Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 ноябри соли 2015 № 662 "Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии тиббию генетикӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии тиббию генетикӣ"

Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон", моддаи 52 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии тиббию генетикӣ" дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.

2. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида масъалаҳои ташкилию ҳуқуқӣ ва молиявии Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии тиббию генетикӣ"-ро дар доираи маблағҳои пешбинишуда ва воҳидҳои кории амалкунанда ҳал намуда, санадҳои меъёрии ҳуқуқии худро ба қарори мазкур мутобиқ намояд.

3. Ба Номгӯи муассисаҳо ва ташкилотҳои системаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, № 148 "Дар бораи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии тиббию генетикӣ".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                   Эмомалӣ Раҳмон

аз 3 ноябри соли 2015 № 662

ш.Душанбе