Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007, №172 "Оид ба тасдиқи Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият (дар таҳрири нав)"
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият (дар таҳрири нав), ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007, № 172 тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар сархати дуюми банди 7 боби 41 калимаҳои "дар идораҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ё сохторҳои дахлдори Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба расмият дароварда шудааст." ба калимаҳои "бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ (легализатсия) карда шудаанд ё апостил гузошта шудааст." иваз карда шаванд.
2. Дар сархати дуюми банди 4 боби 44 калимаҳои "нусхаи расмии" ба калимаҳои "иқтибоси тасдиқ (легализатсия) кардашуда ё апостил гузошташудаи" иваз карда шаванд.
3. Дар боби 54:
- дар сархати панҷуми банди 4 калимаи "муқарраргардида." ба калимаҳои "муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон." иваз карда шавад;
- дар сархати дуюми зербанди 1 банди 5 калимаҳои зерин илова карда шавад: "Ҳуҷҷати мазкур ҳатман бо тартиби муқарраргардида тасдиқ (легализатсия) карда мешавад ва ё апостил гузошта мешавад.".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 27 ноябри соли 2015 № 700
ш.Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О внесении изменений и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 3 апреля 2007 года, №172 "Об утверждении Положения об особенностях лицензирования отдельных видов деятельности (в новой редакции)"
В соответствии со статьей 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
Внести в Положение об особенностях лицензирования отдельных видов деятельности (в новой редакции), утвержденное постановлением Правительства Республики Таджикистан от 3 апреля 2007 года, №172, следующие изменения и дополнения:
1. В абзаце втором пункта 7 главы 41 слова "консульским учреждением Республики Таджикистан за рубежом или соответствующими структурами Министерства иностранных дел Республики Таджикистан." заменить словами "или апостилированный в установленном законодательством Республики Таджикистан порядке.".
2. Абзац второй пункта 4 главы 44 после слова "легализованную" дополнить словами "или апостилированную".
3. В главе 54: в пятом абзаце пункта 4 слова "установленных квалификационных требований." заменить словами "квалификационных требований, установленных Правительством Республики Таджикистан.";
- второй абзац подпункта 1 пункта 5 после слова "легализовать" дополнить словами "или апостилировать".
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 27 ноября 2015 года, №700