Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2015 № 813 "Дар бораи Низомномаи тартиби расонидани ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ"

Санаи амалкуни: 27.03.2018

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд


бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.09.2024 № 514 аз эътибор соқит дониста шудааст

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Низомномаи тартиби расонидани ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.03.2018 № 171)

Мутобиқи моддаи 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳимояи рақобат", бо мақсади пешбурди фаъолияти зиддиинҳисорӣ ва ҷорӣ намудани рақобати солим дар бозорҳои мол, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.03.2018 № 171):

1. Низомномаи тартиби расонидани ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати давлатии ёрии давлатӣ ва маҳаллиро тибқи Низомномаи мазкур амалӣ намояд.

3. Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин ташкилотҳои ваколатдори мақомоти зикргардида, расонидани ёрии давлатӣ ва маҳаллиро ба як ё якчанд субъектҳои хоҷагидор тибқи Низомномаи мазкур ба роҳ монанд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон             Эмомалӣ Раҳмон

аз 30 декабри соли 2015 № 813

 ш.Душанбе


Утратил силу в редакции пост. Правительства РТ от 28.09.2024 №514


Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Положении о порядке оказания государственной и местной помощи

(в редакции постановления Правительства РТ от 27.03.2018г.№171)

В соответствии со статьей 19 Закона Республики Таджикистан "О защите конкуренции",  с целью ведения антимонопольной деятельности и внедрения здоровой конкуренции на товарных рынках, Правительство Республики Таджикистан постановляет (в редакции постановления Правительства РТ от 27.03.2018г.№171):

1. Утвердить Положение о порядке оказания государственной и местной помощи (прилагается).

2. Антимонопольной службе при Правительстве Республики Таджикистан осуществлять государственный контроль над государственной и местной помощью в соответствии с настоящим Положением.

3. Министерствам и ведомствам, местным исполнительным органам государственной власти, органам самоуправления поселков и сёл, а также уполномоченным организациям данных органов, оказывать государственную и местную помощь одному или нескольким хозяйствующим субъектам в соответствии с настоящим Положением.

Председатель

Правительства Pecпублики Таджикистан    Эмомали Рахмон

  

г. Душанбе,

от 30 декабря 2015 года, № 813