Тартиби намунавии ташаккули воҳидҳои сохтории дастгоҳ ва воҳидҳои тобеи мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ аз 25 сентябри соли 2015 № 590

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "25" сентябри соли 2015, № 590

тасдиқ шудааст

Тартиби намунавии ташаккули воҳидҳои сохтории дастгоҳ ва воҳидҳои тобеи мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ

1. Муқаррароти умумӣ

1. Тартиби намунавии ташаккули воҳидҳои сохтории дастгоҳ ва воҳидҳои тобеи мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ (минбаъд - Тартиби намунавӣ) дар асоси моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи низоми мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" таҳия гардида, сохтори идоракунӣ, шакл, меъёри шумораи воҳидҳои корӣ ва муносибатҳои мутақобилаи воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти судӣ ва прокуратура, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро муайян менамояд.

2. Сохтори дастгоҳи мақомоти давлатӣ аз воҳидҳои сохтории функсионалӣ-соҳавӣ, ҳудудӣ, функсионалӣ, байнисоҳавӣ, инчунин ёрирасон, ки амалӣ намудани вазифаҳои асосӣ, функсия ва ваколати онҳоро таъмин менамоянд, иборат аст.

3. Сохтори дастгоҳи марказӣ, Нақшаи идоракунӣ ва шумораи умумии хизматчиёни давлатии мақомоти давлатӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикиотон ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти талаботи Тартиби намунавии мазкур тасдиқ карда мешавад.

4. Барои таъмини фаъолияти мақомоти давлатӣ ва амалӣ намудани ваколатҳои онҳо дастгоҳи марказии мақомоти давлатӣ таъсис дода мешавад, ки дар доираи шумораи умумии муқарраргардидаи хизматчиёни давлатӣ аз роҳбарият ва воҳидҳои сохторӣ иборат мебошад.

5. Бо мақсади ба низом овардани маҷмӯи функсияҳо ва ваколатҳои дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муайянгардидаи мақомоти давлатӣ, воҳидхои сохтории дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои тобеи дар нақшаи идоракунии мақомоти давлатӣ ташкил карда мешаванд.

6. Воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои тобеи дар нақшаи идоракунии мақомоти давлатӣ пешбинишуда мутобиқи хусусияти самтҳои фаъолият гурӯҳбандӣ шуда, дар маҷмӯъ идоракунии мақомоти давлатиро таъмин менамоянд.

7. Сохтори дастгоҳи марказии мақомоти давлатӣ бояд тафриқаи ваколат вавазифаҳои воҳидҳои сохтори мустақили ба он дохилшударо дақиқ муайян намояд.

8. Воҳидҳои сохторӣ барои амалӣ намудани як ё якчанд вазифа, ӯҳдадориҳои асосӣ, функсия ва ваколатҳои ба мақомоти давлатӣ вогузоршуда масъул мебошанд.

9. Воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ шахси ҳуқуқӣ ҳисоб намеёбанд. Онҳо воҳидҳои ташкилию иҷроиявии таъминкунанда ва батанзимдароварандаи фаъолияти дастгоҳи марказӣ буда, қисми таркибии ҷудонашавандаи дастгоҳи марказии дахлдори мақомоти давлатӣ ба ҳисоб мераванд.

2. Шаклҳои воҳидҳои сохторӣ

10. Воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои тобеи дар нақшаи идоракунии мақомоти давлатӣ пешбинишуда вобаста ба вазъи ҳуқуқӣ, вазифаҳо, функсияҳо, ваколатҳо, ҳаҷм ва мураккабии вазифаҳо, гуногунии самтҳои фаъолият, бо дарназардошти шумораи умумии воҳидҳои кории хизматчиёни давлатии тасдиқгардида, метавонанд дар шаклҳои зерин ташкил карда шаванд: - сарраёсат; - раёсат (мустақил); - раёсат дар таркиби сарраёсат; - шӯъба (мустақил); - шӯъба дар таркиби сарраёсат, раёсат; - бахш (мустақил); - бахш дар таркиби сарраёоат, раёсат.

11. Сарраёсат, раёсат мувофиқан зинаи болоии воҳиди сохторӣ буда, фаъолияташон ба иҷрои вазифаҳо, функсияҳо, ваколатҳои мақомоти давлатӣ равона карда шудааст.

12. Шӯъба (дар сурати мавҷуд будани сарраёсат, раёсат) зинаи миёнаи воҳиди сохторӣ буда, вазифаҳо, функсияҳо, ваколатҳои мақомоти давлатиро дар доираи салоҳияташ иҷро менамояд. Шӯъба дар шакли мустақил ва дар таркиби сарраёсат, раёсат таъсис дода мешавад.

13. Бахш ҳамчун зинаи поёнии воҳидҳои сохторӣ дар шакли мустақил ва дар таркиби сарраёсат, раёсат вазифаҳо, функсияҳо, ваколатҳои мақомоти давлатиро дар доираи салоҳияташ амалӣ менамояд.

14. Сарраёсат, раёсат, шӯъба ва бахш бо ҳаҷми кор, самтҳои фаъолият, хаҷм ва мураккабии вазифаҳо ва ӯҳдадориҳо, функсия ва ваколатҳо, бо дарназардошти шумораи умумии воҳидҳои корӣ, аз ҳамдигар фарқ мекунанд.

15. Дигар шаклҳои воҳидҳои сохториро санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамоянд.

3. Самтҳои асосии фаъолияти воҳидҳои сохторӣ

16. Самтҳои асосии фаъолияти воҳидҳои сохторӣ татбиқи вазифаҳо ва функсияҳои мақомоти давлатӣ, дигар вазифаҳое, ки аз ҷониби роҳбари

мақомоти давлатӣ ба зиммаи воҳидҳои сохторӣ гузошта мешавад, мебошад.

17. Фаъолияти воҳидҳои сохторӣ дар низомномаи онҳо, ки аз ҷониби роҳбари мақомоти давлатӣ мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад, пешбинӣ мегардад.

4. Меъёри шумораи воҳидҳои кории воҳидҳои сохторӣ

18. Шумораи воҳидҳои кории воҳидҳои сохтории мақомоти давлатӣ, бо дарназардошти ҳаҷми кор, иҷрои вазифаҳо ва функсияҳо аз рӯи меъёрҳои зерин ташкил карда мешавад:

- сарраёсат иборат - аз 2 ва зиёда раёсат, шӯъбаҳо ва бахшҳо на кам аз 20 воҳиди корӣ;

- раёсати мустақил ё раёсат дар таркиби сарраёсат иборат - аз 1 ё зиёда шӯъба ва 2 бахш - на кам аз 7 воҳиди корӣ;

- шӯъбаи мустақил ё шӯъба дар таркиби сарраёсат ва раёсат - на кам аз 4 ва на зиёда аз 6 воҳиди корӣ;

- бахши мустақил ё бахш дар таркиби сарраёсат ва раёсат - на кам - аз 2 ва на зиёда аз 3 воҳиди корӣ.

19. Барои сарраёсат, раёсат, шӯъба ва бахш воҳиди кории сардор (мудир) пешбинӣ карда мешавад. Сардори сарраёсат, раёсат метавонад як муовин дошта бошад, ки он дар як вақт муовини сардори сарраёсатсардори раёсат ва муовини сардори раёсат - сардори шӯъбаи (мудири) тобеъ мебошад. Дар мавриди ҷудогона аз рӯи ӯҳдадориҳои иловагӣ сардори сарраёсат метавонад як муовини озод дошта бошад, инчунин дар сурате, ки раёсат дар таркиби худ воҳидҳои сохторӣ надошта бошад, сардори раёсат метавонад як муовини озод дошта бошад.

20. Дар дастгоҳи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти давлатии даҳлдори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори шӯъба метавонад як муовин дошта бошад.

21. Мансабҳои давлатии воҳидҳои сохтории мақомоти давлатӣ дар Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ карда мешаванд.

5. Таносуби байни шумораи мансабҳои давлатии воҳидҳои сохторӣ

22. Таносуби байни шумораи мансабҳои давлатӣ дар воҳидҳои сохтории мақомоти давлатӣ чунин муқаррар карда мешавад:

- мансабҳои роҳбарикунанда (роҳбарон, муовинони роҳбарон, сардорони сарраёсат, раёсат ва муовинони онҳо, сардорони (мудирони) шӯъба ва мудири бахш) - на зиёда аз 26 фоизи шумораи умумии воҳидҳои кории хизматчиёни давлатӣ;

- мансаби сармутахассис - на зиёда аз 35 фоизи шумораи умумин воҳидҳои кории хизматчиёни давлатӣ;

- мансаби мутахассиси пешбар - на зиёда аз 25 фоизи шумораи умумии воҳидҳои кории хизматчиёни давлатӣ;

- мансаби мутахассис - на зиёда аз 14 фоизи шумораи умумии воҳидҳои кории хизматчиёни давлатӣ.

23. Таносуби шумораи мансабҳои давлатии дастгоҳи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти судӣ ва прокуратура тибқи сохтори тасдиқгардидаи онҳо дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби раисони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти давлатии дахлдор муайян карда мешавад.

6. Ташаккули воҳидҳои сохторӣ

24. Ташаккули (такмил, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба сохтор, нақшаи идоракунӣ) воҳидҳои сохторӣ ҳангоми таҷдиди сохтор дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо риояи Тартиби намунавии мазкур амалӣ карда мешавад.

25. Роҳбари мақомоти давлатӣ танҳо баъди қабули санади меъёрии ҳуқуқии дахлдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи шумораи хизматчиёни давлатии пешбинишуда тибқи талаботи Тартиби намунавии мазкур дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон басти вазифаҳои хизматчиёни давлатиро таҳия ва тасдиқ менамояд.

7. Нигоҳдорӣ ва таъмини фаъолияти воҳидҳои сохторӣ

26. Нигоҳдорӣ ва таъминоти моддию техникии фаъолияти хизматчиёни давлатӣ ва кормандони ҳайати техникӣ ва хизматрасонӣ тибқи сметаи хароҷоти нигоҳдории дастгоҳи мақомоти давлатӣ барои соли молиявӣ пешбинишуда амалӣ мегардад.

27. Музди меҳнати кормандони роҳбарикунанда, сармутухассис, мутухассиси пешбар ва мутахассиси раёсат, шӯъба ва бахши сохтмони асосӣ, назорати техникии сохтмони асосии назди мақомоти давлатӣ баробар ба музди меҳнати хизматчиёни давлатии категорияҳои дахлдори мансабҳои раёсат, шӯъба ва бахши мақомоти давлатӣ муайян карда мешавад.

28. Ташаккули воҳидхои сохтории кормандони ҳайати техникӣ ва хизматрасонии мақомоти давлатӣ дар асоси шартномаи (қарордоди) мехнатӣ аз рӯй ҳаҷми кор дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

29. Музди меҳнати кормандони ҳайати техникӣ ва хизматрасонии мақомоти давлатӣ, ки номгӯи мансабҳо ва касбҳои он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад, дар асоси шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ, вале на камтар аз андозаи музди меҳнати ҳадди

ақали амалкунанда ва на зиёда аз музди меҳнати мутахассиси мақомоти давяатии дахлдор дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

30. Ба ронандагони мошинҳои сабукрави хизматии мақомоти давлатӣ барои кори ғайримеъёрӣ дар рӯзи корӣ - ба андозаи 25 фоиз ва ба ронандагоне, ки дараҷаи якум доранд, - 25 фоиз ва дараҷаи дуюм доранд,

10 фоиз аз маоши вазифавиашон иловапулӣ муқаррар карда мешавад.

8. Муқаррароти хотимавӣ

31. Тартиби ҳисоботдиҳанда будан ва тобеияти воҳидҳои сохторӣ дар низомномаҳои мақомоти давлатӣ, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, пешбинӣ мешавад.

32. Дар сурати риоя нагардидани талаботи Тартиби намунавии мазкур зимни ташаккули воҳидҳои сохторӣ масъулият ба зиммаи роҳбари мақомоти давлатӣ вогузор карда мешавад.