Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2015 № 495 "Дар бораи Тартиби гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.03.2018 № 81 аз эътибор соқит дониста шуд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Тартиби гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи банди 5 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 феврали соли 2014, № 138 "Дар бораи таъсиси Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Тартиби гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавиро ба тамоми муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста аз тобеияти идоравӣ ва шакли ташкилию ҳуқуқӣ, ба истиснои муассисаҳои таълимии мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, инчунин Муассисаи давлатии "Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов", мутобиқи талаботи Тартиби мазкур ба роҳ монад.

3. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи махаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати ҳалли масъалаҳои вобаста ба гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ чораҳои зарурӣ ва саривақтӣ андешанд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                    Эмомалӣ Раҳмон

аз 1 августи соли 2015 № 495

ш.Душанбе