Замимаи 1
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "2" июли соли 2015, № 430
тасдиқ шудааст
Тартиби хизматрасониҳои иловагии музднок ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони ваколатдор
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 4.04.2017 № 180)
1. Тартиби хизматрасониҳои иловагии музднок ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони ваколатдор (минбаъд - Тартиб) тартиби расонидани хизматрасониҳои иловагии музднок (минбаъд - хизматрасонӣ) ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони ваколатдор, инчунин ҷамъоварӣ ва воридшавии маблағҳоро барои хизматрасониҳои мазкур ва хароҷоти онҳо муқаррар мекунад.
2. Хизматрасонӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ихтиёран ба амал бароварда мешавад. Чунин хизматрасонӣ барои анҷом додани амалиёт вобаста ба барасмиятдарории асноди ҳолати шаҳрвандӣ аз тарафи кормандони мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони ваколатдор сурат мегирад.
3. Хизматрасонӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони ваколатдор дар асоси муроҷиати онҳо анҷом дода мешавад ва дар китоби сабти хизматрасонии иловагии муздноки бо тартиби муқаррарнамудаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилшаванда дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони ваколатдор ба қайд гирифта мешавад.
4. Пардохти маблағҳои хизматрасонӣ аз ҷониби шахоони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тавассути Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" ва филиалҳои он дар шаҳру ноҳияҳо сурат мегирад. Қабули маблағҳои мазкур аз ҷониби Бонки давлатии амонатгузории "Амонатбонк" ва филиалҳои онҳо дар дилхоҳ ҳолат бо додани шакли муқарраргардидаи расид, ки дар он намуди хизматрасони нишон дода мешавад, амалӣ мегардад.
5. Қабули пардохтпулии хизматрасонии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба тариқи нақдӣ аз тарафи кормандони мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони ваколатдор манъ мебошад.
6. Маблағҳои барои хизматрасонӣ пардохтшуда дар суратҳисоби ягонаи Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккул дода мешаванд.
7. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шӯъбаҳои Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлон ва Суғд ҳисоботи воридот ва хароҷоти маблағҳоро тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хазинадорӣ" ва Дастуруламал оид ба ташаккул ва истифодабарии маблағҳои махсуси мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст, анҷом медиҳанд.
8. Маблағҳои аз хизматрасонӣ воридгардида барои мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони ваколатдор равона гардида, инчунин маблағҳои аз ҳисоби хизматрасонии ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот воридгардида бо назардошти шумораи аҳолии то 10 ҳазор нафар ба андозаи 50 фоиз, аз 10 ҳазор то 20 ҳазор нафар ба андозаи то 40 фоиз, аз 20 ҳазор то 30 ҳазор нафар ба андозаи 30 фоиз ва аз 30 ҳазор нафар зиёд ба андозаи 25 фоиз барои мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии онҳо истифода бурда мешаванд. Маблағҳои аз хизматрасонии намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа воридшуда пурра ба суратҳисоби махсуси онҳо гузаронида мешавад.
Дастурамал оид ба ташаккул ва истифодабарии маблағҳои аз хизматрасонии ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот воридгардида, аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад .
9. Маблағҳои аз хизматрасонӣ воридгардида мумкин аст барои дигар хароҷоте, ки маблағгузории он дар Буҷети давлатӣ пешбинӣ карда нашудааст, равона карда шаванд.
10. Барои дурустии ҳисобот аз рӯи хизматрасонӣ сардорони Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ, шӯъбаҳои Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлон ва Суғд, мудирони шӯъба ва бахшҳои шаҳру ноҳияҳо ва хонаҳои ақди никоҳи шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд масъул буда, онҳо мутобиқан ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ, шӯъбаҳои Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлон ва Суғд ҳисобот медиҳанд.
11. Барои хизматрасонии иловагии музднок маблағ мувофиқи Андозаи пардохти хизматрасонии иловагии музднок ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони ваколатдор ситонида мешавад.
12. Дар мақомоти бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ аз супоридани маблағ барои хизматрасонии иловагӣ - мақомоти маориф, васоят ва парасторӣ, комиссия оид ба корҳои ноболиғон - барои додани шаҳодатномаҳои такрории таваллуд оид ба фиристодани кӯдакони ятим ва кӯдакони аз парастории падару модар маҳрумгардида ба хонаҳои кӯдакон ва мактаб-интернатҳо, инчунин шаҳодатномаҳо дар бораи вафоти падару модари ин кӯдакон, шаҳрвандон - барои ба онҳо додани маълумот дар бораи бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ки ҷиҳати пешниҳод ба мақомоти ҳифзи иҷтимоӣ заруранд, оид ба масъалаҳои таъин ва ё аз нав ҳисоб кардани нафақаву кӯмакпулиҳо ва дигар ҳолатҳои бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда, озод мебошанд. Дар ҳолати пешниҳод намудани маълумотномаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии дахлдор, шахсони камбизоат нисфи маблағи муҳарраргардадаро барои хизматрасонии иловагии музднок месупоранд.
Замимаи 2