Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 2015 № 360 "Дар бораи Агентии обуҳавошиносӣ"

Санаи амалкуни: 29.07.2022

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Агентии обуҳавошиносӣ

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.11.2018 № 533, аз 29.07.2022 № 366)

Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Низомнома, Сохтори дастгоҳи марказӣ, Нақшаи идоракунӣ ва Номгӯи шабакаҳои давлатии системаи Агентии обуҳавошиносӣ тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3 ва 4).

2. Шумораи ниҳоии кормандони Агентии обуҳавошиносӣ ба миқдори 64 воҳид (бе ҳайати хизматрасон), аз ҷумла Дастгоҳи марказӣ 41 воҳид муқаррар карда шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.11.2018 № 533, аз 29.07.2022 № 366).

3. Ба Агентии обуҳавошиносӣ иҷозат дода шавад, ки 2 муовини Директор дошта бошад ва лимити автомашинаҳои сабукрави хизматӣ ба миқдори 3 адад муқаррар карда шавад.

4. Маблағгузории Агентии обуҳавошиносӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва дигар маблағҳо бо тартиби муайянкардаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шавад.

5. Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати ду моҳ:

- доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавии Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод намояд;

- санадҳои худро ба қарори мазкур мутобиқ намояд.

6. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2008 № 485 "Дар бораи Муассисаи давлатии обуҳавошиносӣ" аз эътибор соқит дониста шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                Эмомалӣ Раҳмон

аз 30 майи соли 2015 № 360

ш.Душанбе

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Агентии обуҳавошиносӣ

Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Низомнома, Сохтори дастгоҳи марказӣ, Нақшаи идоракунӣ ва Номгӯи шабакаҳои давлатии системаи Агентии обуҳавошиносӣ тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3 ва 4).

2. Шумораи ниҳоии кормандони Агентии обуҳавошиносӣ ба миқдори 64 воҳид (бе ҳайати хизматрасон), аз ҷумла Дастгоҳи марказӣ 35 воҳид муқаррар карда шавад.