Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Низомномаи тартиби расонидани ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.03.2018 № 171)
Мутобиқи моддаи 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳимояи рақобат", бо мақсади пешбурди фаъолияти зиддиинҳисорӣ ва ҷорӣ намудани рақобати солим дар бозорҳои мол, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад :
1. Низомномаи тартиби расонидани ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати давлатии ёрии давлатӣ ва маҳаллиро тибқи Низомномаи мазкур амалӣ намояд.
3. Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин ташкилотҳои ваколатдори мақомоти зикргардида, расонидани ёрии давлатӣ ва маҳаллиро ба як ё якчанд субъектҳои хоҷагидор тибқи Низомномаи мазкур ба роҳ монанд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 30 декабри соли 2015 № 813
ш.Душанбе