Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "2" июли соли 2015, № 429
тасдиқ шудааст
Тартиби кори комиссияҳои давлатии қабул, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои онҳо
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.03.2016 № 153)
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Тартиби кори комиссияҳои давлатии қабул, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои онҳо (минбаъд - Тартиб) бо мақсади татбиқи қисми 3 моддаи 74 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст.
2. Тартиби мазкур тартиби ба истифода қабул намудани объекти сохтмонашон анҷомёфта, таҷдид, васеъкунӣ, аз нав таҷҳизонидани техникӣ, барқарорсозӣ, инчунин таъмири асосии (минбаъд - сохтмони) корхонаҳо, навбатҳои ҷудогонаи онҳо, маҷмӯаҳои бакордароянда, биноҳо ва иншоотро (минбаъд - объект) муқаррар менамояд ва ба тамоми объектҳои сохтмонашон анҷомёфта, новобаста аз сарчашмаҳои маблағгузорӣ, шакли моликият ва аҳамияти таъинотии биноҳо ва иншоот, дахл дорад.
3. Объектҳои моликияти дигар давлатҳо, шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии онҳо, корхонаҳои муштарак ва ташкилотҳои байналмилалӣ, агар тартиби дигар тибқи ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ муқаррар карда нашуда бошад, ҳамчунин бояд бо тартиби муайяннамудаи меъёрҳои мазкур ба истифода қабул карда шаванд.
4. Ҳангоми ба истифода қабул кардани объект бояд қонунгузории амалкунанда ва қоидаҳои қабули объектҳои сохтмонашон анҷомёфтаи дорои шароити ба худ хоси истеҳсоли маҳсулот вобаста ба соҳаҳои дахлдори иқтисоди миллӣ ва соҳаҳои саноат, ки аз тарафи вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ, кумитаҳои дахлдори иттифоқҳои касаба ва мақомоти назорати давлатии дахлдор тасдиқ карда шудаанд, риоя карда шаванд.
5. Объекти сохтмонаш анҷомёфта, ки барои истифода қабул карда мешавад, бояд ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ ва лоиҳавии тасдиқщуда, талаботи меъёрҳои сохтмонӣ, санитарӣ, экологӣ ва дигар меъёрҳо ҷавобгӯ бошад.
6. Ба истифода қабул намудани объектҳое, ки ба ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ тасдиқшуда мувофиқат намекунанд, ба талаботи эътимоднокӣ ва бехатарии истифодабарӣ, экологӣ, санитарию беҳдоштӣ, сӯхторнишонӣ, бехатарии таркиш ҷавобгӯ нестанд, инчунин сохтмонашон то ба охир анҷом наёфтааст ва норасоиҳо доранд, манъ аст.
7. Агар дар шартномаи пудрат тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, ташкили қабули иншооти сохтмонаш анҷомёфта ба зиммаи фармоишгар вогузор шуда ва аз ҳисоби он пардохт карда мешавад.
8. Объекти сохтмонаш анҷомёфтаро фармоишгар аз пудратчӣ тибқи шартҳои шартномаи пудрат қабул намуда, минбаъд объекти аз ҷониби фармоишгар якҷоя бо пудратчӣ қабулшуда ва ба истифода омодагардида аз ҷониби Комиссияи давлатии қабул қабул карда мешавад.
9. Комиссияҳои давлатии қабулро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо, идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таъин менамоянд. Тартиби кори комиссияҳои қабул, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои онҳо тибқи меъёрҳои мазкур муайян карда мешаванд.
10. Объекти сохтмонаш анҷомёфтаро пудратчӣ барои қабул ба комиссияи корие пешниҳод менамояд, ки фармоишгар дар ҳайат ва ҳаҷми дар лоиҳаи мувофиқи тартиби муқарраргардида тасдиқшуда ва шартномаи пудрат пешбинишуда таъин мекунад.
11. Тартиби кори комиссияи корӣ мутобиқи меъёр ва қоидаҳои шаҳрсозӣ ба танзим дароварда мешавад.
12. Фармоишгар объекти сохтмонаш анҷомёфта ва ба истифода омодашудаи аз пудратчӣ қабулкардашударо ба Комиссияи давлатии қабул пешниҳод мекунад ва он мувофиқати объекти сохтмонаш анҷомшударо ба лоиҳа ва талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ арзёбӣ менамояд.
13. Истифодабарии объекти сохтмонаш анҷомёфта бе қарори мусбии комиссияи қабул манъ аст. Ба объектҳои ба истифода қабулшуда мӯҳлати кафолатии дусола муқаррар карда мешавад. Ҳангоми бастани шартномаи пудрат тарафҳо ҳуқуқ доранд мӯҳлати дарозтарро муқаррар намоянд.
14. Ҳисоби мӯҳлати кафолат аз санаи ба имзо расидани санади қабули объект ба истифодабарӣ аз тарафи комиссияи қабул оғоз мегардад.
15. Биноҳо ва объектҳои алоҳидаи сохтмонашон анҷомёфта, биноҳои ба таври иловагӣ сохташуда ё дар дохил сохташудаи таъиноти истеҳсолӣ ва ёрирасон, иншооти (биноҳои) мудофиаи граждание, ки ба ҳайати объект дохил мешаванд, дар сурати зарурати ба истифода додан дар ҷараёни сохтмони объект вобаста ба омода шудани онҳо, аз тарафи комиссияҳои корӣ қабул карда шуда, ба Комиссияи давлатии қабул, ки объектро яклухт қабул мекунад, пешниҳод карда мешаванд.
16. Объектҳои таъиноти истеҳсолии сохтмонашон анҷомёфта танҳо он вақт барои ба истифода қабул кардан пешниҳод карда мешаванд, ки ба истифодабарӣ тайёр бошанд (бо кормандони нигоҳдорӣ муҷаҳҳаз бошанд, бо захираҳои энергетикӣ, ашёи хом ва ғайра таъмин бошанд), дар онҳо норасоиҳо бартараф гардида бошанд ва истеҳсоли маҳсулоти (хизматрасонии) пешбининамудаи лоиҳа дар ҳаҷми ба меъёрҳои азхудкунии иқтидорҳои лоиҳавӣ дар давраи ибтидоӣ мутобиқи дар таҷҳизоти насбгардида оғоз шуда бошад.
17. Заводҳо, коргоҳҳо ва дастгоҳҳои таҷрибавӣ ва таҷрибавию саноатӣ ҳамон вақт ба истифодабарӣ қабул карда мешаванд, ки барои гузаронидани таҷрибаҳо ё истеҳсоли маҳсулот мувофиқи лоиҳа омода бошанд.
18. Барои истифодабарӣ қабул намудани объектҳои таъиноти истеҳсолие, ки бар хилофи тартиби муқарраршуда ба маҷмӯи бакордарории пешбининамудаи лоиҳа тағйирот ворид карда шудааст, манъ аст.
19. Дар ҳолатҳои мустасно тағйиротро ба маҷмӯи бакордарорӣ то таъин шудани Комиссияи давлатии қабул мақоме ворид карда метавонад, ки лоиҳаро тасдиқ намудааст.
20. Дар баробари ин, аз маҷмӯи бакордарорӣ бинову иншооти таъиноти беҳдоштию маишӣ, ки шароити корро мутобиқи талаботи техникаи бехатарӣ ва санитарияи истеҳсолӣ, ҳифзи муҳити зист, коркарди партовҳои истеҳсолӣ, роҳу роҳравҳо, хатҳои алоқа, чорабиниҳои обёрикуниро таъмин менамоянд, набояд хориҷ карда шаванд.
21. Қабули ҳарсолаи заминҳои обӣ ва хушкшуда барои истифодабарӣ дар ҷараёни сохтмони системаҳои обёрӣ ва хушккунӣ, пас аз амалӣ намудани сохтмони шабакаи обёрикунӣ, иншоот ва объектҳои хоҷагии об, ки барои истифодаи мӯътадили системаҳо, истифодаи заминҳо ва корҳои дигари ба маҷмӯи бакордарорӣ дохилшаванда заруранд, иҷозат дода мешавад.
22. Дар системаҳои обёрӣ ва хушккунӣ ҳангоми зарурати истифодаи замин барои истеҳсолота кишоварзӣ як қабули қисми заминҳо то пурра анҷом ёфтани сохтмон, мувофиқи лоиҳа иҷозат дода мешавад.
23. Объектҳои сохтмонашон анҷомёфтаи таъиноти манзилию шаҳрвандӣ ба комиссияи давлатии қабул пас аз иҷро намудани тамоми корҳои сохтмонию васлкунӣ, ободонии ҳудуд, таъмин будани объектҳо бо инфрасохтори муҳандисӣ, таҷҳизот ва асбобҳо, ки ба лоиҳаҳои тасдиқгардида мувофиқат мекунанд, ҳамчунин бартараф кардани норасоиҳо иҷозат дода мешаванд.
24. Дар ҳолате, ки агар манзилҳо ва хонаҷоҳои дохилӣ - берунии ошёнаҳои поёнӣ мутобиқи шартҳои шартномаи пудратӣ дар асоси тиҷоратӣ фурӯхта шаванд, ба истифода қабул намудани хонаҳои истиқоматӣ бе пардози дохилӣ ва тақсимоти ҳуҷраҳои дохили манзилҳо тавассути минбаъд ворид намудани тағйиру иловаҳои дахлдор ба ҳуҷҷатҳои лоиҳавию харҷномавӣ иҷозат дода мешавад. Дар шартномаи пудратӣ бояд талаботи техникии фармоишгар оид ба дараҷаи омодагии ҳуҷраҳои барои савдо пешбинишуда, ки аз тарафи моликони оянда пурра омода карда мешаванд, номгӯи корҳо, ҳаҷм, арзиш ва мӯҳлати анҷоми онҳо, аз тарафи фармоишгар муайяншуда ба назар гирифта шавад. Биноҳои бе пардози дохилиҳуҷрагӣ ва тақсимоти ҳуҷраҳои дохилии манзилҳо тибқи замимаҳои 3, 4 ва 5 амалӣ карда мешаванд." (замима мегардад) .
25. Ҳамаи тағйироти ба лоиҳа воридшаванда бояд бо тартиби муқарраргардида аз тарафи фармоишгар ва ташкилоти лоиҳакашӣ то пешниҳоди объект ба қабули комиссияи давлатӣ ба расмият дароварда шавад.
26. Пас аз ба истифода қабул шудани иншоотҳои дар банди 24 Тартиби мазкур дарҷгардида фармоишгар ва моликон барои ба охир расонидани корҳои пардозгарии ҳуҷраҳо дар мӯҳлати дар шартномаи тарафайн муқарраргардида ҷавобгар мебошанд .
27. Иҷрои корҳои дар банди 24 Тартиби мазкур пешбинишуда бо санади қабули корҳо байни фармоишгар ва соҳибмулк танзим ёфта ба мақоме, ки санади қабулро тасдиқ намудааст, пешниҳод карда мешавад.
28. Ба истифода қабул намудани шаҳракҳои (маҳаллаҳои) нави истиқоматӣ бояд дар шакли маҷмӯаи ба анҷом расонидашудаи шарҳсозие, ки дар он тибқи лоиҳаи тасдиқшудаи сохтмони шаҳрак, сохтмони муассисаҳо ва корхонаҳои марбут ба хизматрасонии аҳолӣ пешбинӣ шуда, тамоми корҳои таҷҳизонидани муҳандасӣ, ободонию кабудизоркунии ҳудуд иҷро карда шудаанд, сурат гирад.
29. Ба истифода қабул намудани объекти охирини маҷмӯаи шаҳрсозиро бояд ҳамзамон бо тамоми шаҳрак (маҳалла) амалӣ намуд.
30. Хонаҳои истиқоматии сохтмонашон анҷомёфтаи бисёрқисма агар тибқи ҳуҷҷати лоиҳавӣ пешбинӣ гардида бошад, ба шарти пурра анҷом додани корҳои васлкунии конструксияҳо, таъмини реҷаи техникии гармидиҳӣ дар биноҳои бо қисмҳои ҳамшафат пайвастшаванда, шартҳои бехатарӣ ҷиҳати ба истифода додани қисми хона ва насб намудан ба шабакаҳои дохилӣ ва коммуникатсияҳо дар шакли доимӣ, инчунин анҷом ёфтани корҳои ободонии ҳудуде, ки ба он вобаста аст, бо дарназардошти талаботи банди 23 ва 24 Тартиби мазкур бо қисмҳои алоҳида ба истифода қабул карда мешаванд.
31. Хонаҳои истиқоматии сохтмонашон анҷомёфта, инчунин қисмҳои (сексияҳои) хонаҳои истиқомахии бисёрқисма, ки ҳуҷраҳои дохилӣ, дохилию берунии муассисаю корхонаҳои савдо, хӯроки умумӣ, хизматрасонии маишӣ ба аҳолӣ ва эҳтаёҷоти хусусияти ғайрисаноатӣ сохташуда доранд, ҳамзамон бо объекти зикршуда барои истифода қабул карда мешаванд.
32. Дар сурати, агар ҳуҷраҳои дохилӣ ва дохилию берунӣ ба якчанд қисми (сексияи) истиқоматӣ тааллуқ дошта бошанд, қабули қисмҳои (сексияҳои) алоҳида бояд бо шарти анҷом ёфтани ҳамаи корҳои сохтмонию васлкунӣ ва таъмини гармидиҳӣ дар қисмҳои мазкур бояд гузаронида шавад. Ба истифода қабул намудани ҳуҷраҳои дохилӣ ва дохилию берунӣ дар ин сурат баъди ба истифода қабул намудани қисми охирин сурат мегирад.
33. Ба истифода қабул намудани корхонаву муассисаҳо, ки дар хуҷраҳои дохилӣ ва дохилию берунӣ ҷойгир шудаанд, бояд мутобиқи санади ҷудогона аз тарафи комиссияҳои давлатии қабули дахлдор гузаронида шавад.
34. Ба истифода қабул намудани объекти инфиродии сохтмонашон (таҷдидашон) анҷомёфтаи то 2-ошёна, ки бо шакли пудратӣ бо усули хоҷагӣ ё бо қувваи худи биносоз пахта шудаанд, аз ҷониби комиссияҳои қабули таъинамудаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ амалӣ карда мешаванд.
35. Иншооти тозакунии канализатсияи объектҳои навбунёд, васеъшаванда ва таҷдидшаванда баъди санҷишҳои гидравликии қубурҳои обгузар ва иншооти зарфдор, санҷиши давомноки маҷмӯии (на камтар аз 3 шабонарӯз) бо оби тоза ё ҷорӣ, инчунин баъди санҷиши амали муштараки кори ҳамаи объект, бояд ба истифода қабул карда шаванд.
36. Ба кор даровардани ҷараёни технологии софкунии биологии обҳо бояд баъди ба истифода қабул намудани объекти софкунӣ дар ҳарорати аз сифр болои ҳавои шабона на камтар аз 10ш С рӯзона, на дертар аз мӯҳлатҳои зерин амалӣ карда шавад:
Ҷадвал
37. Санаи ба истифода додани объектҳо, санаи имзо шудани санади Комиссияи давлатии қабул маҳсуб меёбад.
2. МАСЪУЛИЯТИ ТАРАФҲО
38. Фармоишгарон барои сари вақт ба истифода омода намудан ва истеҳсоли маҳсулоти (хизматрасонии) объектҳои ба истифода додашаванда, барои гузаронидани санҷиши маҷмӯии таҷҳизот (дар низоми кор ва бекорӣ) бо иштироки ташкилотҳои лоиҳавӣ, сохтмонию васлкунӣ ва ҳангоми зарурат заводҳои истеҳсолкунандаи таҷҳизот, барои танзими раванди технологӣ, истеҳсоли маҳсулот (хизматрасонӣ) ва азхудкунии иқтидорҳо дар мӯҳлати муқаррарнамудаи меъёрҳои амалкунанда масъул мебошанд.
39. Ҳангоми муайян кардани мӯҳлати азхудкунии ҷорӣ намудани истеҳсоли маҳсулот (хизматрасонӣ) меъёрҳои амалкунандаи азхудкунии иқтидорҳои истеҳсолӣ бояд ба роҳбарӣ гирифта шавад.
40. Ташкилотҳои лоиҳакашӣ барои мутобиқати иқтидорҳо ва дигар нишондиҳандаҳои техникию иқтисодии объектҳо, иқтидор ва нишовдиҳандаҳои ба истифода додашаванда ва барои ҳалли масъалаҳои вобаста ба лоиҳакашӣ, ки дар раванди қабули объект ва азхудкунии иқтидорҳои лоиҳавии онҳо пайдо мешаванд, масъул мебошанд.
41. Ташкилотҳои илмию тадқиқотӣ барои мутобиқати маълумоти ибтидоии барои лоиҳакашӣ, бо дарназардошти дастовардҳои пешрафти илмию тадқиқотӣ дар соҳаи равандҳои нави технологӣ, таҷҳизот ва мавод пешниҳод кардаашон масъул мебошанд.
42. Ташкилотҳои сохтмонию васлкунӣ барои иҷрои корҳои сохтмонию васлкунӣ тибқи лоиҳа, барои сифати зарурии ин корҳо, гузаронидани санҷишҳои инфиродии таҷҳизоти насбнамудаи худ, сари вақт бартараф кардани норасоиҳои дар раванди қабули корҳои сохтмонию васлкунӣ ва озмоиши маҷмӯии таҷҳизот муайянгардида масъул мебошанд.
43. Дар сурати вайрон кардани қоидаҳои барои истифодабарӣ қабул намудани объекти сохтмонашон анҷомёфта, раисон ва аъзои комиссия, инчунин шахсони бархилофи Тартиби мазкур ба қабули объект маҷбуркунанда ба ҷавобгарии интизомӣ ва дигар ҷавобгарӣ мутобиқи қонунгузории амалкунанда кашида мешаванд.
3. КОМИССИЯҲОИ ДАВЛАТИИ ҚАБУЛ, ҲУҚУҚ ВА ӯҲДАДОРИҲО, ТАРТИБИ КОРИ ОНҲО
44. Ба истифода қабул намудани объектҳои сохтмонашон анҷомёфтаи нодир ва махсусан муҳими таъиноти истеҳсолӣ ва навбатҳои онҳо дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии ҷумҳурӣ, сарфи назар аз шакли моликияташон аз тарафи комиссияҳои давлатии қабул, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои фармоишгар (соҳибони корхонаҳо) таъин кардааст, амалӣ карда мешавад.
45. Рӯйхати чунин объектҳо дар дурнамои ҳарсолаи рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
46. Ба истифода қабул кардани объектҳои сохтмонаш анҷомёфтаи таъиноти истеҳсолӣ (ғайр аз объекте, ки дар банди 44 нишон дода шудаанд), инчунин объектҳои таҷрибавӣ, новобаста аз арзиши сметавиашон, аз тарафи комиссияҳои давлатии қабул, ки аз ҷониби мақомоти зерин таъин карда шудаанд, гузаронида мешавад:
- вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, ки фармоишгари сохтмони объекти ба системаашон дохилбуда мебошанд, агар сохтмони онҳо пурра ё қисман аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо тартиби иштироки саҳмиявӣ), инчунин маблағҳои худии корхонаҳо, қарзи бонкҳо ва аз дигар сарчашмаҳо маблағгузорӣ шаванд;
- мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо аз рӯи объектҳое, ки бо иштироки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ сохта шуда моликияти хусусӣ (коллективӣ) ба онҳо тааллуқ доранд, агар барои сохтмони онҳо маблағҳои худӣ ва сармоягузории хориҷӣ ҷудо шуда бошад.
47. Қабули иншооти сохтмонаш анҷомёфтаи хоҷагии об, системаҳои обёрӣ ва хушккунӣ, объектҳои барои истифодабарии мӯътадили ин системаҳо, истафодабарии замин, инчунин барои хоҷагиҳои нави кишоварзӣ дар ин заминҳо, заминҳои обёришаванда ва хушконидашаванда зарурӣ, ки ҳамасола дар раванди сохтмони системаҳои обёрӣ ва хушккунӣ, сарфи назар аз арзиши сметавиашон ба истифода дода мешаванд, аз ҷониби комиссияҳои давлатии қабул, ки сохторҳои зерин таъин кардаанд, гузаронида мешавад:
- Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё бо супориши он мақоми идораи давлатие, ки масъалаҳои хоҷагии обро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбурд менамояд, агар маблағи сохтмони объектҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо шуда бошад;
- мақоми идораи давлатие, ки масьалаҳои хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешбурд менамояд, агар ба сохтмони объектҳо маблағҳои хусусӣ, кооперативӣ ва хориҷӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷӣ равона шуда бошанд.
48. Ба истифода қабул намудани объектҳои умумӣ барои гурӯҳи корхонаҳо, маҷмӯаҳои бакордарорандаи дар ҳайати объекти қарордошта барои истифода аз тарафи комиссияҳои қабули таъинкардаи вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар тобеияти онҳо фармоишгарони асосии сохтмони мазкур қарор доранд ё аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо бо тартиби дар бахшҳои 46 ва 47 Тартиби мазкур зикргардида гузаронида мешавад.
49. Ба истифода қабул намудани объекти сохтмонаш анҷомёфтаи нодир ва махсусан муҳими таъиноти манзилию шаҳрвандӣ ва коммуналӣ, аз тарафи комиссияҳои давлатии қабул, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятқо ва шаҳру ноҳияҳо таъин карда мешаванд, гузаронида мешавад.
50. Номгӯи ин гуна объектҳо дар дурнамои солонаи рушди иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ карда мешавад.
51. Ба истифода қабул намудани объектҳои сохтмонашон анҷомёфтаи таъиноти манзилию шаҳрвандӣ ва коммуналӣ (манзилҳои истиқоматӣ, хобгоҳҳо, муассисаҳои кӯдаконаи томактабӣ, мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва дигар объектҳо), сарфи назар аз тобеият ва шакли моликияташон, инчунин тамоми объектҳои таъиноти манзилию шаҳрвандӣ ва коммунадӣ, ки дар мавзеи ҷудо шудани роҳҳои оҳан ва автомобилгарди аз шаҳр берун, ҷамоатҳо ва минтақаҳои осоишгоҳҳо ҷойгир шудаанд, аз тарафи комиссияҳои давлатии қабул, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо бо пешниҳоди вазорату идораҳои фармоишгар таъин шудаанд, гузаронида мешавад.
52. Барои истифода қабул намудани хонаҳои истиқоматии инфиродии сохтмонашон анҷомёфта аз тарафи комиссияҳои давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо дар ҳайати зерин гузаронида мешавад:
- раис ё муовини раиси шаҳр ё ноҳия, намояндагони мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ;
- намояндагони ташкилоти сохтмонӣ (агар сохтмон бо усули пудрат анҷом ёфта бошад);
- мақомоти ноҳиявии (шаҳрии) назорати санитарӣ ва сӯхторнишонӣ.
53. Комиссияҳои давлатии қабул бояд қаблан вобаста ба хусусият ва мураккаб будани объект, вале на дертар аз 90 рӯз то мӯҳлати муқарраршуда, ҳангоми қабули объекти таъиноти истеҳсолӣ ва на дертар аз 30 рӯз ҳангоми қабули объекти манзилию шаҳрвандӣ таъин карда шаванд. Ҳамзамон бояд санаи оғозу анҷоми кори комиссия бо дарназардошти мӯҳлати муқарраршудаи ба истифода додани объект муайян карда шавад.
54. Намояндагон - аъзои Комиссияи давлатии қабулро (ҳангоми зарурат) мақоме, ки комиссияро таъин кардааст, метавонад иваз намояд.
55. Ҳангоми ба истифода қабул намудани объекти таъиноти истеҳсолӣ ба ҳайати комиссияҳои давлатии қабул намояндагони зерин дохил мешаванд:
- фармоишгари сохтмон;
- ҳангоми ба истифода додани корхонаҳои муштарак бо иштироккунандагони хориҷӣ намояндагони онҳо;
- пудратчии генералӣ ва ташкилотҳои пудратчии ғайриасосӣ;
- лоиҳакаши генералӣ;
- ташкилоти истифодабаранда;
- мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳр, ноҳияе, ки ба истифода додани объекти истеҳсолӣ дар худуди он сурат мегирад, мақомоти назорати давлатии сохтмон, мақомоти назорати давлатии санитарӣ, оташнишонӣ, назорати барқ, хифзи муҳити зист.
Ба ҳайати комиссияҳои давлатии қабул ҳангоми қабул объектҳои зерин инчунин инҳо дохил мешаванд:
- хатҳои асосии интиқоли маҳсулоти нафту газ, ҳамчунин объекте, ки таҳти назорати Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ қарор доранд - намояндагони Хадамоти мазкур;
- объектҳои дорои технологияи мураккаб ё таҷҳизоти нодирнамояндагони заводҳо - истеҳсолкунандагони ин таҷҳизоти технологӣ ва ташкилотҳои васлкунӣ;
- объектҳои дорои роҳҳои оҳани фаръӣ - намояндагони Корхонаи воҳиди давлатии "Роҳи оҳани Тоҷикистон";
- системаҳои обёрӣ ва хушккунӣ; заминҳои кишт, бунёди ҷангалҳои муҳофизатӣ, дастгоҳҳои гидротехникии зидди эрозия ва объекҳои дигар бо мақсади серҳосилкунӣ ва ҳифзи заминҳои навбунёд - намояндагони мақомоти идораи давлатии соҳаи кишоварзӣ, захира ва истифодаи замин, ҳамчунин намояндагони хоҷагии заминистифодабаранда;
- объектҳое, ки фаъолияташон ба ҳолат ва барқарорсозии ҷангалҳо таъсир мерасонад - намояндагони мақомоти идораи давлатии хоҷагии ҷангал;
- объектҳое, ки дар таҳти назорати ташкилоту муассисаҳои байтории давлатӣ қарор доранд - намояндагони ин корхонаву муассисаҳо;
- роҳҳои автомобилгард - намояндагони Бозрасии давлатии автомобилӣ;
- объектҳое, ки фаъолияташон ба ҳолат ва барқарорсозии захираҳои моҳӣ, захираҳои дарёҳо ва кӯлҳо дар ҳудуди ҷумҳурӣ таъсир мерасонад намояндагони мақомоти муҳофизати моҳӣ;
- дастгоҳҳои газсофкунӣ ва чангкашӣ - намояндагони мақомоти давлатии ҳифзи муҳити зист;
- объектҳои истеҳсоли ашёи хоми атомӣ ва иншооти истифодабарандаи ашёи хоми атомӣ - намояндагони мақомоти давлатии ҳифзи муҳити зист;
- объектҳои дорои ҳуҷраҳои дохилии мудофиаи гражданӣ ё объектҳои алоҳидаи мудофиаи гражданӣ - намояндагони ситоди мудофиаи гражданӣ.
56. Ба ҳайати комиссияҳои давлатии қабул ҳангоми ба истифода қабул кардани объекти манзилию шаҳрвандӣ дохил мешаванд:
- намояндагони фармоишгари сохтмон (шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ), ташкилоти истифодабаранда, пудратчии генералӣ, меъмор - муаллифи лоиҳа ва сармуҳандиси лоиҳа;
- намояндагони мақомоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонӣ, мақомоти назорати давлатии санитарӣ, оташнишонӣ ва барқ.
57. Ба ҳайати комиссияҳои давлатии қабули зикргардида ҳангоми қабули объектҳои зерин ҳамчунин инҳо дохил мешаванд:
- объектҳое, ки ба сарф ва захира кардани об вобастаанд,намояндагони мақомоти назорати давлатии ҳифзи муҳити зист, хоҷагии об ва хоҷагии манзилию коммуналӣ;
- объектҳое, ки таҳти назорати Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ қарор доранд, - намояндагони ин мақомот;
- кӯчаҳо, роҳҳо ва иншооти роҳ - намояндагони Бозрасии давлатии автомобилӣ;
- объектҳои дорои ҳуҷраҳои дохилӣ ё объектҳои ҷудогонаи мудофиаи гражданӣ - намояндагони ситодҳои дахлдори мудофиаи гражданӣ;
- объектҳои таъиноти манзилию шаҳрвандӣ, ки лоиҳаи сохтмонашон аз ҷониби лоиҳакаши генералӣ таҳия шуда, аз макони сохтмон дар масофаи дур ё берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ ҷойгир шудааст, бо қарори ташкилоте, ки комиссияи давлатии қабулро таъин кардааст, намояндаи ташкилоти лоиҳакашӣ, ки дар минтақаи сохтмон қарор дорад ва таҳияи лоиҳаи сохтмони объектҳои таъиноти манзилию гражданӣ ба ҷойи намояндаи ташкилоти лоиҳакаш (бо розигии ӯ) амалӣ менамояд.
58. Раисони комиссияҳои давлатии қабули объектҳои таъиноти манзилию шаҳрвандӣ ва истеҳсолӣ, кормандони роҳбарикунандаи мақомоте, ки комиссияҳои давлатии қабулро таъин кардаанд, ҳамчунин кормандони роҳбарикунандаи корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотқое, ки бевосита ба ин мақомот тобеъ мебошавд, ҳамчун раис таъин карда мешаванд.
59. Фармоишгар ба Комиссияи давлатии қабул хуҷҷатҳоеро, ки пудратчии генералӣ ба комиссияи корӣ пешниҳод намудааст, инчунин хуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамояд:
- маълумотнома дар бораи бартараф намудани норасоиҳое, ки комиссияи корӣ ошкор кардааст;
- ҳуҷҷатҳои лоиҳавию сметавии тасдиқшуда ва маълумотнома дар бораи нишоддиҳандаҳои асосии техникию иқтисодии объекте, ки барои истифода қабул карда мешавад;
- номгӯи ташкилотҳои лоиҳакашӣ, илмию тадқиқотӣ ва ҷустуҷӯие, ки дар лоиҳакашии объекти барои истифода пешниҳодшуда ширкат кардаанд;
- ҳуҷҷатҳо оид ба ҷудо кардани қитъаҳои замин, барои объекти манзилию шаҳрванди бошад, инчунин иҷозати идораи назорати давлатии меъморӣ ва сохтмон барои корҳои сохтмонию васлкунӣ;
- хуҷҷати махсуси истифодаи об;
- ҳуҷҷатҳои геодезии мавқеъгирии сохтмон, инчунин корҳои геодезӣ дар раванди сохтмон, ки фармоишгар анҷом додааст;
- ҳуҷҷатҳо дар бораи мавқеи геологӣ ва гидрологии майдони сохтмон, дар бораи натиҷаи озмоиши хок ва обҳои зеризаминӣ;
- шиносномаҳои таҷҳизот ва механизмҳо;
- санадҳои қабули объектқо, таҷҳизоти таъмиршуда, ки аз ҷониби комиссияҳои корӣ тахия шудаанд;
- санадҳои ба истифода қабул намудани биною иншоот;
- маълумотнома дар бораи бо кадрҳои истифодабаранда таъмин будани объекте, ки қабул карда мешавад ва биноҳои санитарию маишии нуқтаҳои фурӯши хӯрок, биноҳои манзилию ҷамъиятӣ барои ҳама гуна хизматрасонӣ пешбинигардида;
- маълумотнома дар бораи бо захираҳои моддию техникӣ, аз ҷумла ашёи хом, нерӯи барқ, об, газ ва ғайра таъмин будани объекти барои қабул пешниҳодшаванда;
- маълумотномаи ташкилотҳои шаҳрии истифодабаранда дар бораи он, ки коммуникатсияи берунии таъмини оби гарму сард, корез, гармидиҳӣ, нерӯи барқ ва алоқа барои ба истифода додани объект мусоидат мекунанд ва аз ҷониби онҳо барои истифода қабул карда шудаанд;
- маълумотнома дар бораи мутобиқати иқтидорҳои истифодашаванда (барои давраи аввал азхудкунии иқтидорҳои лоиҳавӣ) ба иқтидорҳои пешбиникардаи лоиҳа;
- маълумотнома дар бораи арзиши воқеии сохтмон, ки онро фармоишгар ва пудратчӣ ба имзо расондаанд;
- ҳуҷҷатҳо дар бораи иҷозат ба истифодаи объектҳо ва таҷҳизоте, ки таҳти назорати мақомоти дахлдори назорати давлатие қарор доранд, ки намояндагони онҳо ба ҳайати Комиссияи давлатии қабул дохил нестанд;
- маводи ҷамъбастии комиссияи корӣ оид ба омодагии пурраи объект барои қабули Комиссияи давлатии қабул.
60. Ҳуҷҷатҳо баъди қабули объект барои истифода бояд аз ҷониби фармоишгари сохтмон ва дар ҳолати ягона будани фармоишгар дар ихтиёри ташкилоти дахлдори истифодабаранда ва як нусхаи он дар
бойгонии мақомоти иҷроияи, маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо нигоҳ дошта шаванд.
61. Комиссияҳои давлатии қабул вазифадоранд:
а) бартараф шудани норасоиҳоеро, ки комиссияҳои корӣ ошкор кардаанд ва омодагии объектро барои истифода мавриди санҷиш қарор диҳанд. Санҷиши мазкур аз рӯи барномаи таҳиянамудаи фармоишгари сохтмон, ки Комиссияи давлатии қабул тасдиқ кардааст, гузаронида мешавад;
б) пешрафти қарорҳои технологӣ ва меъморию сохтмониро дар маҷмӯъ арзёбӣ намоянд;
в) мутобиқати иқтидорҳо ва арзиши воқеии объекти таъиноти истеҳсолӣ (барои фармоишгар), иқтидорҳо ва арзиши сохтмонии объектро, ки лоиҳаи тасдиқшуда пешбинӣ кардааст, мавриди санҷиш қарор диҳанд ва дар сурати номутобиқатии онҳо сабабҳои онро таҳлил намоянд. Натиҷаи таҳлил бо пешниҳодҳои дахлдор бояд ба мақомоте, ки комиссияро таъин кардаанд, пешниҳод карда шавад;
г) ҷиҳати иҷрои банди 24 Тартиби мазкур корҳои сохтмонию пардозии дохилиҳуҷравиро зери назорат қарор диҳад .
62. Комиссияҳои давлатии қабул дар ҳолати зарурат озмоишҳо, санҷишҳо, тафтишҳои назоратиро таъин менамоянд.
63. Комиссияи давлатии қабул дар ҳолати ошкор намудани корношоямии объект барои истифода, хулосаи асосноки худро дар ин хусус ба мақоми таъинкардаи комиссия пешниҳод месозад ва нусхаҳои онро ба фармоишгари сохтмон ва пудратчии генералӣ, инчунин ба ташкилотҳои болоие, ки фармоишгар, пудратчии генералӣ ва ташкилотҳои дигаре, ки лоиҳакашии сохтмонро амалӣ кардаанд, санадҳоро дар бораи мувофиқи тартиби муқарраргардида ба ҷавобгарӣ кашидани шахсоне, ки корҳои лоиҳавӣ ё сохтмону васлкуниро бесифат анҷом додаанд, ирсол менамояд.
64. Ваколати комиссияҳои давлатии қабул аз лаҳзаи тасдиқ шудани санад дар бораи ба истифода қабул намудани объект ба охир мерасад.
65. Аз тарафи комиссияҳои давлатии қабул ба истифода қабул кардани объекти сохтмонашон анҷомёфта тавассути санади дар замимаҳои 1 ва 2 овардашуда ба расмият дароварда мешавад.
66. Санадҳои қабули объект барои истифода аз ҷониби раис ва ҳамаи аъзои комиссия ба имзо расонида мешавад.
67. Дар ҳолати эътирози аъзои алоҳидаи комиссия, он то тасдиқ шудани санади қабул бо иштироки мақомоте, ки намояндагони онҳо аъзои ин комиссия мебошанд, бояд мавриди баррасӣ қарор дода шавад.
68. Қабули объекти таъиноти истеҳсолӣ барои истифода аз ҷониби комиссияҳои давлатии қабул бе имзои аъзои комиссия дар санади қабул эътибор надорад.
69. Раиси Комиссияи давлатии қабул ба мақоме, ки комиссияро таъин кардааст, бояд санадҳои зеринро пешниҳод намояд:
а) санад дар бораи қабули объект барои истифода;
б) баёноти мухтасари хаттӣ ба санад дар бораи қабул, ки хулосаҳои комиссияро доир ба омодагии объект ба истифодабарии мӯътадил, таъмин будани он бо захираҳои моддию техникӣ барои истифодабарӣ, ҳамчунин бо кадрҳо ва биноҳои санитарию маишӣ, нуқтаҳои хӯрок, биноҳои истиқоматӣ ва ҷамъиятии барои хизматрасонии он пешбинигардида таъмин будани он;
в) пешниҳод дар бораи истифодаи минбаъдаи таҷрибаи лоиҳакашӣ ва сохтмони объекти ба истифода додашаванда, инчунин доир ба чорабиниҳо ҷиҳати таъмини азхудкунии иқтидорҳои лоиҳавии корхона (навбатҳои он, мачмӯи бакорандозӣ) дар мӯҳлати муайяни муқарраркардаи меъёрҳои давомнокии азхудкунии иқтидорҳои лоиҳавии корхонае, ки фаъолият мекунад;
г) пешниҳод (ҳангоми зарурат) дар бораи беҳтар кардани таҷҳизоти истифодашаванда, дар бораи баланд бардоштани даромаднокии корхона, устувории бинову иншоот, беҳтар кардани раванди технологии истеҳсолот ва дигар масъалаҳои лоиҳакашӣ;
д) лоиҳаи қарори мақоме, ки комиссияи давлатии қабулро таъин кардааст, дар бораи тасдиқи санади қабули объект барои истафода.
70. Санад дар бораи қабули объект барои истифода ва баёноти хаттии ба он иловашуда бояд дар панҷ нусха тартиб дода, дутои он якҷоя бо лоиҳаи қарор ба мақоме, ки комиссияи давлатии қабулро таъин кардааст, дутояш ба фармоишгари сохтмон ва яктояш ба пудратчии генералӣ пешниҳод карда шавад.
71. Баррасии санадҳо дар бораи қабули объект барои истифода, қабули қарорҳо аз рӯи натиҷаҳои баррасӣ норозигии аъзои алоҳидаи комиссия ва тасдиқи санадҳои мақоме, ки ин комиссияро таъин кардаанд, барои объекти таъиноти истеҳсолӣ дар мӯҳлати на зиёдтар аз 45 рӯз, барои иншооти манзилию шаҳрвандӣ дар мӯҳлати на зиёдтар аз 15 рӯз баъди ба имзо расонидани санадҳо.
72. Объектҳое, ки дар онҳо мӯҳлати зикршуда гузаштааст, ғайри қобили қабул дониста шуда, барои онҳо комиссияҳои давлатӣ қабул аз нав таъин карда мешаванд.
73. Санадҳои қабули объекти барои истифода бо қарори (фармон, қарор ва ғ.) мақоме, ки комиссияро таъин кардааст, тасдиқ карда мешавад.
74. Ба ҳисобот оид ба иҷрои нақшаи ба истифода додани иқтидорҳо ва фондҳои асосӣ танҳо он объектҳое дохил мешаванд, ки санадҳои қабули онҳо барои истифода аз тарафи мақоме, ки комиссияро таъин кардааст, тасдиқ шуда бошад.
4. БАСТАНИ ҲИСОБҲОИ ҶАМЪБАСТИИ СМЕТАВӢ
75. Баъди ба истифода додани объекти сохтмонашон анҷомёфта, ки дорои лоиҳаҳои ҷудогонаи тасдиқшуда ва арзиши ҳисобҳои ҷамъбастии сметавӣ мебошанд, ҳисобҳои ҷамъбастии сметавии мазкур бояд на дертар аз 6 моҳ баста шаванд.
76. Дар ин муддат бояд ҳамаи ҳисобҳо барои насб кардани таҷҳизот ва иҷрои корҳои сохтмонию васлкунӣ, ки дар лоиҳаи тасдиқшуда пешбинӣ гардидаанд, анҷом дода шавад.
77. Ҳангоми ҷудо будани маблағгузории сохтмони объекти таъиноти истеҳсолӣ ва манзилию шаҳрвандӣ, ки дар ҳуҷҷатҳои сметавӣ пешбинӣ шудааст ва пурра ба истифода додани танҳо як навъи сохтмони зикргардида, бояд қисми дахлдори хароҷоти ҷамбастии сметавӣ баста шавад.
Замимаҳои 1-6
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "2" июли соли 2015, № 429
тасдиқ шудааст
Тартиби кори комиссияҳои давлатии қабул, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои онҳо
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Тартиби кори комиссияҳои давлатии қабул, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои онҳо (минбаъд - Тартиб) бо мақсади татбиқи қисми 3 моддаи 74 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст.
2. Тартиби мазкур тартиби ба истифода қабул намудани объекти сохтмонашон анҷомёфта, таҷдид, васеъкунӣ, аз нав таҷҳизонидани техникӣ, барқарорсозӣ, инчунин таъмири асосии (минбаъд - сохтмони) корхонаҳо, навбатҳои ҷудогонаи онҳо, маҷмӯаҳои бакордароянда, биноҳо ва иншоотро (минбаъд - объект) муқаррар менамояд ва ба тамоми объектҳои сохтмонашон анҷомёфта, новобаста аз сарчашмаҳои маблағгузорӣ, шакли моликият ва аҳамияти таъинотии биноҳо ва иншоот, дахл дорад.
3. Объектҳои моликияти дигар давлатҳо, шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии онҳо, корхонаҳои муштарак ва ташкилотҳои байналмилалӣ, агар тартиби дигар тибқи ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ муқаррар карда нашуда бошад, ҳамчунин бояд бо тартиби муайяннамудаи меъёрҳои мазкур ба истифода қабул карда шаванд.
4. Ҳангоми ба истифода қабул кардани объект бояд қонунгузории амалкунанда ва қоидаҳои қабули объектҳои сохтмонашон анҷомёфтаи дорои шароити ба худ хоси истеҳсоли маҳсулот вобаста ба соҳаҳои дахлдори иқтисоди миллӣ ва соҳаҳои саноат, ки аз тарафи вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ, кумитаҳои дахлдори иттифоқҳои касаба ва мақомоти назорати давлатии дахлдор тасдиқ карда шудаанд, риоя карда шаванд.
5. Объекти сохтмонаш анҷомёфта, ки барои истифода қабул карда мешавад, бояд ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ ва лоиҳавии тасдиқщуда, талаботи меъёрҳои сохтмонӣ, санитарӣ, экологӣ ва дигар меъёрҳо ҷавобгӯ бошад.
6. Ба истифода қабул намудани объектҳое, ки ба ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ тасдиқшуда мувофиқат намекунанд, ба талаботи эътимоднокӣ ва бехатарии истифодабарӣ, экологӣ, санитарию беҳдоштӣ, сӯхторнишонӣ, бехатарии таркиш ҷавобгӯ нестанд, инчунин сохтмонашон то ба охир анҷом наёфтааст ва норасоиҳо доранд, манъ аст.
7. Агар дар шартномаи пудрат тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, ташкили қабули иншооти сохтмонаш анҷомёфта ба зиммаи фармоишгар вогузор шуда ва аз ҳисоби он пардохт карда мешавад.
8. Объекти сохтмонаш анҷомёфтаро фармоишгар аз пудратчӣ тибқи шартҳои шартномаи пудрат қабул намуда, минбаъд объекти аз ҷониби фармоишгар якҷоя бо пудратчӣ қабулшуда ва ба истифода омодагардида аз ҷониби Комиссияи давлатии қабул қабул карда мешавад.
9. Комиссияҳои давлатии қабулро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо, идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таъин менамоянд. Тартиби кори комиссияҳои қабул, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои онҳо тибқи меъёрҳои мазкур муайян карда мешаванд.
10. Объекти сохтмонаш анҷомёфтаро пудратчӣ барои қабул ба комиссияи корие пешниҳод менамояд, ки фармоишгар дар ҳайат ва ҳаҷми дар лоиҳаи мувофиқи тартиби муқарраргардида тасдиқшуда ва шартномаи пудрат пешбинишуда таъин мекунад.
11. Тартиби кори комиссияи корӣ мутобиқи меъёр ва қоидаҳои шаҳрсозӣ ба танзим дароварда мешавад.
12. Фармоишгар объекти сохтмонаш анҷомёфта ва ба истифода омодашудаи аз пудратчӣ қабулкардашударо ба Комиссияи давлатии қабул пешниҳод мекунад ва он мувофиқати объекти сохтмонаш анҷомшударо ба лоиҳа ва талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ арзёбӣ менамояд.
13. Истифодабарии объекти сохтмонаш анҷомёфта бе қарори мусбии комиссияи қабул манъ аст. Ба объектҳои ба истифода қабулшуда мӯҳлати кафолатии дусола муқаррар карда мешавад. Ҳангоми бастани шартномаи пудрат тарафҳо ҳуқуқ доранд мӯҳлати дарозтарро муқаррар намоянд.
14. Ҳисоби мӯҳлати кафолат аз санаи ба имзо расидани санади қабули объект ба истифодабарӣ аз тарафи комиссияи қабул оғоз мегардад.
15. Биноҳо ва объектҳои алоҳидаи сохтмонашон анҷомёфта, биноҳои ба таври иловагӣ сохташуда ё дар дохил сохташудаи таъиноти истеҳсолӣ ва ёрирасон, иншооти (биноҳои) мудофиаи граждание, ки ба ҳайати объект дохил мешаванд, дар сурати зарурати ба истифода додан дар ҷараёни сохтмони объект вобаста ба омода шудани онҳо, аз тарафи комиссияҳои корӣ қабул карда шуда, ба Комиссияи давлатии қабул, ки объектро яклухт қабул мекунад, пешниҳод карда мешаванд.
16. Объектҳои таъиноти истеҳсолии сохтмонашон анҷомёфта танҳо он вақт барои ба истифода қабул кардан пешниҳод карда мешаванд, ки ба истифодабарӣ тайёр бошанд (бо кормандони нигоҳдорӣ муҷаҳҳаз бошанд, бо захираҳои энергетикӣ, ашёи хом ва ғайра таъмин бошанд), дар онҳо норасоиҳо бартараф гардида бошанд ва истеҳсоли маҳсулоти (хизматрасонии) пешбининамудаи лоиҳа дар ҳаҷми ба меъёрҳои азхудкунии иқтидорҳои лоиҳавӣ дар давраи ибтидоӣ мутобиқи дар таҷҳизоти насбгардида оғоз шуда бошад.
17. Заводҳо, коргоҳҳо ва дастгоҳҳои таҷрибавӣ ва таҷрибавию саноатӣ ҳамон вақт ба истифодабарӣ қабул карда мешаванд, ки барои гузаронидани таҷрибаҳо ё истеҳсоли маҳсулот мувофиқи лоиҳа омода бошанд.
18. Барои истифодабарӣ қабул намудани объектҳои таъиноти истеҳсолие, ки бар хилофи тартиби муқарраршуда ба маҷмӯи бакордарории пешбининамудаи лоиҳа тағйирот ворид карда шудааст, манъ аст.
19. Дар ҳолатҳои мустасно тағйиротро ба маҷмӯи бакордарорӣ то таъин шудани Комиссияи давлатии қабул мақоме ворид карда метавонад, ки лоиҳаро тасдиқ намудааст.
20. Дар баробари ин, аз маҷмӯи бакордарорӣ бинову иншооти таъиноти беҳдоштию маишӣ, ки шароити корро мутобиқи талаботи техникаи бехатарӣ ва санитарияи истеҳсолӣ, ҳифзи муҳити зист, коркарди партовҳои истеҳсолӣ, роҳу роҳравҳо, хатҳои алоқа, чорабиниҳои обёрикуниро таъмин менамоянд, набояд хориҷ карда шаванд.
21. Қабули ҳарсолаи заминҳои обӣ ва хушкшуда барои истифодабарӣ дар ҷараёни сохтмони системаҳои обёрӣ ва хушккунӣ, пас аз амалӣ намудани сохтмони шабакаи обёрикунӣ, иншоот ва объектҳои хоҷагии об, ки барои истифодаи мӯътадили системаҳо, истифодаи заминҳо ва корҳои дигари ба маҷмӯи бакордарорӣ дохилшаванда заруранд, иҷозат дода мешавад.
22. Дар системаҳои обёрӣ ва хушккунӣ ҳангоми зарурати истифодаи замин барои истеҳсолота кишоварзӣ як қабули қисми заминҳо то пурра анҷом ёфтани сохтмон, мувофиқи лоиҳа иҷозат дода мешавад.
23. Объектҳои сохтмонашон анҷомёфтаи таъиноти манзилию шаҳрвандӣ ба комиссияи давлатии қабул пас аз иҷро намудани тамоми корҳои сохтмонию васлкунӣ, ободонии ҳудуд, таъмин будани объектҳо бо инфрасохтори муҳандисӣ, таҷҳизот ва асбобҳо, ки ба лоиҳаҳои тасдиқгардида мувофиқат мекунанд, ҳамчунин бартараф кардани норасоиҳо иҷозат дода мешаванд.
24. Дар объектҳои таъиноти манзилию шаҳрвандӣ, ки ба фурӯш пешбинӣ шудаанд, барои бе пардози дохилӣ бо банақшагирии озод (бе тақсими ҳуҷраҳои дохили манзил), ки дар онҳо манзилҳо ва биноҳои иловагӣ дар асоси қарордоди байни фармоишгар ва соҳиби манзил (молик) бо ворид намудани тағйироти дахлдор ба ҳуҷҷатҳои лоиҳавию сметавӣ, дар ҳолате иҷозат дода мешавад, ки соҳибони манзил (моликон) то ба истифода додани манзилҳои истиқоматӣ тамоми корҳои дохилии хуҷраҳоро, пурра ба анҷом расонида бошанд.
25. Ҳамаи тағйироти ба лоиҳа воридшаванда бояд бо тартиби муқарраргардида аз тарафи фармоишгар ва ташкилоти лоиҳакашӣ то пешниҳоди объект ба қабули комиссияи давлатӣ ба расмият дароварда шавад.
26. Фармоишгар ва сохтмони манзил ё ҳуҷраҳои дохилӣ - берунӣ барои ба охир расонидани корҳои пардоздиҳии манзил ё ҳуҷраҳои дохилӣ берунӣ то ба истифода қабул кардани иншоот ҷавобгаранд.
27. Иҷрои корҳои дар банди 24 Тартиби мазкур пешбинишуда бо санади қабули корҳо байни фармоишгар ва соҳибмулк танзим ёфта ба мақоме, ки санади қабулро тасдиқ намудааст, пешниҳод карда мешавад.
28. Ба истифода қабул намудани шаҳракҳои (маҳаллаҳои) нави истиқоматӣ бояд дар шакли маҷмӯаи ба анҷом расонидашудаи шарҳсозие, ки дар он тибқи лоиҳаи тасдиқшудаи сохтмони шаҳрак, сохтмони муассисаҳо ва корхонаҳои марбут ба хизматрасонии аҳолӣ пешбинӣ шуда, тамоми корҳои таҷҳизонидани муҳандасӣ, ободонию кабудизоркунии ҳудуд иҷро карда шудаанд, сурат гирад.
29. Ба истифода қабул намудани объекти охирини маҷмӯаи шаҳрсозиро бояд ҳамзамон бо тамоми шаҳрак (маҳалла) амалӣ намуд.
30. Хонаҳои истиқоматии сохтмонашон анҷомёфтаи бисёрқисма агар тибқи ҳуҷҷати лоиҳавӣ пешбинӣ гардида бошад, ба шарти пурра анҷом додани корҳои васлкунии конструксияҳо, таъмини реҷаи техникии гармидиҳӣ дар биноҳои бо қисмҳои ҳамшафат пайвастшаванда, шартҳои бехатарӣ ҷиҳати ба истифода додани қисми хона ва насб намудан ба шабакаҳои дохилӣ ва коммуникатсияҳо дар шакли доимӣ, инчунин анҷом ёфтани корҳои ободонии ҳудуде, ки ба он вобаста аст, бо дарназардошти талаботи банди 23 ва 24 Тартиби мазкур бо қисмҳои алоҳида ба истифода қабул карда мешаванд.
31. Хонаҳои истиқоматии сохтмонашон анҷомёфта, инчунин қисмҳои (сексияҳои) хонаҳои истиқомахии бисёрқисма, ки ҳуҷраҳои дохилӣ, дохилию берунии муассисаю корхонаҳои савдо, хӯроки умумӣ, хизматрасонии маишӣ ба аҳолӣ ва эҳтаёҷоти хусусияти ғайрисаноатӣ сохташуда доранд, ҳамзамон бо объекти зикршуда барои истифода қабул карда мешаванд.
32. Дар сурати, агар ҳуҷраҳои дохилӣ ва дохилию берунӣ ба якчанд қисми (сексияи) истиқоматӣ тааллуқ дошта бошанд, қабули қисмҳои (сексияҳои) алоҳида бояд бо шарти анҷом ёфтани ҳамаи корҳои сохтмонию васлкунӣ ва таъмини гармидиҳӣ дар қисмҳои мазкур бояд гузаронида шавад. Ба истифода қабул намудани ҳуҷраҳои дохилӣ ва дохилию берунӣ дар ин сурат баъди ба истифода қабул намудани қисми охирин сурат мегирад.
33. Ба истифода қабул намудани корхонаву муассисаҳо, ки дар хуҷраҳои дохилӣ ва дохилию берунӣ ҷойгир шудаанд, бояд мутобиқи санади ҷудогона аз тарафи комиссияҳои давлатии қабули дахлдор гузаронида шавад.
34. Ба истифода қабул намудани объекти инфиродии сохтмонашон (таҷдидашон) анҷомёфтаи то 2-ошёна, ки бо шакли пудратӣ бо усули хоҷагӣ ё бо қувваи худи биносоз пахта шудаанд, аз ҷониби комиссияҳои қабули таъинамудаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ амалӣ карда мешаванд.
35. Иншооти тозакунии канализатсияи объектҳои навбунёд, васеъшаванда ва таҷдидшаванда баъди санҷишҳои гидравликии қубурҳои обгузар ва иншооти зарфдор, санҷиши давомноки маҷмӯии (на камтар аз 3 шабонарӯз) бо оби тоза ё ҷорӣ, инчунин баъди санҷиши амали муштараки кори ҳамаи объект, бояд ба истифода қабул карда шаванд.
36. Ба кор даровардани ҷараёни технологии софкунии биологии обҳо бояд баъди ба истифода қабул намудани объекти софкунӣ дар ҳарорати аз сифр болои ҳавои шабона на камтар аз 10ш С рӯзона, на дертар аз мӯҳлатҳои зерин амалӣ карда шавад:
Ҷадвал
37. Санаи ба истифода додани объектҳо, санаи имзо шудани санади Комиссияи давлатии қабул маҳсуб меёбад.
2. МАСЪУЛИЯТИ ТАРАФҲО
38. Фармоишгарон барои сари вақт ба истифода омода намудан ва истеҳсоли маҳсулоти (хизматрасонии) объектҳои ба истифода додашаванда, барои гузаронидани санҷиши маҷмӯии таҷҳизот (дар низоми кор ва бекорӣ) бо иштироки ташкилотҳои лоиҳавӣ, сохтмонию васлкунӣ ва ҳангоми зарурат заводҳои истеҳсолкунандаи таҷҳизот, барои танзими раванди технологӣ, истеҳсоли маҳсулот (хизматрасонӣ) ва азхудкунии иқтидорҳо дар мӯҳлати муқаррарнамудаи меъёрҳои амалкунанда масъул мебошанд.
39. Ҳангоми муайян кардани мӯҳлати азхудкунии ҷорӣ намудани истеҳсоли маҳсулот (хизматрасонӣ) меъёрҳои амалкунандаи азхудкунии иқтидорҳои истеҳсолӣ бояд ба роҳбарӣ гирифта шавад.
40. Ташкилотҳои лоиҳакашӣ барои мутобиқати иқтидорҳо ва дигар нишондиҳандаҳои техникию иқтисодии объектҳо, иқтидор ва нишовдиҳандаҳои ба истифода додашаванда ва барои ҳалли масъалаҳои вобаста ба лоиҳакашӣ, ки дар раванди қабули объект ва азхудкунии иқтидорҳои лоиҳавии онҳо пайдо мешаванд, масъул мебошанд.
41. Ташкилотҳои илмию тадқиқотӣ барои мутобиқати маълумоти ибтидоии барои лоиҳакашӣ, бо дарназардошти дастовардҳои пешрафти илмию тадқиқотӣ дар соҳаи равандҳои нави технологӣ, таҷҳизот ва мавод пешниҳод кардаашон масъул мебошанд.
42. Ташкилотҳои сохтмонию васлкунӣ барои иҷрои корҳои сохтмонию васлкунӣ тибқи лоиҳа, барои сифати зарурии ин корҳо, гузаронидани санҷишҳои инфиродии таҷҳизоти насбнамудаи худ, сари вақт бартараф кардани норасоиҳои дар раванди қабули корҳои сохтмонию васлкунӣ ва озмоиши маҷмӯии таҷҳизот муайянгардида масъул мебошанд.
43. Дар сурати вайрон кардани қоидаҳои барои истифодабарӣ қабул намудани объекти сохтмонашон анҷомёфта, раисон ва аъзои комиссия, инчунин шахсони бархилофи Тартиби мазкур ба қабули объект маҷбуркунанда ба ҷавобгарии интизомӣ ва дигар ҷавобгарӣ мутобиқи қонунгузории амалкунанда кашида мешаванд.
3. КОМИССИЯҲОИ ДАВЛАТИИ ҚАБУЛ, ҲУҚУҚ ВА ӯҲДАДОРИҲО, ТАРТИБИ КОРИ ОНҲО
44. Ба истифода қабул намудани объектҳои сохтмонашон анҷомёфтаи нодир ва махсусан муҳими таъиноти истеҳсолӣ ва навбатҳои онҳо дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии ҷумҳурӣ, сарфи назар аз шакли моликияташон аз тарафи комиссияҳои давлатии қабул, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои фармоишгар (соҳибони корхонаҳо) таъин кардааст, амалӣ карда мешавад.
45. Рӯйхати чунин объектҳо дар дурнамои ҳарсолаи рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
46. Ба истифода қабул кардани объектҳои сохтмонаш анҷомёфтаи таъиноти истеҳсолӣ (ғайр аз объекте, ки дар банди 44 нишон дода шудаанд), инчунин объектҳои таҷрибавӣ, новобаста аз арзиши сметавиашон, аз тарафи комиссияҳои давлатии қабул, ки аз ҷониби мақомоти зерин таъин карда шудаанд, гузаронида мешавад:
- вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, ки фармоишгари сохтмони объекти ба системаашон дохилбуда мебошанд, агар сохтмони онҳо пурра ё қисман аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо тартиби иштироки саҳмиявӣ), инчунин маблағҳои худии корхонаҳо, қарзи бонкҳо ва аз дигар сарчашмаҳо маблағгузорӣ шаванд;
- мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо аз рӯи объектҳое, ки бо иштироки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ сохта шуда моликияти хусусӣ (коллективӣ) ба онҳо тааллуқ доранд, агар барои сохтмони онҳо маблағҳои худӣ ва сармоягузории хориҷӣ ҷудо шуда бошад.
47. Қабули иншооти сохтмонаш анҷомёфтаи хоҷагии об, системаҳои обёрӣ ва хушккунӣ, объектҳои барои истифодабарии мӯътадили ин системаҳо, истафодабарии замин, инчунин барои хоҷагиҳои нави кишоварзӣ дар ин заминҳо, заминҳои обёришаванда ва хушконидашаванда зарурӣ, ки ҳамасола дар раванди сохтмони системаҳои обёрӣ ва хушккунӣ, сарфи назар аз арзиши сметавиашон ба истифода дода мешаванд, аз ҷониби комиссияҳои давлатии қабул, ки сохторҳои зерин таъин кардаанд, гузаронида мешавад:
- Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё бо супориши он мақоми идораи давлатие, ки масъалаҳои хоҷагии обро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбурд менамояд, агар маблағи сохтмони объектҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо шуда бошад;
- мақоми идораи давлатие, ки масьалаҳои хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешбурд менамояд, агар ба сохтмони объектҳо маблағҳои хусусӣ, кооперативӣ ва хориҷӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷӣ равона шуда бошанд.
48. Ба истифода қабул намудани объектҳои умумӣ барои гурӯҳи корхонаҳо, маҷмӯаҳои бакордарорандаи дар ҳайати объекти қарордошта барои истифода аз тарафи комиссияҳои қабули таъинкардаи вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар тобеияти онҳо фармоишгарони асосии сохтмони мазкур қарор доранд ё аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо бо тартиби дар бахшҳои 46 ва 47 Тартиби мазкур зикргардида гузаронида мешавад.
49. Ба истифода қабул намудани объекти сохтмонаш анҷомёфтаи нодир ва махсусан муҳими таъиноти манзилию шаҳрвандӣ ва коммуналӣ, аз тарафи комиссияҳои давлатии қабул, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятқо ва шаҳру ноҳияҳо таъин карда мешаванд, гузаронида мешавад.
50. Номгӯи ин гуна объектҳо дар дурнамои солонаи рушди иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ карда мешавад.
51. Ба истифода қабул намудани объектҳои сохтмонашон анҷомёфтаи таъиноти манзилию шаҳрвандӣ ва коммуналӣ (манзилҳои истиқоматӣ, хобгоҳҳо, муассисаҳои кӯдаконаи томактабӣ, мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва дигар объектҳо), сарфи назар аз тобеият ва шакли моликияташон, инчунин тамоми объектҳои таъиноти манзилию шаҳрвандӣ ва коммунадӣ, ки дар мавзеи ҷудо шудани роҳҳои оҳан ва автомобилгарди аз шаҳр берун, ҷамоатҳо ва минтақаҳои осоишгоҳҳо ҷойгир шудаанд, аз тарафи комиссияҳои давлатии қабул, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо бо пешниҳоди вазорату идораҳои фармоишгар таъин шудаанд, гузаронида мешавад.
52. Барои истифода қабул намудани хонаҳои истиқоматии инфиродии сохтмонашон анҷомёфта аз тарафи комиссияҳои давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо дар ҳайати зерин гузаронида мешавад:
- раис ё муовини раиси шаҳр ё ноҳия, намояндагони мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ;
- намояндагони ташкилоти сохтмонӣ (агар сохтмон бо усули пудрат анҷом ёфта бошад);
- мақомоти ноҳиявии (шаҳрии) назорати санитарӣ ва сӯхторнишонӣ.
53. Комиссияҳои давлатии қабул бояд қаблан вобаста ба хусусият ва мураккаб будани объект, вале на дертар аз 90 рӯз то мӯҳлати муқарраршуда, ҳангоми қабули объекти таъиноти истеҳсолӣ ва на дертар аз 30 рӯз ҳангоми қабули объекти манзилию шаҳрвандӣ таъин карда шаванд. Ҳамзамон бояд санаи оғозу анҷоми кори комиссия бо дарназардошти мӯҳлати муқарраршудаи ба истифода додани объект муайян карда шавад.
54. Намояндагон - аъзои Комиссияи давлатии қабулро (ҳангоми зарурат) мақоме, ки комиссияро таъин кардааст, метавонад иваз намояд.
55. Ҳангоми ба истифода қабул намудани объекти таъиноти истеҳсолӣ ба ҳайати комиссияҳои давлатии қабул намояндагони зерин дохил мешаванд:
- фармоишгари сохтмон;
- ҳангоми ба истифода додани корхонаҳои муштарак бо иштироккунандагони хориҷӣ намояндагони онҳо;
- пудратчии генералӣ ва ташкилотҳои пудратчии ғайриасосӣ;
- лоиҳакаши генералӣ;
- ташкилоти истифодабаранда;
- мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳр, ноҳияе, ки ба истифода додани объекти истеҳсолӣ дар худуди он сурат мегирад, мақомоти назорати давлатии сохтмон, мақомоти назорати давлатии санитарӣ, оташнишонӣ, назорати барқ, хифзи муҳити зист.
Ба ҳайати комиссияҳои давлатии қабул ҳангоми қабул объектҳои зерин инчунин инҳо дохил мешаванд:
- хатҳои асосии интиқоли маҳсулоти нафту газ, ҳамчунин объекте, ки таҳти назорати Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ қарор доранд - намояндагони Хадамоти мазкур;
- объектҳои дорои технологияи мураккаб ё таҷҳизоти нодирнамояндагони заводҳо - истеҳсолкунандагони ин таҷҳизоти технологӣ ва ташкилотҳои васлкунӣ;
- объектҳои дорои роҳҳои оҳани фаръӣ - намояндагони Корхонаи воҳиди давлатии "Роҳи оҳани Тоҷикистон";
- системаҳои обёрӣ ва хушккунӣ; заминҳои кишт, бунёди ҷангалҳои муҳофизатӣ, дастгоҳҳои гидротехникии зидди эрозия ва объекҳои дигар бо мақсади серҳосилкунӣ ва ҳифзи заминҳои навбунёд - намояндагони мақомоти идораи давлатии соҳаи кишоварзӣ, захира ва истифодаи замин, ҳамчунин намояндагони хоҷагии заминистифодабаранда;
- объектҳое, ки фаъолияташон ба ҳолат ва барқарорсозии ҷангалҳо таъсир мерасонад - намояндагони мақомоти идораи давлатии хоҷагии ҷангал;
- объектҳое, ки дар таҳти назорати ташкилоту муассисаҳои байтории давлатӣ қарор доранд - намояндагони ин корхонаву муассисаҳо;
- роҳҳои автомобилгард - намояндагони Бозрасии давлатии автомобилӣ;
- объектҳое, ки фаъолияташон ба ҳолат ва барқарорсозии захираҳои моҳӣ, захираҳои дарёҳо ва кӯлҳо дар ҳудуди ҷумҳурӣ таъсир мерасонад намояндагони мақомоти муҳофизати моҳӣ;
- дастгоҳҳои газсофкунӣ ва чангкашӣ - намояндагони мақомоти давлатии ҳифзи муҳити зист;
- объектҳои истеҳсоли ашёи хоми атомӣ ва иншооти истифодабарандаи ашёи хоми атомӣ - намояндагони мақомоти давлатии ҳифзи муҳити зист;
- объектҳои дорои ҳуҷраҳои дохилии мудофиаи гражданӣ ё объектҳои алоҳидаи мудофиаи гражданӣ - намояндагони ситоди мудофиаи гражданӣ.
56. Ба ҳайати комиссияҳои давлатии қабул ҳангоми ба истифода қабул кардани объекти манзилию шаҳрвандӣ дохил мешаванд:
- намояндагони фармоишгари сохтмон (шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ), ташкилоти истифодабаранда, пудратчии генералӣ, меъмор - муаллифи лоиҳа ва сармуҳандиси лоиҳа;
- намояндагони мақомоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонӣ, мақомоти назорати давлатии санитарӣ, оташнишонӣ ва барқ.
57. Ба ҳайати комиссияҳои давлатии қабули зикргардида ҳангоми қабули объектҳои зерин ҳамчунин инҳо дохил мешаванд:
- объектҳое, ки ба сарф ва захира кардани об вобастаанд,намояндагони мақомоти назорати давлатии ҳифзи муҳити зист, хоҷагии об ва хоҷагии манзилию коммуналӣ;
- объектҳое, ки таҳти назорати Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ қарор доранд, - намояндагони ин мақомот;
- кӯчаҳо, роҳҳо ва иншооти роҳ - намояндагони Бозрасии давлатии автомобилӣ;
- объектҳои дорои ҳуҷраҳои дохилӣ ё объектҳои ҷудогонаи мудофиаи гражданӣ - намояндагони ситодҳои дахлдори мудофиаи гражданӣ;
- объектҳои таъиноти манзилию шаҳрвандӣ, ки лоиҳаи сохтмонашон аз ҷониби лоиҳакаши генералӣ таҳия шуда, аз макони сохтмон дар масофаи дур ё берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ ҷойгир шудааст, бо қарори ташкилоте, ки комиссияи давлатии қабулро таъин кардааст, намояндаи ташкилоти лоиҳакашӣ, ки дар минтақаи сохтмон қарор дорад ва таҳияи лоиҳаи сохтмони объектҳои таъиноти манзилию гражданӣ ба ҷойи намояндаи ташкилоти лоиҳакаш (бо розигии ӯ) амалӣ менамояд.
58. Раисони комиссияҳои давлатии қабули объектҳои таъиноти манзилию шаҳрвандӣ ва истеҳсолӣ, кормандони роҳбарикунандаи мақомоте, ки комиссияҳои давлатии қабулро таъин кардаанд, ҳамчунин кормандони роҳбарикунандаи корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотқое, ки бевосита ба ин мақомот тобеъ мебошавд, ҳамчун раис таъин карда мешаванд.
59. Фармоишгар ба Комиссияи давлатии қабул хуҷҷатҳоеро, ки пудратчии генералӣ ба комиссияи корӣ пешниҳод намудааст, инчунин хуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамояд:
- маълумотнома дар бораи бартараф намудани норасоиҳое, ки комиссияи корӣ ошкор кардааст;
- ҳуҷҷатҳои лоиҳавию сметавии тасдиқшуда ва маълумотнома дар бораи нишоддиҳандаҳои асосии техникию иқтисодии объекте, ки барои истифода қабул карда мешавад;
- номгӯи ташкилотҳои лоиҳакашӣ, илмию тадқиқотӣ ва ҷустуҷӯие, ки дар лоиҳакашии объекти барои истифода пешниҳодшуда ширкат кардаанд;
- ҳуҷҷатҳо оид ба ҷудо кардани қитъаҳои замин, барои объекти манзилию шаҳрванди бошад, инчунин иҷозати идораи назорати давлатии меъморӣ ва сохтмон барои корҳои сохтмонию васлкунӣ;
- хуҷҷати махсуси истифодаи об;
- ҳуҷҷатҳои геодезии мавқеъгирии сохтмон, инчунин корҳои геодезӣ дар раванди сохтмон, ки фармоишгар анҷом додааст;
- ҳуҷҷатҳо дар бораи мавқеи геологӣ ва гидрологии майдони сохтмон, дар бораи натиҷаи озмоиши хок ва обҳои зеризаминӣ;
- шиносномаҳои таҷҳизот ва механизмҳо;
- санадҳои қабули объектқо, таҷҳизоти таъмиршуда, ки аз ҷониби комиссияҳои корӣ тахия шудаанд;
- санадҳои ба истифода қабул намудани биною иншоот;
- маълумотнома дар бораи бо кадрҳои истифодабаранда таъмин будани объекте, ки қабул карда мешавад ва биноҳои санитарию маишии нуқтаҳои фурӯши хӯрок, биноҳои манзилию ҷамъиятӣ барои ҳама гуна хизматрасонӣ пешбинигардида;
- маълумотнома дар бораи бо захираҳои моддию техникӣ, аз ҷумла ашёи хом, нерӯи барқ, об, газ ва ғайра таъмин будани объекти барои қабул пешниҳодшаванда;
- маълумотномаи ташкилотҳои шаҳрии истифодабаранда дар бораи он, ки коммуникатсияи берунии таъмини оби гарму сард, корез, гармидиҳӣ, нерӯи барқ ва алоқа барои ба истифода додани объект мусоидат мекунанд ва аз ҷониби онҳо барои истифода қабул карда шудаанд;
- маълумотнома дар бораи мутобиқати иқтидорҳои истифодашаванда (барои давраи аввал азхудкунии иқтидорҳои лоиҳавӣ) ба иқтидорҳои пешбиникардаи лоиҳа;
- маълумотнома дар бораи арзиши воқеии сохтмон, ки онро фармоишгар ва пудратчӣ ба имзо расондаанд;
- ҳуҷҷатҳо дар бораи иҷозат ба истифодаи объектҳо ва таҷҳизоте, ки таҳти назорати мақомоти дахлдори назорати давлатие қарор доранд, ки намояндагони онҳо ба ҳайати Комиссияи давлатии қабул дохил нестанд;
- маводи ҷамъбастии комиссияи корӣ оид ба омодагии пурраи объект барои қабули Комиссияи давлатии қабул.
60. Ҳуҷҷатҳо баъди қабули объект барои истифода бояд аз ҷониби фармоишгари сохтмон ва дар ҳолати ягона будани фармоишгар дар ихтиёри ташкилоти дахлдори истифодабаранда ва як нусхаи он дар
бойгонии мақомоти иҷроияи, маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо нигоҳ дошта шаванд.
61. Комиссияҳои давлатии қабул вазифадоранд:
а) бартараф шудани норасоиҳоеро, ки комиссияҳои корӣ ошкор кардаанд ва омодагии объектро барои истифода мавриди санҷиш қарор диҳанд. Санҷиши мазкур аз рӯи барномаи таҳиянамудаи фармоишгари сохтмон, ки Комиссияи давлатии қабул тасдиқ кардааст, гузаронида мешавад;
б) пешрафти қарорҳои технологӣ ва меъморию сохтмониро дар маҷмӯъ арзёбӣ намоянд;
в) мутобиқати иқтидорҳо ва арзиши воқеии объекти таъиноти истеҳсолӣ (барои фармоишгар), иқтидорҳо ва арзиши сохтмонии объектро, ки лоиҳаи тасдиқшуда пешбинӣ кардааст, мавриди санҷиш қарор диҳанд ва дар сурати номутобиқатии онҳо сабабҳои онро таҳлил намоянд. Натиҷаи таҳлил бо пешниҳодҳои дахлдор бояд ба мақомоте, ки комиссияро таъин кардаанд, пешниҳод карда шавад.

Замимаи 1-2