Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Барномаи миллии рушди донории хун ва ҷузъҳои он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2019
Мутобиқи моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи донории хун ва ҷузъҳои он" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барномаи миллии рушди донории хун ва ҷузъҳои он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2019 ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Барномаи миллии рушди донории хун ва ҷузъҳои он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2019 тасдиқ карда шаванд (замима мегарданд).
2. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иҷрои Барномаи мазкурро дар доираи маблағҳои барои соҳаи тандурустӣ пешбинишуда, таъмин намоянд.
3. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳангсозӣ ва дастгирии техникии татбиқи Барномаи зикршударо таъмин намуда, аз ҷараёни татбиқи он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол ҳисобот пешниҳод намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 2 июли соли 2015 № 422
ш.Душанбе