Низомномаи Агентии обуҳавошиносӣ аз 30 майи соли 2015 № 360

Санаи амалкуни: 29.05.2023

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "30" майи соли 2015, № 360

тасдиқ шудааст

Низомномаи Агентии обуҳавошиносӣ

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.08.2018 № 457,  аз 1.11.2018 № 533, аз 29.07.2022 № 366, аз 29.05.2023 № 222)

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

1. Агентии обуҳавошиносӣ (минбаъд - Агентӣ) мақоми ҳокимияти давлатӣ буда, фаъолияти худро ҷиҳати татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ, назорат ва мониторинги ифлосшавии муҳити зист, таъсиррасонии фаъол ба ҷараёни метеорологӣ ва дигар ҷараёнҳои геофизикиро дар соҳаи обуҳавошиносӣ амалӣ менамояд.

2. Агентӣ дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкурро дастури амал қарор медиҳад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.07.2022 № 366).

3. Агентӣ ба Сохтори идоракунии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил буда, фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, таҳсилоти олии касбӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо анҷом медиҳад.

2. ВАКОЛАТҲО

4. Агентӣ дорои ваколатҳои зерин мебошад:

- тибқи тартиби муқарраргардида лоиҳаи қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи обуҳавошиносиро таҳия ва пешниҳод менамояд;

- ҷиҳати татбиқи барномаҳои давлатӣ ва нақшаҳои дарозмӯҳлат дар соҳаи фаъолияти обуҳавошиносӣ дархостҳо пешниҳод менамояд;

- тибқи тартиби муқарраргардида дар ташкилотҳои байналмилалӣ ва давлатҳои хориҷӣ оид ба масъалаҳои обуҳавошиносӣ кишварро муаррифӣ менамояд, бо мақомоти обуҳавошиносии давлатҳои хориҷӣ шартномаҳо мебандад;

- дар ҷалб намудани грантҳо ва дигар кӯмакҳои ташкилотҳои байналмилалӣ баҳри инкишоф додани соҳаи обуҳавошиносӣ кор мебарад;

- таҳия ва тасдиқи ҳисоботҳои давлатии омории соҳаи обуҳавошиносиро амалӣ карда, ба мақомоти дахлдор маълумот пешниҳод менамояд;

- ҷиҳати таъмини мақомоти идораи давлатӣ бо машваратҳои методӣ ва иттилоотӣ оид ба соҳаи обуҳавошиносӣ фаъолият мебарад;

- тибқи тартиби муқарраргардида ҳамоҳангсозии ташкил ва таъмини фаъолияти низоми маҷмӯии мониторинги вазъи муҳити зистро амалӣ месозад;

- муносибатҳо ва робитаҳои истеҳсолӣ, илмию таҳқиқотиро бо ташкилотҳои ҷумҳуриявӣ ва хориҷӣ дар соҳаи обуҳавошиносӣ ба роҳ мемонад;

- додани иҷозатномаҳо барои ҳуқуқи пешбурди фаъолият дар соҳаи обуҳавосанҷӣ ва соҳаҳои ба он алоқаманд, аз ҷумла иҷрои корҳо оид ба расонидани таъсири фаъолона ба раванду зуҳуроти обуҳавосанҷӣ ва геофизикӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.07.2022 № 366);

- санҷиш ва муайян намудани калибри асбобҳои ченкунии нишондодҳои метеорологӣ, гидрологӣ, агрометеорологии субъектҳое, ки ба сохтори Агентӣ дохил намешаванд;

- такмил ва рушди маркетинги хизматрасонии обуҳавошиносӣ;

- истифодабарӣ, ба иҷора додан ва ба иҷора гирифтани биноҳо, иншоот ва техникаю таҷҳизот тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.07.2022 № 366);

- тибқи тартиби муқараргардида ӯҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистонро дар соҳаи обуҳавошиносӣ иҷро менамояд;

- мубодилаи иттилоотро дар доираи Созмони умумиҷаҳонии ҳавошиносӣ, Иттиҳоди иқтисодии Евразия ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дастгирӣ менамояд ва инкишоф медаҳад;

- дар иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалӣ аз рӯи Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағийрёбии иқлим ва Конвенсияи Вена дар бораи ҳифзи қабати озон иштирок намуда, лоиҳаҳои дахлдор пешниҳод менамояд;

- таҷрибаи пешқадами дигар давлатҳоро дар соҳаи обуҳавошиносӣ, гидрологӣ, агрометеорологӣ, аэрологӣ, актинометрӣ, яхшиносӣ ва мониторинги муҳити зист истифода мебарад.

5. Агентӣ мутобиқи ваколатҳои ба зиммааш гузошташуда иҷрои вазифаҳои зеринро таъмин менамояд:

- муайян намудани дурнамоҳои кӯтоҳмӯҳлат, миёнамӯҳлат ва дарозмуддат дар соҳаи обаҳавошиносӣ, инчунин таҳияи нақша ва барномаҳои рушд;

- расондани кӯмаки методию ташкилӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи пешгӯиҳои обуҳавошиносӣ, пешгӯиҳои зуҳуроти табии гидрометеорологӣ, пешгӯии ҳосилнокин зироатҳои кишоварзӣ ва мониторинги муҳити зист;

- таҳияи пешниҳодот оид ба баланд бардоштани самаранокии истифодаи маблағҳои ҷудогардидаи давлатӣ ва сармояи хориҷии ҷалбгардида дар соҳаи обуҳавошиносӣ ва мониторинги истифодаи онҳо;

- мувофиқи тартиби муқарраргардида дар доираи салоҳияти худ ба имзо расонидани санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ дар соҳаи обуҳавошиносӣ;

- татбиқи сиёсати самарабахши иқтисодӣ ва истеҳсолӣ дар соҳаи обуҳавошиносӣ;

- омӯхтани ҳолати пиряхҳо, кӯлҳо, равандҳои тағйирёбии иқлим бо мақсади баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираҳои об ва пешгӯии падидаҳои табиии гидрометеорологӣ;

- омӯзиши қонуниятҳои фазоии муваққатии низоми гидрологӣ, ҳисоби захираҳои обҳои рӯизаминӣ, тавозуни оби ҳавзаҳо ва ҳудудҳон обӣ;

- ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори соҳаи бехатарии ҳаракати нақлиёти рӯизаминӣ ва ҳавоӣ;

- ҳамкорӣ бо ташкилотҳои суғуртавӣ, ассотсиатсияҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ, соҳибкорон, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар соҳаи фаъолияти обуҳавошиносӣ;

- ҳамоҳангсозии робитаҳо бо ташкилоту пажӯишгоҳҳои истеҳсолӣ ва илмию тадқиқотии ҷумҳуриявӣ ва хориҷӣ;

- фиристондани кормандон ба семинарҳо, конференсияҳо ва курсҳои такмили ихтисос;

- амалӣ намудани хизматрасонии техникаи махсус, таъмир ва ҳифзи шабакаҳо, таҷҳизот, радиолокаторҳо ва радиостансияҳо;

- таъмини стансияҳо ва нуқтаҳои назоратии баландкӯҳ ва дурдаст бо озуқаворӣ, сӯзишворӣ, равғанҳои молиданӣ, фароҳам овардани шароити зарурии кор ва фаъолият дар сохторҳо ва шабакаҳо ва таъмини риояи қоидаҳои техникаи бехатарӣ ва санитарӣ;

- анҷом додани дигар вазифаҳои пешбининамудаи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият.

6. Агенти дорои ӯҳдадориҳои зерин мебошад:

- татбиқ намудани барномаҳои давлатӣ дар соҳаи обуҳавошиносӣ;

- гузаронидани низоми давлатии мушоҳидаҳои метеорологӣ, гидрологӣ, агрометеорологӣ, аэрологӣ, актинометрӣ, яхшиносӣ, радиолокатсионӣ, маҳвора, инчунин мониторинги муҳити зист;

- такмили низоми ҷамъоварӣ, коркард, таҳлил ва ба маълумоти истеъмолкунандагон ва истифодабарандагон расонидани иттилоот дар бораи ҳолати муҳити зист;

- таъмини саривақтии истифодабарандагон бо пешгӯиҳои обуҳавошиносӣ, огоҳсозӣ аз шароити номусоиди баамалояндаи обуҳаво, равандҳои тағйирёбии иқлим ва қабати озонӣ барои андешидани чораҳои зарурии фаврӣ;

- таъмин намудан бо пешгӯиҳои расмӣ ва дигар маводи иттилоотӣ оид ба арзёбии ҳолати муҳити зист;

- гузаронидани мониторинги ифлосшавии фазои ҳаво, қабати озонӣ дар шаҳрҳои калон, объектҳои муҳими давлатӣ ва стратегӣ;

- гузаронидани мониторинги ифлосшавии обҳои рӯизаминӣ дар дарёҳои аҳамияти дохилидавлатӣ ва минтақавӣ дошта;

- гузаронидани мушоҳидаҳои экспедитсионӣ доир ба пиряхҳо, кӯлҳо, қабати барф, тарма ва сел;

- ҷамъбасти маълумоти боэътимод дар бораи низоми метеорологӣ ва радиатсионӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.07.2022 № 366);

- ташаккули захираҳои иттилоотии давлатӣ дар соҳаи гидрометеорология, ташкил ва ба роҳ мондани Фонди ягонаи давлатии маълумот дар бораи муҳити зист;

- мусоидат дар таъмини хадамоти ҳавоӣ, аэронавигатсиони системаҳои идоракунии ҳаракати ҳавоӣ дар фурудгоҳҳо бо пешгӯиҳои обуҳаво ва маълумоти радиолокатсионӣ ҷиҳати таъмини бехатарии парвоз (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.07.2022 № 366).

7. Ҳуқуқҳои Агентӣ:

- барои қабул намудани қарорҳое, ки таҳти салоҳияти Агентӣ мебошад маълумоти заруриро талаб намояд ва гирад;

- ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти дахлдори давлатӣ ҳангоми ошкор иамудани қонуншиканиҳои ҷиддии касбӣ таклифҳо пешниҳод намояд;

- чорабиниро оид ба бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси мутахассисон барои Агентӣ амалӣ намояд;

- тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани ҳамкории байналмилалиро анҷом диҳад;

- дорои ҳуқуқҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

3. ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТ

8. Агентиро Директор роҳбарӣ менамояд, ки бо пешниҳоди раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.

9. Директор барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Агентӣ гузошташуда ва амалисозии сиёсати давлатӣ дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият масъулияти шахсӣ дорад.

10. Директор намояндаи доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони умумиҷаҳонии ҳавошиносӣ мебошад.

11. Шумораи муовинони Директори Агентӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

12. Директори Агентӣ ду муовин дорад, ки бо пешниҳоди ӯ аз ҷониби Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.

13. Директори Агентӣ:

- вазифаҳоро байни муовинони худ тақсим менамояд;

- низомномаҳои мақомоти сохтори Дастгоҳи марказӣ, мақомоти дар Нақшаи идоракунӣ ва Номгӯи шабакаҳои давлатии системаи Агентӣ шомилбударо тасдиқ мекунад;

- кормандони Агентиро мувофиқи тартиби муқарраргардида ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад;

- нақшаи кори ҳарсола ҳисобот ва нишондиҳандаҳоро дар бораи фаъолияти мақомоти дар Нақшаи идоракунӣ ва Номгӯи шабакаҳои давлатии системаи Агентиро тасдиқ менамояд;

- тибқи тартиби муқарраргардида оид ба таъмииоти молиявӣ, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии мақомоти Агентӣ таклифҳо пешниҳод менамояд;

- ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ташаккули буҷети ҷумҳуриявӣ дар қисми таъминоти молиявии Агентӣ таклифҳо пешниҳод менамояд;

- тибқи талаботи намунавӣ рӯйхати мансабҳои дастгоҳи марказии Агентиро дар доираи фонди музди меҳнат ва шумораи кормандон, сметаи хароҷоти нигоҳдории Дастгоҳи марказии Агентӣ муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар доираи маблағи дар давраи соли молиявӣ дар буҷети давлатӣ пешбинишуда таҳия ва барои тасдиқ ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;

- шумораи кормандон ва фонди музди меҳнати кормандони мақомотҳоеро, ки дар Нақшаи идоракунии Агентӣ ва Номгӯи шабакаҳои давлатии системаи Агентӣ омадааст дар доираи нишондиҳандаҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин сметаи хароҷоти нигоҳдории онҳоро дар доираи маблағҳои барои давраи дахлдор дар буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинигардида тасдиқ менамояд;

- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хизмати давлатӣ масъалаҳои вобаста ба адои хизмати давлатиро дар Агентӣ ҳаллу фасл менамояд;

- фармоишҳо мебарорад, дастурҳо, қоидаҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқиро, ки иҷрои онҳо аз ҷониби ҳамаи кормандони Агентӣ, мақомотҳое, ки дар Нақшаи идоракунӣ ва Номгӯи шабакаҳои давлатии системаи Агентӣ омадааст ҳатмӣ мебошад, тасдиқ намуда, назорати иҷрои онҳоро таъмин мекунад;

- тибқи тартиби муқарраргардида кормандони дастгоҳи марказии Агентӣ, мақомотҳое, ки дар Нақшаи идоракунӣ ва шабакаҳои давлатии системаи Агентӣ омадааст ва дигар шахсонеро, ки дар саҳаи муқарраргардидаи фаъолият корҳоро анҷом медиҳанд, барои сарфароз гардонидан бо унвонҳои фахрӣ ва мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

14. Маблағгузории хароҷоти нигоҳдории дастгоҳи марказии Агентӣ, мақомоти дар нақшаи идоракунӣ ва номгӯйи шабакаҳои давлатии системаи Агентӣ шомилбуда аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва аз ҳисоби маблағҳои махсуси Агентӣ ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.07.2022 № 366).

15. Агентӣ шахси ҳуқуқӣ буда, дорои мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ, рамз, бланкҳо, мӯҳр ва штампҳои дахлдор мебошад ва аз суратҳисоби ягонаи Сарраёсати Хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ карда мешавад.

16. Маҳалли ҷойгиршавии дастгоҳи марказии Агентии обуҳавошиносӣ: шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, хиёбони Бобоҷон Ғафуров, 373 (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.07.2022 № 366).

Замимаи 2

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 майи соли 2015, № 360

тасдиқ шудааст

Сохтори дастгоҳи марказии Агентии обуҳавошиносӣ

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.07.2022 № 366)

Роҳбарият

Раёсати банақшагирӣ, муҳосибот ва молия

Раёсати кадрҳо ва корҳои махсус

Раёсати назорат ва коргузорӣ

Раёсати шабакаҳои давлатӣ

Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ

Шуъбаи таҳлилӣ-иттилоотии обуҳавошиносӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.07.2022 № 366).

Замимаи 3

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "30" майи соли 2015, № 360

тасдиқ шудааст

Нақшаи идоракунии Агентии обуҳавошиносӣ

Дастгоҳи марказӣ

Раёсати таъминот ва хоҷагӣ

Раёсати мониторинги муҳити зист

Замимаи 4

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 майи соли 2015, № 360

тасдиқ шудааст

Номгӯи шабакаҳои давлатии системаи Агентии обуҳавошиносӣ

дар таҳрири нав (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.05.2029 № 222)

 

1. Маркази пешгӯйии обуҳавосанҷӣ

2. Маркази таъмини низоми обуҳавосанҷӣ

3. Маркази омӯзиши тағйирёбии иқлим ва қабати озонӣ

4. Маркази коммуникатсияи автоматикӣ ва технология

5. Маркази танзиму таъмири асбобҳои ченкунӣ

6. Маркази маркетинг ва рушд

7. Маркази яхшиносӣ

8. Маркази обуҳавосанҷии вилояти Хатлон

9. Маркази обуҳавосанҷии вилояти Суғд

10. Маркази обуҳавосанҷии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

11. Стансияи ҳавосанҷии Хумроғӣ

12. Стансияи ҳавосанҷии ағбаи Анзоб

13. Стансияи ҳавосанҷии Бӯстонобод

14. Стансияи ҳавосанҷии Бӯстон

15. Стансияи ҳавосанҷии Деҳҳавз

16. Стансияи ҳавосанҷии Данғара

17. Стансияи ҳавосанҷии Эсанбой

18. Стансияи ҳавосанҷии Лахш

19. Стансияи ҳавосанҷии Фархор

20. Стансияи ҳавосанҷии Панҷакент

21. Стансияи ҳавосанҷии Санглох

22. Стансияи ҳавосанҷии Истаравшан

23. Стансияи ҳавосанҷии Файзобод

24. Стансияи ҳавосанҷии Шаймоқ

25. Стансияи ҳавосанҷии ағбаи Шаҳристон

26. Стансияи ҳавосанҷии Ёвон

27. Стансияи ҳавосанҷии Ишкошим

28. Стансияи ҳавосанҷии Ховаркӯл

29. Стансияи ҳавосанҷии Мурғоб

30. Стансияи ҳавосанҷии Рӯшон

31. Стансияи ҳавосанҷии Маздо

32. Стансияи ҳавосанҷии Қалъаи Лаби Об

33. Стансияи ҳавосанҷии Ганҷина

34. Стансияи ҳавосанҷии Мӯъминобод

35. Стансияи ҳавосанҷии Сангвор

36. Стансияи ҳавосанҷии Чормағзак

37. Стансияи ҳавосанҷии Ҷавшангоз

38. Стансияи ҳавосанҷии Дарвоз

39. Стансияи ҳавосанҷии Мадрушкат

40. Стансияи ҳавосанҷии Ховалинг

41. Стансияи ҳавосанҷии академик Горбунов (пиряхи Федченко)

42. Стансияи ҳавосанҷии Шоинак

43. Стансияи ҳавосанҷии Олтинмазор

44. Стансияи ҳавосанҷии Гулшан

45. Стансияи ҳавосанҷии Ҳамадонӣ

46. Стансияи ҳавосанҷии Пшарт

47. Стансияи ҳавосанҷии Душанбе

48. Стансияи ҳавосанҷии Рашт

49. Стансияи ҳавосанҷии Канаск

50. Стансияи ҳавосанҷии Оббурдон

51. Стансияи ҳавосанҷии Гулистон

52. Стансияи ҳавосанҷии Хоруғ

53. Стансияи барфутармасанҷии Майхӯра

54. Стансияи барфутармасанҷии Навобод

55. Стансияи барфутармасанҷии Хабуробод

56. Стансияи селченкунии Ҳушёрӣ

57. Стансияи ҳавосанҷии фурудгоҳи Хуҷанд

58. Стансияи ҳавосанҷии фурудгоҳи Хоруғ

59. Стансияи ҳавосанҷии фурудгоҳи Исфара

60. Стансияи ҳавосанҷии фурудгоҳи Панҷ

61. Стансияи ҳавосанҷии фурудгоҳи Кӯлоб

62. Стансияи агрометеорологии Бохтар

63. Стансияи агрометеорологии Ҳисор

64. Стансияи обуҳавосанҷии Айвоҷ

65. Стансияи обуҳавосанҷии Нуробод

66. Стансияи обуҳавосанҷии Сангистон

67. Стансияи обуҳавосанҷии Искандаркӯл

68. Стансияи обуҳавосанҷии Ирхт

69. Стансияи обуҳавосанҷии Савноб

70. Стансияи обуҳавосанҷии Панҷи Поён

71. Базаи таъминотии Рӯшон

72. Дидбонгоҳи обченкунии Ромит - Сардаи Миёна

73. Дидбонгоҳи обченкунии резишгоҳ- Пандема

74. Дидбонгоҳи обченкунии Даҳана - Варзоб

75. Дидбонгоҳи обченкунии Такоб - Такоб

76. Дидбонгоҳи обченкунии Янгиюл - Элок

77. Дидбонгоҳи обченкунии Қаратоғ - Қаратоғ

78. Дидбонгоҳи обченкунии Алибегӣ - Хонақо

79. Дидбонгоҳи обченкунии Лучоб - Лучоб

80. Дидбонгоҳи обченкунии Чинор - Кофарниҳон

81. Дидбонгоҳи обченкунии Ромит - Кофарниҳон (Сорво)

82. Дидбонгоҳи обченкунии Тарткӣ - Кофарниҳон

83. Дидбонгоҳи обченкунии мамнуъгоҳи Бешаи палангон - Вахш

84. Дидбонгоҳи обченкунии Шаҳбур - Тоҳирсӯ

85. Дидбонгоҳи обченкунии Қурбоншаҳид - Қизилсӯ

86. Дидбонгоҳи обченкунии Сомончӣ - Қизилсӯ

87. Дидбонгоҳи обченкунии Восеъ - Ёқсӯ

88. Дидбонгоҳи обченкунии Даҳана - Норак

89. Дидбонгоҳи обченкунии Ғофилобод - Даҳана

90. Дидбонгоҳи обченкунии Хирманҷо - Панҷ

91. Дидбонгоҳи обченкунии Бобохоншаҳид-Қизилсӯ

92. Дидбонгоҳи обченкунии Карбостанак - Ёқсӯ

93. Дидбонгоҳи обченкунии Оқҷар - Сирдарё

94. Дидбонгоҳи обченкунии Ворух - Исфара

95. Дидбонгоҳи обченкунии Қизилқишлоқ- Сирдарё

96. Дидбонгоҳи обченкунии Угук - Шуган

97. Дидбонгоҳи обченкунии Овчӣ - Ширинсой

98. Дидбонгоҳи обченкунии резишгоҳ - Шарифдара

99. Дидбонгоҳи обченкунии Хабост - Шоҳдара

100. Дидбонгоҳи обченкунии Сардем - Ғунд

101. Дидбонгоҳи обченкунии Дӯзахдара - Чортеппа

102. Дидбонгоҳи обченкунии Хичез - Равмеддара

103. Дидбонгоҳи обченкунии Патхӯр - Патхӯр

104. Дидбонгоҳи обченкунии Сежд - Дурумдара

105. Дидбонгоҳи обченкунии Аличур - Ғунд

106. Дидбонгоҳи обченкунии Тусён - Шарфдара

107. Дидбонгоҳи обченкунии Ҷавшангоз - Шохдара

108. Дидбонгоҳи обченкунии Хоруғ - Ғунд

109. Дидбонгоҳи обченкунии Бичхарв - Ванҷ

110. Дидбонгоҳи обченкунии Мотравн - Язғулом

111. Дидбонгоҳи обченкунии резишгоҳ - Обихумбов

112. Дидбонгоҳи обченкунии Хурк - Обивисхарв

113. Дидбонгоҳи обченкунии Шовру - Техарв

114. Дидбонгоҳи обченкунии Ишкошим - Панҷ

115. Дидбонгоҳи обченкунии Лангар - Киштиҷароб

116. Дидбонгоҳи обченкунии Гармчашма - Гармчашма

117. Дидбонгоҳи обченкунии Мурғоб - Бартанг

118. Дидбонгоҳи обченкунии Шуҷанд - Бартанг

119. Дидбонгоҳи обченкунии Рӯшон - Вомардара

120. Дидбонгоҳи обченкунии Шидз - Панҷ

121. Дидбонгоҳи обченкунии Шуҷанд - канали НБО-и Шуҷанд

122. Дидбонгоҳи обченкунии Ғарм - Вахш

123. Дидбонгоҳи обченкунии Нуробод-Вахш

124. Дидбонгоҳи обченкунии Сангикар - Сангикар

125. Дидбонгоҳи обченкунии Сангималикӣ - Сарбоғ

126. Дидбонгоҳи обченкунии Капалӣ - Шӯрак

127. Дидбонгоҳи обченкунии Қалъаи Ҳусейн - Сариоб

128. Дидбонгоҳи обченкунии Ёзғанд - Обихингоб

129. Дидбонгоҳи обченкунии Шаков - Сурхсӯ

130. Дидбонгоҳи обченкунии Девсияр - Муқсӯ

131. Дидбонгоҳи обченкунии Думбрачӣ - Сурхоб

132. Дидбонгоҳи обченкунии Ёрмазор - Питовкӯл

133. Дидбонгоҳи обченкунии Ҳоит - Ярхич

134. Дидбонгоҳи обченкунии Қарамандӣ - Камаров

135. Дидбонгоҳи обченкунии Сангвор - Обихингоб

136. Дидбонгоҳи обченкунии Пинён - Пасруд

137. Дидбонгоҳи обченкунии Пете - Фондарё

138. Дидбонгоҳи обченкунии Такфон - Яғноб

139. Дидбонгоҳи обченкунии Ронч - Дашти Оббурдон

140. Дидбонгоҳи обченкунии Дупулӣ - Зарафшон

141. Дидбонгоҳи обченкунии Пид- Ғузн

142. Дидбонгоҳи обченкунни Зерҳисор - Киштут

143. Дидбонгоҳи обченкунии Кулолӣ - Дарёуреч

144. Дидбонгоҳи обченкунии Суҷина - Моғиёндарё

145. Дидбонгоҳи обченкунии резишгоҳ - Анзоб

146. Дидбонгоҳи обченкунии Худгиф - Самҷон

147. Дидбонгоҳи обченкунии Худгиф - Зарафшон

148. Дидбонгоҳи обченкунии резишгоҳ - Шинг

149. Дидбонгоҳи обченкунии резишгоҳ - Саритоғ

150. Дидбонгоҳи обченкунии Саргаҳ - Искандардарё

151. Дидбонгоҳи обченкунии Кудара - Танимас

152. Дидбонгоҳи обченкунии Кудара - Кокуйбел

153. Дидбонгоҳи обченкунни Барчидев - Бартанг

154. Дидбонгоҳи обченкунии Барчидев - Вовзит

155. Дидбонгоҳи обченкунии Рухч - Кудара

156. Дидбонгоҳи обченкунии Нисур - Бартанг

157. Дидбонгоҳи обченкунии Панҷи Поён - Панҷ

158. Дидбонгоҳи обченкунии резишгоҳ - Зиддӣ

159. Дидбонгоҳи обченкунии резишгоҳ - Панҷхок

160. Дидбонгоҳи обченкунии резишгоҳи д.Игизак - Сиёма

161. Дидбонгоҳи обченкунии Ҳушёрӣ - Варзоб

162. Дидбонгоҳи обченкунии резишгоҳ - Лангар

163. Дидбонгоҳи Баҳри Тоҷик - шаҳри Гулистон

164. Дидбонгоҳи Искандаркӯл - соҳили шимолу шарқӣ

165. Дидбонгоҳи кӯли Сарез - халиҷи Ирхт

166. Дидбонгоҳи кӯли Ховаркӯл - деҳаи Қарокӯл

167. Дидбонгоҳи кӯли Гуликов - мамнӯъгоҳи Бешаи палангон

168. Дидбонгоҳи кӯли Ҷамшед - соҳили шимолӣ

169. Дидбонгоҳи ҳавосанҷии Боғи ботаникӣ

170. Дидбонгоҳи агрометеорологии Фахробод

171. Дидбонгоҳи агрометеорологии Қизилмазор

172. Дидбонгоҳи агрометеорологии Ҷалолиддини Балхӣ

173. Дидбонгоҳи агрометеорологии Конибодом

174. Дидбонгоҳи агрометеорологии Ҷаббор Расулов

175. Дидбонгоҳи агрометеорологии Сари Хосор

176. Дидбонгоҳи агрометеорологии Лоҳур

177. Дидбонгоҳи барфутармасанҷии Демиёна

178. Дидбонгоҳи барфутармасанҷии Тангив

179. Дидбонгоҳи барфутармасанҷии Манем

180. Дидбонгоҳи барфутармасанҷии Вуж

181. Шабакаҳои мониторинги муҳити зист дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

182. Шабакаҳои мониторинги муҳити зист дар вилояти Суғд

183. Шабакаҳои мониторинги муҳити зист дар вилояти Хатлон

184. Шабакаҳои мониторинги муҳити зист дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.05.2023 № 222).

 

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "30" майи соли 2015, № 360

тасдиқ шудааст

Низомномаи Агентии обуҳавошиносӣ

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.08.2018 № 457)

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Агентии обуҳавошиносӣ (минбаъд-Агентӣ) мақоми ҳокимияти давлатӣ буда, фаъолияти худро ҷиҳати татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ, назорат ва мониторинги ифлосшавии муҳити зист, таъсиррасонии фаъол ба ҷараёни метеорологӣ ва дигар ҷараёнҳои геофизикиро дар соҳаи обуҳавошиносӣ амалӣ менамояд.

2. Агентӣ дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкурро дастури амал қарор медиҳад.

3. Агентӣ ба Сохтори идоракунии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил буда, фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, таҳсилоти олии касбӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо анҷом медиҳад.

2. ВАКОЛАТҲО

4. Агентӣ дорои ваколатҳои зерин мебошад:

- тибқи тартиби муқарраргардида лоиҳаи қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи обуҳавошиносиро таҳия ва пешниҳод менамояд;

- ҷиҳати татбиқи барномаҳои давлатӣ ва нақшаҳои дарозмӯҳлат дар соҳаи фаъолияти обуҳавошиносӣ дархостҳо пешниҳод менамояд;

- тибқи тартиби муқарраргардида дар ташкилотҳои байналмилалӣ ва давлатҳои хориҷӣ оид ба масъалаҳои обуҳавошиносӣ кишварро муаррифӣ менамояд, бо мақомоти обуҳавошиносии давлатҳои хориҷӣ шартномаҳо мебандад;

- дар ҷалб намудани грантҳо ва дигар кӯмакҳои ташкилотҳои байналмилалӣ баҳри инкишоф додани соҳаи обуҳавошиносӣ кор мебарад;

- таҳия ва тасдиқи ҳисоботҳои давлатии омории соҳаи обуҳавошиносиро амалӣ карда, ба мақомоти дахлдор маълумот пешниҳод менамояд;

- ҷиҳати таъмини мақомоти идораи давлатӣ бо машваратҳои методӣ ва иттилоотӣ оид ба соҳаи обуҳавошиносӣ фаъолият мебарад;

- тибқи тартиби муқарраргардида ҳамоҳангсозии ташкил ва таъмини фаъолияти низоми маҷмӯии мониторинги вазъи муҳити зистро амалӣ месозад;

- муносибатҳо ва робитаҳои истеҳсолӣ, илмию таҳқиқотиро бо ташкилотҳои ҷумҳуриявӣ ва хориҷӣ дар соҳаи обуҳавошиносӣ ба роҳ мемонад;

- тибқи тартиби муқараргардида ӯҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистонро дар соҳаи обуҳавошиносӣ иҷро менамояд;

- мубодилаи иттилоотро дар доираи Созмони умумиҷаҳонии ҳавошиносӣ, Иттиҳоди иқтисодии Евразия ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дастгирӣ менамояд ва инкишоф медаҳад;

- дар иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалӣ аз рӯи Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағийрёбии иқлим ва Конвенсияи Вена дар бораи ҳифзи қабати озон иштирок намуда, лоиҳаҳои дахлдор пешниҳод менамояд;

- таҷрибаи пешқадами дигар давлатҳоро дар соҳаи обуҳавошиносӣ, гидрологӣ, агрометеорологӣ, аэрологӣ, актинометрӣ, яхшиносӣ ва мониторинги муҳити зист истифода мебарад.

5. Агентӣ мутобиқи ваколатҳои ба зиммааш гузошташуда иҷрои вазифаҳои зеринро таъмин менамояд:

- муайян намудани дурнамоҳои кӯтоҳмӯҳлат, миёнамӯҳлат ва дарозмуддат дар соҳаи обаҳавошиносӣ, инчунин таҳияи нақша ва барномаҳои рушд;

- расондани кӯмаки методию ташкилӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи пешгӯиҳои обуҳавошиносӣ, пешгӯиҳои зуҳуроти табии гидрометеорологӣ, пешгӯии ҳосилнокин зироатҳои кишоварзӣ ва мониторинги муҳити зист;

- таҳияи пешниҳодот оид ба баланд бардоштани самаранокии истифодаи маблағҳои ҷудогардидаи давлатӣ ва сармояи хориҷии ҷалбгардида дар соҳаи обуҳавошиносӣ ва мониторинги истифодаи онҳо;

- мувофиқи тартиби муқарраргардида дар доираи салоҳияти худ ба имзо расонидани санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ дар соҳаи обуҳавошиносӣ;

- татбиқи сиёсати самарабахши иқтисодӣ ва истеҳсолӣ дар соҳаи обуҳавошиносӣ;

- омӯхтани ҳолати пиряхҳо, кӯлҳо, равандҳои тағйирёбии иқлим бо мақсади баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираҳои об ва пешгӯии падидаҳои табиии гидрометеорологӣ;

- омӯзиши қонуниятҳои фазоии муваққатии низоми гидрологӣ, ҳисоби захираҳои обҳои рӯизаминӣ, тавозуни оби ҳавзаҳо ва ҳудудҳон обӣ;

- ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори соҳаи бехатарии ҳаракати нақлиёти рӯизаминӣ ва ҳавоӣ;

- ҳамкорӣ бо ташкилотҳои суғуртавӣ, ассотсиатсияҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ, соҳибкорон, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар соҳаи фаъолияти обуҳавошиносӣ;

- ҳамоҳангсозии робитаҳо бо ташкилоту пажӯишгоҳҳои истеҳсолӣ ва илмию тадқиқотии ҷумҳуриявӣ ва хориҷӣ;

- фиристондани кормандон ба семинарҳо, конференсияҳо ва курсҳои такмили ихтисос;

- амалӣ намудани хизматрасонии техникаи махсус, таъмир ва ҳифзи шабакаҳо, таҷҳизот, радиолокаторҳо ва радиостансияҳо;

- таъмини стансияҳо ва нуқтаҳои назоратии баландкӯҳ ва дурдаст бо озуқаворӣ, сӯзишворӣ, равғанҳои молиданӣ, фароҳам овардани шароити зарурии кор ва фаъолият дар сохторҳо ва шабакаҳо ва таъмини риояи қоидаҳои техникаи бехатарӣ ва санитарӣ;

- анҷом додани дигар вазифаҳои пешбининамудаи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият

6. Агенти дорои ӯҳдадориҳои зерин мебошад:

- татбиқ намудани барномаҳои давлатӣ дар соҳаи обуҳавошиносӣ;

- гузаронидани низоми давлатии мушоҳидаҳои метеорологӣ, гидрологӣ, агрометеорологӣ, аэрологӣ, актинометрӣ, яхшиносӣ, радиолокатсионӣ, маҳвора, инчунин мониторинги муҳити зист;

- такмили низоми ҷамъоварӣ, коркард, таҳлил ва ба маълумоти истеъмолкунандагон ва истифодабарандагон расонидани иттилоот дар бораи ҳолати муҳити зист;

- таъмини саривақтии истифодабарандагон бо пешгӯиҳои обуҳавошиносӣ, огоҳсозӣ аз шароити номусоиди баамалояндаи обуҳаво, равандҳои тағйирёбии иқлим ва қабати озонӣ барои андешидани чораҳои зарурии фаврӣ;

- таъмин намудан бо пешгӯиҳои расмӣ ва дигар маводи иттилоотӣ оид ба арзёбии ҳолати муҳити зист;

- гузаронидани мониторинги ифлосшавии фазои ҳаво, қабати озонӣ дар шаҳрҳои калон, объектҳои муҳими давлатӣ ва стратегӣ;

- гузаронидани мониторинги ифлосшавии обҳои рӯизаминӣ дар дарёҳои аҳамияти дохилидавлатӣ ва минтақавӣ дошта;

- гузаронидани мушоҳидаҳои экспедитсионӣ доир ба пиряхҳо, кӯлҳо, қабати барф, тарма ва сел;

- ҷамъбасти маълумоти боэътимод дар бораи низоми метеорологӣ ва радиатсионӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ташаккули захираҳои иттилоотии давлатӣ дар соҳаи гидрометеорология, ташкил ва ба роҳ мондани Фонди ягонаи давлатии маълумот дар бораи муҳити зист;

- таъмини хадамоти ҳавоӣ, аэронавигатсиони системаҳои идоракунии ҳаракати ҳавоӣ дар фурудгоҳҳо бо пешгӯиқои обуҳаво ва маълумоти радиолокатсионӣ ҷиҳати таъмини бехатарии парвоз.

7. Ҳуқуқҳои Агентӣ:

- барои қабул намудани қарорҳое, ки таҳти салоҳияти Агентӣ мебошад маълумоти заруриро талаб намояд ва гирад;

- ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти дахлдори давлатӣ ҳангоми ошкор иамудани қонуншиканиҳои ҷиддии касбӣ таклифҳо пешниҳод намояд;

- чорабиниро оид ба бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси мутахассисон барои Агентӣ амалӣ намояд;

- тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани ҳамкории байналмилалиро анҷом диҳад;

- дорои ҳуқуқҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

3. ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТ

8. Агентиро Директор роҳбарӣ менамояд, ки бо пешниҳоди раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.

9. Директор барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Агентӣ гузошташуда ва амалисозии сиёсати давлатӣ дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият масъулияти шахсӣ дорад.

10. Директор намояндаи доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони умумиҷаҳонии ҳавошиносӣ мебошад.

11. Шумораи муовинони Директори Агентӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

12. Директори Агентӣ ду муовин дорад, ки бо пешниҳоди ӯ аз ҷониби Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.

13. Директори Агентӣ:

- вазифаҳоро байни муовинони худ тақсим менамояд;

- низомномаҳои мақомоти сохтори Дастгоҳи марказӣ, мақомоти дар Нақшаи идоракунӣ ва Номгӯи шабакаҳои давлатии системаи Агентӣ шомилбударо тасдиқ мекунад;

- кормандони Агентиро мувофиқи тартиби муқарраргардида ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад;

- нақшаи кори ҳарсола ҳисобот ва нишондиҳандаҳоро дар бораи фаъолияти мақомоти дар Нақшаи идоракунӣ ва Номгӯи шабакаҳои давлатии системаи Агентиро тасдиқ менамояд;

- тибқи тартиби муқарраргардида оид ба таъмииоти молиявӣ, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии мақомоти Агентӣ таклифҳо пешниҳод менамояд;

- ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ташаккули буҷети ҷумҳуриявӣ дар қисми таъминоти молиявии Агентӣ таклифҳо пешниҳод менамояд;

- тибқи талаботи намунавӣ рӯйхати мансабҳои дастгоҳи марказии Агентиро дар доираи фонди музди меҳнат ва шумораи кормандон, сметаи хароҷоти нигоҳдории Дастгоҳи марказии Агентӣ муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар доираи маблағи дар давраи соли молиявӣ дар буҷети давлатӣ пешбинишуда таҳия ва барои тасдиқ ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;

- шумораи кормандон ва фонди музди меҳнати кормандони мақомотҳоеро, ки дар Нақшаи идоракунии Агентӣ ва Номгӯи шабакаҳои давлатии системаи Агентӣ омадааст дар доираи нишондиҳандаҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин сметаи хароҷоти нигоҳдории онҳоро дар доираи маблағҳои барои давраи дахлдор дар буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинигардида тасдиқ менамояд;

- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хизмати давлатӣ масъалаҳои вобаста ба адои хизмати давлатиро дар Агентӣ ҳаллу фасл менамояд;

- фармоишҳо мебарорад, дастурҳо, қоидаҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқиро, ки иҷрои онҳо аз ҷониби ҳамаи кормандони Агентӣ, мақомотҳое, ки дар Нақшаи идоракунӣ ва Номгӯи шабакаҳои давлатии системаи Агентӣ омадааст ҳатмӣ мебошад, тасдиқ намуда, назорати иҷрои онҳоро таъмин мекунад;

- тибқи тартиби муқарраргардида кормандони дастгоҳи марказии Агентӣ, мақомотҳое, ки дар Нақшаи идоракунӣ ва шабакаҳои давлатии системаи Агентӣ омадааст ва дигар шахсонеро, ки дар саҳаи муқарраргардидаи фаъолият корҳоро анҷом медиҳанд, барои сарфароз гардонидан бо унвонҳои фахрӣ ва мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

14. Маблағгузории хароҷоти нигоҳдории дастгоҳи марказии Агентӣ, мақомотҳое, ки дар Нақшаи идоракунӣ ва Номгӯи шабакаҳои давлатии системаи Агентӣ омадааст аз ҳисоби маблағҳои дар буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинигардида, инчунин аз ҳисоби маблағҳои махсус мувофиқи тартиби бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқагардида анҷом дода мешавад.

15. Агентӣ шахси ҳуқуқӣ буда, дорои мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ, рамз, бланкҳо, мӯҳр ва штампҳои дахлдор мебошад ва аз суратҳисоби ягонаи Сарраёсати Хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ карда мешавад.

16. Маҳалли ҷойгиршавии дастгоҳи марказии Агентии обуҳавошиносӣ: шаҳри Душанбе, кӯчаи Шевченко- 47.

Замимаи 2

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 майи соли 2015, № 360

тасдиқ шудааст

Сохтори Дастгоҳи марказии Агентии обуҳавошиносӣ

Роҳбарият

Раёсати молия ва иқтисод

Раёсати шабакаҳои давлатии обуҳавошиносӣ

Шӯъбаи обуҳавошиносӣ

Шӯъбаи робитаҳои байналмилалӣ

Шӯъбаи кадрҳо ва корҳои махсус

Шӯъбаи назорат ва коргузорӣ

Замимаи 3

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "30" майи соли 2015, № 360

тасдиқ шудааст

Нақшаи идоракунии Агентии обуҳавошиносӣ

Дастгоҳи марказӣ

Раёсати таъминот ва хоҷагӣ

Раёсати мониторинги муҳити зист

Замимаи 4

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 майи соли 2015, № 360

тасдиқ шудааст

Номгӯи шабакаҳои давлатии системаи Агентии обуҳавошиносӣ

- Маркази обуҳавошиносӣ

- Маркази омӯзиши тағйирёбии иқлим ва қабати озонӣ

- Маркази автоматикии алоқа

- Маркази танзиму таъмири асбобҳои ченкунӣ

- Маркази яхшиносӣ

- Маркази обуҳавосанҷии Хатлон

- Маркази обуҳавосанҷии Суғд

- Маркази обуҳавосанҷии ВМКБ

- Стансияи ҳавосанҷии Хумрагӣ

- Стансияи ҳавосанҷии ағбаи Анзоб

- Стансияи ҳавосанҷии Бӯстонобод

- Стансияи ҳавосанҷии Бӯстон

- Стансияи ҳавосанҷии Деҳавз

- Стансияи ҳавосанҷии Данғара

- Стансияи ҳавосанҷии Эсанбой

- Стансияи ҳавосанҷии Лахш

- Cтансияи ҳавосанҷии Фархор

- Cтансияи ҳавооанҷии Панҷакент

- Стансияи ҳавосанҷии Санглох

- Стансияи ҳавосанҷии Истаравшан

- Стансияи ҳавосанҷии Файзобод

- Стансияи ҳавосанҷии Шаймок

- Стансияи ҳавосаиҷии ағбаи Шаҳристон

- Стансияи ҳавосанҷии Ёвон

- Стансияи ҳавосанҷии Ишкошим

- Стансияи ҳавосанҷии Қарокӯл

- Стансияи ҳавосанҷии Мурғоб

- Стансияи ҳавосаиҷии Рӯшон

- Стансияи ҳавосанҷии Булункӯл

- Стансияи ҳавосанҷии Қалаи Лаби Об

- Стансияи ҳавосанҷии Ганҷина

- Стансияи ҳавосанҷии Мӯъминобод

- Стансияи ҳавосанҷии Тавилдара

- Стансияи ҳавосанҷии Чормағзак

- Стансияи ҳавосанҷии Ҷавшангоз

- Стансияи ҳавосанҷии Дарвоз

- Стансияи ҳавосанҷии Мадрушкат

- Стансияи ҳавосанҷии Ховалинг

- Стансияи ҳавосанҷии академик Горбунов (пиряхи Федченко)

- Стансияи ҳавосанҷии Шоинак

- Стансияи ҳавосанҷии Олтинмазор

- Стансияи ҳавосанҷии Гулшан

- Стансияи ҳавосанҷии Ҳамадонӣ

- Стансияи обсанҷии Айваҷ

- Стансияи обсанҷии Нуробод

- Стансияи обсанҷии Сангистон

- Стансияи обсанҷии Искандаркӯл

- Стансияи обсанҷии Ирхт

- Стансияи обсанҷии Савноб

- Стансияи обсанҷии Пшарт

- Стансияи обсанҷии Панҷи Поён

- Стансияи аэрологии Душанбе

- Стансияи агрометеорологии Ҳисор

- Стансияи барфу тармаи Майхура

- Стансияи барфу тармаи Навобод

- Стансияи барфу тармаи Хабуробод

- Стансияи селченкунии Ҳушёрӣ

- Стансияи ҳавосанҷии фурудгоҳи Хуҷанд

- Стансияи ҳавосанҷии фурудгоҳи Хоруғ

- Стансияи ҳавосанҷии фурудгоҳи Рашт

- Стансияи ҳавосанҷии фурудгоҳи Исфара

- Стансияи ҳавосанҷии фурудгоҳи Панҷ

- Стансияи ҳавосанҷии фурудгоҳи Кӯлоб

- Стансияи ҳавосанҷии "Канаск" (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.08.2018 № 457)

- Стансияи ҳавосанҷии "Оббурдон" (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.08.2018 № 457)

- Базаи таъминоти Рӯшон

- Дидбонгоҳи обченкунии Ромит - Сардаи Миёна

- Дидбонгоҳи обченкунии Саргаҳ - Пандема

- Дидбонгоҳи обченкунии Даҳана - Варзоб

- Дидбонгоҳи обченкунии Такоб - Такоб

- Дидбонгоҳи обченкунии Янгиюл - Элок

- Дидбонгоҳи обченкунии Қаратоғ - Қаратоғ

- Дидбонгоҳи обченкунни Алибегӣ - Хонақо

- Дидбонгоҳи обченкунии Лучоб - Лучоб

- Дидбонгоҳи обченкунии Чинор - Кафарниҳон

- Дидбонгоҳи обченкунии Ромит - Кофарниҳон

- Дидбонгоҳи обченкунии Тарткӣ - Кофарниҳон

- Дидбонгоҳи обченкунии Бешаи палангон - Вахш

- Дидбонгоҳи обченкунии Шаҳбур - Тоҳирсу

- Дидбонгоҳи обченкунии Қурбоншаҳид - Қизилсу

- Дидбонгоҳи обченкунии Сомончӣ - Қизилсу

- Дидбонгоҳи обченкунии Восеъ - Ёқсу

- Дидбонгоҳи обченкунии Даҳана - Норак

- Дидбонгоҳи обченкунии Ғафилобод - Даҳана

- Дидбонгоҳи обченкунии Хирманҷо - Панҷ

- Дидбонгоҳи обченкунии Бобохоншаҳид-Қизилсу

- Дидбонгоҳи обченкунии Карбостанак - Ёқсу

- Дидбонгоҳи обченкунии Оқҷар - Сирдарё

- Дидбонгоҳи обченкунии Тошқурғон - Исфара

- Дидбонгоҳи обченкунии Қизия-Қишлоқ- Сирдарё

- Дидбонгоҳи обченкунии Угук - Шоған

- Дидбонгоҳи обченкунии Овучӣ - Ширинсой

- Дидбонгоҳи обченкунии Саргаҳ - Шарифдара

- Дидбонгоҳи обченкунии Хабост - Шоҳдара

- Дидбонгоҳи обченкунии Сардем - Ғунт

- Дидбонгоҳи обченкунии Дӯзахдара - Тоқузбулоқ

- Дидбонгоҳи обченкунии Хичез - Раумдара

- Дидбонгоҳи обченкунии Патхур - Патхур

- Дидбонгоҳи обченкунии Сеҷ - Дурумдара

- Дидбонгоҳи обченкунии Аличур - Ғунт

- Дидбонгоҳи обченкунии Тусен - Шарифдара

- Дидбонгоҳи обченкунии Ҷавшангоз - Шохдара

- Дидбонгоҳи обченкунии Хоруғ - Ғунт

- Дидбонгоҳи обченкунии Бичхарв - Ванҷоб

- Дидбонгоҳи обченкунии Мотравӣ - Язғулом

- Дидбонгоҳи обченкунии Саргаҳ - Обихумбов

- Дидбонгоҳи обченкунии Хурк - Обивисхарв

- Дидбонгоҳи обчеикунии Шовру - Техарв

- Дидбонгоҳи обченкунии Ишкошим - Панҷ

- Дидбонгоҳи обченкунии Лангар - Кинтичароб

- Дидбонгоҳи обченкунии Гармчашма - Гармчашма

- Дидбонгоҳи обченкунии Мурғоб - Бартанг

- Дидбонгоҳи обченкунии Шуҷанд - Бартанг

- Дидбонгоҳи обченкунии Рушон - Вомодара

- Дидбонгоҳи обченкунии Шидз - Панҷ

- Дидбонгоҳи обченкунии Шуҷанд - НОБ-и Шуҷанд

- Дидбонгоҳи обченкунии Ғарм - Вахш

- Дидбонгоҳи обченкунии Вахш - Дарбанд

- Дидбонгоҳи обченкунии Сангикар - Сангикар

- Дидбонгоҳи обченкунии Санп-шаликӣ - Сарбоғ

- Дидбонгоҳи обченкунии Капалӣ - Шӯрак

- Дидбонгоҳи обченкунии Қалаи санг- Сариоб

- Дидбонгоҳи обченкунии Ёзганд - Обихингов

- Дидбонгоҳи обченкунии Шаков -Сурхсу

- Дидбонгоҳи обченкунии Девсияр - Муқсу

- Дидбонгоҳи обченкунии Думбрачӣ - Қизилсу

- Дидбонгоҳи обченкунии Ёрмазор - Питаукул

- Дидбонгоҳи обченкунии Нуробод - Вахш

- Дидбонгоҳи обченкунии Ҳоит - Ярхич

- Дидбонгоҳи обченкунии Қарамандӣ - Камаров

- Дидбонгоҳи обченкунии Сангвор - Обихингов

- Дидбонгоҳи обченкунии Пинён - Пасрут

- Дидбонгоҳи обченкунии Пете - Фондарё

- Дидбонгоҳи обченкунии Такфон - Яғноб

- Дидбонгоҳи обченкунии Ронҷ - Дашти оббурдон

- Дидбонгоҳи обченкунии Дупулӣ - Зарафшон

- Дидбонгоҳи обченкунии Пид- Гузи

- Дидбонгоҳи обченкунни Зерҳисор - Кштут

- Дидбонгоҳи обченкунии Кулолӣ - Даруреҷ

- Дидбонгоҳи обченкунии Сучина - Моғиёндарё

- Дидбонгоҳи обченкунии Саргаҳ - Анзоб

- Дидбонгоҳи обченкунни Худгиф - Самҷон

- Дидбонгоҳи обченкунии Худгиф - Зарафшон

- Дидбонгоҳи обченкунии Саргаҳ - Шинг

- Дидбонгоҳи обченкунии Саргаҳ - Саритоғ

- Дидбонгоҳи обченкунии Баромад - Искандардарё

- Дидбонгоҳи обченкунии Кудара - Танимас

- Дидбонгоҳи обченкунии Кудара - Кокулбел

- Дидбонгоҳи обченкунни Барчидев - Бартанг

- Дидбонгоҳи обченкунии Барчидев - Вовзит

- Дидбонгоҳи обченкунии Рухч - Кудара

- Дидбонгоҳи обченкунии Нисур - Бартанг

- Дидбонгоҳи обченкунии Панҷи Поён - Панҷ

- Дидбонгоҳи обченкунии Саргаҳ - Зиддӣ

- Дидбонгоҳи обченкунии Шохоб - Панҷхок

- Дидбонгоҳи обченкунии Саргаҳ д. Сиёма - Игизак

- Дидбонгоҳи обченкунии Ҳушёрӣ - Варзоб

- Дидбонгоҳи обченкунии Пшарт - Бартанг

- Дидбонгоҳи обченкунии Сарҳад- Лангар

- Дидбонгоҳи Обанбори Қайроққум - шаҳри Қайроққум

- Дидбонгоҳи Кӯли Искандар - соҳили шимолу шарқӣ

- Дидбонгоҳи Кӯли Сарез - халиҷи Ирхт

- Дидбонгоҳи Кӯли Қарокӯл - деҳаи Қарокӯл

- Дидбонгоҳи Кӯли Гуликов - мамнӯъгоҳи Бешаи палангон

- Дидбонгоҳи Кӯли Яшилкӯл - соҳили шимолӣ

- Дидбонгоҳи ҳавошиносии назди фурудгоҳи Шидз

хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.08.2018 № 457)

- Дидбонгоҳи ҳавошиносии Боғи Ботаникӣ

- Дидбонгоҳи агрометеорологии Ваҳдат

- Дидбонгоҳи агрометеорологии Боғи ботаникӣ

- Дидбонгоҳи агрометеорологии Фахробод

- Дидбонгоҳи агрометеорологии Қизилмазор

- Дидбонгоҳи агрометеорологии Чапаев

- Дидбонгоҳи агрометеорологии Конибодом

- Дидбонгоҳи агрометеорологии Пролетар

- Дидбонгоҳи агрометеорологии Сарихосор

- Дидбонгоҳи агрометеорологии Лоҳур

- Дидбонгоҳи барфу тармаи Демиёна

- Дидбонгоҳи барфу тармаи Тангив

- Дидбонгоҳи барфу тармаи Манем

- Дидбонгоҳи барфу тармаи Вуж

- Нуқтаи мониторинги муҳити зисти Душанбе - Селмаш

- Нуқтаи мониторинги муҳити зисти Душанбе - Боғи ба номи Айнӣ

- Нуқтаи мониторинги муҳити зисти Душанбе - Стансияи аэрологии Душанбе

- Нуқтаи мониторинги муҳити зисти Душанбе - маҳаллаи 92-юм

- Нуқтаи мониторинги муҳити зисти Душанбе - Агентии обуҳавошиносӣ

- Нуқтаи мониторинги муҳити зисти Душанбе - Гардиши фурудгоҳ

- Нуқтаи мониторинги муҳити зисти Душанбе - маҳаллаи 65-ум

- Нуқтаи мониторинги муҳити зисти Душанбе - хиёбони С. Шерозӣ

- Нуқтаи мониторинги муҳити зисти Қурғонтеппа - кӯчаи Дӯстии халқҳо

- Нуқтан мониторинги муҳити зисти Қӯрғонтеппа - Боғи шаҳрӣ

- Нуқтаи мониторинги муҳити зисти Қӯрғонтеппа - кӯчаи Октябр

- Нуқтаи мониторинги муҳити зисти Сарбанд - кӯчаи Лоҳутӣ

- Нуқтаи мониторинги муҳити зисти Хуҷанд - кӯчаи Мичурин

- Нуқтаи мониторинги муҳити зисти Хуҷанд - кӯчаи Пахтакор

- Нуқтаи мониторинги муҳити зисти Хуҷанд - кӯчаи Космонавтҳо

- Нуқтаи мониторинги муҳити зисти Турсунзода - Заводи пахта

- Нуқтаи мониторинги муҳити зисти Турсунзода - Подстансия

- Нуқтаи мониторинги муҳити зисти Турсунзода - маҳаллаи 5-ум

- Нуқтаи мониторинги муҳити зисти Ёвон - маҳаллаи 1-ум

- Нуқтаи мониторинги муҳити зисти Ёвон - кӯчаи Одинаев

- Нуқтаи мониторинги муҳити зисти Кӯлоб - Главснаб