Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи масъалаҳои корхонаҳои фаръии обтаъминкунӣ ва канализатсияи Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ"
Мутобиқи моддаҳои 58, 59 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Корхонаи давлатии фаръии обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳри Турсунзода, корхонаҳои фаръии обу канализатсияи ноҳияҳои Рӯдакӣ, Шаҳринав, Ҳисор, Корхонаи фаръии давлатии обтаъминкунӣ, канализатсия ва гармидиҳии шаҳри Ваҳдати Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ" дар шакли муттаҳидсозӣ аз нав ташкил карда шуда, Корхонаи фаръии обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурии Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ" таъсис дода шавад.
2. Корхонаҳои давлатии фаръии обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳрҳои Исфара, Конибодом, Истиқлол, Қайроққум, Чкалов, инчунин ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Ашт ва Мастчоҳи Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ" дар шакли муттаҳидсозӣ аз нав ташкил карда шуда, Корхонаи фаръии обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳру ноҳияҳои минтақаи 1 вилояти Суғди Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ" таъсис дода шавад.
3. Корхонаи фаръии обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурии Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ" ва Корхонаи фаръии обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳру ноҳияҳои минтақаи 1 вилояти Суғди Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ", бо дарназардошти қарзҳои дебиторӣ ва кредиторӣ, ворисони ҳуқуқии корхонаҳои тибқи бандҳои 1 ва 2 қарори мазкур муттаҳидгардида муайян карда шаванд.
4. Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ" тибқи тартиби муқарраргардида:
- дар мувофиқа бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабулу супоридани амволи корхонаҳои дар бандҳои 1 ва 2 қарор зикргардидаро таъмин намояд;
- масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии Корхонаи фаръии обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурии Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ" ва Корхонаи фаръии обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳру ноҳияҳои минтақаи 1 вилояти Суғди Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ"-ро ҳал намояд;
- оинномаҳо, нақшаи молиявӣ, рӯйхати мансабҳои Корхонаи фаръии обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурии Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ" ва Корхонаи фаръии обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳру ноҳияҳои минтақаи 1 вилояти Суғди Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии майзилию коммуналӣ"-ро тасдиқ намояд.
5. Ба Рӯйхати иншооте, ки ба таркиби Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ" шомиланд, ки бо қарори Ҳукумати Ҳумҳурии Тоҷикистон аз 31 июли соли 2001, № 357 "Дар бораи Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ" тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
- бандҳои 2, 3, 4, 11, 14, 15, 23 ва 25 хориҷ гардида, рақамгузории бандҳои дахлдор иваз карда шаванд;
- сархатҳои нав бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
"- Корхонаи фаръии обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ;
Корхонаи фаръии обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳру ноҳияҳои минтақаи 1 вилояти Суғд.".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 5 декабри соли 2015
ш.Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О вопросах дочерних предприятий водоснабжения и канализации Государственного унитарного предприятия "Жилищно-коммунальное хозяйство"
В соответствии со статьями 58, 59 Гражданского кодекса Республики Таджикистан и статьей 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Преобразовать в форме слияния государственное дочернее предприятие водоснабжения и канализации города Турсунзаде, государственные дочерние предприятия водоканализации района Рудаки, Шахринавского, Гиссарского районов, Дочернее предприятие водоснабжения, канализации и теплоснабжения города Вахдат Государственного унитарного предприятия "Жилищно-коммунальное хозяйство" и создать Дочернее предприятие водоснабжения и канализации городов и районов республиканского подчинения Государственного унитарного предприятия "Жилищно-коммунальное хозяйство".
2. Преобразовать в форме слияния государственные дочерние предприятия водоканализации городов Исфара, Канибадам, Истиклол, Кайраккум, Чкаловск, а также Бободжон Гафуровского, Джаббор Расуловского, Аштского и Матчинского районов Государственного унитарного предприятия "Жилищно-коммунальное хозяйство" и создать Дочернее предприятие водоснабжения и канализации городов и районов региона 1 Согдийской области Государственного унитарного предприятия "Жилищно-коммунальное хозяйство".
3. Определить Дочернее предприятие водоснабжения и канализации городов и районов республиканского подчинения Государственного унитарного предприятия "Жилищно-коммунальное хозяйство" и Дочернее предприятие водоснабжения и канализации городов и районов региона 1 Согдийской области Государственного унитарного предприятия "Жилищно-коммунальное хозяйство", с учетом дебиторской и кредиторской задолженности правопреемниками предприятий, объединённых в соответствии пунктами 1 и 2 настоящего постановления.
4. Государственному унитарному предприятию "Жилищно-коммунальное хозяйство" в установленном порядке:
- по согласованию с Государственным комитетом по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан произвести приём-передачу имущества предприятий, указанных в пунктах 1 и 2;
- решить организационные и правовые вопросы Дочернего предприятия водоснабжения и канализации городов и районов республиканского подчинения Государственного унитарного предприятия "Жилищно-коммунальное хозяйство" и Дочернего предприятия водоснабжения и канализации городов и районов региона 1 Согдийской области Государственного унитарного предприятия "Жилищно-коммунальное хозяйство";
- разработать и утвердить уставы, финансовый план, штатное расписание Дочернего предприятия водоснабжения и канализации городов и районов республиканского подчинения Государственного унитарного предприятия "Жилищно-коммунальное хозяйство" и Дочернего предприятия водоснабжения и канализации городов и районов региона 1 Согдийской области Государственного унитарного предприятия "Жилищно-коммунальное хозяйство".
5. Внести в Список объектов, входящих в структуру Государственного унитарного предприятия "Жилищно-коммунальное хозяйство", утвержденный постановлением Правительства Республики Таджикистан от 31 июля 2001 года, №357 "О Государственном унитарном предприятии "Жилищно-коммунальное хозяйство", следующие изменения и дополнения:
- исключить пункты 2, 3, 4, 11, 14, 15, 23, 25 и заменить нумерацию соответствующих пунктов;
- дополнить новыми абзацами следующего содержания:
"- Дочернее предприятие водоснабжения и канализации городов и районов республиканского подчинения;
- Дочернее предприятие водоснабжения и канализации городов и районов региона 1 Согдийской области.".
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 5 декабря 2015 года, №754