ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи тасдиқ намудани Низомномаи комиссия оид ба баҳсҳои меҳнатии фардӣ
Мувофиқи моддаи 194 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Низомномаи комиссия оид ба баҳсҳои меҳнатии фардӣ тасдиқ карда шавад (замима шавад).
Раиси
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Раҷабов
Раиси
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Раҷабов
ш. Душанбе, 21 маи соли 1998 № 599
ш. Душанбе, 21 маи соли 1998 № 599
Низомномаи Комиссия оид ба баҳсҳои меҳнатии фардӣ
Низомномаи мазкур салоҳият, тартиби кори комиссияи оид ба баҳсҳои меҳнатии фардӣ, ҳамчунин муроҷиат ба он ва мӯҳлати баррасии баҳсҳои меҳнатии фардиро муайян мекунад.
I. Салоҳияти комиссияи баҳсҳои меҳнатии фардӣ
1. Мутобиқи моддаи 194 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияи оид ба баҳсҳои меҳнатии фардӣ мақоми ибтидоӣ доир ба баррасии баҳсҳои меҳнатии фардӣ дар корхона, муассиса, ташкилот (минбаъд - корхона) ба вуҷудомада, ба истиснои баҳсҳое, ки Кодекси меҳнат ва дигар асноди қонунии Ҷумҳурии Тоҷикисгон тартиби дигари баррасии онҳоро муқаррар кардааст, мебошад.
Дар комиссияҳои оид ба баҳсҳои меҳнатии фардии бахшҳои корхона баҳсҳои меҳнатии фардӣ дар ҳудуди ваколатҳои ҳамин бахшҳо баррасӣ шуда метавонад.
2. Комиссия оид ба баҳсҳои меҳнатии фардӣ (минбаъд комиссия) баҳсҳоро аз рӯи масъалаҳои зерин баррасӣ менамояд:
...