Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 декабри соли 2015, № 801
тасдиқ шудааст
Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Муқаррароти умумӣ
1. Бо дарки муҳимияти падидаи оила дар ташаккул ва пешрафти давлат ва ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ баъд аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар сатҳи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон принсипи кафолати ҳимояи давлатии оила ҳамчун асоси ҷамъият ва амалишавии ҳуқуқи ҳар шахс ба ташкили оила қувваи конститутсионӣ касб намуд.
2. Дар радифи ин меъёри конститутсионӣ аз солҳои ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, таҳкими заминаҳои ташаккули оила ва дастгирии оилаҳо бо дарназардошти арзишҳои фарҳанги миллӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ эътироф шуда, аз ҷониби давлату Ҳукумати кишвар дар ин самт корҳои муайяне анҷом дода шуданд.
3. Дар баробари ин суръат гирифтани равандҳои ҷаҳонишавӣ тақозо менамояд, ки арзишҳои асосии фарҳанги оиладории миллӣ ҳифз карда шаванд.
4. Ҳамчунин дар баъзе ҳолатҳо паст гардидани сатҳи фарҳанги муносибатҳои оиладорӣ дар ҷомеа, дар сатҳи зарурӣ дарк накардани арзишҳои оиладорӣ, ки сарчашмаи дӯстию вафодорӣ, иззату эҳтиром ва дастгирию ҳамдигарфаҳмӣ байни аъзои оила мебошад, фаҳмиши аслии мафҳуми оиларо заиф гардонидааст.
5. Президенти мамлакат бо дарназардошти муҳимияти масъала соли 2015-ро Соли оила эълон намуд, ки ҳадаф аз он боло бурдани мавқеи оила дар ҷомеа, густариши фарҳанги оиладорӣ, инчунин нигоҳ доштани он ҳамчун арзиши ивазнашаванда дар фарҳанги миллӣ мебошад. Вале масъалаи ташвишоваре, ки айни замон дар ҷомеа ҷой дорад, ин масъалаи вайроншавии оилаҳост, ки сол то сол раванди болоравӣ касб карда истодааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ин раванди номатлуб соли 2010 - 5818 ҳолат, соли 2011 - 6797 ҳолат, соли 2012 - 7608 ҳолат, соли 2013 - 8919 ҳолат ва соли 2014 - 9132 ҳолатро ташкил дод.
6. Тибқи омори расмӣ аҳолии кишвар зиёда аз 8 миллиону 70 ҳазор нафар буда, 42 %-и онро кӯдакони синни то 18-сола ташкил медиҳад. Дар ҷумҳурӣ ҳамасола 2,5-3 ҳазор кӯдакони маъюб ба қайд гирифта шуда, ба ҳолати то 1 январи соли 2015 шумораи онҳо 26043 нафар, ё 0,8%-и шумораи умумии кӯдакони синни то 18-соларо ташкил медиҳад. Мувофиқи хулосаҳои мутахассисон дар 30-35% ҳолатҳо сабаби таваллуди кӯдакони маъюб никоҳи хешутабории наздик мебошад.
7. Бо дарназардошти вазъи баамаломада Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Консепсия) таҳия карда шуда, дурнамои сиёсати давлатро дар самти таҳкими оила ҳамчун ниҳоди муҳими иҷтимоӣ ва асоси ҷомеа муайян месозад.
8. Консепсия масъалаҳои вобаста ба заминаҳои қонунгузории ҳифзи манфиатҳои оила ва такмили он бо дарназардошти замони муосир, оила ҳамчун ниҳоди иҷтимоӣ ва макони тарбияи фарзанд, заминаҳои иқтисодию иҷтимоии таҳкими оила, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ ва таҳкими пояҳои оиладорӣ, инчунин танзими оила ва солимии репродуктивиро дар бар мегирад.
9. Татбиқи Консепсия фаъолияти дастаҷамъонаи вазорату идораҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҷомеаро тақозо менамояд.
2. Зарурати таҳия ва қабули Консепсия
10. Дар шароити имрӯза зарурати таҳия ва қабули Консепсия аз инҳо иборат аст:
- бунёди давлати демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва ягона, ки яке аз принсипҳои конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, тақозо менамояд, ки нақши ниҳодҳои иҷтимоӣ дар тарбияи шахсиятҳои дорои ҳисси баланди худшиносӣ, ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ баланд бардошта шавад. Дар ин самт нақши оила ҳамчун ниҳоди нахустини иҷтимоишавии инсон бузург буда, муҳити солим ва созандаи оилавӣ метавонад дар тарбияи ворисони содиқи ватан саҳми босазо дошта бошад. Вобаста ба ин, оила дар иҷрои вазифаи тарбиявии худ бояд масьулияти баланд дошта бошад;
- густариши раванди ҷаҳонишавӣ дар баробари дигар мушкилот дар самти таҳким ва пойдории муносибатҳои оилавӣ низ таъсири худро расонида истодааст. Бинобар ин, дар марҳилаи кунунии омезиши шадиди арзишҳо нигоҳ доштани суннатҳои беҳтарине, ки пойдории оилаи тоҷикро дар тӯли садсолаҳо таъмин намудаанд, бағоят муҳим мебошад;
- раванди болоравии вайроншавии оилаҳо ва оқибатҳои вазнини иҷтимоии он дар назди давлат ва ҷомеа вазифа мегузорад, ки баҳри боло бурдани маърифати оиладории ҷавонон чораҳои ҷиддӣ андешида шаванд, то ин ки пеши роҳи ин раванд гирифта шавад;
- қабули Консепсияи мазкур бо дарназардошти нақши калидии оила дар таъмини суботу ҳамдигарфаҳмӣ, ваҳдату якдилӣ дар ҷомеа, пешгирии ҷалби ҷавонон ба гурӯҳу ҳаракатҳои ифротию террористӣ, таъсири манфии баъзе воситаҳои ахбори омма ба тарбияи дурусти фарзандон ҳуҷҷати муҳим дар самти тақвияти фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ хоҳад гашт.
3. Мақсад ва вазифаҳои Консепсия
11. Мақсади қабули Консепсияи мазкур - таҳкими мавқеи оила дар ҷомеа ҳамчун ниҳоди муҳими иҷтимоӣ мебошад.
12. Татбиқи мақсади мазкур иҷрои вазифаҳои зеринро пешбинӣ менамояд:
- таъмини амалишавии бечуну чарои принсипи конститутсионии баробарҳуқуқии мардону занон дар муносибатҳои оилавӣ;
- ҳифзи оила ҳамчун арзиши муҳими иҷтимоию фарҳангӣ, нигоҳдории анъанаҳои маънавию ахлоқӣ дар муносибатҳои оилавӣ;
- таҳкими заминаҳои иқтисодии оила, таъмини мустақилияти иқтисодии онҳо бо мақсади иҷрои вазифаҳои иҷтимоии он;
- такмили заминаҳои меъёрии ҳуқуқии муносибатҳои оилавӣ бо мақсади ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои аъзои оила ва баланд бардоштани масъулияти оила дар иҷрои вазифаҳои худ;
- ташаккули механизми дастгирии оилаҳо бо мақсади беҳтар намудани шароити зисти онҳо;
- такмили механизми таъминкунандаи танзими оила ва ҳифзи саломатии аъзои он;
- ба таври васеъ фаро гирифтани кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ бо мақсади инкишофи ҳамаҷонибаи онҳо;
- тақвияти ҳифзи солимии репродуктивӣ ва пешгирии омилҳои ба исқоти ҳамл мусоидаткунанда;
- таъмини татбиқи ҳамаҷонибаи меъёри қонунгузорӣ оид ба бақайдгирии давлатии ақди никоҳ;
- мусоидат дар татбиқи имкониятҳои тарбиявӣ ва фарҳангии оила ва боло бурдани маърифати оиладорӣ;
- мусоидат дар таъминоти иҷтимоии оилаҳо ва кӯдаконе, ки ба дастгирии иловагӣ ниёз доранд;
- пешгирии бекоршавии ақди никоҳҳо, қонунвайронкунии кӯдакону наврасон, баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд.
4. Заминаҳои қонунгузории ҳифзи манфиатҳои оила ва такмили он бо дарназардошти хусусиятҳои замони муосир
13. Асосҳои ҳуқуқии бунёди оила ва танзими муносибатҳои оилавӣ ҳамеша масъалаи калидӣ дар ҷомеа ба шумор меравад. Дар ин самт, пеш аз ҳама, паҳлӯҳои назариявии ҳуқуқи оилавӣ, такмили қонунгузории оилавӣ ва татбиқи самараноки он бояд ба инобат гирифта шавад.
14. Дар бахши назарияи ҳуқуқи оилавӣ рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ, ҷаҳонишавӣ, васеъ шудани робитаҳои шаҳрвандони Тоҷикистон бо шаҳрвандони дигар давлатҳо, ба миён омадани баҳсҳо байни онҳо ва дигар масъалаҳои муҳим бояд ба инобат гирифта шавад. Ҳамзамон, зарур аст, ки корҳои илмию тадқиқотии соҳаи мазкур ба мавзуъҳои муҳими афзалиятноки рӯз бахшида шаванд ва бо назардошти таҳлилҳои муқоисавӣ пеш бурда шаванд.
15. Дар соҳаи қонунгузорӣ ҳамкории зичи тамоми субъектҳои дар таҳия ва қабули қонун иштироккунанда зарур аст. Зеро натиҷаи корҳои илмию таҳқиқотӣ маҳз барои ҳалли мушкилоти дар ҳаёт мавҷудбуда зарур мебошанд. Хусусан, масъалаҳои ҳуқуқии маскун намудани собиқ ҳамсарон ба ҷойи зисти қонуниашон, оқибатҳои ҳуқуқии никоҳе, ки дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ қайд нашудааст, масъалаҳои ҳуқуқии никоҳи хешутаборӣ ва оқибатҳои он, мушкилоти фарзандхондӣ, ҳифзи манфиатҳои молумулкии занон ва ноболиғон ва дигар масъалаҳои муҳим дар қонунгузорӣ, ки ниёз ба такмил доранд, бояд мавриди баррасӣ қарор дода шаванд.
16. Ҳамзамон, бо мақсади такмил додан ва ҳамоҳанг сохтани ҷараёни танзими муносибатҳои оилавӣ зарур аст, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ доир ба танзими муносибатҳои оилавӣ мавриди таҳлили маҷмӯӣ ва муқоисавӣ (муқоиса ҳам бо қонунгузории ватанӣ ва ҳам бо санадҳои дахлдори байналмилалӣ) қарор гирад. Дар ин партав такмили қонунгузории оилавӣ давра ба давра бо назардошти талаботи замон бояд сурат гирад.
17. Мақомоти гуногуни давлатӣ, ки доир ба татбиқи қонунгузории оилавӣ ваколатдор шудаанд, вазифадоранд, таҷрибаи татбиқи қонунгузории оилавиро давра ба давра ҷамъбаст намуда, натиҷаи онро барои такмили минбаъдаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ истифода баранд.
18. Сохторҳои дахлдор бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ дар воситаҳои ахбори омма, сомонаҳои интернетӣ ва дигар сарчашмаҳои ахбор дар шаклҳои гуногуни муосир масъалаҳои ҳуқуқии оилавиро мавриди тарғибу ташвиқ қарор дода, пайваста муҳтавои барномаҳои маърифатиро такмил диҳанд.
5. Оила ҳамчун ниҳоди иҷтимоӣ ва макони тарбияи фарзанд
19. Оила ҳамчун ниҳоди иҷтимоӣ дар ҷомеа мавқеи махсуси худро дошта, вазифаҳои муайянро иҷро мекунад. Иҷрои самараноки вазифаҳои тарбиявӣ, фарҳангӣ ва маърифатӣ, таъмини нуфуси аҳолӣ, робитаи наслҳо ва иҷтимоикунонӣ ба раванди рушди ҷомеа таъсири бевосита мерасонад.
20. Оила ҳамчун асоси ҷомеа таҳти ҳимояи давлат қарор дошта, дар марҳилаи кунунӣ ба он таваҷҷӯҳи махсус зоҳир карда мешавад, зеро ҳалли масъалаҳои демографӣ, солимии ҷомеа, ташаккули шахсиятҳои комил, худшиносу ватандӯст ва дорои ҳисси ифтихори баланди миллӣ маҳз тавассути дастгирии оила имконпазир мегардад.
21. Оила ҳамчун интиқолдиҳандаи таҷрибаи иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар нигоҳдошти беҳтарин расму ойин ва анъанаҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад. Маҳз аз ҳамин сабаб, дар татбиқи самараноки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" нақши оилаҳо муҳим аст. Таъмини иҷрои Қонуни мазкур на танҳо баҳри нигоҳдошти ҷавҳари аслии расму ойинҳои миллӣ, пешгирии зиёдаравӣ ва ҳурофот, балки баҳри баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии оилаҳо низ аҳамияти калон дорад. Бинобар ин, баланд бардоштани масъулияти аъзои оила, бахусус занон, дар иҷрои Қонуни мазкур муҳим буда, ташаккул ва тақвияти тафаккури ҳуқуқии аъзои оила зарур аст.
22. Мақомоти ваколатдори давлатӣ ҷанбаи илмӣ, дунявӣ ва башардӯстонаи расму ойинҳои миллӣ, осори пурарзиши илмӣ, адабӣ ва таърихиро дар тарбияи насли наврас васеъ бояд истифода намояд.
23. Тарбияи фарзанд вазифа ва қарзи падару модар аст. Интихоби роҳи дуруст ва ташаккули муносибатҳои ба эҳтиром ва ҳамдигарфаҳмӣ асосёфта маҳаки робитаҳои иҷтимоиро дар оила бояд танзил диҳанд. Аз ин рӯ, таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" ва такмили механизмҳои татбиқи он муносибати ҷиддӣ ва сахтгиронаи давлат ва ҷомеаро талаб менамояд.
24. Падару модар дар раванди таълиму тарбияи фарзанд вазифадоранд талаботҳои фарҳангӣ, маърифатӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва манфиатҳои амниятии давлат ва ҷомеаро ба инобат гиранд. Мақомоти ваколатдори давлатӣ вазифадоранд, ки расонидани кӯмакҳои моддӣ ва маънавӣ, маърифатӣ ва машваратиро ба оилаҳо сари вақт таъмин намоянд.
25. Раванди ҷаҳонишавӣ ва рушди технологияҳои иттилоотӣ механизмҳои таъсиррасониро ба ҷомеа афзоиш дода истодааст. Бо мақсади пешгирии таъсири манфии ин раванд амалӣ намудани тадбирҳои зерин зарур аст:
- баҳри тақвияти муносибатҳои созанда ва башардӯстона дар оила ва ҷомеа чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ ва маърифатӣ ташкил ва баргузор карда шаванд;
- ҳамоҳангии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ таъмин карда шавад;
- робитаи бевоситаи мактаб бо оила такмил дода шуда, фаъолияти онҳо тавре ба роҳ монда шавад, ки дар ҷомеа барои тарбиятгиранда ва фарзанд холигии ғоявӣ намонад;
- таълиму тарбияи кӯдакон, аз ҷумла кӯдакони ятиму бепарастор, дар оила, кӯдакистонҳо ва муассисаҳои таълимӣ таҳти назорати ҷиддӣ қарор дода шуда, масъулияти мақомоти давлатӣ ва аҳли ҷомеа баҳри ташаккули ҳаматарафаи шахсияти онҳо баланд бардошта шавад;
- тавассути такмили низоми васояту парасторӣ ва соддагардонии раванди фарзандхонӣ ва бо мақсади фаро гирифтани кӯдакони ятиму бепарастор бо таълиму тарбия дар оилаҳо принсипи "Ҳар як кӯдак бояд дар оила тарбия гирад" амалӣ карда шавад;
- масъулияти падару модарро дар нигоҳубин ва таълиму тарбияи фарзанд баланд бардошта, ҳамзамон, фарзандонро низ баҳри дар пиронсолӣ нигоҳубин намудани волидони худ ӯҳдадор бояд намуд. Бо ин мақсад таҳияи тавсияҳои асоснок бобати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" зарур аст;
- бо мақсади беҳтарнамоии шароити таҳсилоти кӯдакон ва дастрасии онҳо ба таҳсил таҳлили ҳамаҷонибаи қонунгузорӣ оид ба ҳуқуқи кӯдак гузаронида шавад;
- ҷиҳати инъикоси масъалаи истифодаи меҳнати иҷбории кӯдакон ва хатари меҳнати кӯдакон ба инкишоф ва саломатии кӯдак чорабиниҳои иттилоотӣ гузаронида шаванд;
- Консепсияи махсусгардонидашудаи фарогири таҳсилоти кӯдакони дорои имкониятҳои маҳдуд татбиқ карда шаванд;
- аз ҷониби машваратгоҳҳои равонӣ-тиббӣ-омӯзгорӣ ҳар як кӯдаки дорои имкониятҳои маҳдуд бо муносибатҳои алоҳида фаро гирифта шавад;
- барои ба таҳсил ҷалб намудани духтарон ва пешгирӣ намудани ҳолатҳои пеш аз мӯҳлат хориҷ шудани онҳо аз раванди таҳсил чораҳои мушаххас татбиқ карда шаванд;
- бо мақсади боло бурдани маърифатӣ сиёсӣ ва ҳуқуқии насли наврас омӯзиши мақсадноки фанҳои ҷомеашиносӣ ташкил карда шавад;
- дар раванди тарбияи фарзанд хусусиятҳои равонӣ ва синнусолии онҳо бояд пурра ба инобат гирифта шуда, дар ин раванд ба зӯроварӣ роҳ дода нашавад.
6. Заминаҳои иқтисодию иҷтимоии таҳкими оила
26. Заминаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва риояи қонуниятҳои асосии иқтисодӣ пояҳои муҳими баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии оила мебошад. Дар заминаи умумияти зиндагии якҷоя молу мулки оилавӣ вуҷуд дорад. Он на танҳо дар мавҷудияти манзили зист, ашёи рӯзгор ва асбобу анҷоми хона инъикос меёбад. Дар ин ҳолат ба инобат гирифтани захираҳои меҳнатӣ ва иқтисодие низ зарур мебошанд, ки тавассути онҳо оила имконияти таъмини беҳдошти рӯзгори худро пайдо намуда, метавонад ҳамчун ниҳоди мустақили иқтисодӣ дар пешрафти ҷомеа нақши муҳим дошта бошад.
27. Дар оила муносибатҳои муайяни иқтисодӣ бо дарназардошти тақсимоти вазифаҳои нақшавӣ миёни аъзои он бояд муайян бошад. Ҷанбаи молиявии ҳаёти оиларо сохтор, ҳаҷми даромад ва хароҷоти буҷаи оила ташкил медиҳад. Даромади оилавӣ ин дилхоҳ даромади пулӣ мебошад, ки аз ҳисоби музди меҳнат, нафақа, ҷубронпулӣ, идрорпулӣ, дивидентҳо ва дигар сарчашмаҳо ташаккул меёбад.
28. Буҷаи оилавӣ тавозуни даромад ва хароҷоти оила дар муддати як сол мебошад. Ин мақоми иҷтимоию иқтисодӣ, фаъолияти соҳибкорӣ, сатҳи зиндагӣ, таҳсилот ва нерӯи сармоягузории оиларо инъикос мекунад.
29. Захираҳои оилавӣ маҷмӯи васоит ва имкониятҳое мебошанд, ки дар ихтиёри оила қарор доранд. Дар нашрияи солонаи расмии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон нишондиҳандаи махсуси иқтисодиёти оила вуҷуд надорад. Ворид намудани ин нишондиҳанда имконият медиҳад, ки оид ба сатҳи даромад ва болоравии сатҳи зиндагии оила маълумоти дақиқ ба даст оварда шавад.
30. Мақсади асосии таҳкими заминаҳои иҷтимоию иқтисодии оила таъмини болоравии сатҳи зиндагӣ ва некӯаҳволии ҳар як оила дар асоси шуғли доимӣ, ташкили фаъолияти соҳибкории оилавӣ, бозомӯзии касбӣ ва иштироки фаъолона дар рушди ҳамаи соҳаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ дар шароити иқтисоди бозорӣ мебошад.
31. Баҳри рушди устувори иқтисодию иҷтимоии оилаҳо андешидани чораҳои зерин зарур мебошад:
- таъмини шуғли доимии аъзои оила;
- баланд бардоштани сатҳи даромаднокии оила аз ҳисоби тақвияти нерӯи зеҳнии аъзои оила;
- рушди соҳибкории оилавӣ ва тиҷорати оилавӣ;
- ба роҳ мондани тарбияи меҳнатӣ ва ахлоқии насли ҷавон ва баланд бардоштани вазифаи тарбиявии оила;
- ташкили курсҳои касбомӯзӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ.
32. Барои дар амал татбиқ намудани масъалаҳои зикршуда, банақшагирии буҷаи оилавӣ аҳамияти муҳим дорад. Дар ин раванд риояи қатъии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" ва "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" муҳим мебошад.
7. Баланд бардоштани маърифати оиладорӣ ва таъмини пойдории оила
33. Маърифати оиладорӣ - ин маҷмӯи дониш, маҳорат, таҷриба ва тасаввуротҳо мебошад, ки туфайли он муносибатҳои оилавӣ ба танзим дароварда мешаванд. Маърифати оиладорӣ имконият медиҳад, ки дар бунёдкунандагони оила тасаввуроти мувофиқи никоҳию оилавӣ ташаккул ёбад.
34. Ҳадафҳои баланд бардоштани маърифати оиладориро ба тариқи зайл муайян кардан мумкин аст:
- тавсиф додани оила ҳамчун институти иҷтимоӣ ва гурӯҳи ибтидоӣ, ки раванди иҷтимоишавиро таъмин менамояд;
- дар шуури ҷавонон устувор намудани ақида дар бораи масъулияти оиладорӣ ва дарки ӯҳдадориҳои муайян. 35. Расидан ба ин ҳадафҳо дар ҳолате муяссар мешавад, ки дар баланд бардоштани маърифати оиладорӣ фаъолияти дастаҷамъонаи мутахассисон дар заминаи ҳамгироии фаъолияти институтҳои гуногуни иҷтимоӣ роҳандозӣ карда шавад.
36. Бо дарназардошти анъанаву суннатҳои арзишманди оиладории тоҷикон ва халқияту миллатҳои дигари муқими Тоҷикистон, истифодаи принсипҳои зерин ҷиҳати баланд бардоштани маърифати оиладорӣ ба мақсад мувофиқ аст:
- принсипи гуногунии ҳайати аудитория, ки маърифати оиладорӣ ба он равона шудааст, аз он ҷумла, хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, омӯзгорон, табибони оилавӣ, ҷавононе, ки нақшаи бунёд намудани оила ва тавлиди фарзандро доранд ва насли калонсол;
- моҳият ва мундариҷаи маърифати оиладорӣ, ки ба рушди шахсият равона шудааст. Роҳандозӣ намудани ин принсип тақозо менамояд, ки маърифати оиладорӣ ба рушди шахсият ва ҳимояи равонии ӯ тавассути шаклгирии арзишҳои оилавӣ, сифатҳои хоси мардона ва занона, иҷрои вазифаҳои ҳамсарӣ ҳамчун асаси худифоданамоии инсон ва беҳдошти равонии калонсолону кӯдакон, ғанигардонии маънавиёти шахс ва ҷаҳонбинии ӯ равона карда шавад;
- гуногунрангии шакл ва усулҳои баланд бардоштани маърифати оиладорӣ (истифодаи лексия, дарсҳои амалӣ, тренингҳо, машваратҳо, васоити ахбори омма ва дигар техникаҳои мултимедӣ);
- фардикунонии маърифати оиладорӣ бо назардошти хусусиятҳои физиологию психологӣ ва иҷтимоии шаҳрвандон.
37. Бо мақсади баланд бардоштани маърифати оиладории ҷавонон дар барномаҳои мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҷорӣ намудани фанни "Маърифати оиладорӣ" ба нақша гирифта шавад. Таълими ин фан дар синфҳои 9 ва 10-уми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи асосӣ ва умумӣ ба мақсад мувофиқ аст. Ҳадаф аз таълими ин фан шиносоии хонандагон бо масъалаҳои муҳими ҳаёти оилавӣ ва таъмини омодагии онҳо ба ҳаёти оилавӣ аз назари иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангию равонӣ мебошад.
38. Маърифати оиладорӣ тамоюли синнусолӣ дошта, бояд доираи васеи одамонро фаро гирад. Дар самти ҷалб кардани доираи васеи одамон бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати оиладорӣ саҳми воситаҳои ахбори омма, махсусан телевизион назаррас аст. Аз ин лиҳоз, таҳия ва пахши барномаҳои телевизионии характери маърифатӣ, фарҳангӣ - маърифатӣ ва тарбиявӣ дошта амри зарур ва саривақтӣ аст.
39. Бо мақсади ба воқеият наздик намудани мазмуни барномаҳои телевизионӣ, таҳияи филмҳои ҳуҷҷатӣ дар заминаи интихоби қаҳрамонҳои мушаххаси воқеӣ, ки мазмунан ифодакунандаи паҳлуҳои гуногуни муносибатҳои оилавӣ мебошанд, аҳамияти амалиро соҳиб аст. Бо назардошти хусусиятҳои таъсиррасонии реклама таҳияи роликҳои таҷассумкунандаи муносибатҳои солими оилавӣ, хушбахтиҳои оилавӣ, оқибатҳои зӯроварии оилавӣ, пешгирии низоъҳои оилавӣ хеле муфид ва судманд аст.
40. Саҳми рӯзномаю маҷаллаҳо дар баланд бардоштани маърифати оиладорӣ калон аст. Дар ин самт ташкили гӯшаҳои машваратӣ (машварати ҳуқуқӣ, тиббӣ, психологӣ) дар матбуот ва ҷалби мутахассисон ба ҳамкорӣ яке аз усулҳои муосири баланд бардоштани маърифати оиладорӣ мебошад.
41. Ташкили барномаҳои машваратӣ тавассути радио, ки доираи шунавандагонаш васеъ аст, ҳамчунин шакли самарабахши тарғиби муносибатҳои солими оилавӣ ба ҳисоб меравад.
42. Баланд бардоштани маърифати хуқуқии шаҳрвандон дар танзими муносибатҳои оилавӣ ва таъмини устувории оила мусоидат менамояд. Аз ин лиҳоз, як унсури асосии баланд бардоштани маърифати оилавиро маърифати ҳуқуқӣ ташкил медиҳад. Бо ин мақсад, аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ, мутахассисони вазорату идораҳои дахлдор, олимони ҳуқуқшинос тавассути воситаҳои ахбори омма мунтазам корҳо оид ба фаҳмондадиҳии ҳуқуқу ӯҳдадориҳои аъзои оила ба роҳ монда шаванд.
43. Нақши намояндагони иттиҳодияҳои динӣ дар баланд бардоштани сатҳи маърифати оиладорӣ муҳим аст. Ба Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур аст, ки дар самти таъмин намудани насли наврас бо донишҳои динии марбут ба масъалаи оилаю оиладорӣ чорабиниҳои маърифатӣ ташкил намояд.
44. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила" намояндагони иттиҳодияҳои диниро низ вазифадор мекунад, ки барои пешгирии зӯроварӣ ва ё паст намудани сатҳи он дар оила саҳми худро гузоранд. Инчунин, ҷиҳати пешгирии зӯроварӣ дар оила зарур аст:
- таъмини кӯмаки ройгони ҳуқуқӣ, тиббӣ ва равонӣ ба ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила тавассути дастгирии марказҳои буҳронии фаъолияткунанда ва ташкили марказҳои нави ёрирасони иҷтимоӣ дар ҳама минтақаҳои кишвар;
- таъмини бақайдгирии пурраи ҳолатҳои зӯроварӣ дар оила, гузаронидани таҳқиқи саривақтӣ, тафтиш ва баррасии судии парвандаҳои чунин категория бо мақсади ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони гунаҳгор ва пардохти ҷубронпулӣ ба ҷабрдидагон;
- таъмини фаъолияти ҳамоҳанги мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, кумитаҳои кор бо занон ва оила, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ;
- гузаронидани таҳқиқот оид ба муайян намудани сабаб, омил ва ҳудудҳои зӯроварӣ дар оила.
8. Танзими оила ва солимии репродуктивӣ
45. Айни замон вазъи демографӣ дар мамлакат бо устувории таваллудшавии баланд ва афзоиши аҳолӣ (27,5 ва 23,2 ба ҳар 1000 нафар аҳолӣ) арзёбӣ мешавад. Вобаста ба ин, танзими оиларо ҳамчун василаи муҳими боло бурдани сатҳи зиндагӣ ва беҳдошти саломатии аҳолӣ эътироф намуда, андешидани чораҳои мушаххас зарур мебошад. Дар раванди иҷрои ин вазифа бояд ба он муваффақ шуд, ки худи оила ба зарурати танзими таваллуд итминон ҳосил намояд.
46. Сарфи назар аз ноил гардидан ба пешрафти муайян дар соҳаи ҳифз ва беҳтар намудани саломатии модару кӯдак, вобаста ба паст кардани сатҳи талафоти репродуктивӣ мушкилот ҳанӯз боқӣ мондааст. Дар ин самт таъмин намудани бехатарии контрасептивӣ нақши муайян дорад.
47. Сатҳи фавти модарон ва кӯдакони хурдсол дар Тоҷикистон хеле мураккаб буда, пайгирии он низ мушкил аст. Тибқи маълумотҳои расмии оморӣ дар даҳсолаи охир тамоюли паст гардидани нишондоди фавти модарон аз 49,6 нафар дар соли 2004 то 29,2 нафар ба ҳар 100 000 зиндатаваллудшуда дар соли 2014 ба назар мерасад. Паст шудани фавти модарон аз рӯйи маълумоти арзёбикунандаи Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ тасдиқ шудааст. Новобаста аз ин, зарурати тақвият бахшидани намудҳои мухталифи ҳамкориҳои иҷтимоӣ байни сохторҳои давлатӣ, ғайридавлатӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ ҷиҳати амалинамоии лоиҳаҳои муштарак оид ба дастрасии теъдоди бештари занон ба хизматрасониҳои тиббӣ ва гузаронидани таҳқиқот дар соҳаи тандурустӣ мавҷуд аст.
48. Нишондиҳандаҳои баланди таваллуд дар хона ҳоло дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон (мутаносибан 24,5 ва 11,2%) боқӣ мондааст. Аз ин рӯ, зиёд намудани шумораи "Мактабҳои модарии бехавф" дар минтақаҳои ҷумҳурӣ ҷиҳати беҳтар намудани вазъи таваллуди бехавф зарур мебошад.
49. Пастшавии ҳолатҳои фавти модарон ба ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ, баланд бардоштани иқтидори кадрӣ, таъмин ва ҷиҳозонидани муносиби муассисаҳои ёридиҳандаи таваллудкунӣ вобастагии бевосита дорад. Сатҳи баланди таваллуд шудани кӯдакони камвазн ҷорӣ намудани низоми минтақабандӣ, ташкили марказҳои перинаталӣ дар тамоми қаламрави мамлакат, таъмини кӯмаки неонаталӣ ва момодоягии машваратӣ ба беморҳои маҳаллаҳои дурдастро талаб мекунад.
50. Мунтазам гузаронидани мониторинг ва арзёбии иҷрои Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020 дар самти дастрасӣ ба хизматрасонии момодоягӣ, солимии репродуктивӣ ва тайёр намудани кадрҳои баландихтисос зарур мебошад.
51. Мақсади гузаронидани муоинаи тиббии пешакии шахсоне, ки ақди никоҳ мебанданд, ин фароҳам овардани шароити зарурӣ барои ташаккули оилаи солим, пешгирӣ намудани таваллуди кӯдакони маъюби гирифтори нуқсонҳои модарзодии инкишоф ва бемориҳои ирсӣ мебошанд.
52. Боиси ташвиш аст, ки 40-50% оилаҳо аз никоҳи хешутабории наздик аз ду то чор нафар кӯдакони маъюб доранд. Дар ин самт боло бурдани маърифати тиббии аҳолӣ муҳим буда, ташаккули заминаи ҳуқуқӣ баҳри пешгирии чунин никоҳҳо зарур мегардад. Бо ин мақсад таҳияи нақшаи чорабиниҳои мушаххасе лозим аст, то ин, ки ҳам фаъолияти тарғиботию маърифатӣ ва ҳам қонунгузориро дар бар гирад.
53. Сабаби дигаре, ки боиси таваллуди кӯдакони маъюб мегардад, бемориҳои сироятии вирусӣ (ситомегаловирус, хламидиоз, токсоплазмоз, вируси герпеси оддӣ ва ғайра) дар 15-20% ҳолатҳо буда, чунин бемориҳо дар байни оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ бештар ба назар мерасанд.
54. Пастшавии камхунӣ дар байни ҳомиладорон аз ҳисоби он аст, ки сеяки ҳиссаи ҳомиладорон бо дорувориҳои зидди камхунӣ ройгон таъмин буданд. Ин аст, ки сатҳи он аз 63,4% (соли 2009) то 45,8% (соли 2013) кам гардид.
55. Бо вуҷуди ин, болоравии бемориҳои музмин ба назар мерасад, ки он ба давомот ва рафти ҳомиладорию таваллудҳо таъсири номусоид мерасонад.
56. Сатҳи баланди таваллуд ва беморшавии занҳо дар Тоҷикистон банақшагирии оила ва пешниҳоди иттилооти мувофиқро ба сифати воситаҳои ҳалкунандаи таҳкими саломатии занону кӯдакон талаб мекунад.
9. Механизм ва заминаҳои амалӣ гаштани Консепсия
57. Консепсияи мазкур ба заминаҳои зерин асос ёфта, бо роҳҳои зайл амалӣ мешавад:
а) Заминаҳои сиёсию ҳуқуқӣ:
- таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва такмили қонунгузории мавҷуда вобаста ба ҳифзи манфиатҳои оила ва аъзои он бо назардошти хусусиятҳои марҳилаи муосири рушди ҷомеа;
- такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои занон ва кӯдакон ҳангоми бекор кардани ақди никоҳ, такмили механизмҳои иҷрои ҳалномаҳои судӣ вобаста ба руёнидани алимент аз шахсони қасдан аз пардохти алимент саркашикунанда ва берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта;
- таҳияи Барномаҳои давлатӣ оид ба самтҳои гуногуни таҳкими оила, рушди он ҳамчун ниҳоди иҷтимоӣ ва мушаххас намудани роҳҳо баҳри иҷрои уҳдадориҳои аъзои оила;
- тавсеаи фаъолияти мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои оила, коркарди механизмҳои таъмини ҳамгироии фаъолияти мақомоти гуногуни давлатӣ дар самти баланд бардоштани мавқеи иҷтимоии оила дар ҷомеа;
- таъмини ҳамоҳангии фаъолияти мақомоти давлатӣ бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар коркарди санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо мақсади баланд бардоштани масъулияти ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таҳким ва рушди минбаъдаи оила ҳамчун ниҳоди иҷтимоӣ;
- татбиқи чораҳои қатъӣ баҳри пешгирии никоҳҳои хешутаборӣ ва муоинаи пешазникоҳии издивоҷкунандагон бо мақсади таъмини солимии насли наврас ва пешгирии таваллуди кӯдакони дорои ноқисиҳои ақлӣ ва ҷисмонӣ;
- рушди таҳқиқотҳои илмӣ вобаста ба масъалаҳои оилавӣ;
- таҳия ва интишори тафсири Кодекси оила, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд", "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила";
б) Заминаҳои маънавию иттилоотӣ:
- омӯзиши ҳамаҷонибаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи оила, ҳуқуқу манфиатҳои аъзои оила ва пешгирии ҳолатҳои бисёрникоҳӣ;
- истифодаи васеи воситаҳои ахбори омма баҳри ба ҷомеа расонидани моҳияти дастгириҳои давлатии иҷтимоӣ, ки ба таҳкими оила нигаронида шудаанд;
- тарғиби ҳамаҷонибаи баромадҳои Президенти мамлакат, ки ҳамчун ҳуҷҷати роҳнамо баҳри таҳкими оилаҳо, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ ва тарбияи фарзандон хизмат мекунанд;
- ташвиқу тарғиби арзишҳои миллӣ, аз қабили урфу одат ва расму ойинҳои миллӣ, мероси пурғановати гузаштагон;
- омӯзиши дастовардҳои олимони тоҷик ва хориҷи кишвар вобаста ба ҷанбаъҳои гуногуни муносибатҳои оилавӣ ва тарбияи фарзанд;
в) Заминаҳои ташкилӣ:
- ташкили фаъолияти ҳамоҳанги мақомоти давлатӣ дар самти иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба оила ва таҳкими муносибатҳои оилавӣ;
- гузаронидани мониторинги доимии татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба оила ва дар ин асос андешидани чораҳои дахлдор;
- густариши робита байни минтақаҳои кишвар бо мақсади таҳкими муносибатҳо тавассути бунёди оилаҳои нав ва муносибатҳои хешутаборӣ;
- роҳандозӣ намудани фаъолияти тартиботӣ аз рӯйи усулҳои муосири таъсиррасонӣ ва ба инобат гирифтани хусусиятҳои миллӣ.
10. Муқаррароти хотимавӣ
58. Татбиқи амалии Консепсия имконият медиҳад, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи муносибатҳои оилавӣ такмил ёфта, заминаҳои мусоиди ҳуқуқӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии баҳри ҳифзи ҳукуқу манфиатҳои аъзои оила мусоидаткунанда фароҳам оварда мешаванд..
59. Дар ҷумҳурӣ рушди оила бори аввал дар заминаи консепсионӣ гузошта шуда, ба туфайли он раванди иҷтимоишавии фарзандон дар оила сурат гирифта, ташаккули шахсиятҳои комилу огоҳ ва худшиносу ватандӯст роҳандозӣ карда мешавад.
60. Татбиқи Консепсия ба болоравии сатҳи маърифати оиладории шаҳрвандони кишвар мусоидат намуда, барои пешгирии раванди вайроншавии оилаҳо замина фароҳам меоварад.
61. Зӯроварӣ дар муносибатҳои оилавӣ ҳамчун падидаи номатлуби иҷтимоӣ ба ташаккули муносибатҳои солим таъсири манфӣ расонида истодааст. Аз ин рӯ Консепсияи рушди оила барои дар сатҳи зарурӣ татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила" шароити мусоид фароҳам меоварад.
62. Консепсияи рушди оила дар татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" нақши ҳалкунанда бозида, масъулияти волидайнро дар рушди шахсияти фарзандон баланд бардошта, ҳамзамон фарзандонро барои шинохт ва қабули ӯҳдадориҳояшон вазифадор менамояд.
63. Таҳкими заминаҳои иқтисодию иҷтимоии оила, болоравии сатҳи зиндагию некӯаҳволии он таъмин мегарданд ва ин дар навбати худ ба рушди нерӯи зеҳнию ҷисмонии аъзои оила мусоидат мекунад.
64. Барои ташаккули оилаи солим, танзими оила ва солимии репродуктивӣ мусоидат намуда, сатҳи саломатии модару кӯдак баланд бардошта мешавад, то ки тарбияи насли ҷисман ва рӯҳан солим таъмин гардад.
65. Дар соҳаи илмҳои ҷомеашиносӣ кадрҳои нави илмӣ рӯи кор меоянд, мавзӯъ ва масъалаҳои муҳими оилаю оиладорӣ таҳқиқ мегарданд. Инчунин, барои ташкили хадамоти иҷтимоию психологӣ ва тиббию ҳуқуқӣ дар оила заминаҳо гузошта мешаванд.