Барномаи давлатии омӯзиш ва арзёбии захираҳои металлҳои нодир барои солҳои 2016-2026 аз 28 ноябри соли 2015 № 728

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.0.42021 № 172 аз эътибор соқит дониста шуд.

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 ноябри соли 2015, № 728

тасдиқ шудааст

Барномаи давлатии омӯзиш ва арзёбии захираҳои металлҳои нодир барои солҳои 2016-2026

1. Муқаддима

1. Рушди илм ва техника пеш аз ҳама ба истифодаи металлҳои нодир алоқаманд аст. Истифодаи онҳо ба пайдоиши як қатор соҳаҳои саноат, илм ва техникаи ҳозиразамон сабабгор гардид. Ҳамаи маводҳои конструксионии фавқулмагнитӣ, фавқуссабук, фавқуссахт, фавқулгармитобовар ва баландустувор дар асос ё бо истифодаи металлҳои нодир офарида мешаванд.

2. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 апрели соли 2014 самтҳои афзалиятноки рушди иқтисодиёти миллӣ барои солҳои минбаъда муайян гардида, дар қатори дигар масъалаҳо оид ба зарурати омӯзиш ва арзёбии захираҳои металлҳои нодири ҷумҳурӣ вазифа гузошта шуд.

3. Геологҳо ба металлҳои нодир одатан 36 унсурҳои кимиёвии системаи даврии Д.И. Менделеевро мансуб медонанд, ки саноат танҳо солҳои 50-60-уми асри XX ба азхудкунии васеи онҳо шурӯъ намуд.

Ниг.ба Ҷадвал

4. Таҳқиқоти муосир хусусиятҳои нав ба нави металлҳои нодир ва имкониятҳои нави истифодаи онҳоро ихтироъ менамояд. Агар дар ибтидои азхудкунии саноатии онҳо доираи асосии он техникаи мудофиавӣ бошад, имрӯз бисёрии металлҳои нодирро барои истеҳсоли молҳои муқаррарии истеъмолӣ - зарфҳои борбандӣ (Gе, Li), маснуоти сантехникӣ ва кошинҳо (Zr), батареячаҳо барои асбобҳои электронӣ (Та, Li, La, Gd) истифода мебаранд. Аз рӯи суръати афзоиши истеҳсолот ва истифода металлҳои нодир аз ҳамаи дигар металлҳои саноатӣ пеш гузашта, дар баъзе соҳаҳои зуд тараққикардаистода талабот ба онҳо дар як сол 1525 фоиз афзуда истодааст. Дараҷаи истифодаи саноатӣ аз бисёр ҷиҳат аз арзиши металлҳои нодир вобаста аст, ки фарқияти нархҳои онҳо хеле бузург аст - аз наздик ба қурғошиму руҳ барои кадмий то наздикшавӣ ба тилло ва металлҳои гурӯҳи платина барои лютетсий ва скандий.

5. Истифодаи металлҳои нодир дар ҷаҳонниз якранг нест - аз садҳо килограмм барои рубидий то садҳо ҳазор тонна барои сирконий.

6. Конҳои металлҳои нодирро ба ду гурӯҳ ҷудо намудан мумкин аст. Дар гурӯҳи якуми конҳо металлҳои нодир (Li, Gs, Ве, Nb, Та, TR, Zr, Sr) дар минералҳои хосаи худ вомехӯранд. Миқдори зиёди минералҳои дорои металлҳои нодир маълуаманд, аммо танҳо қисми ками онҳо ҷамъшавии саноатиро ташкил медиҳанд. Дар як кон одатан якчанд минералҳои дорои металлҳои нодир вомехӯранд. Ба ин конҳои стронтсий истисно мебошанд, ки дигар минералҳои дорои металлҳои нодирро ба ғайр аз селестин надоранд.

7. Дар гурӯҳи дуюми конҳо металлҳои нодирро ҳангоми коркарди ҳамроҳ бо дигар канданиҳои фоиданок ҳосил мекунанд. Манбаъҳои ашёи хоми металлҳои нодир ҳангоми истихроҷи ҳамроҳи маъданҳои металлҳои ранга - мис, молибден, қурғошим, руҳ, қалъагӣ, алюминнй мебошанд. Аз чунин маъданҳо Вi, Ge, Gа, In, Re, Se, Те, Tl, Cd ҳосил мекунанд. Германийро инчунин аз ангиштсангҳои бур, гафний ва рубидийро ҳангоми коркарди маъданҳои металлҳои нодир ва ванадийро аз маъданҳои оҳан ва титан низ ҳосил мекунанд. Ин металлҳои нодирро бисёр вақт пароканда меноманд. Минералҳои онҳо фавқулкам буда, ҷамъшавии саноатиро ташкил намедиҳанд.

8. Бо қадри азхудкунии манбаъҳои ашёи хоми металлҳои нодир хелҳои конҳо, ки нақши асосиро дар таркиби захираҳо ва истихроҷи онҳо бозидаанд, тағйир меёфтанд. Минералҳои аксарияти металлҳои нодир (Li, Cs; Ве, Nb, Та) дар пегматитҳо ё ин, ки пошхурдаҳо (Nb, Та, ТR, Zr) кашф гардиданд. Аз миёнаи солҳои 50-уми асри XX сар карда, нақши асосӣ дар истихроҷи ниобий ва унсурҳои нодирзамин ба карбонатитҳо ва қишри бодхӯрдашудаи онҳо гузашт, аз солҳои 80-ум бошад, ҷойи асосиро дар таркиби захираҳои тантал ва унсурҳои нодирзамини гурӯҳи иттрий гранитҳои ишқорӣ ишғол менамоянд. Сохти геологӣ ва хусусияти ин хелҳои конҳои металлҳои нодир қатъиян фарқият доранд.

9. Пегматитҳои металлҳои нодир ин ҷинсҳои кӯҳии асосан аз кристалҳои калони кварс ва шпати саҳроӣ иборатбуда мебошанд. Пегматитҳо дар шакли лонаҳо, рагҳо ва линзаҳо хобида, ба дарозии садҳо метр, баъзан то якчанд километр бо бари то 100 м мерасанд. Барои пегматитҳои металлҳои нодир сохти минтақавӣ бо ҷамъшавии ҷудогонаи минералҳои дорои металлҳои нодир - поллутсит, лепидолит, сподумен, берилл хос аст. Конҳои пегматитҳо асосан захираҳои калон надоранд: ҳазорҳо тонна тантал, ниобий, бериллий, рубидий, даҳҳо ҳазор тонна сезий, садҳо ҳазор тонна литий. Новобаста ба ин, то аввалҳои солҳои 60-ум маҳз дар онҳо 100 фоизи захираҳои литий, бериллий, сезий ва рубидий, 95 фоизи тантал, 25 фоизи ниобий муайян гардида, маҳз чунин конҳо ҳамчун манбаи асосии истихроҷи ин металлҳо истифода мешуданд. Барои сезий ва рубидий пегматитҳо имрӯз ҳам манбаи ягонаи ашёи хоми дорои аҳамияти саноатӣ ба ҳисоб мераванд.

10. Минералҳои металлҳои нодири ба бодхӯрдашавии физикию кимиёви устувор дар пошхӯрдаҳо (россипҳо) ҷамъ мешаванд. Сарфи назар аз файзнокии пасти минералҳои вазнин (одатан 5-15 фоиз дар қумҳои кварсӣ) пошхӯрдаҳо бо усули содда ва арзон коркарди фоидаовар карда мешаванд.

11. Карбонатитҳо маҳсули булӯршавии (кристализатсияи) гудозаҳои умқии карбонатҳо (магмаҳо) мебошанд. Конҳои карбонатитҳо (Lа, Се, Рг, Nd) ва қишри бодхӯрдашудаи онҳо (Nb) баъди ҷанги дуюми ҷаҳон, вақте ки майлу рағбат ба истифодаи металлҳои нодир бошиддат афзуд, кашф ва иктишоф карда шуданд. Дар муқоиса бо пегматитҳо ва пошхӯрдаҳо ин конҳо хеле калон ва бой мебошанд.

12. Конҳои калони комплексии металлҳои нодир дар хоросангҳои (гранитҳои) аз металлҳои ишқорӣ бой дар солҳои 50-уми асри XX кашф шуданд. Конҳои хоррсангҳои ишқорӣ бо маҷмӯи доимии канданиҳои фоиданок ва устувории файзнокии онҳо тавсиф карда мешаванд. Хоросангҳои ишқории металлҳои нодирдор манбаи конҳои калони тантал ва унсурҳои нодирзамини гурӯҳи иттрий, инчунин конҳои калонтарини сирконий мебошанд.

13. Бо ҳамин асос, тағйири сохтори базаи ашёи хом ва истихроҷи ашёи металлҳои нодир дар самти аз конҳои хурд ба конҳои бузург ва хеле бузург равона гардид, ки имрӯз нақши пешбарандаро дар сохтори истихроҷи ашёи металлҳои нодир дар ҷаҳон мебозанд. Ба таври назаррас меъёри дигари асосии арзёбии сифати конҳо - файзнокии қисматҳои фоиданок дар маъдан низ зиёд гардид. Дар байни конҳои металлҳои нодир имрӯз объектҳое мавҷуданд, ки аз рӯи ин нишондиҳанда на танҳо ба маъданҳои коркардшавандаи металлҳои ранга, балки ба металлҳои сиёҳ ҳам наздик мешаванд. Аз рӯи сатҳи истифодаи ҳозира ва пешбинишуда саноати ҷаҳон ба садҳо сол бо захира ва манбаъҳои аксарияти металлҳои нодир таъмин мебошад.

14. Айни замон, дар қаъри замин захираҳои ашёи хомро дар муқоиса бо сатҳи истифодаи ҳозиразамони онҳо барои аксарияти металлҳои нодир беканор ҳисобидан мумкин аст. Хелҳои нави конҳои металлҳои нодир ва объектҳои нав нисбатан ба наздикӣ кашф гардиданд ва ба геологҳо лозим меояд, ки бо мақсади зиёд намудани ин кашфиётҳо, аз ҷумла дар ҳудуди Тоҷикистон, иловатан қонунияти ташаккул ва ҷойгиршавии онҳоро омӯзанд.

15. Дар Тоҷикистон ба истеҳсоли маҳсулоти металлҳои нодир Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Комбинати фузулоти нодири Ленинобод", Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Тамохуш - Исфаринский гидрометаллургический завод" ва Корхонаи воҳиди давлатии "Востокредмет" машғул буданд, ки айни замон то 10 - 15 фоизи иқтидори истеҳсолиашон кор мекунанд.

16. Дар асоси таҳлил ва арзёбии ҳолати базаи ашёи минералии ҷумҳурӣ Барномаи давлатии омӯзшли геологии захираҳои металлҳои нодир барои солҳои 2016 - 2026 (минбаъд - Барнома) таҳия карда шуд.

17. Дар Барнома масъалаҳои ҷустуҷӯ, иктишоф ва баҳодиҳии захираҳои металлҳои нодир дар пегматитҳо баррасӣ гардида, нақшаи марҳилавии корҳои иктишофи геологии ба имкониятҳои хадамоти геологии Тоҷикистон ҷавобгӯ тартиб дода шудааст.

18. Фармоишгари корҳои дар Барнома пешбинишуда Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, мақоми иҷроияи ин корҳо Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Саридораи геология) мебошад.

19. Дар Барнома вазъи кунунии омӯзиши геологии тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ вобаста ба металлҳои нодир то соли 2014 таҳлил карда шуда, самтҳои корҳои иктишофи геологӣ ва натиҷаҳои чашмдоштшаванда муайян гардидаанд. Инчунин,- бо мақсади сари вақт, самаранок ва хушсифат иҷро намудани вазифаҳои гузошташуда манбаъҳои молиявӣ ва таҷҳизонии техникии соҳа баррасӣ карда шудаанд.

2. Мақсад ва вазифаҳои Барнома

20. Мақсади асосии Барнома тавсеаи базаи ашёи минералии металлҳои нодир, дар асоси он барқароркунии корхонаҳои кӯҳию маъдантозакунии металлҳои нодир ва ташкили корхонаҳои нави маъдантозакунӣ мебошад.

21. Барои ноил гаштан ба ин мақсад дар Барнома иҷрои вазифаҳои муҳими зерин пешбинӣ шудааст:

- амалӣ кардани чорабиниҳое, ки ба таъмини эҳтиёҷоти иқтисодиёти давлат бо захираҳои ашёи минералӣ равона шудаанд;

- ба таври комплексӣ ва марҳила ба марҳила омӯхтани қаъри замин бо мақсади тавсеаи базаи ашёи минералии металлҳои нодир; - таъмини афзоиши захираҳои иктишофшудаи металлҳои нодир;

- таъмин намудани корҳои иктишофи геологӣ бо маводҳои моддию техникӣ.

22. Барнома имкон медиҳад, ки лоиҳаҳои мушаххаси омӯзиши майдон ва зуҳуроти металлҳои нодири ҷумҳурӣ таҳия ва маблағгузорӣ карда шаванд.

3. Маблағгузории Барнома

23. Иҷрои Барномаи мазкур пеш аз ҳама ба ташкили механизми маблағгузорӣ вобастагӣ дорад. Маблағгузории Барнома аз ҳисоби Буҷети давлатӣ ва сармоягузорони ватанию хориҷӣ пешбинӣ гардидааст. Аз ҳисоби Буҷети давлатӣ маблағгузории корҳои омӯзиши геологии майдонҳои металлҳои нодир бояд чунин сурат гирад, ки ноил гардидан ба мақсадҳои дар Барнома муайяншуда ва ҳалли вазифаҳои гузошташударо таъмин намояд. Барои ин маблағгузорӣ бо тарзи пешпардохти кварталӣ зарур аст.

24. Дар Барнома тақсимоти маблағҳо аз Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои объектҳои мушахассе, ки пештар дар онҳо корҳо оғоз гардиданду анҷоми мантиқии худро тақозо менамоянд, инчунин маблағҳо барои объектҳои ашёи минералӣ, ки вақтҳои наздик аз ҷониби истифодабарандагони қаъри замин дархост карда мешаванд, пешбинӣ гардидааст (замимаҳои 4 ва 5).

25. Пешбурди корҳои иктишофи геологӣ аз ҳисоби Буҷети давлатӣ то марҳилаи иктишофи қаблӣ пешбинӣ шудааст, ҳамзамон пешниҳод мегардад, ки барои ба охир расонидани корҳо оид ба тайёр кардани конҳо барои азхудкунии саноатӣ хароҷот ба зиммаи истифодабарандагони қаъри замин гузошта шавад.

26. Маълумот дар бораи ҳаҷми маблағгузорӣ, тақсим ва манбаҳои он умуман ва тақсимбандӣ ба солҳо дар бобҳои минбаъдаи Барнома муайян карда шудаанд.

4. Вазъи омӯзиши геологии металлҳои нодир дар Тоҷикистон

27. Омӯзиши мақсадноки геологии металлҳои нодир дар Тоҷикистон солҳои 40-ум бо коркарди яквақтаи танаҳои ҷудогонаи пегматитҳо дар ҳудуди қаторкӯҳи Туркистон оғоз гардида, баъдан солҳои 60 - 70-и асри XX омӯзиши ҷинсҳои ишқорӣ давом ёфтанд.

28. Айни замон, дар тарози захираҳои канданиҳои фоиданоки Тоҷикистон металлҳои нодир ба қайд гирифта нашудаанд. Ҳамзамон ба ҳар се нуқтаи маъдании металлҳои нодир як зуҳурот рост меояд, ки аз онҳо 10-тоаш ояндадор ҳисобида мешаванд. Инҳо зуҳуроти Гапиров, Александров, Зорбурулгок, Хаданго, Ванҷруд, Ясногор, Родник, Тутек, Самжон, Ҷиндон мебошанд.

29. Маъданҳои тантал ва ниобий фақат дар ду минтақаи иқтисодии геологӣ: Марказӣ ва Ҷанубу Шарқӣ (Помир) маълуманд. Ҳудуди минтақаи аввал, ба ғайр аз қисми шарқиаш, пурра бо аксбардории калонмиқёс фаро гирифта шуда, дар минтақаи дуюм аксбардории геологии миқёси 1:50000 танҳо дар ҳудуди 15 фоизи он гузаронида шуда аст.

30. Минтақаи иқтисодии геологии Марказӣ. Сарҳади шимолии он аз қаторкӯҳи Туркистон гузашта, сарҳади ҷанубиаш бо дарёҳои Қизилсу, Сурхоб, Элоқ бо қисми ҷанубии доманаи қаторкӯҳи Ҳисор мегузарад. Дар ҳудуди он қаторкӯҳҳои Зарафшон ва Қаротегин низ ҷойгиранд. Манбаи асосии об дарёи Зарафшон бо шохобҳояш (Қарокӯл, Яғноб) ва дарёи Сурхоб бо шохобҳояш (Ғориф, Дубурса) мебошанд. Баландии миёнаи қаторкӯҳҳо 3000-3500 метрро ташкил дода, баландии мутлақи он 45005500 метр аст. Ҳудуди ғарбии ин минтақа аз ҷиҳати иқтисодӣ бисёртар тараққӣ ёфта, маҳалҳои асосии аҳолинишин шаҳрҳои Душанбе, Турсунзода, Панҷакент, Ваҳдат, инчунин ноҳияҳои Айнӣ, Ҳисор, Ғарм, Нуробод, Ҷирғатол ва Кӯҳистони Мастчоҳ мебошанд.

31. Манбаи сӯзишвории энергетикӣ конҳои ангиштсанги "ФонЯғноб" ва "Назарайлоқ" мебошанд.

32. Зуҳуроти металҳои нодир дар шарқи минтақа, дар минтақаи камтар азхудкардашуда ва душворгузари он ҷойгир шудаанд. Дар натиҷаи гузаронидани омӯзиши геологӣ 15 майдон ҷудо гардидааст. Ба инҳо майдонҳои пегматитдори Қаросу, Ағбасой, Пайрон, Рохшиф, ТроСамҷон, Ҷиндон-Дакоданг, Назарайлоқ, Иштансалдин, Ёрмазор, Ёсуман, Барзангӣ, Камарсу, Хонақо, Войдара ва Хочилдиёр дохил мешаванд. Тавсифи пурраи ин майдонҳо дар замимаи 1 оварда шудааст.

33. Минтақаи иқтисодии геологии Ҷанубу Шарқӣ. Қисми ғарбӣ ва шарқии минтақа барои металлҳои нодир нисбатан ояндадор ба ҳисоб мераванд. Сарҳади шимолии минтақа шартан бо водии дарёи Бартанг гузаронида шуда, сарҳади ҷанубӣ бо сарҳади давлатии Тоҷикистону Афғонистон рост меояд. Каторкӯҳҳои асосии минтақа Рӯшон, Шуғнон, Ишкошим, Шохдара, Вахон, Музкол, Аличури Шимолӣ ва Ҷанубӣ мебошанд. Манбаи оби минтақа дарёҳои Бартанг, Ғунд ва Шохдара мебошад, ки ба дарёи Панҷ ҳамроҳ мешаванд.

34. Дар натиҷаи дар солҳои 1958 - 1994 гузаронидани омӯзиши геологӣ ба ғайр аз майдони пегматитии Намангут боз 13 майдон кашф шуданд, ки нисбати мавҷудияти захираҳои саноатии тантал, ниобий, бериллий, тсезий, литий, қалъагӣ ва унсурҳои нодирзаминӣ гурӯҳи ояндадор буда, аҳамияти стратегӣ доранд. Ба онҳо майдонҳои пегматитдори Колхозобод - Таглиххас, Пиш - Хидорҷев, Вездара, Курустики Марказӣ, Курустики Асосӣ, Порҷуз, Шевчор, Ясногор, Агаҷон, Шазуд - Дӯзахдара ва Боғчагир дохил мешаванд.

35. Майдони пегматитии Колхозобод - Таглиххас дар нишебии шимолу ғарбии каторкӯҳи Шуғнон ҷойгир буда, масоҳаташ 15 км2-ро ташкил медиҳад. Дар ҳудуди ин майдон 335 танаҳои пегматитии намуди гуногун муайян шудаанд. Ғафсии танаҳои пегматитӣ аз 1 то 60 метр, дарозиашон бошад 20 - 650 метр ташкил медиҳанд. Файзнокии тантал (Та2O5) аз 0,02 то 0,029 фоиз (файзнокии миёна 0,024 фоиз), бериллий (Вi2O5) аз 0,044 то 0,054 фоиз тағйир меёбад.

36. Майдони пегматитии Пиш - Хидорҷев аз ҷанубу ғарб ба шимолу шарқ тӯл кашида, дарозиаш 55 км ва бараш 3-4 км-ро ташкил медиҳад. Дар ҳудуди ин майдон 453 рагҳои пегматитӣ муайян шудааст, ки аз ҳама хубтар омӯхташудааш минтақаи Пиш - Хидорчев аст. Ин минтақа дар қуллаи қаторкӯҳи Вахон ҷойгир мебошад. Дар майдони 4 км2 85 рагҳои пегматитии намуди гуногун муайян карда шудаанд. Рагҳои пегматитӣ гуногуншакл буда дарозиашон аз 5 то 350 метр ва ғафсиашон 2 - 50 метрро ташкил медиҳанд. Рагҳо чунин файзноки доранд (фоиз): окиси бериллий0,042 - 0,55, пентаокиси ниобий - 0,005 - 0,006, пентаокиси тантал - 0,005, окиси литий - 0,57, окиси рубидий - 0,06.

37. Майдони пегматитии Вездара дар ҳудуди ноҳияи Рӯшон, дар болооби шохоби чапи дарёи Вездара ҷойгир мебошад. Дар сохти геологии майдон таҳшинҳои метаморфӣ, кварситҳо ва регсангҳои кварсӣ иштирок менамоянд. Дар ҳудуди ин майдон 13 рагҳои пегматитии металлҳои нодирн ду шакла: мусковит-албитӣ бо сподумен ва сподумен-албитӣ муайян шудаанд. Рагҳои пегматитӣ гуногуншакл буда, ғафсиашон аз 6 то 60 метр, дарозиашон аз 25 то 350 метрро ташкил медиҳанд. Рагҳо чунин файзнокӣ доранд (фоиз): дар пегматитҳои мусковит-албитӣ - пентаокиси тантал - 0,003 - 0,008, пентаокиси ниобий - 0,006 - 0,007, окиои бериллий0,01 - 0,062 ва дар пегматитҳои сподумен-албитӣ - пентаокиси тантал 0,003 - 0,07, пентаокиси ниобий - 0,003 - 0,009, окиси литий - 0,006 - 0,78.

38. Майдони пегматитии Курӯстик дар нишебиичапи водии дарёи Курустик ҷойгир мебошад. Минтақаи Асосӣ дар қисми ҷанубу шарқии шохаи кӯҳи Оқбур, дар қисми болоии соҳили чапи дарёи Сулюҷилга, ки шохоби чапи дарёи Курустик мебошад, ҷойгир шудааст. Дар минтақа ду намуди дегматитҳо: албитӣ ва лепидолит - албитӣ бо ғафсии аз 0,5 то 2,53 метр ҷудо карда шудаанд, ки аз 10 то 25 - 30 метр тул мекашанд. Дар минтақа 47 рагҳои пешатитии гуногуншакл бо файзнокии миёнаи пентаокиси тантал - 0,02 фоиз, пентаокиси ниобий - 0,012 фоиз, окиси литий - 0,026 фоиз, окиси рубидий - 0,023 фоиз муайян шуданд. Захираҳои пешакии пентаокиси тантал - 21,8 тонна, пентаокиси ниобий - 11,1 тонна, окиси рубидий - 76,1 тоннаро ташкил медиҳанд.

39. Майдони пегматитии Порҷуз дар болооби дарёи Порҷуз воқеъ мебошад. Дар он 6 раги пегматити металлҳои нодири шакли мусковиталбитӣ бе сподумен ва бо сподумен муайян карда шудаанд. Пегматитҳо рагмонанд ва линзамонанд бо регсангҳои метаморфию варақсангҳо мутаносиб хобидаанд. Ғафсии ҷинсҳои маъданӣ аз 1,5 - 6 метр то 2060 метр бо дарозии аз 25 - 70 то 250 - 300 метр мебошад. Минералҳои металлҳои нодир аз манган - танталит, колумбит - танталит, касситерит, бериллии натрийдор, амблигонит - монтебразит ва камтар сподумен иборат мебошанд. Файзнокии пентаокиси тантал - 0,017 - 0,02 фоиз, ниобий - то 0,01 фоиз буда, захираҳои пентаокиси тантал пешакӣ то 200220 тонна баҳо дода мешавад.

40. Майдони пегматитии Ясногор дар миёнаоби дарёи Ҷалан, шохоби рости дарёи Сасиксу, дар байни гнейсҳои биотитӣ ва биотитшпати саҳроӣ ҷойгир шудаанд. Рагҳои пегматитӣ дорои танталит, колумбит, фергюсонит, самарскит, пирохлори сиркон, литий ва бериллийи дона - донаи маҳин мебошанд. Файзнокии пентаокиси тантал аз 0,01 то 0,056 фоиз; пентаокиси ниобий - 0,02 - 1,35 фоиз; металлҳои нодирзамин0,01-3 фоиз; сирконий то 1 фоиз мебошад. Захираҳои ояндадори пентаокиси тантал 225 тонна, пентаокиси ниобий 2700 тоннаро ташкил медиҳанд.

41. Майдони пегматитии Агаҷон дар болооби дарёи Агаҷонҷилга ҷойгир аст. Дар ҳудуди майдон дар байни регсангҳои кварситмонанд 5 рагҳои пешатитии тахтасанг ва линзамонанд муайян шудаанд. Ғафсии рагҳо аз 7 то 25 метр тағйир ёфта, дарозиашон аз 50 то 300 метр тағйир меёбанд. Пегматитҳо пенталит - микроклинӣ буда, минералҳои металлҳои нодир дар баробари пенталит бо танталит, колумбит - танталит ва берилл алоқаманд мебошанд. Дар рагҳои пегматитӣ пентаокиси тантал бо файзнокии миёнаи 0,0174 фоиз мавҷуд мебошад.

42. Майдони пешатитии Шазуд - Дӯзахдара 102 км шарқтар аз шаҳри Хоруғ, дар мавзеи дарёҳои Ғунд ва Тоқузбулоқ ҷойгир мебошад. Ҳудуди майдон бо баландиҳои мутлақи 3150 - 4600 метр 21 км2 ташкил медиҳад. Майдони маъдандор ба пайдоишҳои ултраметаморфогении комплекси Бачор (Т3) вобаста аст. Маъдани металлҳои нодир дар метасоматитҳои гранитоидӣ ба намуди танаҳои линза ва қабатшакл маҳдуд гардидаанд. Ғафсии танаҳои маъдандор дар метасоматитҳо 0,530 метр (ғафсии миёна 2 метр), дарозиашон то 100 метр (дарозии миёна 50 метр) буда, бо паҳноии 1,2 км ба дарозии 7 км паҳн шудаанд. Файзнокии унсурҳои нодирзамин, аслан гуруҳи тсерий, то 6,1 фоиз мерасад. Дар рагҳои кварсӣ ҷамъшавии баланди пентаокиси тантал то 0,022 фоиз, пентаокиси ниобий то 0,025 фоиз, иттрий то 0,2 фоиз ва торий то 0,952 фоиз муайян карда шудаанд. Ҷамъи ғафсии танҳо бо минерализатсияи нодирзаминӣ 200 метр мебошад. Захираҳо бо дарназардошти паҳншавии нобаробари метасоматнтҳо то жарфи 500 метр ва дарозии 6700 метр арзёбӣ гардидаанд. Захираҳои пешбинишуда бо файзнокии унсурҳои нодирзамин 0,3 фоиз; пентаокиси тантал 0,005 фоиз; иттрий 0,0075 фоиз аз рӯи категорияи Р2 - 450 млн. тонна мебошанд. Ҳамин тавр, захираҳои унсурҳои нодирзамини гурӯҳи тсерий -1,4 ҳаз. тонна, пентаокиси тантал - 22,5 ҳаз.тонна, иттрий - 33,8 ҳаз. тоннаро ташкил медиҳанд.

43. Майдони пегматитии Боғчагир дар байни дарёҳои Аличур ва Сулу - Тағарқақӣ ҷойгир шуда, бо комплекси гранитоиди помир-шуғнони интрузиви Яшилкул вобаста аст. Дар масоҳати майдон ду минтақа ҷудо карда шудаанд: минтақаи Кунтумиш дар водии дарёи Кунтумиш наздикии резиши ин дарё ба дарёи Сулу - Тағарқақӣ. Дар майдони 28 км2 зиёда аз 50 ҷинсҳои пегматитии тахтасангмонанд муайян карда шудаанд. Минерализатсияи металлҳои нодир дар пегматитҳо бо минтақаҳои албитизатсияшавӣ вобаста буда, аслан аз зарраҳои хурда берилл ва колумбит - танталит иборат мебошанд. Файзнокии металлҳо чунин аст (фоиз): окиси бериллий 0,007 - 0,014 (миёна 0,07), пентаокиси тантал 0,002 - 0,004 (миёна 0,003), пентаокиси ниобий 0,003-0,007 (миёна 0,004) ва окиси литий до 1 фоиз. Минтақаи Ортабуз дар нишебии рости водии дарёи Суулу-Тағарқақӣ дар майдони 23 км2 ҷойгир буда, аз 70 рагҳои қабатмонанди пегматит ва аплит - пегматитҳо иборат мебошад. Ғафсии рагҳо аз - 0,1 то 25 метрро ташкил медиҳанд. Минерализатсияи металлҳои нодир аслан бо микроклини албитнок вобаста аст. Дар 30 рагҳои омӯхташуда файзнокии (фоиз) пентаокиси тантал 0,006 - 0,007 (миёна 0,007), пентаокиси ниобий 0,003 - 0,004 (миёна 0,003) ва окиси литий то 1 фоизро ташкил медиҳад.

5. Тавсифи манбаъҳои ашёи минералӣ дар минтақаҳо

44. Вилояти Суғд. Қаъри замини вилояти Суғд аз канданиҳои фоиданоки гуногун ниҳоят бой мебошад. Дар ҳудуди вилоят (26,1 ҳаз. км2) конҳои сурб ва руҳ, висмут, молибден ва волфрам, сурма, стронсий, тилло, нуқра, оҳан, қалъагӣ, симоб, ангиштсанг, нафт ва газ, намаки ошӣ, флюорит, санги сохтмонӣ ва дигар намудҳои ашёи минералӣ барои индустрияи сохтмон, обҳои зеризаминии ошомиданӣ, минералӣ, термалӣ ва саноатӣ, озокерит ва сангҳои заргарӣ муайян гардидаанд. Бо ин заминаи ашёию минералӣ дар вилоят соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ташкил гардидаанд ва рушд меёбанд, аз ҷумла кӯҳию маъданӣ, сузишворӣ, энергетикӣ, сохтмонӣ, хоҷагии деҳот, коркарди санг ва ғайра. Доираи ҷойгиршавии ҷуғрофӣ корхонаҳое, ки ашёи минералиро истифода мебаранд, васеъ гардида, имрӯз он қариб ҳамаи ноҳияҳои вилоятро фаро мегирад.

45. Вилояти Хатлон. Солҳои гузашта дар ҳудуди вилояти Хатлон (24,6 ҳаз.км2) конҳои гуногуни ашёи минералӣ - нафт ва газ, намаки ошӣ, маводи сохтмонӣ, ашё барои истеҳсоли семент, обҳои минералӣ ва гарм, маъданҳои сурбу руҳ, стронсий, тиллои пошхӯрда ва дигар намудҳои ашёи минералӣ, ки дар саноат ва хоҷагии халқи ҷумҳурӣ истифода мешаванд, кашф шуданд. Вазъи кунунии заминаи ашёи минералии иқтисодиёти вилоят, чун дар тамоми ҷумҳурӣ, нисбат ба эҳтиёҷоте, ки марҳилаи имрӯзаи рушди истеъмолӣ тақозо менамояд, ақиб мондааст. Аз ин рӯ давом додани корҳои ҷустуҷӯи ва иктишофи геологии намудҳои ашёи минералӣ, ки барои хоҷагии халқ ва саноат афзалиятнок мебошанд, зарур аст.

46. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон. Дар ҳудуди вилоят (63,7 ҳаз.км2) дар солҳои гуногун конҳо ва зуҳуроти ояндадори 23 намуди канданиҳои фоиданок, аз ҷумла оҳан, марганс, мис, тиллои таҳҷоӣ, қалъагӣ, волфрам, ашёи аз гилхок (оксиди алюминий) бой, инчунин гилҳо барои истеҳсоли хишт, ашёи сементӣ, зуҳуроти ояндадори нуқра, кони калонтарини ашёи боросиликатӣ, намак, молибден, висмут, асбест, ашё барои истеҳсоли оҳак, аглопоритва васлкунандаи ғайрисементӣ, керамзит, регу шағал ва рег муайян ва иктишоф гардидаанд. Ғайр аз ин дар ҳудуди вилоят обҳои зиёди минералӣ ва термалӣ мавҷуданд.

47. Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ. Омӯзиши геологии муттасили ҳудуди ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ аз соли 1932 оғоз гардидааст. Аз ҳамин давра то имрӯз дар ин ҳудуд (28,7 ҳаз.км2) конҳои гуногуни канданиҳои фоиданок - ашё барои истеҳсоли семент, маводи сохтмонӣ, обҳои минералӣ ва термалӣ, конҳои пегматитҳои хрусталдор ва қалъагидор, оҳан (магнетит), волфрам, қалъагӣ, таилло, сурб, руҳ, флюорит, маъданҳои радиоактивӣ, алюминий, фосфорит, гилҳои ба оташ тобовар, регсангҳои кварсӣ, ангишт (сангин ва антрасит) ва ғайра кашф гардиданд.

Бисёре аз намудҳои номбаршудаи канданиҳои фоиданок ҳамчун заминаи ашёӣ дар корхонаҳои амалкунандаи маъдантозакуии кӯҳӣ ва дигар корхонаҳои саноатӣ истифода бурда мешаванд. Бояд зикр кард, ки захираҳои ашёи минералии ҳудуди тавсифшаванда ҳанӯз дар саноат ва хоҷагии халқ пурра истифода карда намешаванд.

6. Фондҳои асосӣ, таҷҳизоти техникӣ ва заминаи лабораторӣ

48. Гузаронидани корҳои иктишофии геологӣ, сари вақт, самаранок ва хушсифат иҷро намудани вазифаҳои дар Барнома гузошташуда аз бисёр ҷиҳат ба дараҷаи таҷҳизонии техникии соҳа алоқаманд мебошад. Аз ин рӯ, бояд таҷҳизот, воситаҳои нақлиёт ва техникаи заминкобӣ мунтазам нав карда шаванд. Навсозии воситаҳои асосӣ (таҷҳизот, воситаҳои нақлиёт ва техникаи заминкобӣ, ки ҳангоми марҳилаҳои ҷустуҷӯӣ ва ҷустуҷӯию арзёбии корҳои иктишофии геологӣ истифодашаванда) ҳам аз ҳисоби маблағҳои Буҷети давлатӣ, бо роҳи ҳар сол ҷудо намудани маблағҳо аз рӯи моддаи "маблағгузории асосӣ", ҳам аз ҳисоби манбаъҳои дигаристифодаи маблағҳои сармоягузорон, ҷалби грантҳои байналмилалӣ (асосан барои хариди таҷҳизоти лабораторӣ, техникаи компютерӣ ва таъминоти барномавии онҳо) имконпазир мебошад (замимаи 2).

49. Таҷҳизоти лабораторӣ инчунин ба навсозӣ ва таъмир эҳтиёҷ доранд. Таҷҳизоти мавҷуда ҳаматарафа кӯҳна шудаанд ва таъмири таҷҳизоти нуқсондор имкон надорад, зеро онҳо аз истеҳсолот бардошта шуда, қисмҳои такмилӣ ва эҳтиётии онҳо мавҷуд нест. Аз ин рӯ, хариди таҷҳизоти лаборатории нави дақиқи муосир мувофиқи мақсад аст (замимаи 3).

7. Самти корҳои иктишофии геологӣ ва натиҷаҳои пешбинишаванда

50. Корҳои ҷустуҷӯӣ ва ҷустуҷӯию арзёбии металлҳои нодир ва унсурҳои ҳамсафар (унсурҳои нодирзамини гуруҳи тсерий) марҳила ба марҳила гузаронида шуда, аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ маблағгузорӣ мешаванд.

51. Дар Барнома асосноккунии захираҳо (Р3, Р2) бо дарназардошти намудҳои саноатию геологии зуҳурот ва дараҷаи ояндадории онҳо муайян арзёбй карда шудаанд.

52. Мувофиқи Барнома дар навбати аввал гузаронидани корҳои ҷустуҷӯии миқёси 1:25000 бо арзёбии захираҳо ва баъдан гузаронидани корҳои ҷустуҷӯию арзёбӣ бо ҳисоби захираҳои категорияҳои С2 ва Р1 ба нақша гирифта шудааст.

53. Корҳои ҷустуҷӯӣ дар се майдони пегматитдор: Шазуд Дӯзахдара, Назарайлоқ ва интрузияи Ходанго гузаронида хоҳанд шуд ва корҳои ҷустуҷӯию арзёбӣ бошад, дар зуҳуроти Намангут, Гапиров ва Ясногор ба нақша гирифта шудаанд.

54. Ҳаҷми маблағҳои зарурӣ ва тақсимоти солонаи он дар замимаҳои 4 ва 5 оварда шудаанд.

Замимаҳои 1-5