Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 декабри соли 2015 № 802
тасдиқ шудааст
Тартиби сафари шаҳрвандон барои адои ҳаҷ ва умра
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 20.08.2018 № 433)
1. Тартиби мазкур мутобиқи қисми 2 моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ" бо мақсади ташкил, гузаронидан ва танзими сафари шаҳрвандон барои адои ҳаҷ ва умра таҳия гардида, дар ин самт Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисгон (минбаъд - Кумита) ҳамчун мақоми ваколатдор муқаррар карда мешавад. Барои таъмини назорат ҷиҳати муташаккилона баргузор намудани ҳаҷ таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (сарпарасти соҳа) аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои дахлдор Комиссия таъсис дода мешавад .
2. Тибқи сарчашмаҳои мазҳаби ҳанафӣ ҳаҷ аз ду қисм - ҳаҷи фарзӣ ва умра иборат мебошад. Ҳаҷи фарзӣ соле як маротиба дар рӯзҳои муайян баргузор мегардад. Ҳаҷи умра дар давоми сол адо карда мешавад.
3. Шаҳрвандоне, ки хоҳиши адои ҳаҷи фарзиро доранд, мувофиқи номгӯи аз тарафи Кумита тасдиқшуда на дертар аз се моҳ то оғози маросими ҳаҷи фарзӣ ҳуҷҷатҳои заруриро тибқи квотаи барои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ тасдиқшуда пешниҳод менамоянд.
4. Синну соли ҳаҷраванда аз 40-сола боло муқаррар карда мешавад. Талаботи мазкур ба гурӯҳи корӣ ҳайати табибон, роҳбаладон татбиқ намегардад.
5. Кумита дар асоси муроҷиати шаҳрвандон ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ Маҳзани ҷумҳуриявии хоҳишмандони сафари ҳаҷи фарзиро омода менамояд. Шакл ва тартиби пешбурди Маҳзани ҷумҳуриявии хоҳишмандони сафари ҳаҷи фарзиро Кумита тасдиқ намуда, риояи навбати ҳаҷравандагонро мувофиқи он назорат мекунад.
6. Кумита ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муроҷиатҳои шаҳрвандонро оид ба сафари ҳаҷи фарзӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон" баррасӣ менамоянд.
7. Шаҳрванде, ки адои ҳаҷи фарзӣ кардааст, тибқи муқаррарот танҳо дар сурати мавҷуд набудани дигар хоҳишманди сафари ҳаҷи фарзӣ пас аз гузаштани 5 сол ҳуқуқи такроран ҳаҷи фарзӣ намуданро пайдо мекунад.
8. Шаҳрвандоне, ки на камтар аз як соли охир қайди маҳалли зист дошта, дар он ҷо ба таври доимӣ зиндагӣ менамоянд, ҳуқуқи навиштани ариза ва омода намудани дигар ҳуҷҷатҳои зарурии хоҳишманди сафари ҳаҷи фарзиро дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пайдо менамоянд.
9. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати қабули ҳуҷҷатҳои ҳаҷравандагон Комиссияи қабули ҳуҷҷатҳоро барои адои ҳаҷи фарзӣ таъсис медиҳанд, ки роҳбарии он ба зиммаи раисони шаҳру ноҳияҳо ва ё яке аз муовинони онҳо вогузор карда мешавад.
10. Сафари ҳаҷи умраро Тартиби мазкур муайян намуда, ташкил ва гузаронидани онро Кумита дар асоси шартномаи ҳамкорие, ки бо ширкатҳои сайёҳии ватанӣ дар хусуси ташкил ва баргузории ҳаҷи умра дорад, амалӣ менамояд.
11. Шаҳрвандоне, ки хоҳиши сафари ҳаҷи умраро доранд, тибқи тартиби муқарраршуда дар давоми сол ба ширкатҳои сайёҳии ватание, ки шартномаи тарафайн бо Кумита доранд, муроҷиат менамоянд.
12. Кумита вобаста ба адои ҳаҷи фарзии шаҳрвандон вазифаҳои зеринро амалӣ менамояд:
- дар ҳаҷми квотаи барои Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррарнамудаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ шумораи шаҳрвандонеро, ки хоҳиши адои ҳаҷи фарзиро доранд, вобаста ба миқдори аҳолии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, муайян менамояд;
- барои бо навбат номнавис намудани шаҳрвандон ҷиҳати адои ҳаҷи фарзӣ дар Кумита дафтарҳои махсусро таҳия намуда, ба Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ирсол менамояд ;
- мӯҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурии шаҳрвандонеро, ки адои ҳаҷи фарзӣ мекунанд, барои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо муқаррар менамояд;
- фаъолияти Комиссияҳои қабули мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳоро вобаста ба ҳуҷҷатҳои шаҳрвандоне, ки адои ҳаҷи фарзӣ менамоянд, назорат мекунад;
- барои сафари муташаккилонаи шаҳрвандон ҳангоми ба ҷо овардани сафари ҳаҷи фарзӣ корҳои тадорукотиро ба анҷом мерасонад;
- бо ҷалби намояндагони мақомоти дахлдор тариқи озмун ширкатҳои хизматрасонро дар мавсими ҳаҷи фарзӣ интихоб менамояд;
- нархномаи адои сафари ҳаҷи фарзиро вобаста ба мавсими давраи ҳаҷ таҳия намуда, онро бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссия оид ба назорат ва муташаккилона баргузор намудани сафари шаҳрвандон барои адои ҳаҷ ва умра мувофиқа менамояд.
13. Маблағи хароҷот барои хизматрасониҳо дар мавриди ташкил ва гузаронидани сафари шаҳрвандон ҷиҳати адои ҳаҷи фарзӣ, инчунин масрафи таъмини ҳайати гурӯҳи корӣ, роҳбаладии гурӯҳҳои ҳоҷиён, ёрии аввалияи тиббӣ, суғуртаи ҳаҷравандагон, манбаи воридоти маблағҳои махсуси Кумита (дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва дигар хароҷоти вобаста ба ташкил ва гузаронидани сафари ҳаҷи фарзӣ аз тарафи худи ҳаҷравандагон дар асоси шартнома тибқи нархномаи сафари ҳаҷи фарзӣ пардохт карда мешавад.
14. Бо дархости Кумита Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳифзи саломатии ҳаҷравандагон ҳайати табибонро дар мавсими ҳаҷи фарзии соли дахлдор пешниҳод намуда, тибқи тартиби муқарраргардида барои таъмини муоинаи тиббии ҳаҷравандагон ва эмгузаронии онҳо зидди бемориҳои сироятӣ мусоидат менамояд.
15. Бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти ваколатдори давлатӣ ҷиҳати ба расмият даровардани шиносномаи хориҷӣ аз ҷониби худи шаҳрванд санадҳои зарурӣ пешниҳод карда мешаванд:
16. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Кумита ҷиҳати дар мӯҳлати пешбинишуда таъмин намудани ҳаҷравандагон бо раводид чораандешӣ намуда, ба сафари гурӯҳҳои корӣ ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ мусоидат менамояд.
17. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми гусел ва қабули ҳоҷиён дар фурудгоҳҳо тартибот ва низомро таъмин менамоянд.
18. Кумита, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкатҳои ҳавопаймоӣ дар доираи шартномаҳои байналмилалию дуҷониба сафари ҳоҷиёнро ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ тавассути нақлиёти ҳавоӣ таъмин менамоянд.
Замимаи 2
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 декабри соли 2015 № 802
тасдиқ шудааст
Ҳайати Комиссия оид ба назорат ва муташаккилона баргузор намудани сафари шаҳрвандон барои адои ҳаҷ ва умра
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (Сарпарасти соҳа)
Раиси Комиссия Мудири Шӯъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - котиби Комиссия
Аъзо:
Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муовини Вазири корҳои хориҷӣ
Муовини Вазири корҳои дохилӣ
Муовини Вазири нақлиёт
Муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
Муовини Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ
Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон