Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2015 № 578 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 декабри соли 2006, №74"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи ворид намудани тағйирот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 декабри соли 2006, №74

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" фармон медиҳам:

Ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 декабри соли 2006, № 74 "Дар бораи тасдиқи Низомнома дар бораи ҳавасмандгардонӣ ва масъулияти интизомии прокурорҳо, муфаттишон ва дигар кормандони мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рутбаҳои дараҷавӣ доранд" тағйироти зерин ворид карда шавад:

1. Дар ном ва матни фармони мазкур калимаҳои "прокурорҳо, муфаттишон ва дигар" ва ", ки рутбаҳои дараҷавӣ доранд" хориҷ карда шаванд.

2. Ба Низомнома дар бораи ҳавасмандгардонӣ ва масъулияти интизомии прокурорҳо, муфаттишон ва дигар кормандони мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рутбаҳои дараҷавӣ доранд, тағйироти зерин ворид карда шавад:

- дар ном ва банди 1 калимаҳои "прокурорҳо, муфаттишон ва дигар" ва ", ки рутбаҳои дараҷавӣ доранд" хориҷ карда шаванд;

- дар сархати ҳаштуми банди 4, сархати сеюми банди 5, сархати ҳафтуми банди 10 ва банди 19 калимаи "прокуратура" ба калимаҳои "прокуратураи Тоҷикистон" иваз карда шавад;

- сархати ҳаштуми банди 5 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"- кормандони мақомоти прокуратура барои эътирофи хизматҳояшон дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҳорати касбӣ ва меҳнати бисёрсолаи софдилона дар хизмати давлатӣ, кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини риояи қонуният бо пешниҳоди Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофоти давлатӣ сарфароз гардонида мешаванд;";

- дар банди 22 калимаҳои "Прокурор, муфаттиш, дигар корманди мақомоти прокуратура, ки рутбаҳои дараҷавӣ доранд," ба калимаҳои "Кормандони мақомоти прокуратура" иваз карда шаванд.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон             Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

28 октябри соли 2015 № 578