Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 ноябри соли 2015 № 1243 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ"

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 15 октябри соли 2015, № 169

қабул гардидааст.

 

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 12 ноябри соли 2015, № 130

ҷониборӣ гардидааст.

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 2009 "Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2009, № 7-8, мод. 503; с. 2012, №4, мод. 277, №8, мод. 833) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Қисмҳои 7 ва 8 моддаи 9 хориҷ карда шаванд.

2. Ба Қонун моддаи 9(1) бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Моддаи 9(1). Санадҳои Ҷамоат

1. Ҷамоат дар доираи ваколати худ қарор қабул мекунад.

2. Қарорҳои Ҷамоат, ки дорои хусусияти умумиҳатмӣ мебошанд, бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумхурии Тоҷикистон ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои санҷиш ва бақайдгирии давлатӣ фиристода мешаванд.

3. Тартиби интишори расмӣ ва мавриди амал қарор додани санадҳои Ҷамоатро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

4. Қарорҳои Ҷамоат дар ҳудуди шаҳрак ва деҳот амал намуда, иҷрои онҳо барори шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳатмӣ мебошад.".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                              Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе

23 ноябри соли 2015 № 1243

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "ОБ ОРГАНАХ САМОУПРАВЛЕНИЯ ПОСЁЛКОВ И СЁЛ"

Принят Постановлением МН МОРТ

от 15 октября 2015 года,№ 169

Одобрен Постановлением ММ МОРТ

от 12 ноября 2015 года,№ 130

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 5 августа 2009 года "Об органах самоуправления посёлков и сёл" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2009 г., № 7-8, ст. 503; 2012 г., №4, ст. 277, №8, ст. 833) следующие изменения и дополнения:

1. Части 7 и 8 статьи 9 исключить.

2. Закон дополнить статьей 9(1) следующего содержания:

"Статья 9(1). Акты Джамоата

1. Джамоат в пределах своих полномочий принимает постановление.

2. Постановления Джамоата, имеющие общеобязательный характер, направляются в порядке, установленном нормативными правовыми актами Республики Таджикистан, в Министерство юстиции Республики Таджикистан для проверки и государственной регистрации.

3. Порядок официального опубликования и введения в действие актов Джамоата определяется Президентом Республики Таджикистан.

4. Постановления Джамоата действуют в пределах посёлков и сёл и их выполнение для физических и юридических лиц является обязательным.".

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан                 Эмомали Рахмон

г.Душанбе,

от 23 ноября 2015 года, № 1243