Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 2015 № 357 "Дар бораи Муассисаи давлатии таълимии "Меҳровар"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Муассисаи давлатии таълимии "Меҳровар"

Мутобиқи моддаҳои 52, 132 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 32 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" ва моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Муассисаи давлатии таълимии "Меҳровар" таъсис дода шавад.

2. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии муассисаи таълимии мазкурро ҳаллу фасл намояд.

3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағҳои заруриро барои сохтмони муассисаи таълимии мазкур дар лоиҳаи Буҷети давлатӣ барои солҳои 2016 ва 2017 пешбинӣ намояд.

4. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории Муассисаи давлатии таълимии "Меҳровар"-ро дар соли 2016 ва солҳои минбаъда аз ҳисоби маблағҳои барои соҳаи маориф пешбинишуда амалӣ намоянд.

5. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба таҳсил фаро гирифтани писарону духтарони ноболиғе, ки зарурати дар Муассисаи давлатии таълимии "Меҳровар" таҳсил намудани онҳо ба миён омадааст, чораҳои дахлдор андешанд.

6. Ба Номгӯи ташкилоту муассисаҳои системаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, № 145 "Дар бораи Низомномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ гардидааст, баъд аз сархати панҷоҳум сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"- Муассисаи давлатии таълимии "Меҳровар";

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 30 майи соли 2015 № 357

ш.Душанбе