Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2015 № 827 "Дар бораи масъалаҳои ҷорӣ намудани ҳаммаблағгузории сарикасӣ дар муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда


аз 01.01.2025 амали қарори мазкур бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.07.2024 № 438 боздошт дода мешавад 

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи масъалаҳои ҷорӣ намудани ҳаммаблағгузории сарикасӣ дар муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ

Мутобиқи моддаи 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон", бо мақсади такмили механизми маблағгузории сарикасии муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ дар асоси дохил намудани ҳамаи моддаҳои хароҷот ва истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Аз 1 январи соли 2016 марҳила ба марҳила маблағгузории сарикасӣ бо дарназардошти ҳамаи моддаҳои хароҷот дар муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷорӣ карда шавад.

2. Тартиби маблағгузории муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ мувофиқи механизми маблағгузории сарикасӣ бо дарназардошти ҳамаи моддаҳои хароҷот тасдиқ карда шавад (замимаи 1).

3. Меъёрҳои ҳадди ақал ва коэффитсиентҳои махсуси маблағгузории сарикасии муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ барои соли 2016 тасдиқ карда шаванд (замимаи 2).

4. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- якҷоя бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷадвали гузариши муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитариро ба маблағгузории сарикасӣ барои солҳои 2016-2018 дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо таҳия ва тасдиқ намояд;

- ҳамасола то 15 март дар доираи корҳо оид ба таҳияи лоиҳаи буҷет барои соли навбатии молиявӣ оид ба андозаи меъёрҳои маблағгузории сарикасӣ барои муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳои дахлдор пешниҳод намояд;

- бо мақсади такмили минбаъдаи маблағгузории зерсохторҳои марказҳои саломатии шаҳрӣ ва ноҳиявӣ, дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон то 15 январи соли 2016 методикаи тақсимоти меъёрии маблағҳои буҷетиро дар асоси принсипи маблағгузории сарикасӣ барои марказҳои саломатии деҳот ва бунгоҳҳои саломатӣ таҳия ва қабул намояд;

- дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии дахлдор таҳия ва тасдиқи ҷадвали гузариши марҳила ба марҳилаи маблағгузории сарикасиро барои марказҳои саломатии деҳот ва бунгоҳҳои саломатии ноҳияҳое, ки ба усули нави маблағгузорӣ гузаронида мешаванд, таъмин намояд.

5. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ марҳила ба марҳила баробарнамоии маблағҳои буҷетии муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳру ноҳияҳое, ки ба маблағгузории сарикасӣ гузаронида мешаванд, дар доираи маблағҳои пешбинишуда таъмин намоянд.

6. Муқаррар карда шавад, ки маблағҳои буҷетӣ барои ҳар муассисаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, ки ба маблағгузории сарикасӣ гузаронида шудааст, дар давоми соли буҷетӣ кам карда намешаванд, ба истиснои ҳолатҳои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатӣ барои соли молиявии дахлдор.

7. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон            Эмомалӣ Раҳмон

аз 31 декабри соли 2015 № 827

ш.Душанбе

 


с 01.01.2025 приостановить действие данного постановления в редакции пост. Правительства РТ от 31.07.2024 № 438 

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О вопросах внедрения подушного финансирования учреждений первичной медико-санитарной помощи

В соответствии со статьей 17 Конституционного закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан", в целях совершенствования механизма подушного финансирования учреждений первичной медико-санитарной помощи на основе включения всех статей расходов и эффективного использования бюджетных средств Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. С 1 января 2016 года поэтапно внедрить механизм подушного финансирования с учетом всех статей расходов в учреждениях первичной медико-санитарной помощи Республики Таджикистан.

2. Утвердить Порядок финансирования учреждений первичной медико-санитарной помощи согласно механизму подушного финансирования с учетом всех статей расходов (приложение 1).

3. Утвердить минимальные нормативы и специальные коэффициенты подушного финансирования учреждений первичной медико-санитарной помощи на 2016 год (приложение 2).

4. Министерству здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан:

- совместно с Министерством финансов Республики Таджикистан разработать и утвердить график перехода на подушное финансирование учреждений первичной медико-санитарной помощи на 2016-2018 годы на уровне городов и районов;

- ежегодно до 15 марта в рамках работы по подготовке проекта бюджета на очередной финансовый год представлять предложения по величине нормативов подушного финансирования для учреждений первичной медико-санитарной помощи в Министерство финансов Республики Таджикистан;

- с целью дальнейшего совершенствования финансирования структурных подразделений городских и районных центров здоровья, по согласованию с Министерством финансов Республики Таджикистан разработать и принять до 15 января 2016 года методику нормативного распределения бюджетных ассигнований на принципах подушного финансирования для сельских центров здоровья и домов здоровья;

- совместно с соответствующими местными исполнительными органами государственной власти обеспечить разработку и утверждение графиков поэтапного перехода на подушное финансирование сельских центров здоровья и домов здоровья по переводимым на новый метод финансирования районам.

5. Министерству финансов Республики Таджикистан и местным исполнительным органам государственной власти обеспечить поэтапное выравнивание бюджетных ассигнований для учреждений первичной медико-санитарной помощи городов и районов, переводимых на подушное финансирование, в рамках предусмотренных средств.

6. Установить, что бюджетные средства для каждого учреждения первичной медико-санитарной помощи, переведенного на подушное финансирование, сокращению в течение бюджетного года не подлежат, за исключением случаев внесения изменений и дополнений в законодательство Республики Таджикистан о Государственном бюджете на соответствующий финансовый год.

7. Контроль за выполнением данного постановления возложить на Министерство здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан   Эмомали Рахмон

г.Душанбе,

от 31 декабря 2015 года, №827