Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 сентябри соли 2015 № 587 "Дар бораи Тартиби вогузор намудани функсияҳои мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ба мақомоти худидоракунии шаҳрак, деҳот, ташкилотҳо ва бастани шартномаи маъмурӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Тартиби вогузор намудани функсияҳои мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ба мақомоти худидоракунии шаҳрак, деҳот, ташкилотҳо ва бастани шартномаи маъмурӣ

Мутобиқи моддаи 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи низоми мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади танзими расмиёти вогузор намудани функсияҳои ҳокимияти иҷроия ба мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот ва ташкилотҳо, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Тартиби вогузор намудани функсияҳои мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ба мақомоти худидоракунии шаҳрак, деҳот, ташкилотҳо ва бастани шартномаи маъмурӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот ва ташкилотҳо иҷрои Тартиби мазкурро дар доираи ваколатҳои худ таъмин намоянд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                 Эмомалӣ Раҳмон

аз 25 сентябри соли 2015 № 587

ш. Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Порядке передачи функций центральных исполнительных органов государственной власти органам самоуправления посёлков, сёл, организациям и заключения административного договора

В соответствии со статьей 20 Закона Республики Таджикистан "О системе органов государственного управления Республики Таджикистан", в целях регулирования процедуры передачи функций исполнительной власти органам самоуправления посёлков, сёл и организациям, Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить Порядок передачи функций центральных исполнительных органов государственной власти органам самоуправления посёлков, сёл, организациям и заключения административного договора (прилагается).

2. Центральным и местным исполнительным органам государственной власти, органам самоуправления, посёлков, сёл и организациям обеспечить выполнение настоящего Порядка в рамках своих полномочий.

Председатель

Правительства Pecпублики Таджикистан          Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 5 сентября 2015 года, №587