Замима
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 декабри соли 2015 № 793
тасдиқ шудааст
Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.03.2018 № 165)
1. Муқаддима
1. Боғу токпарварӣ яке аз соҳаҳои асосии комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб ёфта, ҷиҳати таъмини аҳолӣ бо озуқаворӣ, ғанӣ гардонидани сабади истеъмолӣ, таъмини корхонаҳои коркард бо ашёи хом, афзун гардонидани имкониятҳои содиротии мамлакат ва бо кори доимӣ таъмин намудани аҳолӣ мавқеи муайянро ишғол менамояд.
2. Иқлими мусоиди минтақаҳои ҷумҳурӣ имконият медиҳад, ки майдонҳои боғу токзорҳоро аз ҳисоби ниҳолҳои серҳосил ҳамасола зиёд намуда, талаботи аҳолӣ ва корхонаҳои коркардро бо ашёи хом пурра таъмин ва қисми зиёди он ба содирот нигаронида шавад. Бо назардошти омилҳои мазкур Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 (миньаъд - Барнома) таҳия гардидааст.
3. Бо мақсади рушди соҳаи боғу токпарварӣ, ғанӣ гардонидани бозори дохилӣ бо меваю ангур, зиёд намудани ҳаҷми содироти маҳсулот, таъмин намудани яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар амнияти озуқаворӣ, баланд бардоштани дараҷаи некӯаҳволии мардум ва дар ин замина паст намудани сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 августи соли 2009, № 683 "Дар бораи тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014" амалӣ гардид.
4. Баҳри иҷрои Фармони мазкур дар муддати 5 сол дар ҷумҳурӣ бунёди 46901 гектар боғу токзорҳои нав, аз он ҷумла 16714 гектар боғи зардолу ва 5015 гектар токзори нав ба нақша гирифта шуда буд.
5. Мавриди таваҷҷӯҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифтани соҳаи боғу токпарварӣ ба пешравии соҳа мусоидат намуд.
6. Натиҷаи амалишавии Фармони мазкур нишон дод, ки дар давоми 5 соли сипаригардида (солҳои 2010-2014) дар ҷумҳурӣ дар майдони 53232 гектар боғу токзори нав бунёд гардидааст, ки он 115,6 фоизи иҷрои нақшаи 5 солаи Фармони мазкурро таъмин менамояд, ки аз ин майдони умумии боғҳои бунёдгардида 21192,3 гектар боғи зардолу, 4376 гектар токзор ва боқимонда дигар намудҳои боғ мебошад.
7. Бояд қайд намуд, ки баҳри иҷрои Фармони мазкур бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ барои бунёд намудани боғу токзори нав маблағҳои муайяне ҷудо мегардид, ки аз ин ҳисоб дар панҷ соли амалигардонии Фармони мазкур дар майдони зиёда аз 257 гектар боғу токзорҳои нав бунёд гардида, аз ин майдон 5,8 гектараш боғҳои интенсивӣ мебошад.
2. Зарурати қабули Барнома
8. Таҳияи Барнома аз самтҳои асосии рушд, ки дар Стратегияи миллии рушд то соли 2015, Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015, Консепсияи сиёсати аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи ислоҳоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020, Барномаи амнияти озуқаворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015 ва Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 апрели соли 2014 инъикос гардидааст, сарчашма мегирад.
9. Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2014 дар ҷумҳурӣ майдони боғҳо 135,4 ҳазор гектар ва токзор 36,1 ҳазор гектарро ташкил дода, аз он боғҳои синну соли мевадиҳанда 85,4 ҳазор ва токзор 30,9 ҳазор гектар мебошад.
10. Истеҳсоли мева дар соли 2014 - 341268 тонна ва ангур 188836 тоннаро ташкил дода, ҳосилнокии он мутаносибан ба 39,9 ва 61,1 сентнер аз як гектар мерасад, ки нисбати ҳосилнокии имкониятҳои онҳо хело паст мебошад.
11. Ҷиҳати қонеъ гардонидани талаботи истеъмоли мардум мувофиқи меъёри физиологӣ, 200 грамм мева дар як рӯз муқаррар гардидааст ва барои таъмини амнияти озуқавории мамлакат дар як сол 570 - 580 ҳазор тонна меваю ангур лозим аст. Дар давлатҳои пешрафтаи дунё бошад ба ҳар як нафар дар як рӯз 1,2-1,5 кг меваю ангур муқаррар карда шудааст, ки ин нишондод назар ба ҷумҳурии мо 6-7 маротиба зиёд мебошад.
12. Афзоиши аҳолӣ, талаботи рӯзафзуни бозор, кам будани замини обӣ, тағйирёбии иқлими сайёра олимону мутахассисони соҳаро водор менамояд, ки рушди соҳаи мазкурро пурмаҳсул ба роҳ монанд.
13. Ҳалли ин масъала на бо роҳи зиёд намудани майдони боғу токзорҳо ва на бо истифодаи технологияи кӯҳна, балки бо роҳи бунёди боғҳои замонавӣ (интенсивӣ) бо истифода аз технологияҳои нави пешрафта бояд амалӣ гардонида шавад.
14. Афзалияти боғҳои тариқи интенсивӣ бунёдгардида дар истифодаи ниҳолҳои қадпаст мебошад, ки барои гузаронидани корҳои агротехникӣ ва ҷамъоварии ҳосил мувофиқ буда, хароҷотро барои ҷамъоварии ҳосил паст намуда, сифати меваи онҳо нисбатан беҳтар аст.
15. Дар масоҳати як гектар дар чунин намуди боғҳо аз 1,5 то 3,5 ҳазор бех ниҳол ҷойгир карда мешавад. Ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар 300-700 сентнериро ташкил медиҳад, ки ҳосили онҳо 8-10 маротиба нисбат ба боғҳои дар ҷумҳурӣ мавҷудбуда баланд буда, усули обёрии қатрагии ин технология имконият медиҳад, ки оби полезӣ сарфакорона истифода шавад.
3. Мақсад ва вазифаҳои Барнома
16. Мақсади асосии Барнома бунёди боғу токзорҳои нав ва иваз намудани боғу токзорҳои кӯҳна, навъҳои камҳосилу пастсифат ба навъҳои серҳосилу хушсифати ба содирот нигаронидашуда, дар асоси бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ баланд бардоштани ҳосилнокии онҳо бо роҳи ташкил намудани ниҳолхонаҳо, дарёфт намудани тухмӣ барои парвариши ниҳолҳои хасак, тагпайвандҳои нашвӣ ва қаламчаи ниҳоли дарахтон дар маҷмӯъ зиёд кардани истеҳсоли умумии меваю ангур мебошад.
17. Иҷрои мақсади мазкур тақозо менамояд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, ташкилоту муассисаҳо новобаста аз шакли моликияташон, мувофиқи нишондиҳандаҳои ин Барнома ниҳолхона ташкил карда, парвариши ниҳолҳои дарахтони мевадиҳанда ва ангурро бо истифода аз тагпайвандҳои аз тухмӣ сабзонидашаванда (хасак), қаламчаҳо ба роҳ монда, саҳми худро барои дар давоми 5 сол парвариш намудани зиёда аз 11,7 млн. бех ниҳолҳои дарахтони мевадиҳандаю ангур "(замимаи 6) ва бунёди 17,5 ҳазор гектар боғу токзори нав дар заминҳои талу теппаҳои ба намнокӣ таъмин (замимаи 2), ивазкунии боғу токзорҳои куҳна то 6,1 ҳазор гектар (замимаи 3), бунёди 502 гектар боғҳои интенсивӣ (замимаи 4) ва дар майдони 207 гектар рушд додани соҳаи ситруспарварӣ (замимаи 5) гузоранд .
18. Рушди минбаъдаи боғу токпарварӣ дар асоси истифодаи ниҳолҳои стандартии ба талабот ҷавогӯ имконият медиҳад, ки он на танҳо талаботи аҳолӣ, корхонаҳои коркарди ҷумҳуриро бо меваю ангур қонеъ гардонад, балки он як соҳаи пуриқтидори кишоварзӣ табдил дода шуда, бо маҳсулоти аълосифат дар бозори беруна роҳ ёфта, ҷиҳати суръатбахшии ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодии деҳот ҳиссаи калони худро гузоранд.
19. Бинобар ин, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бояд ҷиҳати дар истеҳсолот ҷорӣ намудани дастовардҳои илм ва таҷрибаи пешқадам ва аз худ кардани заминҳои нав, ташкили ниҳолхона бо истифода аз технологияи интенсивӣ ва суперинтенсивӣ ва ба даст овардани ҳосилнокии мева аз ҳар як гектар на кам аз 250-300 сентнерӣ ва ангур на кам аз 300-400 сентнерӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
20. Ҷиҳати амалӣ гардонидани нишондодҳои Барнома барои зиёд намудани масоҳати боғу токзор вобаста ба ҷойгиршавии навъҳо дар минтақаҳои ҷумҳурӣ аз ҳисоби заминҳои партов, аз гардиши кишоварзӣ берунмонда, корами лалмӣ, чарогоҳ, алафзор ва ғайрикишоварзии минтақаҳои бо намнокӣ таъминбуда эътибори ҷиддӣ дода, чораҳои мушаххас андешидан лозим аст (замимаи 1). Бинобар ин Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд дар якҷоягӣ бо мақомоти махаллӣ оид ба беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо ва азхудкунии заминҳои бекорхобида тадбирҳои зарурӣ андешанд.
21. Дар ин давра дар асоси Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда бояд 2850 гектар азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва 5400 гектар барқароркунии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда ба роҳ монда шавад.
22. Дар давраи нашъунамои боғу токзор барои инкишофёбӣ ва паҳншавии зараррасонҳо ва касалиҳо шароити мусоид фароҳам меояд. Дар натиҷа ҳар сол ба миқдори муайяни ҳосили боғу токзорҳо зарар оварда, дар баъзе мавридҳо ба нобудшавии дарахтон оварда мерасонад ва ҳифз намудани боғу токзор, ниҳолхонаҳо, боғҳои модарӣ аз касалию зараррасонҳо яке аз қисми асосии Барномаи мазкур мебошад.
23. Барои пешгирии паҳншавӣ ва мубориза бар зидди касалию зараррасонҳои боғу ток тавсия ва пешниҳодҳои илман асосноки дастовардҳои илму техника зарур аст.
24. Сабабҳои асосии зиёд паҳншавӣ ва зарароварии касалию зараррасонҳо дар боғу токзор аз як тараф дар сатҳи паст гузаронидани чорабиниҳои агротехникӣ, вазнин будани вазъи молиявии хоҷагиҳо, надоштани таҷҳизоти техникии дорупошӣ, гаронии нархи сӯзишворӣ ва заҳрхимикатҳо бошад, аз тарафи дигар дониши мукаммал надоштани роҳбарони хоҷагиҳо нисбати ҳифзи растаниҳо мебошад.
25. Дар корхонаву идораҳои зертобеи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Корхонаи воҳидн давлатии ҷумҳуриявӣ хоҷагиҳои ниҳолпарвар "Тоҷикниҳолпарвар"), хоҷагиҳои зертобеи Институти боғпарварию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба шароити иқлим ва хоки минтақаҳои ҷумҳурӣ парвариш ва тайёр кардани ниҳолҳо бо истифода аз технологияҳои муосир зарур аст.
26. Амалӣ гардонидани Барнома ва рушди соҳа ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷиро тақозо менамояд. Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистсоро зарур аст, ки дар якҷоягӣ бо вазоратҳои молия, саноат ва технологияҳои нав, рушди иқтисод ва, савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Точикистон ҷиҳати ворид намудани лоиҳаҳои сармоягузории соҳаҳои коркарди меваю ангур, бунёди боғу токзорҳо, ивазкунии боғҳои кӯҳна, таъмини ниҳол, такмили ихтисоси мутахассисон ба Барномаи сармоягузориҳои давлатӣ, грантҳо ва кӯмакҳои техникӣ чораандешӣ намояд.
4. Тадбирҳои мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии соҳаи боғу токпарварӣ
27. Рушди минбаъдаи соҳаи боғу токпарварӣ зиёд намудани майдон ва дар ин асос афзун намудани шумораи дарахтони мевадиҳанда ва мустаҳкам намудани заминаи моддию техникиро талаб менамояд.
28. Дар давраи, амалигардонии Барнома мақомоти дахлдори давлатиро зарур аст, ки ҷиҳати хариди ниҳолҳои навъҳои нави серҳосил, тагпайвандҳои қадпаст (интенсивӣ) мусоидат намоянд.
29. Тайёр намудани замин (ҳамворкунӣ, шудгор дар ҷуқурии 50-80 см) барои бунёди боғу токзор, тоза намудани заҳкашу заҳбурҳо, таъмини нуриҳои минералию органикӣ, заҳрхимикатҳо, кашонидани меваю ангур ва ғайра техникаи пуриқтидорро талаб менамояд. Хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) барои коркарди қитъаи начандон калон ба техникаи хурди камхарҷ эҳтиёҷ доранд.
30. Дар айни ҳод аксари хоҷагиҳои боғу токпарварӣ дар ҳолати вазнини молиявӣ қарор дошта, қудрати харидорӣ намудани техникаи кишоварзии ҳозиразамонро надоранд ва яке аз роҳҳои дастрас гардидани трактор ба хоҷагиҳо ин хариди техника ба таври лизингӣ мебошад. Мақомоти дахлдори давлатиро зарур аст, ки ҷиҳати додани қарзҳои дарозмуддати имтиёзнок барои бунёди боғу токзорҳо ба мӯҳлати на кам аз 5 сол чораҳои зарурӣ андешанд.
31. Бинобар ин мақомоти дахлдори давлатиро зарур аст, ки ҷиҳати ташкил намудани ширкатҳои лизингӣ дар ҷумҳурӣ чораҳои мушаххас андешида, гузаронидани амалиётҳои лизингиро ба роҳ монанд.
32. Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи "Тоҷикматлубот", Агентии захираҳои моддии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъминоти пурраи аҳолии мамлакат бо меваю ангури тару тоза ва маҳсулоти коркардшудаи он дар тамоми фаслҳои сол, содироти маҳсулот, сохтмони анборҳои меванигоҳдорӣ бо дастгоҳҳои махсуси оардкунонӣ, коргоҳҳои истеҳсоли зарфҳо, масолеҳ барои бастубандӣ ва сеху корхонаҳои хурду миёнаи коркарди маҳсулот вобаста ба мавҷудияти ашёи хом ва талаботи бозор чораҳо андешанд.
33. Дар ин самт ба вазоратҳои кишоварзӣ, саноат ва технологияҳои нав, рушди нқтисод ва савдо, Иттифоқи "Тоҷикматлубот", мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо лозим аст, ки лоиҳаҳои сармоягузориро тартиб дода, барои ҷалби сармояи хориҷӣ ба ташкилотҳои байналмилалӣ пешниҳод намоянд.
5. Маблағгузории Барнома
34. Маблағузории Барнома аз ҳисоби маблағҳои Буҷети давлатӣ, Фонди дастгирии соҳибкорӣ, аз ҷумла пешкаш намудани қарзҳои имтиёзноки боҷетӣ, ҷалби сармояи ватанию хориҷӣ, маблағҳои худи хоҷагиҳо дар назар гирифта шудааст (замимаи 7) .
Замимаҳои 1-7