Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели соли 2008, № 189
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели соли 2008, № 189 "Дар бораи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
- дар банди 2 рақами "403" ба рақами "467" иваз карда шавад;
- дар банди 4 рақами "8" ба рақами "11" иваз карда шавад.
2. Дар сархатҳои якум, дуюм, сеюм ва нӯҳуми банди 4 боби 4 Низомномаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели соли 2008, № 189 тасдиқ шудааст, калимаҳои "Муассисаи давлатии обуҳавошиносӣ" ба калимаҳои "Агентии обуҳавошиносӣ" иваз карда шаванд.
3. Ба Нақшаи идоракунии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели соли 2008, №189 тасдиқ шудааст, пас аз сархати якум сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Агентии обуҳавошиносӣ".
4. Аз фасли "ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ"-и Номгӯи ташкилотҳои системаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели соли 2008, № 189 тасдиқ шудааст, сархати якум хориҷ карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 30 майи соли 2015 № 344
ш. Душанбе