Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Тартиби сафари шаҳрвандон барои адои ҳаҷ ва умра
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 20.08.2018 № 433)
Мутобиқи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ", моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" бо мақсади беҳтар намудани сафари шаҳрвандон барои адои ҳаҷ ва умра Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Тартиби сафари шаҳрвандон барои адои ҳаҷ ва умра тасдиқ карда шавад (замимаи 1).
2. Ташкил, гузаронидан ва танзими раванди сафари шаҳрвандон барои адои ҳаҷ ва умра ба зиммаи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шавад .
3. Оид ба назорат ва муташаккилона баргузор намудани ҳаҷ, Комиссия таъсис ва ҳайати он тасдиқ карда шавад (замимаи 2).
4. Самтҳои фаъолияти Комиссия аз тарафи Раиси Комиссия муайян карда шавад.
5. Вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати риояи талаботи қарори мазкур тадбирҳои мушаххас андешанд.
6. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2005, № 470 "Дар бораи ба тартиб даровардани гузаронидани ҳаҷ ва умра" аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Таҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 30 декабри соли 2015 № 802
ш.Душанбе
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Тартиби сафари шаҳрвандон барои адои ҳаҷ ва умра
Мутобиқи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ", моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" бо мақсади беҳтар намудани сафари шаҳрвандон барои адои ҳаҷ ва умра Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Тартиби сафари шаҳрвандон барои адои ҳаҷ ва умра тасдиқ карда шавад (замимаи 1).
2. Ташкил, гузаронидан ва танзими раванди сафари шаҳрвандон барои адои ҳаҷ ва умра ба зиммаи Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шавад.