Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи масъалаҳои кӯдакистони № 133 Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Душанбинская ТЭЦ"
Мутобиқи моддаи 232 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Кӯдакистони № 133 Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Душанбинская ТЭЦ", воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Исмоили Сомонӣ-106, аз тавозуни Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" ба тавозуни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шавад.
2. Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани кӯдакистони № 133-ро бе тағйир додани шакли моликият ва самти фаъолияти он тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ" ҳамчун лоиҳаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ амалӣ намояд.
3. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти баҳисобгирӣ тағйироти дахлдор ворид намояд.
4. Ба Номгӯи корхонаю муассисаҳои системаи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон", ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, № 149 тасдиқ шудааст, сархати чордаҳум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Кӯдакистони № 133".
5. Дар сутуни дуюми банди 6 Нақшаи инфиродии таҷдиди сохтори Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" барои солҳои 2011-2018, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2011, № 431 тасдиқ шудааст, калимаҳои "мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" ба калимаҳои "мақомоти иҷроияи марказӣ ва ё маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" иваз карда шаванд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 2 ноябри соли 2015 № 651
ш.Душанбе