Тартиби маблағгузории муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ мувофиқи механизми маблағгузории сарикасӣ бо дарназардошти ҳамаи моддаҳои хароҷот аз 30 декабри соли 2015 № 827

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда



аз 01.01.2025 амали қарори мазкур бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.07.2024 № 438 боздошт дода мешавад 

 

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 31 декабри соли 2015, № 827

тасдиқ шудааст

Тартиби маблағгузории муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ мувофиқи механизми маблағгузории сарикасӣ бо дарназардошти ҳамаи моддаҳои хароҷот

1. Муқаррароти умумӣ

1. Тартиби мазкур механизми ташаккул ва иҷроиши буҷети шаҳру ноҳияҳоро дар асоси маблағгузории сарикасӣ бо дарназардошти ҳамаи моддаҳои хароҷот барои муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ муайян менамояд.

2. Ба механизми маблағгузории сарикасии муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ (минбаъд - КАТС) марказҳои саломатии шаҳрӣ (минбаъд - МСШ), марказҳои саломатии ноҳиявӣ (минбаъдМСН) бо дарназардошти ҳамаи воҳидҳои сохтории муассисаҳои мазкур (марказҳои саломатии деҳот ва бунгоҳҳои саломатӣ (минбаъд - МСД ва БС) гузаронида мешаванд.

3. Механизми маблағгузории сарикасӣ ҳамаи моддаҳои хароҷотро ба истиснои хароҷот барои сохтмони асосӣ ба назар мегирад.

4. Гузариши муассисаҳои КАТС ба механизми маблағгузории сарикасӣ дар доираи ҳаҷми маблағҳои буҷетии соҳаи тандурустӣ амалӣ карда мешавад.

5. Меъёрҳои ҳадди ақали маблағгузории сарикасӣ барои чунин муассисаҳои КАТС алоҳида муқаррар карда мешаванд:

- марказҳои саломатии шаҳрӣ;

- марказҳои саломатии ноҳиявӣ.

6. Меъёрҳои ҳадди ақалро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.

7. Ҳаҷми буҷети соҳаи тандурустии ноҳия/шаҳр, ки барои муассисаҳои КАТС пешбинӣ шудааст, дар соли ба нақша гирифташуда набояд аз иҷрои воқеии буҷети соли ҷорӣ кам бошад.

8. Ҳаҷми солонаи маблағҳои буҷетӣ барои ҳар як муассисаи КАТС дар асоси меъёри сарикасӣ дар ҳаҷми умумӣ (пакети ягона) бе тақсимоти маблағҳо аз рӯи моддаҳои хароҷоти гурӯҳбандии иқтисодии буҷет муайян карда мешавад.

9. Ҳаҷми умумии маблағҳо барои муассисаҳои КАТС, ки дар асоси меъёри сарикасӣ муайян карда шудааст, ҳимояшаванда мебошад.

2. Раванди банақшагирии буҷет

10. Муассисаҳои КАТС маълумот оид ба шумораи аҳолии хизматрасонидашаванда (замимаи 1) барои ҳисоб намудани меъёри сарикасӣ ва дархостҳои буҷетиро ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи шакл ва дар мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи дастурамалҳои Вазорати мазкур пешниҳод менамоянд.

11. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дарназардошти ҳаҷми хароҷоти ҳадди ниҳоии пешакии соҳа ва маълумоти аз муассисаҳои КАТС гирифташуда, оид ба ҳаҷми меъёрҳои маблағгузории сарикасӣ аз рӯи намудҳои муассисаҳои КАТС, лоиҳаи тақсимоти маблағгузорӣ барои муассисаҳои КАТС дар сатҳи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таклифҳо таҳия намуда, ҳисобҳои мазкурро ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

12. Баъд аз тасдиқ гардидани Буҷети давлатӣ аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати молия дар мӯҳлати 10 рӯз ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва раёсатҳои шӯъбаҳои молияи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ маълумот оид ба нишондиҳандаҳои тасдиқгардидаи буҷетро барои таҳия ва тасдиқи сметаи хароҷотии муассиса пешниҳод менамояд.

13. Муассисаҳои КАТС харҷномаро алоҳида бо тақсим намудани моддаҳои хароҷот аз рӯи гурӯҳбандии иқтисодии буҷетӣ дар доираи буҷети муайяншудаи умумӣ, ки дар асоси меъёрҳои сарикасӣ муайян гардидааст, тартиб медиҳанд. Тартиб додани харҷнома тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи қонунгузории буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

14. Маблағҳои хароҷотии буҷетӣ ва ғайрибуҷетии муассисаҳои КАТС аз ҷониби менеҷери КАТС тасдиқ гардида, бо мақомоти молияи дахлдор мувофиқа карда мешавад.

3. Раванди иҷроиши буҷет

15. Менеҷерони муассисаҳои КАТС мустақилона сметаҳои хароҷоти марказҳои саломатии шаҳрӣ/ноҳиявиро бо дарназардошти ҳамаи хароҷоти зарурии воҳидҳои сохторӣ тартиб медиҳанд.

16. Ҳисоб намудани хароҷоти воҳидҳои сохторӣ (МСД ва БС) бояд ба меъёрҳои маблағгузории МСД ва БС тавсиядодашуда, меъёрҳои сохтории амалкунандаи муассисаҳо ва вазифаҳои ҷудогона, инчунин тадқиқоти гузаронидашудаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба такмили муассисаҳои КАТС роҳнамоӣ карда шавад.

17. Сметаи хароҷоти тасдиқгардидаи муассисаҳои КАТС барои иҷроиш ба шӯъбаҳои хазинадории мақомоти молияи шаҳрҳо/ноҳияҳо равон карда мешавад.

18. Ҳаҷми умумии маблағҳои буҷетӣ барои ҳар як муассисаи КАТС, ки бо усули маблағгузории сарикасӣ муайян гардидааст, то охири соли молиявӣ ба он вобаста карда шуда, ба истиснои ҳолатҳои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатӣ барои соли молиявии дахлдор ихтисор карда намешаванд.

19. Дар раванди иҷрои буҷет роҳбари муассисаи КАТС тибқи тартиби муқарраргардида барои ворид намудани тағйирот ба сметаи хароҷотии тасдиқгардида бе тағйироти маблағи умумии хароҷот, ҳуқуқ дорад.

4. Баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳӣ

20. Муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ дар мӯҳлатҳои муқарраргардида аз рӯи шакли ҳисоботӣ, ки аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст, оид ба истифодабарии маблағҳои буҷетӣ (шакли ҳисоботии №5 "Ҳисобот оид ба иҷроиши сметаи даромад ва хароҷоти ташкилотҳо") ба шӯъбаҳои хазинадории мақомоти маҳаллии молия, инчунин менеҷерони КАТС барои ирсоли минбаъда ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳисоботи дахлдорро пешниҳод менамоянд.

5. Коэффитсиентҳои махсус

21. Барои муайян намудани баҳои воқеии системаи тандурустӣ ба формулаи маблағгузории сарикасӣ коэффитсиентҳои махсус истифода бурда мешавад.

22. Коэффитсиентҳои (ақаллӣ) махсуси зерин аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд:

- коэффитсиентҳое (ақаллӣ), ки ба шароити ҷойгиршавии ҷуғрофии муассисаи КАТС алоқамандӣ доранд, бо дарназардошти он, ки барои ин муассисаҳо коэффитсиентҳои дахлдори мутобиқнамоии музди меҳнат дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2014, № 303 "Дар бораи коэффитсиентҳои ноҳиявӣ, коэффитсиентҳо барои кор дар биёбон, ҷойҳои беоб ва ноҳияҳои баландкӯҳ" тасдиқ карда шудаанд;

- коэффитсиенти (ақаллӣ) махсус барои МСШ шаҳри Душанбе, вобаста аз рӯи зиёдшавии ҳаҷми пешниҳодгардидаи хизматрасонии тиббӣ ва зиёдшавии хароҷоти маъмулӣ вобаста аз муҳоҷирати дохилӣ.

6. Тартиби ҳисоб намудани меъёри маблағгузории сарикасӣ дар муассисаҳои КАТС

23. Тартиби ҳисоб намудани меъёри маблағгузории сарикасӣ дар муассисаҳои КАТС тибқи фармоиши якҷояи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 30 июли соли 2015, №231-675 тасдиқ гардидааст, амалӣ карда мешавад.

Замимаи 2

 

с 01.01.2025 приостановить действие данного постановления в редакции пост. Правительства РТ от 31.07.2024 №438 


Приложение 1 Утвержден
постановлением Правительства
Республики Таджикистан
от 31 декабря 2015 года, №827

Порядок финансирования учреждений первичной медико-санитарной помощи согласно механизму подушного финансирования с учетом всех статей расходов

1. Общие положения

1. Настоящий Порядок определяет механизм формирования и исполнения бюджетов городов и районов центров здоровья на основе подушного финансирования с учетом всех статей расходов для учреждений первичной медико-санитарной помощи.

2. На механизм подушного финансирования учреждений первичной медико-санитарной помощи (далее - ПМСП) переводятся городские центры здоровья ю (далее - ГЦЗ), районные центры здоровья (далее - РЦЗ) с учетом всех структурных подразделений указанных учреждений (сельские центры здоровья (далее - СЦЗ) и дома здоровья (далее - ДЗ).

3. Механизм подушного финансирования учитывает все статьи расходов учреждений ПМСП, за исключением расходов на капитальное строительство.

4. Переход учреждений ПМСП на механизм подушного финансирования осуществляется в пределах, установленного объема бюджетных ассигнований на здравоохранение.

5. Минимальные нормативы подушного  финансирования устанавливаются отдельно для следующих типов учреждений ПМСП:

- городские центры здоровья;

- районные центры здоровья.

6. Минимальные нормативы устанавливаются Правительством Республики Таджикистан по представлению Министерства здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан по согласованию с Министерством финансов Республики Таджикистан.

7. Объем бюджета здравоохранения района/города, предусмотренного для учреждений ПМСП в запланированном году не должен быть меньше фактического исполнения бюджета текущего года.

8. Годовой размер бюджетных средств на основе подушных нормативов для каждого учреждения ПМСП определяется общим пакетом средств без разбивки по статьям расходов экономической бюджетной классификации.

9. Весь пакет средств для учреждений ПМСП, определенных на основе подушных нормативов, считается защищенным.

2. Процесс бюджетного планирования

10. Учреждения ПМСП представляют данные об обслуживаемом населении (приложение 1) для расчета подушного норматива и бюджетные заявки в Министерство здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан по формату и в сроки установленные инструкциями вышеуказанного министерства.

11. Министерство здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан, с учетом предварительной величины потолка расходов по сектору и полученных от учреждений ПМСП данных, разрабатывает предложения по величине нормативов подушного финансирования по типам учреждений ПМСП, проект распределения ассигнований для учреждений ПМСП в разрезе городов и районов республики и представляет указанные расчеты в Министерство финансов Республики Таджикистан.

12. После утверждения Государственного бюджета Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан Министерство финансов Республики Таджикистан в срок до 10 дней представляют в Министерство здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан и финансовые управления/отделы местных исполнительных органов государственной власти утвержденные бюджетные показатели для составления и утверждения смет расходов учреждений.

13. Учреждения ПМСП индивидуально составляют смету расходов с разбивкой по статьям экономической бюджетной классификации в пределах определенного на основе подушного норматива; общего бюджета. Составление смет расходов производится в соответствии с действующими нормативными правовыми актами бюджетного законодательства Республики Таджикистан.

14. Сметы бюджетных и внебюджетных средств учреждений ПМСП утверждаются менеджером ПМСП и согласовываются с соответствующим финансовым органом.

3. Процесс исполнения бюджета

15. Менеджеры ПМСП самостоятельно составляют сметы расходов городских/районных центров здоровья, включая в них все необходимые расходы структурных подразделений.

16. Расчеты расходов структурных подразделений (СЦЗ и ДЗ) должны руководствоваться рекомедованными нормативами финансирования СЦЗ и ДЗ, действующими штатными нормативами учреждений и отдельных должностей, а также проведенными исследованиями Министерства здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан по рационализации учреждений первичной медико-санитарной помощи.

17. Утвержденные сметы расходов учреждений ПМСП для исполнения направляются в городские (районные) отделы казначейства финансовых органов.

18. Общий объем бюджетных средств для каждого учреждения ПМСП, определенный по методу подушного финансирования, закрепляется за ним до конца финансового года и не подлежит сокращению, за исключением случаев внесения изменений в законодательство Республики Таджикистан о Государственном бюджете на соответствующий финансовый год.

19. В процессе исполнения бюджета руководитель учреждения ПМСП имеет права вносить в установленном порядке изменения в утвержденную смету, без изменения общей суммы расходов.

4. Учет и отчетность

20. Учреждения первичной медико-санитарной помощи в установленные сроки и по установленным формам, утвержденным Министерством финансов Республики Таджикистан, представляют отчет об использовании бюджетных средств (формы №5 "Отчет об исполнении сметы доходов и расходов организации") в отделы казначейства местных финансовых органов, а также менеджерам ПМСП для последующего предоставления Министерству здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан.

5. Специальные коэффициенты

21. Для учета объективных характеристик системы здравоохранения к формуле нормативного (подушного) финансирования применяются специальные коэффициенты.

22. Следующие специальные коэффициенты (минимальные) устанавливаются Правительством Республики Таджикистан:

- коэффициенты (минимальные), связанные с географическим расположением учреждений ПМСП, учитывая, что для таких учреждений утверждены соответствующие коэффициенты поправки заработной платы согласно постановлению Правительства Республики Таджикистан от 3 мая 2014г., №303 "О районных коэффициентах, коэффициентах за работу в пустынных, безводных местностях и высокогорных районах";

- специальный коэффициент (минимальный) для ГЦЗ города Душанбе, исходя из увеличения объема предоставленных медицинских услуг и естественного роста затрат исходя из внутренней миграции.

6. Методика расчета норматива подушного финансирования в учреждениях ПМСП

23. Методика расчета норматива подушного финансирования в учреждениях ПМСП производится согласно утвержденной совместным распоряжением Министерства финансов Республики Таджикистан и Министерства здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан от 30 июля 2015 года, №231-675.

* Приложение