Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2015 № 591 "Дар бораи Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо мақсади тақвияти масъулияти хизматчии давлатӣ ва самаранокии идоракунии хизмати давлатӣ, инчунин ҷиҳати таҳкими обрӯю эътибори ниҳоди хизмати давлатӣ мувофиқи қисми 2 моддаи 7(1) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хизмати давлатӣ" ва моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" фармон медиҳам:

1. Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Роҳбарони мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, дигар мақомоти давлатӣ:

- ҷиҳати татбиқи Кодекси мазкур тадбирҳои зарурӣ андешанд;

- санадҳои ҳуқуқии худро ба талаботи фармони мазкур мутобиқ намоянд.

3. Назорати иҷрои фармони мазкур ва ҳамоҳангсозии фаъолияти комиссияҳо оид ба одоби хизматчии давлатии мақомоти давлатӣ ба Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шавад.

4. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2010, № 932 "Дар бораи Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз эътибор соқит дониста шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                             Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

3 декабри соли 2015 № 591