Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 июли соли 2015, № 431
тасдиқ шудааст
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 июли соли 2015, № 431
тасдиқ шудааст
Тартиби барҳам додан ва аз ҳисоб баровардани аслиҳаву техникаи ҳарбӣ, объектҳои мудофиавӣ ва дигар амволи ҳарбӣ
1. Муқаррароти умумӣ
1. Тартиби барҳам додан ва аз ҳисоб баровардани аслиҳаву техникаи ҳарбӣ, объектҳои мудофиавӣ ва дигар амволи ҳарбӣ (минбаъд - Тартиб) бо мақсада ҷорӣ намудани низоми ягонаи барҳам додан ва аз ҳисоб баровардани аслиҳаву техникаи ҳарбӣ, объектҳои мудофиавӣ ва дигар амволи ҳарбӣ, ки аз лиҳози ҷисмонӣ ё маънавӣ фарсуда шуда, корношоям гардидаанд, таҳия шудааст.
2. Меъёрҳои Тартиб нисбат ба аслиҳа, техникаи ҳарбӣ, объектҳои мудофиавӣ ва дигар воситаҳои асосӣ (минбаъд - воситаҳои асосии ҳарбӣ), ки дар тавозуни Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои ҳарбии тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мудофиа" муайянгардида (минбаъд - Ташкилотҳои давлатии ҳарбикунонидашуда) қарор доранд, татбиқ мегарданд.
3. Воситаҳои асосии ҳарбӣ дар ҳолатҳои зерин аз ҳисоб бароварда шуда, барҳам дода мешаванд:
- дар ҳолати аз лиҳози ҷисмонӣ пурра фарсуда шуда, барои истифодаи минбаъда корношоям гардидан;
- дар ҳолати имконнопазир будан ё аз ҷиҳати иқтисодӣ фоидаовар набудани барқарорсозии онҳо;
- дар ҳолате, ки бо сабаби қабул намудани аслиҳа ва техникаи ҳарбии нави такмилёфта ва дигар амволи ҳарбӣ, нигоҳдории ояндаи онҳо аз ҷиҳати иқтисодӣ ва техникӣ мувофиқи мақсад набошад;
- дар ҳолати арзиши бақиявии тавозунӣ надоштани воситаҳои асосии ҳарбӣ (ба истиснои аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, ки тибқи рақами истеҳсолкунанда ба ҳисоб гирифта мешаванд);
- дар ҳолати ба нақша гирифтани сохтмони иншооти дигар дар мавқеи ҷойгиршавии онҳо;
...