Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Стандарти давлатии таҳсилоти умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 32 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Стандарти давлатии таҳсилоти умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти умумиро дар асоси Стандарти мазкур ба роҳ монанд.
3. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон стандартҳои фаннии таълимиро таҳия ва тасдиқ намуда, аз натиҷааш ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.
4. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2009, № 206 "Дар бораи тасдиқи Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 1 августи соли 2015 № 494
ш.Душанбе