Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2015 № 700 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007, №172 "Оид ба тасдиқи Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият (дар таҳрири нав)"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007, №172 "Оид ба тасдиқи Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият (дар таҳрири нав)"

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият (дар таҳрири нав), ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007, № 172 тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар сархати дуюми банди 7 боби 41 калимаҳои "дар идораҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ё сохторҳои дахлдори Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба расмият дароварда шудааст." ба калимаҳои "бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ (легализатсия) карда шудаанд ё апостил гузошта шудааст." иваз карда шаванд.

2. Дар сархати дуюми банди 4 боби 44 калимаҳои "нусхаи расмии" ба калимаҳои "иқтибоси тасдиқ (легализатсия) кардашуда ё апостил гузошташудаи" иваз карда шаванд.

3. Дар боби 54:

- дар сархати панҷуми банди 4 калимаи "муқарраргардида." ба калимаҳои "муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон." иваз карда шавад;

- дар сархати дуюми зербанди 1 банди 5 калимаҳои зерин илова карда шавад: "Ҳуҷҷати мазкур ҳатман бо тартиби муқарраргардида тасдиқ (легализатсия) карда мешавад ва ё апостил гузошта мешавад.".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                   Эмомалӣ Раҳмон

аз 27 ноябри соли 2015 № 700

ш.Душанбе