Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 майи соли 2003, №222
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоқикистон қарор мекунад:
Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 майи соли 2003, № 222 "Дар бораи тадбирҳои ташкили истеҳсоли ҳуҷҷатҳо ва варақаҳои баҳисобгириву ҳисоботи қатъӣ" тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд: - банди 1 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"1. Номгӯи замимагардидаи ҳуҷҷатҳо ва варақаҳои баҳисобгириву ҳисоботи қатъӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсол ва истифода мешаванд (замимаи 1), Талаботи низомӣ ба корхонаҳои истеҳсолкунандаи ҳуҷҷатҳо ва варақаҳои баҳисобгириву ҳисоботи қатъӣ (замимаи 2), Талаботи асосӣ оид ба таъмини баҳисобгирӣ ва ҳифзи маҳсулоти махсуси полиграфии баҳисобгириву ҳнсоботи қатъӣ (замимаи 3), Талаботи техникӣ ба маҳсулоти махсуси полиграфии баҳисобгириву ҳисоботи қатъӣ ва реквизитҳои онҳо (замимаи 4) ва Номгӯи корхонаҳои табъу нашри махсусгардонидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуҷҷатҳо ва варақаҳои баҳисобгириву ҳисоботи қатъиро истеҳсол мекунанд (замимаи 5) тасдиқ карда шаванд.";
- банди 2 хориҷ карда шуда, бандҳои 3, 4, 5 ва 6 мутаносибан бандҳои 2, 3, 4 ва 5 ҳисобида шаванд;
- дар банди 4 калимаҳои "Корхонаи воҳиди давлатии Комплекси табъу нашри "Шарқи озод"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти" ба калимаҳои "Вазорати фарҳанги" иваз карда шаванд;
- дар банди 6 калимаҳои "Вазорати амнияти" ба калимаҳои "Кумитаи давлатии амнияти миллии" иваз карда шаванд;
- ба қарор Замимаи 5 "Номгӯи корхонаҳои табъу нашри махсусгардонидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуҷҷатҳо ва варақаҳои баҳисобгириву ҳисоботи қатъиро истеҳсол мекунанд" илова карда шавад (замима мегардад).
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 1 августи соли 2015 № 503
ш.Душанбе
Номгӯи корхонаҳои табъу нашри махсусгардонидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуҷҷатҳо ва варақаҳои баҳисобгириву ҳисоботи қатъиро истеҳсол мекунанд
1. Корхонаи воҳиди давлатии Комплекси табъу нашри "Шарқи озод".
2. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Ганҷ - Нашриёт".