Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 майи соли 2015, № 359
тасдиқ шудааст
Дастурамали намунавии мансабии сармуҳосиб
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.10.2016 № 469)
1. Муқаррароти умумӣ
1. Дастурамали мазкур дар асоси моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ" таҳия гардида, барои роҳбарони хизматрасонии муҳосибии (минбаъд-сармуҳосиб) мақомоти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо (минбаъд - ташкилот), ки баҳисобгирии муҳосибӣ мебаранд ва ҳисоботи баанҷомрасидаи муҳосибӣ тартиб медиҳанд, инчунин барои сармуҳосибони муҳосиботҳои марказонидашуда пешбинӣ шудааст.
2. Сармуҳосибон ташкили баҳисобгирии муҳосибиро дар ташкилотҳо мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи мақомоти ваколатдори давлатӣ таъмин намуда, истифодаи самаранок ва сарфакоронаи захираҳои моддӣ, меҳнатӣ, молиявӣ, инчунин нигоҳдории молу мулки ташкилотҳоро назорат мебаранд.
3. Сармуҳосибони ташкилотҳои давлатӣ аз ҷониби молик дар мувофиқа бо мақомоти молияи дахлдор ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешаванд.
Сармуҳосибони ҷамъиятҳои саҳомӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи оинномаи онҳо ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.
Муҳосиботи ташкилотҳо сохтори таркибии алоҳида маҳсуб ёфта, ба ҳайати дигар воҳиди сохторӣ бояд шомил нагарданд.
4. Сармуҳосиб бевосита ба роҳбари ташкилот итоат менамояд.
5. Ба мансаби сармуҳосиби дастгоҳи марказии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои молиявӣ, ташкилотҳои давлатӣ ва саҳомие, ки ҳиссаи давлат дар сармояи оинномавиашон аз нисф зиёд аст, шахсоне таъин карда мешаванд, ки:
- таҳсилоти олии иқтисодӣ дошта бошанд;
- собиқаи кори касбиашон аз 5 сол кам набошад.
6. Ба вазифаи сармуҳосибони субъектҳои дорои манфиати умум, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2012, № 154 муқаррар гардидаанд, шахсоне таъин карда мешаванд, ки дорои сертификати муҳосиби касбӣ бошанд.
7. Маоши моҳонаи вазифавии сармуҳосибони субъектҳои дорои манфиати умум, ки дорои сертификати муҳосиби касбӣ мебошанд, ба андозаи 85 фоизи маоши моҳонаи вазифавии роҳбари ташкилот (ҳангоми мавҷуд набудани вазифаи муовини роҳбар сарпарасти қисми молиявӣ) ва ё 90 фоизи музди меҳнати муовини роҳбар - сарпарасти қисми молиявӣ муқаррар карда мешавад. Дар ташкилотҳои буҷетии бахши давлатӣ музди маоши сармуҳосибон тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда муқаррар мегардад .
8. Ҳуқуқу ӯҳдарориҳо ва тартиби ба вазифа таъин намудани сармуҳосибони бонкҳо, ташкилотҳои қарздиҳӣ ва молиявии хурд бояд ба талаботи муқаррарнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон ҷавобгӯ бошанд.
9. Ҳангоми аз вазифа озод намудани сармуҳосиб, ҳуҷҷатҳо ба сармуҳосиби нав таъингашта (дар сурати набудани ӯ ба корманди бо қарори дахлдор таъингашта) супурда мешавад. Зимнан ҳолати баҳисобгирии муҳосибӣ, боэътимодии маълумоти ҳисоботӣ аз ҷониби комиссияи таъсисгардида санҷида, санади дахлдор тартиб дода мешавад, ки онро роҳбари ташкилот тасдиқ менамояд ва нусхаи санад ба тарафҳои манфиатдор супурда мешавад.
10. Ба зиммаи сармуҳосиб иҷрои вазифаҳои вобаста ба ҷавобгарии бевоситаи молию пулӣ наметавонад вогузор гардад. Аз ҷониби ӯ бевосита бо чек ва дигар ҳуҷҷатҳои пулӣ гирифтани маблағҳои пулӣ ва сарватҳои моливу моддӣ барои ташкилот манъ аст.
11. Дар вақти набудани сармуҳосиб (сафари хизматӣ, рухсатии меҳнатӣ, беморӣ ва ғайра) ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои сармуҳосиб ба зиммаи муовини ӯ, дар ҳолати набудани муовин, бо фармоиши роҳбари корхона ба зиммаи дигар шахси масъули муҳосиботи ташкилот вогузор карда мешавад.
12. Сармуҳосиб барои кормандони ба ӯ итоаткунанда ӯҳдадориҳои мансабӣ муқаррар менамояд, то ин ки ҳар як корманд доираи вазифаҳои ба зиммааш гузошташударо донад ва барои иҷрои онҳо масъулият дошта бошад. Кормандони дигар воҳидҳои сохторӣ ва дигар воҳидҳои тобеъ, ки бо баҳисобгирии муҳосибӣ алоқаманд мебошанд, аз рӯи масъалаҳои ташкил ва пешбурди баҳисобгирӣ ва ҳисобот ба сармуҳосиб итоат менамоянд.
13. Талаботи сармуҳосиб вобаста ба тартиби барасмиятдарории амалиёт ва ба муҳосибот пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳо ва маълумоти зарурӣ барои ҳамаи воҳидҳои сохторӣ ва дигар воҳидҳои тобеи ташкилот ҳатмӣ мебошад.
Воҳидҳо ва хадамоти ташкилотҳо:
- барои қонунӣ будани амалиёти иҷрошаванда ва дурустии ба расмият даровардани онҳо масъулияти пурра доранд;
- вазифадоранд сари вақт ба муҳосибот ё маркази компютерӣэлектронии коркарди иттилоот ҳуҷҷатҳо, фармонҳо, қарорҳо, фармоишҳо, инчунин шартномаҳо, созишномаҳо, сметаҳо, меъёрҳо ва дигар маводро, ки барои баҳисобгирии муҳосибӣ ва назорат заруранд супоранд;
- барои сари вақт ва босифат ба расмият надаровардан ва тартиб надодани ҳуҷҷатҳо, таъхири пешниҳоди онҳо ҷиҳати инъикос дар баҳисобгирӣ ва ҳисоботи молиявӣ, ғалат будани маълумоти дар ҳуҷҷатҳо нишон додашуда, инчунин барои тартиб додани ҳуҷҷатҳое, ки амалиёти ғайриқонуниро инъикос менамоянд, шахсони мансабдоре, ки ҳуҷҷатҳои зикргардидаро тартиб дода, имзо гузоштаанд, масъул мебошанд. Рӯйхати шахсони мансабдоре, ки ба зиммаи онҳо вазифаи тартиб додани ҳуҷҷатҳои аввалия ва ҳуқуқи имзо гузоштан дода мешавад, бо сармуҳосиб мувофиқа карда мешавад.
14. Шартномаҳо ва созишномаҳое, ки аз ҷониби ташкилот барои гирифтан ё додани сарватҳои моливу моддӣ ва барои иҷрои кору хизматрасониҳо баста мешаванд, инчунин фармоишҳо дар бораи муқаррар намудани маоши вазифавӣ, иловапулӣ ба музди меҳнат ва мукофотпулӣ ба кормандон пешакӣ бо сармуҳосиб мувофиқа карда мешаванд.
2. Талаботи тахассусӣ
15. Сармуҳосиб бояд дорои талаботи тахассусии зерин бошад:
- донистани Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои ӯҳдадориҳои мансабии сармуҳосибро ба танзим медароранд;
- мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ҳимояи манфиатҳои давлатӣ.
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ;
- дар 3 сол на камтар аз 1 маротиба баланд бардоштани тахассуси касбӣ;
- дорои дониш ва малака барои истифодабарии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи молия ва муҳосибӣ бошад;
- бо компютер кор карда тавонад.
3. ӯҳдадориҳои мансабии сармуҳосиб
16. Сармуҳосиб корҳои баҳисобгирии муҳосибиро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ, инчунин Дастурамали мазкур ташкил намуда, ӯҳдадор аст, ки инҳоро таъмин намояд:
- ҷорӣ намудани тарзу усулҳои пешрафтаи баҳисобгирии муҳосибӣ тавассути истифодаи васеъи воситаҳои техникию электронии ҳозиразамон;
- ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- баҳисобгирии пурраи воситаҳои пулӣ, сарватҳои молию моддӣ ва воситаҳои асосӣ, инчунин инъикоси саривақтии онҳо дар ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии муҳосибии амалиёти марбут ба онҳо;
- ҳисоби дурусти хароҷоти истеҳсолӣ ва муомилот, иҷрои сметаҳои хароҷот, фурӯши маҳсулот, иҷрои корҳои сохтмонию васлкунӣ ва дигар кору хизматрасониҳо, тартиб додани нархномаи ҳисоботии арзиши аслии маҳсулот, кор ва хизматрасонии аз ҷиҳати иқтисодӣ асосноккардашуда;
- ба, роҳ мондани баҳисобгирии аниқи натиҷаҳои фаъолияти молиявию хоҷагии ташкилотҳо;
- дуруст ҳисоб намудан ва сари вақт гузаронидани пардохтҳо ба буҷет, ҳиссаҷудокуниҳо ба суғуртаи иҷтимоии давлатӣ ва маблағҳо барои маблағгузории асосӣ, дар мӯҳлатҳои муқарраргардида пардохт намудани қарзи бонкҳо ва ҳиссаҷудокунӣ ба фондҳои марбута, аз ҷумла фонди хайрия;
- иштирок дар кори воҳиди ҳуқуқии дохилисоҳавӣ ҷиҳати тартиб додани мавод аз рӯи камомад ва азонихудкунии воситаҳои пулӣ ва сарватҳои молию моддӣ ва дар мавриди зарурӣ назорати супоридани ин мавод ба мақомоти тафтишотӣ ва судӣ ва дар сурати набудани воҳиди ҳуқуқӣ, бевосита иҷро намудани ин вазифаҳо;
- санҷиши баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳии муҳосибӣ дар воҳидҳои истеҳсолии (сохтории) ташкилотҳо, инчунин дар истеҳсолот ва хоҷагиҳое, ки тавозуни алоҳида доранд, оид ба масъалаҳои муҳосибӣ, назорати ҳисобот ва таҳлили иқтисодӣ сари вақт додани дастуру тавсияҳо;
- тартиб додани ҳисоботи муҳосибии саҳеҳ дар асоси ҳуҷҷатҳои аввалия ва қайдҳои муҳосибӣ ва дар мӯҳлатҳои муқарраргардида ба мақомоти дахлдор пешниҳод намудани он;
- бо мақсади муайян намудани захираҳои дохилихоҷагӣ, пешгирӣ намудани талафот ва хароҷотҳои ғайриистеҳсолӣ, аз рӯи маълумоти баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ (дар ҳамкорӣ бо дигар воҳидҳои таркибӣ) амалӣ намудани таҳлили иқтисодии фаъолияти молиявию хоҷагии ташкилотҳо;
- иштироки фаъоли кормандони баҳисобгирии муҳосибӣ дар таҳия ва татбиқи чорабиниҳои ба риояи интизоми давлатӣ ва мустаҳкамгардонии ҳисоби хоҷагӣ равонагардида;
- дар ҳамкорӣ бо дигар воҳидҳои сохторӣ ва воҳидҳои тобеъ дар воҳидҳои истеҳсолии ташкилотҳо, инчунин дар истеҳсолот ва хоҷагиҳое, ки тавозуни алоҳида доранд, сари вақт гузаронидани санҷиш ва таҳлили ҳуҷҷатии фаъолияти молиявию хоҷагӣ ва омода намудани таклифҳо оид ба беҳтаргардонии фаъолияти онҳо;
- маҳфуз нигоҳ доштани ҳуҷчатҳои муҳосибӣ, ба расмият даровардан ва тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бойгонӣ супоридани онҳо;
- додани аҳамияти ҷиддӣ ба босифат тартиб додани ҳуҷҷатҳои пардохтӣ, роҳ надодан ба ислоҳ намудани ҳуҷҷат баъд аз имзои роҳбари ташкилот;
- таъин намудани шахси масъул барои ба ташкилоти бонкӣ ва хазинадории марказӣ пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои пардохтӣ;
- такмили мунтазами сатҳи дониши худ доир ба донистани қонунгузории соҳаи молия, хазинадорӣ, баҳисобгирии муҳосибӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
- ба сохтори назорати дохилии ташкилот пешниҳод намудани маълумот ва гузоришҳои дахлдор.
Ба зиммаи сармуҳосиб вогузор намудани ӯҳдадориҳои пешбининашуда манъ аст.
17. Сармуҳосиб дар ҳамкорӣ бо дигар роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва тобеи марбута ӯҳдадор аст инҳоро таҳти назорати ҷиддӣ қарор диҳад:
- риояи қоидаҳои ба расмият даровардани қабул ва додани сарватҳои молию моддӣ;
- дурустии сарфи фонди музди меҳнат, муқаррар намудани маоши вазифавӣ, риояи қатъии интизоми бастҳои корӣ, молиявӣ ва хазинавӣ;
- риояи тартиби гузаронидани инвентаризатсияи воситаҳои пулӣ, сарватҳои моливу моддӣ, фондҳои асосӣ, ҳисобу китоб ва ӯҳдадориҳои пардохтӣ;
- дар мӯҳлатҳои муқарраргардида рӯёндани қарзҳои дебиторӣ ва пардохти қарзҳои кредиторӣ, риояи интизоми пардохтӣ;
- дар доираи талаботи қонунгузорӣ аз тавозуни муҳосибӣ соқит намудани камомад, қарзҳои дебиторӣ ва дигар талафот.
18. Ҳангоми дар ҳайати ташкилот мавҷуд будани воҳиди сохтории мустақили молиявӣ, ба зиммаи сармуҳосиб иҷрои вазифаҳои баҳисобгирии амалиётҳои молиявӣ, ҳисобкунӣ ва қарздиҳӣ, инчунин назорати қонуният, сари вақт ва дуруст ба расмият даровардани ин амалиётҳо гузошта мешавад.
19. Сармуҳосиб ӯҳдадор аст, ки дар омода намудани чорабиниҳо оид ба пешгирии сар задани камомад ва хароҷоти ғайриқонунии воситаҳои пулию сарватҳои моливу моддӣ, риояи қонунгузории молиявӣ ва хоҷагидорӣ фаъолона иштирок намояд.
Дар сурати ошкор намудани амалҳои ғайриқонунии шахсони мансабдор (изофанависӣ, истифодабарии ғайримақсадноки воситаҳои пулию молӣ ва дигар вайронкунию сӯистифода), сармуҳосиб барои чораҷӯӣ роҳбари ташкилотро хабардор менамояд.
20. Ҳуҷҷатҳое, ки барои қабул ва супоридани воситаҳои пулӣ ва сарватҳои моливу моддӣ асос мегарданд, инчунин ӯҳдадориҳои қарзӣ ва ҳисобдорӣ аз ҷониби роҳбари ташкилот ва сармуҳосиб, ё аз ҷониби шахсони ваколатдорнамудаи онҳо имзо карда мешаванд. Ба ин шахсон додани ҳуқуқ барои имзо гузоштани ҳуҷҷатҳо бояд бо фармони роҳбари ташкилот ба расмият дароварда шаванд.
Ҳуҷҷатҳои дар боло зикргардида бе имзои сармуҳосиб ва шахси ба ин ваколатдор беэътибор дониста шуда, аз ҷониби шахсони дорои масъулияти моддӣ ва кормандони муҳосиботи ин ташкилот, инчунин ташкилотҳои бонкӣ набояд барои иҷро қабул карда шаванд.
21. Аз ҷониби сармуҳосиб барои иҷро қабул намудан ва ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳо аз рӯи амалиётҳое, ки ба қонунгузорӣ ва тартиби қабул, нигоҳдорӣ ва хароҷоти воситаҳои пулӣ ва сарватҳои моливу моддӣ мухолифат менамоянд, манъ аст.
Дар сурати аз роҳбари ташкилот гирифтани супориш барои иҷрои ин амал, сармуҳосиб онро иҷро накарда, ба таври хаттӣ таваҷҷӯҳи роҳбарро оид ба ғайриқонунӣ будани супориши додашуда ҷалб менамояд. Дар сурати аз роҳбар гирифтани супориши такрории хаттӣ, сармуҳосиб ин супоришро иҷро менамояд. Тамоми ҷавобгарӣ оид ба амалҳои ғайриқонунӣ ба зиммаи роҳбари ташкилот гузашта, ӯ вазифадор аст, ки нисбати қарори қабулнамудааш фавран ба таври хаттӣ роҳбари мақоми болоиро огоҳ намояд.
Роҳбари мақоми болоӣ пас аз гирифтани маълумот, таъҷилан онро баррасӣ намуда, қарори дахлдор қабул мекунад ва онро ба иттиллои роҳбари ташкилот мерасонад.
Ихтилофи назар байни сармуҳосиб ва роҳбари ташкилот аз ҷониби мақоми болоӣ ва ё мақоми ваколатдор ҳал карда мешавад.
Сармуҳосиби ташкилот:
- роҳбарии умумӣ ва назорати фаъолияти кормандони муҳосиботро анҷом медиҳад;
- ҳуҷҷатнигориро дар муҳосибот тибқи тартиби муқараргардида ташкил намуда, маводи воридшударо ба кормандон барои баррасӣ манзур менамояд ва рафти иҷрои онҳоро назорат мекунад, ба расмият даровардани санадҳо, инчунин расонидани дастуру супоришҳои роҳбарияти ташкилотро ба иҷрокунандагон ва шахсони мансабдори масъул, назорати иҷрои онҳоро вобаста ба самтҳои фаъолият амалӣ мекунад;
- интизоми иҷроияро дар муҳосибот назорат менамояд;
- тибқи тартиби муқарраргардида нақшаҳои кории солона, нимсола ва семоҳаи воҳиди сохториро таҳия ва барои тасдиқ ба роҳбари ташкилот пешниҳод менамояд, иҷрои онро ташкил ва таъмин менамояд;
- нақшаи кори нимсолаи (солонаи) кормандонро тасдиқ менамояд;
- иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва молиявии ба фаъолият дахлдоштаро ташкил, назорат ва якҷоя бо кормандон таъмин менамояд;
- нишондиҳандаҳои самтҳои асосии фаъолияти муҳосибиро таҳлил ва ҷамбаст менамояд;
- ҳисоботҳои ҷамбастии молиявӣ ва муҳосибии моҳона, семоҳа ва солонаи ташкилотро дар асоси ҳуҷҷатҳои аввалия бо кормандони муҳосибот омода намуда, дар мӯҳлатҳои муқарраргардида ба мақомоти дахлдор пешниҳод менамояд;
- маърӯза, ҳисоботи роҳбари ташкилот ва гузориш - маълумотро оид ба масъалаҳои дар маҷлисҳои ҳайати мушовара ва дигар ҷамъомаду чорабиниҳо муҳокимашаванда дар қисми самтҳои фаоъолияти муҳосибӣ таҳия менамояд;
- музди меҳнати кормандони ташкилотро дар мӯҳлатҳои дар шартномаҳои (қарордодҳои) меҳнатӣ муайянгардида ҳисоб ва барои пардохт омода менамояд;
- хароҷоти сафарҳои хизматӣ, нафақа ва иловапулиҳои кормандонро ҳисобӣ менамояд;
- лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба фаъолияти муҳосибӣ дахлдоштаро таҳия менамояд;
- лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва тавсияҳои методии омоданамудаи дигар воҳидҳои сохтории ташкилотро баррасӣ намуда, хулосаи муҳосиботро омода менамояд;
- сметаи ягонаи даромад ва хароҷот ва рӯйхати мансабҳои ташкилотро таҳия намуда, барои тасдиқ пешниҳод менамояд ва ҳангоми зарурат аз қайди мақомоти ваколатдор мегузаронад;
- дуруст ҳисоб намудан ва гузаронидани пардохтҳо ба буҷет, ҳиссаҷудокуниҳо ба суғуртаи иҷтимоии давлатӣ, пардохти саривақтии маблағҳои истифодабарии қувваи барқ, хизматрасонии об, алоқа, партовбарӣ ва дигар хизматрасониҳои ташкилотро таъмин менамояд;
- бо фармоиши роҳбарияти ташкилот ва мутобиқ ба расмиёти муқарраршуда дар сохторҳои зертобеи дахлдори ташкилот санҷиш мегузаронад ва аз натиҷаи он ҳисобот пешниҳод менамояд;
- оид ба пешгирӣ ва бартараф намудани омилҳои коррупсионӣ дар соҳаи дахлдор пешниҳод манзур менамояд;
- омӯзишҳо ва фаҳмонидани мамониату маҳдудиятҳоро, ки барои кормандон дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ шудаанд, амалӣ менамояд;
- дар ҳолати ошкор гардидани амали коррупсионӣ, дар доираи ваколатҳои худ ба роҳбари ташкилот, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар медиҳад ва бо онҳо ҳамкорӣ менамояд.
4. Ҳуқуқҳои сармуҳосиб
22. Сармуҳосиб ҳуқуқ дорад:
- ба роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва дар ҳолатҳои зарурӣ ба роҳбарияти ташкилот оид ба истифодаи самараноки воситаҳои молию пулӣ таклифҳо пешниҳод намояд, инчунин ташкили дурусти баҳисобгирӣ ва назорати муҳосибиро дар самтҳои зерин таъмин намояд;
- аз нав дида баромадани меъёрҳои хароҷоти ашёи хом, масолеҳ, хароҷоти меҳнатӣ ва дигар меъёрҳои (паст ё баланди) кӯҳнашуда;
- беҳтар намудани ҳолати бинои (хоҷагии) анбор ва асбобҳои вазнченкунӣ, дар сатҳи зарурӣ ташкил намудани қабул ва нигоҳдории ашёи хом, молу мулк, мавод ва дигар сарватҳо, баланд бардоштани асосноккунии хароҷоти ин сарватҳо барои эҳтиёҷоти истеҳсолот, хизматрасонӣ ва идоракунӣ;
- гузаронидани чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани назорати дурустии истифодабарии меъёрҳо, ташкили дурусти баҳисобгирии аввалияи истеҳсоли маҳсулот ва ҳаракати ҷузъҳо ва маҳсулоти нимтайёр, ташкили баҳисобгирии миқдории истифодабарии ашёи хом ва молу мулк, мавод дар коргоҳҳо, қитъаҳои истеҳсолӣ ва ғайраҳо;
- дар воҳидҳои сохтории ташкилот гузаронидани санҷиши риояи тартиби қабул, ба даромад гирифтан, нигоҳдорӣ ва хароҷоти воситаҳои пулӣ, сарватҳои моливу моддӣ ва дигар арзишҳо;
- омода намудани пешниҳодот оид ба пешбинӣ намудани муҷозоти интизоми меҳнатӣ ё худ кам кардани андозаи мукофотпулии роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, инчунин кормандоне, ки тартиби барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои аввалия, баҳисобгирии аввалия ва дигар талаботро оид ба ташкили баҳисобгирӣ ва назорат таъмин намекунанд;
- дар доираи ваколат дар баррасӣ ва қабули қарор аз рӯи масъалаҳои ба ӯҳдадориҳои худ дахлдошта иштирок намояд;
- маводи дар ихтиёри ташкилот қарордоштаро тибқи тартиби муқарраргардида омӯзад;
- бо тартиби муқарраргардида иҷрои масъалаҳои таҳти назорати муҳосибот қарордоштаро аз мақомоти дахлдор ва ё шахсони мансабдор дархост намояд;
- аз мақомоти дахлдор маълумот ва маводҳои барои иҷрои босифат ва саривақтии ӯҳдадориҳои мансабӣ заруриро бо тартиби муқарраргардида дархост карда, гирад;
- ҷаласаҳо, машваратҳо ва дигар чорабиниҳоро, ки ба фаъолияти муҳосибот дахл доранд, ташкил кунад ва гузаронад;
- ба роҳбарияти ташкилот дар доираи ӯҳдадориҳои мансабӣ ва ваколати воҳиди сохторӣ оид ба мукаммал намудани фаьолияти муҳосибот таклиф пешниҳод намояд;
- дар бораи ҳавасмандгардонии кормандони муҳосибот, ки ба комёбиҳои меҳнатӣ ноил гаштаанд, ҳамзамон ба ҷавобгарии интизомӣ кашидани онҳо ба роҳбарияти ташкилот таклиф пешниҳод намояд;
- сармуҳосиб дорои дигар ҳуқуқҳои пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
23. Мақомоти идоракунии давлатӣ ва хоҷагӣ вазифадоранд ба сармуҳосибон барои иҷрои вазифаҳои ба онҳо вогузошта ва истифодаи ҳуқуқҳои пешбининамудаи Дастурамали мазкур, ҳаматарафа мусоидат намоянд.
5. Масъулияти сармуҳосиб
24. Сармуҳосиб дар ҳолатҳои зерин ҷавобгар аст:
- нодуруст бурдани баҳисобгирии муҳосибӣ, ки дар натиҷа ба бесарусомонии баҳисобгирии муҳосибӣ ва хатогиҳои ҳисоботҳои муҳосибӣ оварда мерасонад;
- барои иҷро қабул намудан ва барасмият даровардани ҳуҷҷатҳо оид ба амалиётҳое, ки ба тартиби қабул, ба даромад гирифтан, нигоҳдорӣ ва хароҷоти воситаҳои пулӣ, сарватҳои моливу моддӣ ва дигар арзишҳо мухолифат менамоянд;
- сари вақт нагузаронидан ё нодуруст гузаронидани санҷиши амалиёт бо суратҳисоби ҷорӣ ва дигар суратҳисобҳо дар бонкҳо,
ҳисобу китоб бо қарздорон (дебиторон) ва қарздеҳон (кредиторон);
- вайрон кардани тартиби аз тавозуни муҳосибӣ соқит намудани камомадҳо, қарзҳои дебиторӣ ва дигар талафот;
- сари вақт нагузаронидани санҷиши ҳуҷҷатии воҳидҳои истеҳсолии (сохтории) ташкилот, инчунин дар истеҳсолот ва хоҷагиҳое, ки тавозуни алоҳида доранд;
- тартиб додани ҳисоботи муҳосибии нодуруст бо гуноҳи муҳосибот;
- дигар камбудиву норасогиҳои ташкили баҳисобгирии муҳосибӣ тибқи талаботи қонунгузорӣ.
25. Сармуҳосиб баробари роҳбари ташкилот барои амалҳои зерин ҷавобгар мебошад:
- барои вайрон кардани қоидаҳо ва муқаррароти танзимкунандаи фаъолияти молиявию хоҷагидорӣ;
- барои сари вақт нарӯёнидани муҷозотҳои пулӣ аз шахсони мансабдор бо пешниҳоди мақомоти ваколатдор;
- барои вайрон кардани мӯҳлати супоридани ҳисоботҳои моҳона, семоҳа ва солонаи муҳосибӣ ва тавозуни ташкилот ба мақомоти дахлдор;
- барои иҷро накардан ё ба таври дахлдор иҷро накардани ӯҳдадориҳои мансабӣ, ки дар дастурамали мансабӣ пешбинӣ шудаанд;
- барои пешниҳод кардани маълумоти нодуруст дар парвандаи шахсӣ бо мақсади қабул ба кор;
- барои риоя накардани маҳдудиятҳои муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
- барои риоя накардани меъёрҳои муқарраркардаи одоби касбии соҳавӣ ҳангоми иҷрои ӯҳдадориҳои мансабӣ;
- барои риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ";
- барои риоя накардани интизоми меҳнат ва қоидаҳои тартиботи дохилӣ;
- барои ифшо намудани сирри хизмати давлатӣ ва дигар сире, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешаванд.
26. Сармуҳосиб барои иҷро накардан ва ё ба таври дахлдор иҷро накардани ӯҳдадориҳои мансабӣ, интизоми меҳнат ва қоидаҳои тартиботи дохилӣ, истифодаи ғайримақсаднок ва нобуд сохтани моликияти барои иҷрои ӯҳдадориҳои мансабӣ вобастакардашуда тибқи қонунгузорӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.
27. Ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ ва ҷиноятии сармуҳосиб тибқи қонунгузории амалкунанда муайян карда мешавад. Ҳамзамон ҷазои интизомӣ ба сармуҳосиб аз ҷониби роҳбари ташкилот низ дода мешавад.
Барои ташкилотҳое, ки вазифаи сармуҳосиб пешбинӣ нашудааст, дигар мутахассиси муҳосибот (иқтисодиёт ё молия) аз ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои пешбининамудаи Дастурамали мазкур истифода мебарад.
28. Ташкилотҳо, бо дарназардошти талаботи Дастурамали мазкур, дастурамали мансабии кормандони муҳосиботи худро таҳия ва тасдиқ менамоянд.
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 майи соли 2015, № 359
тасдиқ шудааст
Дастурамали намунавии мансабии сармуҳосиб
1. Муқаррароти умумӣ
1. Дастурамали мазкур дар асоси моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ" таҳия гардида, барои роҳбарони хизматрасонии муҳосибии (минбаъд-сармуҳосиб) мақомоти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо (минбаъд - ташкилот), ки баҳисобгирии муҳосибӣ мебаранд ва ҳисоботи баанҷомрасидаи муҳосибӣ тартиб медиҳанд, инчунин барои сармуҳосибони муҳосиботҳои марказонидашуда пешбинӣ шудааст.
2. Сармуҳосибон ташкили баҳисобгирии муҳосибиро дар ташкилотҳо мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи мақомоти ваколатдори давлатӣ таъмин намуда, истифодаи самаранок ва сарфакоронаи захираҳои моддӣ, меҳнатӣ, молиявӣ, инчунин нигоҳдории молу мулки ташкилотҳоро назорат мебаранд.
3. Сармуҳосибони ташкилотҳои давлатӣ аз ҷониби молик дар мувофиқа бо мақомоти молияи дахлдор ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешаванд.
Сармуҳосибони ҷамъиятҳои саҳомӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи оинномаи онҳо ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.
Муҳосиботи ташкилотҳо сохтори таркибии алоҳида маҳсуб ёфта, ба ҳайати дигар воҳиди сохторӣ бояд шомил нагарданд.
4. Сармуҳосиб бевосита ба роҳбари ташкилот итоат менамояд.
5. Ба мансаби сармуҳосиби дастгоҳи марказии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои молиявӣ, ташкилотҳои давлатӣ ва саҳомие, ки ҳиссаи давлат дар сармояи оинномавиашон аз нисф зиёд аст, шахсоне таъин карда мешаванд, ки:
- таҳсилоти олии иқтисодӣ дошта бошанд;
- собиқаи кори касбиашон аз 5 сол кам набошад.
6. Ба вазифаи сармуҳосибони субъектҳои дорои манфиати умум, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2012, № 154 муқаррар гардидаанд, шахсоне таъин карда мешаванд, ки дорои сертификати муҳосиби касбӣ бошанд.
7. Маоши моҳонаи вазифавии сармуҳосибони ташкилотҳое, ки дорои сертификати муҳосиби касбӣ мебошанд, ба андозаи 85 фоизи маоши моҳонаи вазифавии роҳбари ташкилот (ҳангоми мавҷуд набудани вазифаи муовини роҳбар сарпарасти қисми молиявӣ) ва ё 90 фоизи музди меҳнати муовини роҳбар - сарпарасти қисми молиявӣ муқаррар карда мешавад. Дар ташкилотҳои буҷетии бахши давлатӣ музди маоши сармуҳосибон тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда муқаррар мегардад.