Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
14 июли соли 2014 таҳти рақами 726
ба қайди давлатӣ гирифта шудааст
Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
14 июли соли 2014 таҳти рақами 726
ба қайди давлатӣ гирифта шудааст
БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОРИ РАЁСАТИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
аз "12" июни соли 2014 № 144 ш Душанбе
Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Дастурамали №200 "Дар бораи муайян ва санҷидани шахсияти муштарӣ ва молик - бенефитсиар"
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он" Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон
қ а р о р м е к у н а д:
1. Тағйиру иловаҳо ба Дастурамали №200 "Дар бораи муайян кардан ва санҷидани шахсияти муштарӣ ва молик - бенефитсиар", ки бо Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 20 декабри соли 2013, №305 тасдиқ шуда, дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 январи соли 2014, №726 ба қайд гирифта шудааст, тасдиқ карда шаванд (замима мегардад).
2. Ҳамин Қарор бо тартиби муқарраршуда ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бақайдгирии давлатӣ пешниҳод карда шуда, пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
3. Директори Департаменти мониторинги молиявӣ (Нуров Ш. А. ) ваколатдор карда шавад, ки ҳангоми бақайдгирии давлатии ҳамин Қарор дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зарурӣ ба матни замимаи ҳамин Қарор тағйиру иловаҳои хусусияти таҳрирӣ доштаро, ки мазмуни онро тағйир намедиҳанд, ворид намояд.
4. Иҷрои банди 2 ҳамин Қарор ба зиммаи Департаменти мониторинги молиявӣ (Нуров Ш. А.), Идораи ҳуқуқ (Давлатов Ш.Ф.) ва Хадамоти матбуот (Қурбонов А. М. ) вогузор карда шавад.
5. Назорати иҷрои ҳамин Қарор ба зиммаи Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷ Юсуфиён гузошта шавад.
...