

108. Корхонаҳои саноатӣ асосан тавассути истифодаи захираҳои дохилии худи корхонаҳо ё ташкилотҳои махсуси хизматрасон бо об таъмин карда мешаванд.

109. Соҳаи моҳипарварӣ ҷиҳати таъминоти об асосан бо АБЗО ҲҶТ ва ВЭЗО ҶТ ҳамкорӣ намуда, хароҷоти таъминотро аз ҳисоби маблағҳои худ амалӣ менамояд.

110. Таъмини чораҳои ҳифзи муҳити зист бо об аз ҷониби КҲМЗ ҲҶТ дар ҳамкорӣ бо вазорату ташкилотҳои хизматрасони давлатӣ ва ғайридавлатӣ, инчунин, ташкилотҳои ғайридавлатии бо ҷомеаи шаҳрвандӣ алоқамандидошта амалӣ карда хоҳад шуд.

111. Истифодаи об дар муассисаҳои рекреатсионӣ (солимгардонӣ) аз ҷониби мақомоти дахлдори дар бахши рушди туризм, аз ҷумла ширкатҳои сайёҳӣ ва/ё намояндагиҳои туристӣ, фаъолиятдошта дар ҳамкорӣ бо муассисаи давлатии обрасон ва/ё танзимкунандаи масъалаҳои истифода ва ҳифзи захираҳои об, аз ҳисоби маблағҳои худи онҳо амалӣ гардонида мешавад.

112. Ташкилотҳои хизматрасон оид ба дастрас намудани об мувофиқи принсипҳои замонавии ба талаботи мизоҷ нигаронидашуда фаъолият намуда, дар ҳолатҳои дахлдор, пӯшонидани пурраи хароҷот мутобиқи принсипҳои "истифодабаранда ва олудакунанда пардохт мекунад" амалӣ карда хоҳад шуд.

2.2. CОХТОРҲОИ ИҲЗО ДАР САТҲИ ҲАВЗАҲО ВА ЗЕРҲАВЗАҲО
2.2.1. ТАШКИЛОТИ ҲАВЗАВИИ ДАРЁҲО (минбаъд-ТҲД)

113. Ташкилотҳои ҳавзавии дарёҳо барои ҳар як ҳавзаи муайяншуда ва дар ҳолати зарурӣ дар зерҳавзаҳо дар назди ВЭЗО ҶТ таъсис дода шуда, оид ба масоили банақшагирӣ ва мониторинги идоракунии захираҳои об ва амалисозии нақшаи ҳавзавӣ масъул хоҳанд буд.

114. Дар ин замина, дар назди ВЭЗО ҶТ чор ташкилоти ҳавзавии дарёҳо, аз ҷумла ТҲД "Сир", ТҲД "Кофарниҳон", ТҲД "Вахш" ва ТҲД "Панҷ" таъсис дода мешаванд.

115. Бо дарназардошти мавқеи ҷуғрофӣ ва таъмини идоракунии оперативии захираҳои об, баъд аз таъсиси ТҲД-ҳои болозикршуда ташкилотҳои зерҳавзавии дарё дар ҳудуди зерҳавзаҳои Болооби Панҷ, Болооби Вахш ва Поёноби Кофарниҳон ва инчунин дар ҳавзаи дарёи Зарафшон ба нақша гирифта шудааст.

116. Дар назар аст, ки фаъолияти ТҲД-ҳо дар 2-3 соли аввал ба таври ташкили гуруҳҳои корӣ дар ҳайати Муколамаи ҳавзавии дарёҳо бо дастгирии шарикони рушд амалӣ карда шуда, баъдан онҳо ба ТҲД табдил дода шуда, фаъолияти онҳо бо маблағгузорӣ аз буҷети ҷумҳуриявӣ (ВЭЗО ҶТ) ба роҳ монда хоҳад шуд.

117. Вазифаҳои асосии ТҲД иборатанд аз: 

- таҳияи нақшаҳои мавсимӣ, миёнамуддат ва дарозмуддати истифода ва ҳифзи захираҳои об ва барномаҳои рушди ҳавзаҳои дарё;

- назорати тақсимот ва сифати об, пешниҳоди чораҳои пешгирии риоя нанамудани шартҳои нақшаҳои қабулгашта;

- мушоҳида ва назорати сифати иҷрои хизматрасонӣ дар амалӣ намудани тақсимоти об ва заҳбуру заҳкашӣ, инчунин обҳои канализатсия;

- бақайдгирӣ ва нигоҳдории рӯйхати иҷозатномаҳо оид ба истифода ва партофти об, паҳн намудани маълумот барои ташкилотҳои дахлдор оид ба тақсимоти об;

- ҳамоҳангсозии ташкилотҳо ва истифодабарандагони об дар ҳавза ва ҳалли баҳсҳои байни онҳо.

2.2.2. ШӯРОҲОИ ҲАВЗАВИИ ДАРЁҲО (минбаъд-ШҲД)

118. Шӯроҳои ҳавзавии дарёҳо дар ҳамаи чор ҳавза (Сир, Кофарниҳон, Вахш, Панҷ) ва дар ҳолати зарурӣ дар сатҳи зерҳавза таъсис дода шуда, платформаи намояндагии шарикони гуногунро ташкил медиҳад.

119. ШҲД ҳуқуқи дастрасӣ ба маълумот дошта, дар ҷараёни қабули қарор оид ба идоракунии захираҳои об иштирок хоҳанд кард. ШҲД манфиати тамоми истифодабарандагони об ва дигар шарикони манфиатдорро пешбурда, дар ҳайати худ намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии дар идораи об манфиатдорро низ хоҳанд дошт.

120. Муҳимтарин вазифаи ШҲД пешниҳоди қаноатбахш дар истифода, ҳифз ва рушди манбаҳои об, назорати самараноки истифода ва ҳифзи он ба ТҲД мебошанд. Вазифаҳои дигари ШҲД аз инҳо иборатанд:

- ҷамъоварии малумот аз ташкилотхо оид ба тақсимот, обрасонӣ ва сифати он дар чорчӯбаи нақшаҳои солона ва пешниҳод оид ба беҳтар намудани онҳо;

- ҷамъоварии фикру ақидаҳои тарафҳои манфиатдор оид ба: (1) идора ва танизими захираҳои об; (2) тақсимоти об (3) сифати об; (4) сифати хизматрасонӣ ва расонидани маълумот оид ба он ба ТҲД;

- дастгирии ҳалли фасли баҳсҳо байни истифодабарандагон ё гурӯҳҳои онҳо ва пешниҳоди таклифҳо оид ба фасли баҳсҳо.

121. Ҳайатишахсии ШҲД-ро ҳангоми таъсисдиҳии он метавон муайян кард ва он метавонад аз намояндагони категорияҳои гуногуни истифодабарандагони об ва ҷомеаи шаҳрвандӣ иборат бошад.

122. Фаъолияти ШҲД дар асоси Оиннома, ки аз тарафи Шӯро тасдиқ мегардад, ба роҳ монда мешавад. Азбаски гузариш ба ИҲЗО ҷараёни дарозмуддат мебошад, ШҲД метавонад инчунин ҳамчун платформаи муколамаи сиёсии сатҳи ҳавза оид ба ИҲЗО фаъолият кунад.

2.2.3. АССОТСИАТСИЯҲОИ ИСТИФОДАБАРАНДАГОНИ ОБ ВА ФЕДЕРАТСИЯҲОИ АИО

123. Мутобиқи қонунгузории амалкунанда, Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об (АИО) ба истифода ва нигаҳдории шабакаҳои обёрӣ ва заҳбарӣ дар сатҳи дохилихоҷагӣ ва дар баъзе ҳолатҳо дар сатҳи байнихоҷагӣ ҳуқуқ доранд. Зарур аст, ки ҳудуди хизматрасонии АИО-ҳо ва федератсияҳои АИО-ҳо бо сарҳадҳои гидрографии қисматҳои системаҳои обёрӣ ва дар ҳолатҳои лозима мувофиқан ба қисмати сарҳадҳои зерҳавзаҳо муқаррар карда шаванд.

VII. ТАКМИЛИ ҚОНУНГУЗОРӢ ДАР ДОИРАИ ИСЛОҲОТИ СОҲАИ ОБ

124. Ислоҳоти соҳаи об гузариш ба шаклҳои нави идоракунӣ, таъсиси институтҳои нав ва такмили ҷиддии қонунгузории ҷориро талаб менамояд. Бе таҳияи заминаи мустаҳками ҳуқуқӣ гузаронидани чунин тағйирот ва самаранок амалӣ намудани ислоҳоти соҳаи об ғайриимкон хоҳад буд. Тағйирот бояд дар ҳамоҳангсозӣ бо вазорату мақомотидахлдор ворид карда шавад.

125. Такмили қонунгузории амалкунанда тавассути ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии мавҷуда ва инчунин таҳияи қонунҳо ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии нав амалӣ карда хоҳад шуд.

1. ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНГУЗОРИИ АМАЛКУНАНДА

126. Барои муваффаққона амалӣ намудани ислоҳоти соҳаи об ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои зерин зарур мебошад:

- Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон - тағийру иловаҳои мувофиқ ҷиҳати ҷорӣ намудани ИҲЗО дар ҳавзаҳои дарё ва бо мақсади таъмини пайдарҳамии дохилӣ дар ҷорӣ намудани воситаҳои иқтисодии хизматрасонии об, мушаххасан муайян намудани намудҳои фаъолияти ташкилотҳои давлатии ба идора ва ҳифзи захираҳои об ҷалбгардида, вусъат додани фаъолияти ҳифзи сифат ва миқдори захираҳои об, хусусан обҳои зеризаминӣ ва қабили инҳо;

- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ассотсиатсияҳои истифодарандагони об" тағийру иловаҳо барои ба танзим даровардани муносибатҳо оид ба таъсиси федератсияҳои АИО, андозсупорӣ, ҳуқуқи моликият, тартиби муайян кардан ва ҷараёни ҷамъоварии ҳаққи хизмати обрасонӣ, мушаххас муайян намудани ҳуқуқи худи АИО-ҳо, танзими масъалаҳои алоқамандии ҳуқуқии хоҷагидории АИО бо дигар қонунгузории ба фаъолияти АИО алоқаманд ва дигар масъалаҳои қабили инҳо;

- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи оби нӯшокӣ ва таъминион" - тағйиру иловаҳо барои ҳалли масъалҳои андозбандӣ, соҳибмулкӣ, иштироки бахши хусусӣ дар идора кардани системаҳои обтаъминкунӣ, танзими ҳуқуқии тарифҳои хизматрасонӣ, танзимиҳуқуқии меъёр ва стандартҳо, тартиби танзими таъмин намудани сифати оби нӯшокии аз тарафи хизматрасон ба истифодабарандагон расонидашаванда, танзими мушаххас муайян намудани ҳуқуқи истифодабарандагони об ва дигар масъалаҳои ба танзими ҳуқуқӣ ниёздошта.

- дар мавриди зарурат ворид намудани тағйиру иловаҳо бақонунҳо барои осон кардани татбиқи қонунгузорӣ оид ба об.

127. Ҳангоми такмил додани қонунгузории об таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ бояд ба эътибор гирифташуда, дар мавриди зарурӣ ба шароити иҷтимоиву иқтисодӣ ва инфрасохтори Тоҷикистон мутобиқ карда шаванд.

128. Тағйиру иловаҳо инчунин ба баъзе санадҳои меъёрии ҳуқуқии мавҷуда низ зарур мебошанд, ки қисме аз онҳо дар поён оварда шудаанд: , Низомнома дар бораи ваколатҳои мақомоти махсуси ваколатдори давлатӣ оид ба идоракунии истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои об бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 феврали соли 2002, №39 тасдиқ шудааст. Бо дарназардошти тағйироти баамаломада, махсусан барои гузаштан ба ИҲЗО, таҳияи лоиҳаи нави Низомномаи мазкур зарур аст, ки ҷавобгӯи татбиқи ислоҳоти соҳаи об бошад;

- Баррасӣ ва такмил додани Низомномаҳои ВЭЗО ҶТ ва АБЗО ҲҶТ ва дигар ташкилотҳои соҳаи об барои бартараф намудани такроршавии функсияҳо, мутобиқ намудани вазифаҳою фаъолияти ин ташкилотҳо ба принсипҳои ислоҳоти соҳаи об.

2. ТАҲИЯИ ҚОНУНҲО ВА САНАДҲОИ МЕЪЁРИЮ ҲУҚУҚИИ НАВ

129. Таҳияи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии нав барои муваффаққона амалӣ намудани ислоҳоти соҳаи об зарур мебошад.

130. Аз ҷониби АБЗО ҲҶТ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи беҳдошти замин ва обёрӣ" таҳия карда шудааст, ки муносибатҳоро дар бахши обёрӣ ва беҳдошти замин ба танзим медарорад. Қабули Қонуни мазкур бешубҳа барои пешрафти бахши мазкур нақши муҳим хоҳад бозид.

131. Таҳлили пешакии қонунгузории ҷорӣ оид ба масъалаҳои об (талаботи ислоҳоти соҳаи об, гузариш ба ИҲЗО ва ҷорӣ намудани идоракунии хавзавӣ) нишон медиҳад, ки зарурати таҳияи лоиҳаи нави Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш омадааст.

132. Таъсиси ташкилотҳои нав дар сатҳи ҳавза ва зерҳавзаҳо зарурати таҳия ва қабули низомномаҳои (оинномаҳои) ташкилотҳои ҳавзавии дарёҳо, Шӯроҳои ҳавзавии дарёҳо, инчунин дигар санадҳои танзимкунандаи муносибати ин ташкилотҳо бо истифодабарандагони об ва дигар шариконро ба миён меорад.

133. Дар сурати мувофиқа шудани барҳамдиҳии Шӯрои мавҷудаи ҳамоҳангсозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои обу энергетика, зарурати таҳия ва қабули Низомномаи (Оинномаи) Шӯрои миллии об ба миён меояд.

VIII. ВОСИТАҲОИ КӯМАКРАСОНИ ТАТБИҚИ ИСЛОҲОТИ СОҲАИ ОБ

1. МАЪЛУМОТИ УМУМӢ

134. Гарчанде такмили системаи идоракунӣ, гузариш ба ИҲЗО дар ҳудуди ҳавзаи дарёҳо барои рушди ояндаи иқтисодиёти мамлакат ва баланд бардоштани сатҳи зиндагонии мардум мақсадҳои асосии ислоҳоти соҳаи об бошанд ҳам, бе татбиқи тадбирҳои иловагӣ таъмин намудани муваффақияти ислоҳоти соҳаи об мушкил мебошад. Воситаҳои дастгирии ислоҳот ҷанбаҳои гуногуни идоракунии захираҳои обро фаро гирифта, барои мақсади ислоҳоти мазкур бояд чораҳои зерин амалӣ карда шаванд:

- таҳкими иқтидори ташкилотҳои масъул ва истифодабарандагони об;

- таъсиси маҳзани маълумот ва системаи иттилоотӣ оид ба ИҲЗО;

- ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи захираҳои об; 

- иштироки истифодабарандагони об ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар истифода ва ҳифзи захираҳои об; 

- иштироки шарикони рушд ва донорҳо дар татбиқи барномаи ислоҳот.

135. Амалӣ намудани воситаҳои дастгирии дар боло зикргардида дараҷаи баланди тахассуси иштироккунандагони амалӣ намудани чораҳои пешбинигардида ва таҷҳизоти ҳозиразамони идорӣ ва ташхисиро талаб менамояд. Аз ин лиҳоз, тақрибан аксарияти ин чораҳо бояд, ки дар ҳамкорӣ ва бо дастгирии шарикони рушд, бо иштироки мутахассисони варзидаи байналмилалӣ амалӣ карда шаванд.

2. ТАҲКИМИ ИҚТИДОРИ ТАШКИЛОТҲОИ МАСЪУЛИ ИДОРАКУНИИ ЗАХИРАҲОИ ОБ ВА ИСТИФОДАБАРАНДАГОНИ ОБ

136. Барои таҳкими иқтидори ташкилотҳои масъули идоракунии захираҳои об ва истифодабарандагони об дар доираи ислоҳоти соҳаи об бояд чораҳои гуногуни омӯзишӣ аз сатҳи поёнӣ дар саҳро то кормандону роҳбарияти ташкилотҳои масъул дар сатҳи болоӣ андешида шуда, барномаҳои сайёри таълимӣ барои шиносоӣ бо таҷрибаи пешкадами байналмилалӣ оид ба истифода ва ҳифзи захираҳои об ташкил карда шаванд, ташкилотҳои масъул ва истифодабарандагони об бо таҷҳизоти ҳозиразамони идорӣ ва ташхисӣ, воситаҳои алоқа, амсилаҳои компютерии таҳлили маълумот ва ҳисобҳои гидрологӣ, обтақсимкунӣ ва ҳисоби иншоотҳои гидротехникӣ таъмин карда шаванд. Дар ҷараёни ислоҳот бояд чораҳои зиёди ба ин монанд амалӣ карда шаванд.

137. Ташкил ва гузаронидани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, ки барои рушди соҳаи об дар давраи ҳозира заруранд, яке аз вазифаҳои афзалиятноки соҳа мебошад. Дар ҷараёни амалӣ намудани ислоҳот аҳамият ба пажӯҳишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотии соҳа бояд зиёд карда шуда, маблағгузорӣ ба корҳои илмӣ-тадқиқотии барои соҳа муҳим оид ба такмили конструксияҳои иншоотҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои сарфакори обёрӣ, беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо, ҷорӣ намудани услулҳои самараноки банақшагирӣ ва идора намудани захираҳои об зиёд карда шавад.

3. МАХЗАНИ МАЪЛУМОТ ВА СИСТЕМАИ ИТТИЛООТИ ИҲЗО

138. Махзани маълумот талаботи асосии идоракунии намудҳои мухталифи инфрасохтор ва истифодабарандагони гуногуни об мебошад. Истифодаи захираҳои об ва идоракуниву нигоҳдории самараноки инфрасохтор вазифаҳои муҳими стратегӣ ва маҷмӯӣ мебошанд.

139. Маълумот оид ба захираҳои об, ҳолати техникии инфрасохтори об ва шароити техникиву арзиши имрӯзаи онҳо дар байни вазорату сохторҳои гуногун дар шаклҳои мухталиф вуҷуд дорад. Баъзе намудҳои маълумот танҳо дар лоиҳаҳои мушаххас вуҷуд доранд ва онҳо пас аз хотимаи лоиҳа шояд пурра аз байн бурда шаванд. Формати маълумот аз шакли чопӣ то рақамӣ, ҳамчунин ниҳоят гуногун мебошад.

140. Аз ин лиҳоз, ташкили системаи ягонаи иттилоот, ки қобили истифодаи босамар бошад, барои татбиқи ислоҳоти соҳаи об дастгирии зарур хоҳад шуд.

141. Махзани маълумот ва системаи иттилооти ИҲЗО таъсис дода шуда, бояд дорои портали байниидоравӣ бо сатҳҳои гуногуни дастрасӣ барои истифодабарандагони гуногун бошад. Маълумот ва иттилооти ба таври оммавӣ дастрас бояд дар сомонаи махсуси интернет ҷойгир карда шавад. Таъсиси махзани маълумот ва системаи иттилооти ИҲЗО тамоми махзанҳои маълумоти лоиҳаҳои гуногуни вобаста ба соҳаи об татбиқшуда ва ояндаро муттаҳид ва муносиб мегардонад.

4. ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР СОҲАИ ОБ

142. Истифодаи беҳтари захираи обҳои дарёҳои фаромарзӣ ба ҳамкории зичи байни кишварҳои ҳамсоя ниёз дорад. Аз ин лиҳоз, ҳамкорӣ ва ҳамгироии байни кишварҳои ҳамсояи наздисоҳилӣ дар таъмини истифодаи босуботи об барои наслҳои оянда нақши муҳим мебозад.

143. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ташаббускори асосии Соли байналмилалии оби тоза (2003), Даҳсолаи байналмилалии амалиёти "Об барои ҳаёт" (2005-2015), инчунин Соли байналмиллалии ҳамкорӣ дар соҳаи об (2013) мебошад. Мутаносибан, кишвар ба амалисозии саривақтии барномаи оби СММ ва чораҳои дахлдори амалӣ ҷиҳати тадриҷан ҳал намудани мушкилоти зиёди вобаста ба идоракунии об ниҳоят ҳавасманд аст.

144. ҶумҳурииТоҷикистон яке аз асосгузорон ва узви фаъоли Фонди байналмилалии наҷоти Арал (минбаъд - ФБНА), Комиссияи байнидавлатӣ оид ба рушди устувор ва Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии ҳоҷагии оби Осиёи Марказӣ (минбаъд - КБҲО) мебошад. Аз ин лиҳоз Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо назардошти манофеи кишварҳои назди соҳилӣ бояд аз захираҳои оби дар ихтиёр доштааш оқилона истифода намояд.

5. ИШТИРОКИ ИСТИФОДАБАРАНДАГОН ВА ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ ДАР ИСТИФОДА ВА ҲИФЗИ ЗАХИРАҲОИ ОБ

145. Системаи ояндаи идораи захираҳои об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки фаъоли ташкилотҳо ва истифодабарандагон иоб, бахши хусусӣ дар таҳияи сиёсат ва стратегияҳо, таҳия ва татбиқи барномаҳо инчунин дар раванди қабули қарорҳо асос хоҳад дошт. Иштироки бахши хусусӣ дар рушди соҳаи об дар асоси қонунгузории ҶумҳурииТоҷикистон оид ба ҳамкории давлату бахши хусусӣ сурат гирифта, барои рушди босуботи иқтисодиёт дар соҳаи об накши муҳим мебозад.

146. Иштироки фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ташаккули сиёсати истеҳсолӣ ва қонунгузорӣҳамчун намояндагони ҷомеа, ичунин саҳми истифодабарандагони об дар танзим ва истифодаи оқилона ва устувори захираҳои об, нигоҳдории инфрасохторҳои об, нақшасозӣ ва таъмини об мувофиқи ниёзи мардум бо меъёрҳои муқарраршуда аҳамияти муҳим дорад. Аз ин лиҳоз таъсис ва рушди ташкилотҳои истифодабарандагони об (АИО) ба дастгирии давлатӣ ва ғайридавлатӣ ниёзи мубрам дорад.

147. Барои таъмини иштироки фаъоли тарафҳои манфиатдор ташкилотҳои давлатӣ аз се зинаи ҳамкорӣ истифода мебаранд. Дар зинаи аввал Шӯрои ҳамоҳангсозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳоиобу энергетика нақши минбари иштирокро барои ташкилотҳои давлатии сатҳи миллӣ мебозад. Дар назар аст, ки дар ҷараёни татбиқи ислоҳоти соҳаи об вазифаҳои феълии Шӯрои мазкур ба Шӯрои миллии об вогузор карда шавад. Дар шароити ҳозира Муколамаи миллии сиёсӣ дар соҳаи ИҲЗО (минбаъд -ММС ИҲЗО) нақши минбари гуфтугӯи манфиатдорони миллӣ ва шарикони хориҷиро иҷро менамояд.

148. Татбиқи Барномаи ислоҳоти соҳаи об ҳамчунин дар назар дорад, ки дар сатҳи ҳавзаҳои дарёҳо шӯроҳои ҳавзавӣ ташкил дода шаванд, то дар он ҷой ҳам шарикони соҳавӣ ва ҳам манфиатдорони шаҳрвандӣ ширкати баробарона дошта, бо ҳам дар раванди банақшагирӣ ва татбиқи барномаҳои танзим, тақсимот ва истифодабарии об, мониторинги пешрафти барномаҳо, ҳалли баҳсҳои байни истифодабарандагон зич ҳамкорӣ намоянд.

149. Дар сатҳи поёнӣ ташкилотҳои хизматрасон иштироки истифодабарандагонро (таъминоти оби нӯшокӣ, обёрӣ ва ғайра) дар раванди банақшагирӣ ва тақсимоти об, бо дарназардошти ниёзи мардум ва дастрасии захираҳои об, таъмин менамоянд.

150. Дар шароити ҳозираи Тоҷикистон аҳамияти масъалаҳои гендерӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, хусусан дар кишоварзии обёрӣ баланд шудааст. Вобаста ба ин дар ҷараёни ислоҳоти соҳаи об иштироки занҳо дар идоракунии захираҳои об тавассути намояндагии онҳо дар зинаҳои гуногуни истеҳсолот ва роҳбарии ин ташкилотҳо бояд мувофиқан вусъат дода шавад.

6. ИШТИРОКИ ШАРИКОНИ РУШД ВА ДОНОРОН ДАР ТАТБИҚИ БАРНОМАИ ИСЛОҲОТ

151. Татбиқи Барномаи ислоҳоти соҳаи об ба ғайр аз дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ба дастгирии шарикони рушд ва донорони дохилию байналмилалӣ ниёз дорад. Кӯмаки техникӣ барои ҷалби мутахассисони варзидаи миллӣ ва байналмилалӣ барои таҳияи сиёсат, барномаҳо ва стратегияҳо, такмили қонунгузории об, беҳтар намудани сохтори ташкилотҳои идоракунии захираҳои об ва баланд бардоштани қобилияти кормандони онҳо ва истифодабарандагони об барои самаранок истифода бурдани захираҳои об лозим аст.

152. Ҳамчунин ҷалби маблағ барои барқарорсозӣ ва рушди инфрасохтори об, аз ҷумла ниёзҳои аввалиндараҷаи татбиқи ислоҳоти соҳаи об дар назар аст. Зимни таҳияи Барномаи ислоҳоти соҳаи об аз иқтидори шарикони рушд истифода бурда шуд ва боварӣ ҳаст, ки дар амалӣ намудани ислоҳоти соҳаи об низ онҳо иштироки фаъолонаи худро давом хоҳанд дод.

IX. МАБЛАҒГУЗОРИИ ТАТБИҚИ БАРНОМАИ ИСЛОҲОТИ СОҲАИ ОБ

153. Маблағгузории ислоҳоти соҳаи об асосан аз ду махзан амалӣ карда мешавад: (1) аз ҳисоби буҷети мутамаркази вазорату идораҳои дахлдор ва (2) маблағгузорӣ аз ҳисоби шарикони рушд.

154. Ислоҳоти соҳаи об асосан аз ҷониби ташкилотҳои байналмилалӣ дастгирӣ карда шуда, барои шарикони рушд аҳамияти сиёсӣ дорад. Онҳо дар асосноккунии лоиҳаҳои марбута ба об, ислоҳотро ҳамчун яке аз омилҳои мусбати маблағгузорӣ нишон медиҳанд. Шарикони асосии рушди Тоҷикистонро ташкилотҳои зайл намояндагӣ менамоянд, аз ҷумла: Бонки умумиҷаҳонӣ (БУ), Бонки осиёгии рушд (БОР), Ташкилоти рушд ва ҳамкории Швейтсария (SDC), Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР), Иттиҳоди Аврупо (EU), Шӯрои ҳамоҳангсозии рушд (DCC), Барномаи рушди СММ (UNDP). Соли 2015 шарикони рушд лоиҳаҳои мушаххасро дар соҳаи об амалӣ карда истодаанд, ки маблағгузории барқарорсозии инфрасохтор, рушди системаи идора, аз он ҷумла ҷараёни ислоҳоти соҳаи обро дар назар дорад. Бояд қайд кард, ки тақрибан 99% маблағгузории ислоҳоти соҳаи об аз ҷониби шарикони рушд дар доираи буҷетҳои лоиҳаҳои мушаххас амалӣ карда мешавад.

155. Дар Нақшаи маблағгузории ислоҳоти соҳаи об барои давраи солҳои 2016-2025, ки дар замима оварда шудааст, маблағгузории ислоҳоти соҳаи об аз ҳисоби буҷети мутамаркази ҷумҳуриявӣ низ дар назар дошта шудааст. Чунин маблағгузорӣ дар доираи буҷети солонаи муайяншудаи вазорату идораҳои дахлдор, аз он ҷумла буҷети солонаи ВЭЗО амалӣкарда хоҳад шуд.

156. Ташкилотҳои навтаъсиси ҳавзавӣ ва зерҳавзавии дарёҳо дар зинаи аввали ислоҳоти соҳаи об (2016-2018) ба таври гурӯҳҳои корӣ таъсис дода, аз ҷониби шарикони рушд дастгирӣ карда хоҳанд шуд. Аз соли 2019 сар карда, барои маблағгузории 4 ташкилоти ҳавзавии дарё ва 5 ташкилоти зерҳавзавии дарё (ҷамъ 9 ташкилот) бояд аз ҳисоби буҷети мутамаркази ҷумҳуриявӣ ба буҷети ВЭЗО солона ба миқдори 1,681 млн. сомонӣ маблағ илова карда шавад.

157. Дар асоси таҳлили маблағгузории давлатии солҳои гузашта муайян гардид, ки ба соҳаҳои идораи захираҳои об, беҳдошти замин ва обёрӣ, таъминоти оби нӯшокӣ дар солҳои 20162025 аз ҳисоби буҷети мутамаркази ҷумҳуриявӣ фақат дар ҳайати буҷетҳои солонаи вазорату идораҳои дахлдор ба соҳаи об зиёда аз 200 млн. сомонӣ маблағузорӣ карда хоҳад шуд. Инчунин дар давраи солҳои 2016-2025 ба соҳаи об аз ҷониби шарикони рушд маблағгузории зиёда аз 1,60 млрд. сомонӣ пешбинӣ шудааст.

158. Дар назар аст, ки дар давраи солҳои 2020-2025 низ аз тарафи шарикони рушд маблағгузории иловагӣ амалӣ карда хоҳад шуд. Дар давраи солҳои 2019-2025 барои ташкилотҳои ҳавзавии дарёҳои навтаъсис маблағгузории иловагӣ аз ҳисоби буҷети мутамаркази ҷумҳуриявӣ ба миқдори тақрибан 11,78 млн. сомонӣ иҷро карда хоҳад шуд, ки ин қиёсан ҳамагӣ тақрибан 0,65% маблағгузории умумиро ташкил медиҳад. Маблағгузории боқимонда аз ҷониби шарикони рушд амалӣ карда хоҳад шуд.

Нақша

Ихтисорот