Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №145
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба Низомномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №145 тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
- ба банди 8 сархатҳои нав бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
"- барои таъсис додани намояндагиҳои Вазорат оид ба соҳаи маориф ва илм дар хориҷи кишвар ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод манзур менамояд;
- барои ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани роҳбарони намояндагиҳои Вазорат дар хориҷи кишвар ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод манзур менамояд;
- кормандони намояндагиҳои Вазоратро дар хориҷи кишвар ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд.".
2. Ба Нақшаи идоракунии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №145 тасдиқ шудааст, сархати нав дар мазмуни зайл илова карда шавад:
"Намояндагии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия;".
3. Сархатҳои сеюм, ҳафтум ва нӯҳуми Номгӯи ташкилоту муассисаҳои системаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №145 тасдиқ шудааст, дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
"- Муассисаи давлатии "Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон";
- Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ";
- Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 3 июни соли 2015 № 381
ш.Душанбе