Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Муассисаи Давлатии "Осорхона-мамнӯъгоҳи ҷумҳуриявии ба номи Восеъ"
Мутобиқи моддаҳои 52, 55, 132 ва 232 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ" ва моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Дар заминаи "Боғ-осорхонаи таърихи Шӯриши Восеъ" дар ноҳияи Ховалинг Муассисаи давлатии "Осорхона-мамнӯъгоҳи ҷумҳуриявии ба номи Восеъ" таъсис дода шавад.
2. Ёдгории меъмории "Ҷувозхонаи Восеъ", "Боғ-осорхонаи таърихи Шӯриши Восеъ" ва мавзеи таърихию табиӣ бо ҳудуди 3,59 га ба тавозуни Муассисаи давлатии "Осорхона-мамнӯъгоҳи ҷумҳуриявии ба номи Восеъ" бо ҳуқуқи пешбурди идораи оперативӣ гузаронида шавад.
3. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии Муассисаи давлатии "Осорхона-мамнӯъгоҳи ҷумҳуриявии ба номи Восеъ"-ро ҳаллу фасл намояд.
4. Шумораи ниҳоии кормандони Муассисаи давлатии "Осорхона-мамнӯъгоҳи ҷумҳуриявии ба номи Восеъ" 14 воҳиди корӣ муқаррар карда шавад.
5. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 2016 ҳисоббаробаркунии байниҳамдигарии буҷети маҳаллӣ ва буҷети ҷумҳуриявиро ба фоидаи буҷети ҷумҳуриявӣ гузаронида, хароҷот барои нигоҳдории Муассисаи давлатии "Осорхона-мамнӯъгоҳи ҷумҳуриявии ба номи Восеъ"-ро зиёд намояд.
6. Ба Номгӯйи муассисаву ташкилотҳои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006,№ 604 тасдиқ шудааст, сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Муассисаи давлатии "Осорхона-мамнӯъгоҳи ҷумҳуриявии ба номи Восеъ".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 25 сентябри соли 2015 № 571
ш.Душанбе