Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 августи соли 1997, № 366
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 августи соли 1997, № 366 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи фурӯши иншооти сохтмони нотамом ва комиссия оид ба масъалаҳои сохтмони нотамом" тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
- дар номи қарор калимаи "комиссияи" ба калимаҳои "Низомномаи Комиссия" иваз карда шавад;
- дар муқаддимаи қарор калимаҳои "татбиқи Барномаи" ба калимаи "идомаи" иваз карда шуда, калимаҳо ва рақамҳои "барои солҳои 19952000" хориҷ карда шаванд;
- дар бандҳои 3, 4 ва 5 қарор калимаҳои "Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Агентии давлатии омори назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ" мувофиқан ба калимаҳои "Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" иваз карда шаванд.
2. Ба Низомномаи фурӯши иншооти сохтмони нотамом, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 августи соли 1997, № 366 тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
- дар бандҳои 15, 19, 24, 28, 29, 30, 32, 33, 35 ва 36 Низомнома калимаҳои "ҳақ", "ҳаққи", "аҳднома", "амволии" ва "акти" мутаносибан ба калимаҳои "ҳуқуқ", "ҳуқуқи", "шартнома", "молу мулкии" ва "санади" иваз карда шаванд;
- дар банди 2 матни тоҷикӣ баъд аз калимаи "иншооти" калима "сохтмони" илова карда шавад;
- дар бандҳои 3 ва 6 калимаҳои "Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд;
- сархати панҷуми банди 7 тариқи зайл ифода карда шавад:
"Ғолибони тендерҳои гузашта, инчунин ғолибони фурӯши объектҳои моликияти давлатӣ дар музоядаҳо ва тендерҳо, ки ӯҳдадориҳои бо Низомномаи мазкур, Низомномаи тартиби фурӯши объектҳои моликияти давлатӣ дар музоядаҳо ва Низомнома дар бораи тартиби фурӯши объектҳои моликияти давлатӣ дар тендерҳо пешбинишудаи худро, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2004, № 98 тасдиқ гардидааст, иҷро накардаанд, наметавонанд ғолибони тендерҳои иншооти сохтмони нотамом бошанд.";
- дар банди 10 калимаҳои "матбуоти ҷумҳурӣ" ба калимаҳои "яке аз рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ як маротиба бо забони давлатӣ ё забони русӣ, инчунин дар сомонаи интернетии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда, дар охир сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Нисбати иншоотҳои сохтмонашон нотамоми моликияти коммуналӣ ахбори иттилоотӣ дар воситаҳои ахбори умуми маҳаллӣ, ки дар тамоми ҳудуди минтақаи мазкур паҳн мегарданд, чоп карда мешавад.";
- банди 13 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"13. Нархи ибтидоии иншооти сохтмонаш нотамоме, ки ба тендер гузошта мешавад, новобаста аз таъиноти истифодабарии иншоот, ба андозаи аз 100 фоиз то 10 фоиз аз арзиши баҳододашудаи иншоот аз ҷониби Комиссия оид ба масъалаҳои сохтмони нотамом тасдиқ карда мешавад.";
- банди 16 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"16. Бақайдгирии иштирокчиёни тендер аз рӯзи нашр гардидани хабари иттилоотӣ оғоз ёфта, дар мӯҳлати 30 рӯзи тақвимӣ баъд аз нашри хабари иттилоотӣ ба охир мерасад.
Баъди ба охир расидани мӯҳлати дар хабари иттилоотӣ нишон додашуда Комиссия оид ба масъалаҳои сохтмони нотамом дар давоми 5 рӯзи бонкӣ ҳуҷҷатҳои воридгардидаро баррасӣ менамояд.";
- дар банди 18 калимаҳои "сейфи махсус" ба калимаҳои "сандуқи оҳанин" иваз карда шаванд;
- дар банди 24 калимаҳои "аз рӯи ҳар як сохтмони нотамом протоколи алоҳида" ба калимаи "протокол" иваз карда шавад;
- дар банди 29 калимаҳои "ба маблағи аҳднома маблағи хароҷоти марбут ба ташкил ва доир намудани тендерро мепардозад" ба калимаҳои "боҷҳои давлатӣ ва комиссиониро пардохт менамояд, ки ба нархи фурӯши иншооти хусусигардонӣ дохил намешаванд" иваз карда шаванд;
- банди 31 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"31. Дар сурати аз ҷониби харидор пардохт гардидани на камтар аз 50 фоизи нархи фурӯши иншоот, мӯҳлати охирини пардохти нархи фурӯш бо дарназардошти ҷарима, ба 30 рӯзи бонкӣ дароз карда мешавад. Барои ҳар як рӯзи дарозшудаи бонкӣ ҷарима дар ҳаҷми 0,2 фоиз аз маблағи пардохтнашудаи нархи фурӯши иншоот ситонида мешавад.";
- банди 35 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"35. Дар сурати аз тарафи ғолиби тендер иҷро гардидани ӯҳдадориҳои дар шартномаи хариду фурӯш зикршуда, аз ҷониби Комиссия оид ба масъалаҳои сохтмони нотамом қарори дахлдор қабул карда мешавад, ки дар асоси он ғолиб ҳуқуқи моликият ба иншоотро тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ба расмият медарорад.";
- ба банди 36 сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Дар сурати беэътибор донистани шартномаи хариду фурӯш, Комиссия оид ба масъалаҳои сохтмони нотамом метавонад вобаста ба баргардонидани маблағи пардохтнамудаи нархи фурӯши иншоот, бо дарназардошти аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ ҳисоб намудани товони зарари расонидашудаи ғолиби тендер, қарор қабул намояд.";
- дар банди 37 калимаҳои "Низомномаи тартиби фурӯши иншооти хусусигардонӣ аз тариқи музоядаҳо ва тендерҳо" ба калимаҳои "Низомномаи тартиби фурӯши объектҳои моликияти давлатӣ дар музоядаҳо, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2004, №98 тасдиқ гардидааст," иваз карда шаванд;
- дар банди 38 калимаҳои "Низомномаи лоиҳаи инфиродии хусусигардонӣ" ба калимаҳои "Низомномаи хусусигардонии корхонаҳо тибқи лоиҳаҳои инфиродӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 1998, №526 тасдиқ гардидааст," иваз карда шаванд.
3. Ба Низомномаи Комиссия оид ба масъалаҳои сохтмони нотамом, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 августи соли 1997, № 366, тасдиқ гардидааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
- дар бандҳои 3 ва 4 Низомнома калимаҳои "ҳақ" ва "амволӣ" ба калимаҳои "ҳуқуқ" ва "молу мулкӣ" иваз карда шаванд;
- дар банди 5 калимаҳои "мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ (ҳукуматҳо)" ба калимаҳои "мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" иваз карда шаванд;
- аз банди 6 калимаҳои "вале на камтар аз як маротиба дар як моҳ," хориҷ карда шуда, калимаҳои "роҳбари он" ба калимаҳои "Раиси комиссия" иваз карда шаванд;
- дар банди 9 калимаҳои "Роҳбари Комиссия" ба калимаҳои "Раиси Комиссия" иваз карда шаванд;
- дар банди 10 калимаҳои "Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.
4. Ҳайати аъзои Комиссия оид ба масъалаҳои сохтмони нотамом, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 августи соли 1997, № 366 тасдиқ гардидааст, дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"- муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (Раиси Комиссия);
- муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муовини Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- сардори Раёсати рушди инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муовини сардори Раёсати банақшагирии стратегӣ ва ислоҳоти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- сардори Раёсати таҳияи барномаҳои давлатии сармоягузорӣ ва маблағгузориҳои мутамаркази Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муовини сардори Сарраёсати Буҷети давлатии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- сардори Раёсати омори саноат ва инвеститсияҳо дар сохтмони Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- сармутахассиси Раёсати хусусигардонӣ ва дороиҳои давлатии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Котиби Комиссия)".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 2 ноябри соли 2015 № 659
ш.Душанбе