ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ҲИЗБҲОИ СИЁСӢ"
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 17 июни соли 2015, № 103
қабул гардидааст.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 21 июли соли 2015, № 94
ҷонибдорӣ гардидааст.
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 1998 "Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1998, №22, мод. 300) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Бобҳо бо рақамҳои арабӣ рақамгузорӣ карда шаванд.
2. Дар номи боби 1 калимаи "ҚОИДАҲОИ" ба калимаи "МУҚАРРАРОТИ" иваз карда шавад.
3. Дар сархати шашуми моддаи 3, қисми якуми моддаи 7, сархатҳои панҷум ва шашуми моддаи 10, сархати якуми қисми якуми моддаи 15, сархати нуҳуми моддаи 17 ва дар матни моддаи 21 калимаи "умум" ва "умумии" мувофиқан ба калимаҳои "омма" ва "оммавии" иваз карда шаванд.
4. Дар моддаи 4:
- қисми якум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Таъсис ва фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, ки мақсад ё амалашон ба фаъолияти экстремистию террористӣ, бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ ва ташкил намудани гурӯҳҳои мусаллаҳ равона гардидааст ва ё низои нажодӣ, миллӣ, иҷтимоӣ, маҳалгароӣ ва диниро тарғибу ташвиқ менамоянд, манъ аст.";
- дар қисми сеюм калимаҳои "бехатарии давлатӣ" ва "мактабҳои миёна ва олӣ" мувофиқан ба калимаҳои "амнияти миллӣ" ва "муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбӣ" иваз карда шаванд.
5. Дар қисми дуюми моддаи 4, матни моддаи 10, қисми якуми моддаи 13, қисми дуюми моддаи 14, қисми дуюми моддаи 17 ва матни моддаи 18 калимаҳои "ҳақ" ва "ҳак" ба калимаи "ҳуқуқ" иваз карда шавад.
6. Дар моддаи 5:
- дар қисми дуюм калимаи "ашхоси" ба калимаи "шахсони" иваз карда шавад;
- ба қисми сеюм ҷумлаи дуюм бо мазмуни зайл илова карда шавад: "Узви ҳизб бояд шаҳодатномаи ҳизбӣ дошта бошад.".
7. Дар қисми якуми моддаи 6 рақамҳои бандҳо бо аломати дефис "-" ишора карда шаванд.
8. Ба моддаи 8 қисми сеюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Сохторҳои маҳаллии ҳизби сиёсӣ дар ноҳия, шаҳр ва вилоятҳо ҳар сол то 20 март ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба идомаи фаъолияти худ, суроға, роҳбари сохтор ва шумораи аъзои ҳизб дар маҳал маълумот пешниҳод менамоянд.".
9. Дар моддаи 10:
- дар номи модда калимаи "вазифаҳои" ба калимаи "ӯҳдадориҳои" иваз карда шавад;
- сархати сездаҳум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"- дар ташкилотҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон суратҳисобҳо кушояд;";
- қисми дуюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Ҳизби сиёсӣ бо тартиби пешбиникардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯҳдадор аст:
- талаботи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистонро риоя намояд;
- ҳар сол то 20 март ба мақоми бақайдгиранда оид ба фаъолияти худ аз рӯи шакл ва тартиби муқаррарнамудаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд;
- ба мақомоти андоз бо тартиби муқарраргардида ҳисобот пешниҳод намояд.".
10. Дар моддаи 13:
- дар ном ва матни модда калимаҳои "Ёрии" ва "ёрии" мувофиқан ба калимаҳои "Кумаки" ва "кумаки" иваз карда шаванд;
- дар қисми якум ва сархати чоруми қисми дуюм калимаи "ашхоси" ба калимаи "шахси" иваз карда шавад;
- ба қисми якум пас аз калимаҳои "қабул намояд" калимаҳои ", агар ин кумаки моддӣ бо ҳуҷҷат тасдиқ ва манбаи он нишон дода шуда бошад" илова карда шаванд;
- ба қисми дуюм сархати панҷум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"- ташкилотҳои тиҷоратие, ки камтар аз як сол фаъолияти молиявӣ доранд;";
- қисмҳои сеюм, чорум, панҷум, шашум, ҳафтум, ҳаштум, нуҳум ва даҳум бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
"Кумаки моддӣ ба ҳизбҳои сиёсӣ дар шакли маблағ бо роҳи ба суратҳисоби ҳизби сиёсӣ гузаронидани он амалӣ карда мешавад. Дар сурати аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ворид гардидани маблағи нақд, бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, он пас аз таҳияи ҳатмии ҳуҷҷатҳои расмӣ ба суратҳисоби ҳизби сиёсӣ гузаронида мешавад.
Дар ҳуҷҷати пардохт ё интиқоли маблағ маълумот дар бораи шахси ҳуқуқӣ, рақами мушаххаси андозсупоранда, ном ва реквизитҳои бонкии шахси ҳуқуқӣ нишон дода мешаванд.
Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад кумаки моддиро дар шакли маблағ аз ҳисоби маблағҳои худӣ ба суратҳисоби ҳизби сиёсӣ ё бевосита ба ҳисобдории мақомоти ноҳиявӣ, шаҳрӣ, вилоятӣ ва марказии ҳизби сиёсӣ гузаронад. Ҳангоми гузаронидани маблағ ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пардохти андозҳо дар се моҳи охир пешниҳод карда шуда, дар ҳуҷҷати пардохт ё интиқоли маблағ насаб, ном, номи падар ва рақами мушаххаси андозсупоранда нишон дода мешаванд.
Маблағи умумии кумаки моддии ҳарсолаи як шахси воқеӣ ба ҳизбҳои сиёсӣ аз 300 (сесад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо аз як шахси ҳуқуқӣ аз 1500 (як ҳазору панҷсад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд буда наметавонад.
Кумаки моддие, ки аз ҷониби субъектҳои дар қисми дуюми ҳамин модда пешбинигардида ба ҳизби сиёсӣ расонида шудааст, ҳамчунин маблағи ҳарсолаи зиёда аз меъёри дар қисми шашуми ҳамин модда нишондодашуда ворид гардидааст, дар муҳлати як моҳ ба пардохткунандаи он баргардонида мешавад. Дар сурати ғайриимкон будани баргардонидани маблағи ба суратҳисоби ҳизби сиёсӣ воридшуда, он ба буҷети давлатӣ гузаронида (супорида) мешавад.
Истифодаи маблағе, ки бо Қонуни мазкур пешбинӣ нашудааст, инчунин интиқоли маблағҳо ба ҳизби сиёсӣ тавассути миёнаравҳо манъ аст.
Дар мавридҳое, ки кумаки моддӣ ё ҳадя дар шакли молу мулк расонида мешавад, ҳизби сиёсӣ онро мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо воҳиди пули нарх гузошта, маълумоти дахлдорро дар ҳисоботи молиявии ҳизби сиёсӣ ворид месозад.
Қабули кумаки моддии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба ҳизбҳои сиёсӣ аз ҷониби мақомоти ноҳиявӣ, шаҳрӣ, вилоятӣ ва марказии ҳизбҳои сиёсӣ сурат мегирад.".
11. Ба моддаи 14 қисмҳои сеюм ва чорум бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
"Ҳизби сиёсӣ ҳуқуқ дорад фаъолияти зерини соҳибкориро амалӣ кунад:
- фаъолияти иттилоотӣ, рекламавӣ ва нашриявӣ барои ташвиқи ақидаву ғояҳо, мақсадҳо, вазифаҳо ва интишори натиҷаҳои фаъолияти худ;
- тайёр кардан ва фурӯши маҳсулоти армуғонии дорои нишон ва (ё) номи ҳизби сиёсӣ;
- ба иҷора додани молу мулки манқул (ба истиснои пул ва коғазҳои қиматнок) ва ғайриманқули худ.
Ҳизби сиёсӣ ҳуқуқ надорад ба фаъолияти соҳибкорие, ки дар қисми сеюми моддаи мазкур нишон дода нашудааст, машғул шавад.".
12. Моддаи 16 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 16. Назорати фаъолияти молиявии ҳизби сиёсӣ
Мақоми роҳбарикунандаи ҳизб ӯҳдадор аст ҳисоботи молиявиро дар бораи манбаъҳо, андоза ва хароҷоти маблағҳое, ки ба хазинаи ҳизб дар давоми соли ҳисоботи ворид гардидаанд, инчунин дар бораи молу мулки ҳизб бо нишон додани арзиш ва маълумоти бақайдгирии давлатии он ва пардохти андозҳо дар воситаҳои ахбори омма интишор намояд.
Санҷиши ҳисоботи молиявии ҳизби сиёсӣ, маълумот дар бораи даромад ва хароҷоти востаҳои ҳизбҳои сиёсӣ, риояи қоидаҳои қонунигардонии дороиҳои молумулкӣ аз ҷониби мақоми дахлдори давлатӣ амалӣ мегардад.
Маълумот дар бораи натиҷаҳои санҷиши ҳисоботи молиявии ҳизбҳои сиёсӣ ба иттилои ҳизбҳои сиёсии дахлдор расонида шуда, ҳар сол дар воситаҳои ахбори омма, инчунин ба таври илова як моҳ пеш аз маъракаи интихоботӣ чоп карда мешавад.".
13. Дар матни моддаи 20 пас аз калимаҳои "Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" калимаи "огоҳинома" илова карда, калимаҳои "огоҳинома" ва "ёрии" мувофиқан ба калимаҳои "амрномаи хаттӣ" ва "кумаки" иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
8 августи соли 2015 № 1209