Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 ноябри соли 2015 № 582 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2004, №1310"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2004, №1310

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" фармон медиҳам:

1. Замимаи банди 1 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2004, № 1310 "Дар бораи таъсиси Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сӯйистеъмоли маводи нашъадор" дар таҳрири нав ифода карда шавад (замима мегардад).

2. Ба Низомномаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сӯйистеъмоли маводи нашъадор, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2004, № 1310 тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

- ба банди 3 сархати даҳум бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"пешниҳод намудани таклиф дар бораи такмил додани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти пешгирии сӯйистеъмоли маводи нашъадор;";

- ба банди 4 сархатҳои панҷум, шашум, ҳафтум ва ҳаштум бо мазмуни зайл илова карда шаванд:

"таъсис додани гурӯҳи кории коршиносон аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои дахлдор бо мақсади омода кардани пешниҳодҳо оид ба натиҷаҳои баррасии масъалаҳо вобаста ба пешгирӣ ва мубориза ба муқобили паҳншавии сӯйистеъмоли маводи нашъадор;

ба ҷаласаҳои Шӯро даъват намудани намояндагони масъули вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ барои шунидани ҳисоботи онҳо вобаста ба масъалаҳои пешгирӣ ва мубориза ба муқобили паҳншавии сӯиистеъмоли маводи нашъадор;

тибқи тартиби муқарраргардида ба ҷаласаҳои Шӯро даъват намудани намояндагони ҳайати дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон, инчунин иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ доир ба масъалаҳои пешгирӣ ва мубориза ба муқобили паҳншавии сӯйистеъмоли маводи нашъадор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

тибқи тартиби муқарраргардида ҷалб намудани ташкилоту муассисаҳо, мутахассисон ва олимон барои иҷрои корҳои муайян оид ба масъалаҳои пешгирии сӯйистеъмоли маводи нашъадор;";

- боби шашум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"6. ТАШКИЛИ КОРИ ШӯРО

7. Ҷаласаҳои Шӯро на камтар аз як маротиба дар шаш моҳ ва ҷаласаҳои шӯроҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ дар мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи раисон, вале на камтар аз як маротиба дар се моҳ баргузор мегардад. Дар ҳолатҳои зарурӣ Шӯро метавонад ҷаласаҳои ғайринавбатии худро баргузор намояд. Шӯро тибқи нақшае, ки онро Раиси Шӯро тасдиқ менамояд, фаъолият мекунад.

8. Ба ҷаласаҳои Шӯро Раиси Шӯро раисӣ мекунад ва дар сурати ҳузур надоштани ӯ, раисии ҷаласа аз ҷониби яке аз муовинони Раиси Шӯро анҷом дода мешавад.

9. Ҷаласаи Шӯро ҳамон вақт салоҳиятнок ҳисобида мешавад, ки дар он аз нисф зиёди аъзои Шӯро иштирок дошта бошанд.

10. Қарорҳои Шӯро бо тариқи овоздиҳии кушод бо аксарият овозҳои аъзои Шӯро, ки дар ҷаласа иштирок доранд, қабул карда мешавад. Ҳангоми баробар будани овозҳо, овози раисикунандаи ҷаласа ҳалкунанда ҳисобида мешавад. Аъзои Шӯро ҳуқуқи додани ваколатҳои худро ба дигар аъзои Шӯро надорад.

11. Тағйир додани тартиби гузаронидани ҷаласаҳои Шӯро дар ҷаласаи навбатии Шӯро бо пешниҳоди аъзои Шӯро қабул карда мешавад.

12. Қарори Шӯро ба протокол ба расмият дароварда шуда, аз ҷониби Раис ва котиби Шӯро ба имзо расонида мешавад.

13. Нусхаи протокол ва иттилооти дигари марбут ба фаъолияти Шӯро дар муддати 10 рӯзи баъди гузаронидани ҷаласа ба маълумоти ҳамаи аъзои Шӯро ва дигар шахсони манфиатдор расонида мешавад.

14. Дар мавриди зарурат Шӯро метавонад тибқи тартиби муқарраргардида шахсони дигарро барои иштирок дар муҳокима ва баррасии масъалаҳои ҷаласа даъват намояд, вале шахсони мазкур дорои ҳуқуқи овоз намебошанд.

15. Мақоми корӣ барои расонидани кӯмаки машваратӣ ва амалӣ Шӯъбаи назорати муомилоти маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии "Маркази миллии мониторинг ва пешгирии нашъамандӣ"- и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, ки ба Шӯро, шӯроҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ оид ба масъалаҳои сӯйистеъмоли маводи нашъадор иттилооти заруриро пешниҳод менамоянд.

16. Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳангсозӣ ва арзёбии фаъолияти сохторҳои манфиатдорро вобаста ба пешгирии сӯйистеъмоли маводи нашъадор анҷом медиҳад.

17. Шӯроҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ оид ба ҳамоҳангсозии пешгирии сӯйистеъмоли маводи нашъадор ба Шӯро ҳисоботдиҳанда мебошанд.";

- банди 11 банди 18 ҳисобида шуда, дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"18. Бо қарори Шӯро аз ҳисоби кормандони масъули вазорату идораҳои дахлдор дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Котиботи Шӯро таъсис дода мешавад. Фаъолияти Котиботи Шӯро аз ҷониби котиби Шӯро - сардори Шӯъбаи назорати муомилоти маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва роҳбарӣ карда мешавад.";

- бандҳои 12 ва 13 мутобиқан бандҳои 19 ва 20 ҳисобида шаванд.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                    Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

14 ноябри соли 2015 № 582

Замима

ба фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 14 ноябри соли 2015, № 582

Ҳайати Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сӯйистеъмоли маводи нашъадор

Раиси Шӯро - муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарпарасти соҳа;

Муовини Раиси Шӯро - Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Муовини Раиси Шӯро - Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Котиби Шӯро - сардори Шӯъбаи назорати муомилоти маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Аъзои Шӯрои ҳамоҳангсозӣ:

Муовини Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Муовини Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Муовини сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Мудири бахши Раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Муовини Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Муовини Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Муовини Раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Муовини Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.