Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2013, №495
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба замимаи 1 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2013, № 495 "Дар бораи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ" тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
- дар матни замимаи 1 калимаҳои "тандурустии" ва "энергетика ва саноати" мутаносибан ба калимаҳои "тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии" ва "саноат ва технологияҳои нави" иваз карда шаванд;
- ба ҳайати Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ сархатҳои шонздаҳум ва ҳабдаҳум бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
"Сардори Нозироти савдои Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Сардори шӯъбаи стандартонии Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 7 майи соли 2015 № 319
ш.Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О внесении изменений и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 2 ноября 2013 года, №495
В соответствии со статьей 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
Внести в приложение 1 постановления Правительства Республики Таджикистан от 2 ноября 2013 года, №495 "О Координационном совете по безопасности пищевых продуктов" следующие изменения и дополнения:
- в тексте приложения 1 слова "здравоохранения" и "энергетики и промышленности" заменить соответственно словами "здравоохранения и социальной защиты населения" и "промышленности и новых технологий";
- дополнить состав Координационного совета по безопасности пищевых продуктов шестнадцатым и семнадцатым абзацами следующего содержания:
"Начальник Торговой инспекции Агентства по стандартизации, метрологии, сертификации и торговой инспекции при Правительстве Республики Таджикистан;
Начальник отдела по стандартизации Агентства по стандартизации, метрологии, сертификации и торговой инспекции при Правительстве Республики Таджикистан.".
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 7 мая 2015 года, № 319